(таслияти аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” дар робита бо даргузашти иқтисодшиноси миллӣ Бостон Собир)
Умр фарсудиву рафтӣ бо ҳазорон орзу,
Ёди ту дар дил бимонад то абад марди наку.
Шаби 28-уми январи соли ҷорӣ қалби пуршӯру пурорзуи дӯсти ҷавон, иқтисодшинос ва донишманди мо Бостони Собир бармаҳал аз тапидан бозмонд. Хабари марги Бостонро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфтем ва хеле афсурдаву ғамгин шудем. Пас аз даргузашти нобаҳангоми устод Бостон миёни худ радду бадал мекардем, ки чӣ тур як марди сип-сиҳат дар як они воҳид бидуни беморӣ ва эҳсосу дарди қаблӣ аз дунё дармегузарад. Баъдан дӯстон маълум карданд, ки Бостон шаби 28 январ ҳангоми ҳавохӯрӣ бар асари сактаи қалбӣ вафот мекунад. Афсӯс ва сад афсӯс, ки чунин дӯсту рафиқи шафиқро хеле барвақт аз даст додем.
Устод Назрӣ Асадзода!
Дар андакмуддате, ки бо Шумо ифтихори дӯстию бародарӣ дорем, нек пай бурдем, ки хамираи вуҷудатон аз ҳувияту ҳамияти миллӣ барсиришта ва тору пудатон аз меҳанпарастию давлатмадорӣ танида шудааст ва дар масири ба вуҷуд овардани фазою муҳити созгори равонию илмӣ ва иҷтимоию маданӣ, ҳамчунин сохтани давлатдории миллӣ устуворона гом бардошта, бо такя ба донишу таҷрибаи инфиродӣ самимонаю сахткӯшона иқдом менамоед.
Файласуф ва рӯшангари миллӣ Нуриддин Шаҳобиддин,
Шумо ба унвони шахсияти матраҳи ҳаракати рӯшангарии миллӣ дар марҳилаи навини таърихӣ солҳост, ки дар ҷодаи мушкилписанди ҳувиятсозии миллӣ ва ташаккули биниши фалсафӣ дар сатҳи иҷтимоӣ гомҳои устувор бармедоред. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолаеи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии ғарбӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони донишгоҳӣ минҳайси як шахсияти матраҳи фалсафӣ ва илмӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.
Файласуф ва рӯшангари муосири миллӣ устод Комил Бекзода 9 январи соли 2022 ба фархундасинни 77 мерасанд. Устод умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи фалсафӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, равоншиносӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Аз солҳои донишҷӯйӣ шурӯъ намуда, устод Комил Бекзода озодандешӣ ва ҳувиятшиносиро минҳайси мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ меъёри кору фаъолият қарор дода, ин иқдомро то имрӯз, бидуни фосилаю таваққуф идома медиҳад.