JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Панҷшанбе, 04 Январи 2018 06:07

ЗАБОН АСОСИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

  ДУШАНБЕ, 23.12.2017./АМИТ «Ховар»/. Мақолаи президенти АИ Тоҷикистон  Фарҳод Раҳимӣ «Забони миллати тоҷик — забони тоҷикист!», ки АМИТ «Ховар» нашр намуд (ниг.:www.Khovar.tj, 14 декабри соли 2017),  миёни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ боиси мубоҳиса ва мунозараи васеъ гардид. Ағлаби онҳое, ки бо ҳам баҳс оростаанд, аз мавқеи академик Фарҳод Раҳимӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳоло як мақолаи дигарро бо номи «Забон асоси ҳастии миллат аст», ки ба қалами яке аз забоншиносони маъруфи кишвар, сармуҳаррири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» Рустами Ваҳҳоб тааллуқ дорад ва  далели нишонаи ҳувияти миллӣ будани забони тоҷикиро  собит месозад,   пешкаши хонандагон менамоем. Ин мақола се сол пеш дар «Садои Шарқ» ба табъ расидааст.

  ДУШАНБЕ, 14.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар баъзе расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои бесарунӯг ва аслан бемаъние доман паҳн кардаанд ва ҳар кадом аз ашхоси гуногун дар дохил ва хориҷи кишварамон  кӯшиш мекунад ба савол дар бораи он ки забони мардуми Тоҷикистон бояд чӣ ном дошта бошад, аз рӯи фаҳмиши худ посух бигӯяд. Дар ин бора – нигориши  навбатии президенти Акдемияи илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод РАҲИМӢ:

Сешанбе, 02 Январи 2018 04:58

Морфологияи инсон

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, директори Маркази антропологии АИҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музафарӣ иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Морфологияи инсон» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Назми форсӣ аз замони пайдоиш, ки онро пас аз истилои араб медонанд, то имрӯз даврони мухталифро аз сар гузаронид. Ибтидо назми форсӣ содаву равон буд ва бо мурури замон аз содагӣ ба мураккабӣ тамоюл пайдо кард. Вобаста ба давру замон сабкҳои шеърӣ низ иваз шуданд. Назми форсӣ дорои шаклу санъатҳои гуногуни шеърӣ гардид. Шуаро дар тамоми намуди санъатҳои шеърӣ қувваозмоӣ карда, доди суханро доданд ва забони миллии худро аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал расониданд.