Равобити гуногунҷабҳаи тоҷикон бо мардуми Чин таърихи қадим дорад ва аз умқи асрҳои пешин, аз рўзгори давлатдории Ашкониёну Сосониён ва шояд ҳатто пештар аз замони ҳукумати ин сулолаҳои ориёӣ ибтидо мегирад. Ин равобит барои пайрезии «Роҳи абрешим»-и машҳур, ки тавассути шоҳроҳи бузурги корвонгузар аз марзи Эронзамини таърихӣ сарзаминҳои Шарқу Ғарбро ба ҳам пайванд медод, замина фароҳам овард ва ба таъбире марзу буми аҷдодии мо ҳалқаи васли кишвари Чин бо ҷаҳони Ғарб гардид.
Тибқи маълумотҳои қаблӣ дар ИҶШС ду тақсимоти иқтисодӣ вуҷуд дошт – Осиёи Миёна ва Қазоқистон. Аз нуқтаи назари ҷуғрофиёи физикӣ ва иқлимшиносӣ, ба Осиёи Миёна на танҳо чор кишвари собиқ Шўравӣ (Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон), балки қаламрави марказӣ ва ҷануби Қазоқистон низ дохил мешавад. Барои нишон додани панҷ ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ – Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон бисёр вақт истилоҳи “Осиёи Марказии собиқ Шўравӣ” истифода мешавад.
Ду ҷуфт кафши чӯбӣ, як айнак, ду косаи чӯбӣ, як соати кисагӣ, як қошуқи чӯбӣ, як намакдон, Китоби муқаддас ва як камарбанди сода боигарии шахсе буд, ки императори Биритониёи кабирро бо он ҳама шукӯҳу шавкаташ, ба зону шинонд, то истиқлоли мардуми Ҳиндустонро ба расмият бишносад. Равиши муборизаи бидуни зуроварии ӯ, ки тавонист миллате бузургро аз зери юғи истеъмори бегонагон берун биовард, барои ҳама ҷаҳониён улгу шуд.