JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Аз бомдоди пайдоиши ҷамъият ва зиндагии иҷтимоии инсон донишмандон дар баробари дидани камбудиҳо дар ҷамъият дар фикри сохтани як ҷомеаи идеалӣ буданд ва намунаҳое аз онро коркард карда буданд. Ҷомеаи идеалӣ-ҷомеаест, ки дар он баробарӣ ва бародарӣ ҳукмфармо буда, зиндагии шоиста барои ҳар як узви он фароҳам бошад. Тақсимоти баробари захираҳо, баробарии ҳама дар назди қонун, озодии виҷдон ва баробар меҳнат кардани ҳар як шаҳрванд аз хусусиятҳои ҷомеаест, ки инсоният дер боз орзуяшро мекунад. Аммо то имрӯз ягон шакли ҷомеа ва ягон маҷмӯи қонуну қоидаҳо дар онҳо натавонистаанд ин орзуи деринаро амалӣ намоянд.

Душанбе, 15 Январи 2018 08:59

Сада - иди ниёгони ориёнажод

   Мувофиқи махзанҳои таърихӣ, иди Сада таърихи беш аз 3000 то 5000-соларо дорост. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёии қадим гирифта шуда, Оташро ифода менамояд. Дар таърих аввалин подшоҳе, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст ва амалӣ сохтааст, Хушанг мебошад.

  Дар таърихи инсоният дар рӯйи замин ба ҳисоби миёна зиёда аз 100 ҳазор тонна тилло истеҳсол карда шудаст. Тилло зиёда аз 6 ҳазор сол пеш аз милод истифода бурда мешуд. Дар аксарияти мамлакатҳои дунё тиллои истихроҷшуда ва ғанигардонидашуда дар фонди давлат дар шакли хӯлаҳои тиллоӣ нигоҳ дошта мешавад, ки онҳоро ба ном «захираи тиллоӣ»-и ин ё он кишвар ном мебаранд. Тиллоро дар ҳама ҷо дидан мумкин аст. Аз ҷумла, дар ҳама гуна хок, дар ҷинсҳои кӯҳӣ дар оби баҳр, аммо ҳосилнокии он дар бештари маврид ночиз аст. Ба ҳисоби миёна, дар як тонна маводи қаъри замин аз рӯйи ҳисобҳои ҷорӣ, 4 мг тилло мавҷуд мебошад. Ҳарчанд, ки тилло дар таркиби 20 минерал мавҷуд аст, аммо асоси истеҳсолоти бисёри давлатҳоро тиллои худрӯй ташкил медиҳад.

Чоршанбе, 10 Январи 2018 05:56

Масоили хиради инсон аз нигоҳи илмӣ

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, директори маркази аниропологии АИҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музафарӣ иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Масоили хиради инсон аз нигоҳи илмӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.