JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 15 Марти 2018 03:39

Дунёмадорӣ ва ояндаи низоми давлатдории миллӣ

Муаллиф:

Дунёмадорӣ ва ояндаи низоми давлатдории миллӣ

(гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни кори маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар мавзӯи ««Тоҷикистони пасошӯравӣ: дунявият ва хурофагаройӣ»)

  Санаи 13 марти соли ҷорӣ, соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Ҷаҳони андеша» бо ҳузури муаррих, шарқшинос ва исломшиноси тоҷики муқими Руссия, доктори илми таърих, профессор Раҳимбек Бобохонов доир гардид. Дар маҳфил гузориши устод Раҳимбек Бобохонов дар мавзӯи «Тоҷикистони пасошӯравӣ: дунявият ва хурофагаройӣ»  мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор гирифт.

  Устод Бобохонов,  ҳудуди 45 дақиқа перомуни масоили дунявият ва хурофагаройӣ, моҳияти мафҳумҳо, татбиқи назарияи дунявият, таъсири хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ дар раддаҳои иҷтимоӣ, фазои дунёмадорӣ ва муҳити хурофасолорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистони ипасошӯравӣ суҳбат кард. Устод Бобохонов, ки мақола, рисола ва китобҳои зиёди илмӣ-таҳқиқӣ роҷеъ ба масъалаҳои динияту дунявият ва мушкилоти марбута дар манотиқи гуногуни Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигари исломӣ ва ғайриисломӣ таълиф намуда, дар ин замина таҷрибаи вофир андӯхтааст, бо лаҳни ширини тоҷикӣ ва забони оммафаҳми миллӣ гуфтугӯ кард. Мавқеъгирии вижаи илмӣ ва ихтисосӣ ҳангоми таҳлилу баррасии матолибу мабоҳис устод Бобохоновро ба гунаи шахсияти матраҳ дар ҳавзаҳои илмӣ ва баҳсии дохилию хориҷӣ муаррифӣ намудааст. Дар баррасии мавзӯъ донишмандон ва муҳаққиқони варзида устодон Комил Бекзода, Шодимуҳаммад Сӯфизода, Виркан Музаффар, Абдуғаффор Мирзо, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ ва амсоли инҳо ширкат варзида, бо андеша ва таҳлилҳои ҷиддӣ моҳият ва муҳтавои баҳсро ошкор намуданд. Нуктаи ҷолиб дар ҷараёни маҳфил ин буд, ки насли ҷавони донишгоҳӣ дар радду бадали мавзӯот фаъол мешавад ва ин баҳсу мунозираҳои донишҷӯйӣ, агарчи ҳанӯз шакл нагирифта ва қимати илмӣ ва ихтисосӣ надоранд, моро ба ояндаи неки илму фарҳанги ватанӣ боварманд  месозад. 

  
            
Хондан 1884 маротиба