Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Меҳр Собириён иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Муъҷизаи рушди Ҷопон» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
9 сентября в Варшаве (Польша) представители организаций, деятельность которых имеет экстремистско-террористический характер, создали оппозиционную коалицию «Национальный альянс». Что это значит и какую цель они преследуют? Об этом – в статье известного таджикского политолога Рустама ХАЙДАРОВА, представленной им НИАТ «Ховар».
Прочитав информацию о создании названной коалиции, я пришёл к мысли, что опять нахожусь в начале 90-х годов, когда небольшая группа таджикских интеллектуалов с утопическими идеями объединилась с радикальными националистами и с незарегистрированной партией исламского возрождения. Тогда они создали «Коалицию демократических сил».
Паймоншиканон «паймон» мекунанд ва дар атрофии худ ҳар чӣ хоин, бадкирдор, дурўя ва дасисабозе ҳаст, ҷамъ меоваранд, то ин ки ватанашонро ба нооромӣ, ҷангу бедодгарӣ, носуботӣ кашанд, хоби осудаи тифлаконро халалдор ва мардуми орому дар сари дастархони умум ҷамъшударо парешон намоянд! Ва барои онҳо чӣ даркор қабули Эъломияи таъсиси Паймонашон даркор, то мардумонро аз дасисаву ниятҳои нопоку хоинона, ғасбу азхуд кардани арзишҳои волои як миллат, ки ҳоло ба мақсаду орои таърихии худ - Истиқлолияти миллӣ расида, онро истеҳком мебахшад ва якдилона хоинони миллатро дар дохил ва хориҷи кишвар маҳкум менамояд, огоҳ намояд. Ин аст ба онҳо - башардўстӣ, сиёсат, сафову покизагиву мусулмонӣ! Онҳо мехоҳанд, худро боқудрат, кордону паймонкор, ҳалкунандаи мушкилоти башар- алқисса- «қувваи сиёсӣ» нишон диҳанд, ки ин дафъа ҳам тирашон хок мехӯрад.
Хабари маросими ба имзорасии декларатсияи эътилофи баъзе ҳизбу созмонҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми тоҷик ногаҳонӣ ва ғайри чашмдошт набуд. Зеро, ҳамаи ба ном «гуруҳу созмон ва иттиҳодияҳои сиёсӣ»-и берун аз кишвари Тоҷикистон, ки аслан қувваҳои вертуалии дурӯғианд, бо роҳу воситае, гўиё, ки барои рушди демократия, гуногунандешӣ ва озодии баён мубориза мебаранд, ( боз барои чӣ мубориза баранд, ки бунёдҳои хориҷӣ танҳо барои ҳамин корҳо пул медиҳад, магар боз мавзӯи «рушди тамоюлоти ҷинсии ғайрирасмӣ»?!) аз созмонҳои байналмилалӣ, фондҳои махсуси давлатҳои манфиатдошта барои таъсиррасонии геополитикӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар хоҷагони хориҷии худ, маблағ дарёфт мекунанд ва роҳбарони онҳо бо истифода аз гумроҳӣ ва ноогоҳии сиёсии баъзе ҳамватанонамон, барои манофеи шахсии худашон кор мекунанд. Дар ин миён, бояд тазаккур дод, ки аз вазъи ТЭТ ҲНИ, ки бо қарори Суди Олии ҶТ ташкилоти экстремистӣ - террористӣ эълон шудааст, бояд он гуруҳҳои гумроҳ огоҳ мебуданд ва медонистанд, ки бо кӣ ва то куҷо хоҳанд рафт.
Инак, бинобар таъсиси Паймони миллии Тоҷикистон боз ҳамон зуроварони нобакору мардумфиреб эъломияеро интишор доданд, ки тибқи он неруҳои мухолифи дар хориҷи кишвар паноҳбурда зарурати иттиҳодро гӯё дар мубориза алайҳи Ҳукумати мамлакат таъкид карда, минбаъд ҳадафҳои миллиро дунбол хоҳанд кард, дар ҳоле ки Ҳизби террористии наҳзати исломӣ ҳеҷ вақт дунболи ҳадафҳои миллӣ нарафтааст ва нахоҳад рафт, чунонки ҳаракатҳои исломиро мо дар аввалҳои садаи гузашта низ мушоҳида мекунем, ки бо дастури аҷнабӣ барои таъсиси Турони бузург дар хиттаи Ховари Миёна талош варзида, оқибат ба миллату Меҳан хиёнат карданд ва инчунин хиёнатро таърих намебахшад. Ҳамакнун, бозмегардем ба Анҷумани нахустини наҳзатиҳо, ки соли 1991 дар Хонаи Маорифи Сиёсӣ баргузор шуд ва тамоми шиорҳои он бо забони ғайр овезон буданду ҳадафҳои ин ҳизби дар Тоҷикистон мамнугардида ҳанӯз аз ҳамон сол такрори амалҳои нангини ашхосе буд, ки сад сол муқаддам зархариди бегонагон маҳсуб мешуданд. Аммо мақсад аз ин нигориш мутафовит будани аҳдофи милливу динӣ нест.