JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

 Пешгуфтор

  Аз замоне ки инсоният низоми давлатдориро ба роҳ монд, миллатҳои соҳибдавлат таҷрибаи кишварҳои хориҷиро барои ба роҳ мондан ва такмил додани умури сиёсиву муносибатҳои тиҷоративу фарҳангии худ мавриди омӯзиш қарор медоданд. Дар ин росто, аксаран кишварҳои аз ҷиҳати ҳарбиву иқтисодӣ қавӣ кишварҳои дигарро меомӯхтанд ва дар асоси донишҳои андухтаашон тасмим мегирифтанд. Дертар ин ҳама омӯзишҳо барои мустамлика сохтани кишварҳои Шарқу Африқо низ гузаронида мешуд. Барои аз худ кардани сарватҳои табиии дигар кишварҳо ва дарёфти бозор ҷиҳати фурӯши маҳсулоти саноатии худ кишварҳои пешрафта сараввал кишварҳои мавриди назари худро меомӯхтанд ва баъд ҳадафҳои худро амалӣ мекарданд.

  Забони илмӣ як шохаи муҳими забони миллӣ буда, дар заминаи донишҳои тахассусӣ ба воситаи забони миллӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Тавассути забони илмии миллӣ пеш аз ҳама адабиёти илмиву таълимӣ эҷод карда мешавад. Маъмулан забон илмӣ дар ҷомеа се вазифаи таърихии муҳимро иҷро менамояд: якум, захира кардани донишҳо ва аз насл ба насл интиқол додани онҳо; дуюм, густариш додани донишҳо ва баланд бардоштани тафаккури илмии ҷомеа, сеюм, таъмини муомилоту муошироти афроди илмпеша ҷиҳати ба даст овардан ва такмил додани донишҳо.

   Хурофот ва хурофазадагӣ яке аз мушкилоти зеҳниву иҷтимоиест, ки дар ҳар давру замон вобаста аз сатҳи донишу тафаккури бошандагони ҷомеаи муайян дар шаклҳои мухталиф вуҷуд доштааст. Собит шудааст, ки ҳар қадар таассубу хурофот реша давонад, ҳамон қадар каҷравию инҳирофоти равонӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва сиёсӣ-мафкуравӣ дар рӯҳи иҷтимоӣ тасаллут пайдо намуда, динамикаи таҳаввулу инкишофи зеҳнию ақлониро бозмедорад. Дар натиҷа, фалаҷшавӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд, ки ин хатарноктарин навъи бемории иҷтимоӣ, фикрӣ ва маънавию маданӣ маҳсуб меёбад. Барои паҳлуҳои гуногуни ин масъаларо равшанӣ андохтан дар мақолаи мазкур кӯшиш ба харҷ медиҳем, ба таври иҷмолӣ таърифи хурофот, навъҳои хурофот, шаклҳои хурофапарастӣ, коркардҳои хурофот ва омилҳои тавсеаи хурофот дар кишварро мавриди баррасӣ қарор диҳем. 

«Як  одамӣ  ба  ҳама  ҷаҳон  муқобила  кунад»

(Шамси Табрезӣ)

  Месазад, ки доир ба ин сипаҳсолори олами фикр Мавлоно Ҷалолиддини Муҳаммади Балхӣ (1207-1273) гуфта шавад, ки:

«Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад»!

  Ва бешак, Мавлоно яке аз донотарин шахсиятҳои ҳамаи давру замонҳост, ки асрҳо бо ҳама ҳаёҳу ва лофу газоф ба фаҳмиши «асрори худӣ»-и Мавлоно нарасидаанд.