JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 19 Марти 2018 07:24

Наврӯзи бостонӣ ва марҳилаҳои худшиносии миллӣ

Муаллиф:
Иди Наврӯз муборак! Иди Наврӯз муборак!

Наврӯзи бостонӣ ва марҳилаҳои худшиносии миллӣ

(мулоҳизаи муқаддамотӣ)

  Наврӯз, ки чанд сол аст, тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми дунё санаи 21 март мавриди таҷлил қарор мегирад, дар баробари дигар муқаддасоти миллию аҷдодӣ аз муқаддасаи муҳим ва гиромии таърихи фарҳангу тамаддуни муосири тоҷик маҳсуб ёфта, бори масъулияти ҳамзистию ҳамгироии милалу халқиятҳои қаламрави Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии навъи башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуйиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгаройӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти қарну асрҳои мадид суннану хасоиси Наврӯз имрӯз ҳам на танҳо дархӯри ҷомеа мебошанд, балки дар таҳрики худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши калидӣ доранд.

  Маҳз ҳамин нукта боис гардид, ки мақоми марбутаи Созмони Милали Муттаҳид – ин мақоми баландпояи сиёсии башарӣ ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ шинохт ва таҷлили саросарии онро дар манотиқи мутааддади сайёра тавсия ва иҷозат дод.

  Худшиносӣ эҷоди фардист ва биниши инсониро дар робита бо зиндагӣ, ҳастӣ, кайҳон ва билохира олами инсонӣ  ифода мекунад. Ҳар нафар бо назардошти фаросат, фазилат, дарк, хирад ва маърифати худ ба ҷаҳону ҳастӣ менигарад ва ба ин восита ҷаҳони худогоҳию худшиносиашро тавсеа мебахшад.

  Наврӯз, қабл аз он ки ба он ҷомаи кишоварзӣ, ахтаршиносӣ, кайҳоншиносӣ пӯшонанд, марҳилаи нахустини шинохту маърифати инсонӣ дар идомаи ҳастӣ будааст. Ин нуктаро донишмандони ватанию хориҷӣ, мисли Дорместетер, Кристенсен, Меҳрдоди Баҳор, Ҳошим Разӣ, Манучеҳри Ҷамолӣ, Рӯҳуламинӣ, М. Ҳазратқулов, К. Бекзода, М. Мирраҳим, Д. Раҳимов ва дигарон таъйид кардаанд. Муҳим ин аст, ки Наврӯз ба сифати як ҷашни фарогир, пеш аз ҳама, баёнгари марҳилаҳои худшиносии миллию  мардумӣ мебошад.

 Ба назари мо, раванди таърихии худшиносии миллиро, ки ба Наврӯз иртиботи бевосита дорад, ба чанд марҳила  метавон  тақсим кард:

1.Марҳилаи аввали худшиносии миллиро метавон ба Наврӯз – ин ойини дерина ва хирадгаро алоқаманд донист. Аз ин ҷост, ки Наврӯзро ба шахсияти нимустуравӣ ва ниматаърихӣ Ҷамшед тавъам медонанд ва ин тавъамӣ ё пайвастагӣ бедалел нест, чаро ки Ҷамшед нахустин шаҳриёри донишманди ҷуғрофиёи фарҳангию сиёсии ориётаборон аст, ки тавассути илму хирад сохтани ҷаҳони навро шурӯъ намудааст. Ба сухани дигар, Ҷамшед бо овардани Наврӯз марҳилаи аввалини худшиносии миллиро дар ҷаҳони маърифати иронитаборон оғоз бахшида, таҷлили онро  ҳамчун тантанаи хирад ва  адолат (ду бахши муҳимми ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ) саросарӣ намудааст.

Мушкилоти ҷомеаи инсонӣ аз замони зуҳури инсонӣ то имрӯз як чиз аст – марг ва ҳамин мушкили аввалиндараҷа ва ба истилоҳ калидӣ дигар мушкилотро ба дунбол дорад. Ин мушкилот (дард, ранҷ, беморӣ, сардӣ ва  гармии ифротӣ, бадбинӣ ва танаффур, дурӯғгӯйӣ ва амсоли инҳо) пайваста ҳамқадами инсонанд ва ба гумони устурасозони пешин, рафъи мушкилоти фавқ аз ҷониби Ҷамшед ба вуқуъ пайвастааст ва нахустин бор дар таърихи фарҳанги мо (албатта, дар қолаби устура ва боварҳои ибтидоӣ) инсон намиранда мегардад. Дар «Авасто» ин масъала, яъне масъалаи ба дасти Ҷамшед рафъ шудани мушкилоти маргу беморию пирию ранҷу зиён мавриди баррасӣ қарор гирифтааст (ба фаргарди  Вандидод руҷӯъ шавад) ва Ҳаким Фирдавсӣ дар достони Ҷам зуҳури Наврӯз ва ба ин восита аз ранҷурӣ раҳо гардидани ҷаҳонро таври зайл тасвир  намудааст:

                                    Сари соли нав ҳурмузи фарвадин,

                                    Баросуда аз ранҷ рӯйи замин.

                                    Бузургон ба шодӣ биоростанд,

                                    Маю ҷому ромишгарон хостанд.

2.Марҳилаи дувуми худшиносӣ, ки ба Наврӯз иртибот дорад, ба давраи салтанати Сосониён рост меояд. Ҳарчанд дар ин давра Наврӯз ва таҷлили маросими он камранг ба назар менамояд, рӯҳи умумии он нигаҳ дошта шудааст. Дар замони ҳукмравоии хонадони  Ҳахоманишҳо, ки  ойини зардуштӣ дар қаламрави салтанат расмӣ шуд, падидаҳои фарҳангию фалсафии гузашта, минҷумла Наврӯз аз ҷониби  рӯҳониёни дарбор  сарфи назар карда шуд ва маросими наврӯзӣ дар чодари тирагию торикӣ бозмонд.

3. Марҳилаи сеюми худшиносӣ ба давраи ҳукмронии сулолаи тоҷикии Сомониён  марбут аст. Дар давраи салтанати Сомониён (874-999) Наврӯз ба сифати ҷашни меҳварӣ мавриди таҷлил қарор мегирифт. Амирони хирадпарвари Сомонӣ хуб дарк мекарданд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни кишоварзӣ, балки ҷашни хирадпарварӣ ва инсонсолорию инсонсозист. Ин буд, ки дар давраи салтани онҳо, қатъи назар аз он ки дастгоҳи таҷассусии хилофати Бағдод дастдароз буд, раванди худогоҳию худшиносии миллиро тавассути ҷашни Наврӯз дар манотиқи гуногуни қаламраваш таъмину таҳким  месохт (таваҷҷуҳ шавад ба китоби Ноҷӣ Муҳаммадризо. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. Душанбе, 2012. –С.457-458). Маҳз дар ин давра худшиносии миллӣ ба марҳилаи сифатан нави таърихӣ расида, раванди таҷлили он тавассути сиёсати фарҳангии давлати Сомониён таҳкиму тавсеа ёфт. Шоирону донишмандон ба тавсифи ин ҷашн кӯшиданд, ашъори рангин суруданд, китобҳо навиштанд (китобҳои «ал-Ашъор фӣ соири Нийрӯз вал Меҳрҷон»-и Ҳамзаи Исфаҳонӣ, «ан-Нийрӯз вал Меҳрҷон» ва амсоли инҳо).

4.Давраи дигари наврӯзшиносӣ ва арҷгузорӣ аз ин ҷашни  хирадмаоб  ба  охирҳои  солҳою ҳафтодуми садаи бистум рост меояд, ки замони  салтанати  империяи Шӯравӣ буд. Аз охири солҳои ҳафтодуми асри гузашта  як зумра равшанфикрони миллӣ  ҷиҳати  дар сатҳи иҷтимоӣ таҷлил кардани Наврӯз  саъю талоши фаровон варзида, дар ин замина, корҳои зиёди фарҳангию  маърифатӣ анҷом доданд.  Ин давра сароғози марҳилаи нави худшиносии миллӣ  бо таҷлили Наврӯзи бостонӣ  маҳсуб меёбад. Дар он замон заминаҳои  рушди маросими миллӣ  дар шароити нави таърихӣ гузошта шуд.

5. Марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ уфуқҳои тозаро барои  таҷлили саросарии Наврӯзи бостонӣ кушод ва он ба сифати бузургтарин ҷашни аҷдодӣ  мавриди таҷлили  ҳамагонӣ қарор гирифт.  Дар даврони истиқлолият масоили  шинохт, таҳқиқ, омӯзиш, арҷгузорӣ ва  саросарисозии  Наврӯз  матраҳ гардид ва дар  рушду тавсеаи он шахсиятҳои дараҷаи аввали  ҷумҳурӣ, хусусан  Эмомалӣ  Раҳмон саҳм гузоштанд. Ин иқдомот имрӯз низ идома дорад ва шароити феълӣ аз фарҳангиён тақозо менамояд, ки ойинҳои миллиро  ба риштаи таҳқиқ бигиранд ва дар хифзу нигаҳдошти онҳо  тамоми чораҳои заруриро андешанд.

6. Наврӯз дар силсилаи ойину маросимҳои  миллӣ қадимтарину  фарҳангитарин ба шумор меояд ва дигар маросим  дар домони ин ҷашни  инсонпарвар ва ҳувиятсоз   парварда шудаанд.  Ин аст, ки Наврӯз  бо худогоҳию  худшиносии миллӣ  ба арсаи тамаддун ворид гардида, ба унвони зояндаи марҳилаҳои худогоҳию худшиносии миллӣ щинохта шудааст  ва дар дарозои таърих  ин ҷавҳари худро на танҳо аз даст надод, балки онро  тарвиҷу таҳким бахшида, то замони мо бегазанд оварда расонд.

                 Нозим Нурзода,

                муҳаққиқ

Хондан 1947 маротиба