JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 30 Марти 2018 08:12

Хурофот — душмани илм, рушд ва пешрафт

Муаллиф:

  Эҷодиёти асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ на танҳо дар собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ, балки дар хориҷи кишвар маҳбубият ва шуҳрат дорад. Аз ин рӯ, бесабаб нест, ки ӯро дар қатори Байрон, Шекспир, Лесинг, Гёте, Балзак, Тагор ва дигар нависандагони ҷаҳонӣ ном мебаранд.

«Ёддоштҳо»-и устод Айниро энсиклопедияи ҳаёти то давраи инқилобии халқи тоҷик номидани тадқиқотчиён далели раднопазир аст. Гарчанде ин  асар тарҷимаиҳолӣ бошад ҳам, дар он аз тасвири ҳаёти шахсии нависанда дида, бештар масъалаҳои муҳимми замон, тарзи зисту зиндагии меҳнаткашон, ҷамъомади шоирон  ва рафторҳои ношоистаи табақаҳои ҳукмрони давр танқиди бадеии худро ёфтааст.

   Аз ҷумла, нависанда дар баҳодиҳӣ ба хислату характери синфҳои золим, махсусан рӯҳониён ва муллоёни фиребгар аз ҳаҷв хеле моҳирона  истифода  кардааст. Яке аз хислатҳои умумии золимони маккору фиребгар ин буд, ки онҳо барои даромади бедардимиён роҳҳои зиёди ғайришаръӣ истифода мекарданд. Нависанда ин мазмунро дар боби «Парвардигорхӯҷа» аз забони яке аз эшонҳо-Қорӣ Маҳмуд хеле ҷолибу таъсирбахш меорад. Нависанда рӯзе аз Қорӣ Маҳмуд мепурсад, ки чаро ӯ касби сипоҳигариро тарк намуда, эшониро касб кардааст, ҳол он ки касби эшонӣ ва дуохонӣ як навъи гадоист. Қорӣ Маҳмуд ба С.Айнӣ ҷавоб медиҳад: «Ғараз аз тушбера гӯшт хӯрдан» гуфтаанд. Одамӣ  хоҳ сипоҳигарӣ кунад, хоҳ эшонӣ ва ё дуохонӣ, мақсад- як лаб нони бемеҳнат ёфта,  шикам сер кардан аст.

Аммо сипоҳ ҳарчанд ҳокимият мекунад… ӯро ҳама золим медонанд. Аммо эшонӣ ва дуохонӣ як пешаи бисёр осуда аст, эшон ва дуохон ҳарчанд дар  пӯст кандани мардум аз сипоҳ фарқ надоранд, лекин ӯ ҷони касро бо пахта ва дар дасти ӯ гирифторшудагон ҷон додани худро нафаҳмида мемонад, ба болои ин на танҳо аз ӯ нафрат намекунанд, балки ӯро халоскори худ дониста, ҳамеша ба вай ихлос ва муҳаббат арз мекунанд».[ Куллиёт Ҷ.6. с-138.]

Чи хеле ки мебинем, устод Айнӣ дар ҳамин якчанд сухани ин намояндаи дин нишон медиҳад, ки кори муллоӣ ба ғайр аз фиребу озори оммаи мазлум чизи дигаре нест.

Бисёр ҳодисаю воқеаҳои  «Ёддоштҳо»-ро нависанда аз забони гурӯҳи одамони камбағал ва ё шахсони пешқадами замон шарҳ медиҳад. Масалан, нависанда кору кирдори қозиҳоро аз забони занҳои ҳамдеҳаи худ тасвир намуда менависад: «Дар байни занон гап ба болои қозиҳо рафт,  яке аз занон қозиҳоро «кундаи дӯзах» номида ва «қозиҳо чунон месӯзанд, ки оташи дӯзахро аз будаш зиёдтар гарм мекунанд», гуфт». [Куллиёт. Ҷ. 6. с-142.]

Ба истисмори мардум  на танҳо рӯҳониёни калон, ҳатто қаландарон, ки худро дӯсти Худо нишон медоданд,  ба фиреб додани мардум миён баста буданд. Ин хислати онҳоро нависанда аз забони Махдуми Гав чунин тасвир кардааст: «Ин қаландаронро, ки мебинед, гуфт ӯ ҳамон касонанд, ки ҳафтае ду бор шаҳрро  гардиш карда, ба номи Худо, ба номи пайғамбар, ба номи Баҳоуддин ва азизони дигар аз мусулмонон пул меғундоранд ва дида истодаед, ки он пулҳоро ба чӣ роҳ сарф мекунанд. Инҳо на танҳо худашон мурдору харобанд, балки дигаронро ҳам мурдору хароб мекунанд». [Куллиёт.  Ҷ. 6. с-248.]

Айни С.-2

Хурофот дар тамоми таърихи мавҷудияти худ душмани илм, душмани тараққиёт ва пешрафти маданият буд. Барои ҳамин ҳам рӯҳониёни ҷоҳилу нодони хурофотпараст ҳамеша бар зидди фикрҳои пешқадам ва чизҳои нав баромада, одамонро барои ин ё он кори ғайридиниашон кофир эълон мекарданд, ҳатто бо ёрии ҳомиён ба қатл мувоҷеҳ месохтанд. Ин ҳодисаро устод Айнӣ дар образи Мулло Туроб нишон додааст. Рӯҳониёни ҷоҳил Мулло Туробро барои якчанд калимаи русиро аз худ карданаш «урус» ва «кофир» гуфта, таъқиб мекунанд. Вақте Мулло Туроб аз Самарқанд як ҷуфт калӯш оварда, рӯзи борон пӯшида ба саҳни мадраса мебарояд,  муллоҳои ҷоҳил ӯро бо дуздӣ бадном мекунанд. Онҳо ҳар рӯз дар бораи «дузд будани ӯ» далелҳои нав ба нав бофта мебароварданд. Чунин овоза паҳн мекунанд: «Самарқанд рафта омадани ӯ ҳам бесабаб набудааст: ӯ молҳои аз Бухоро дуздидаашро ба Самарқанд бурда фурӯхта ва моли бисёреро ҳам аз он ҷо дуздида оварда, дар Бухоро мефурӯхтааст. [Куллиёт. Ҷ.6. с-256].

Барои зиёд кардани боигарии худ мутаваллӣ дар бораи мазори «Ҳоҷа ӯбон», «каромат»-ҳои нав бофта мебарорад. Ин боигарии бедардимиён дар ӯ ҳирси пулпарастӣ ва фиребгариро зиёд мекунад. Хислатҳои инсониро аз ӯ  дур  мекунад, ӯро то ба дараҷаи разилӣ ва ваҳшигӣ мерасонад. Дар дили ӯ заррае меҳри падарӣ дида намешавад. Вай сабаби марги фоҷиавии ягона фарзанди худ мешавад. Марги духтари мутаваллӣ ва Ситора дараҷаи олии разолат ва ҷоҳилии рӯҳониён мебошад.

Нависанда дар образи духтари мутаваллӣ ва Ситора тақдири ҳазорҳо духтарони сарсахти давраи феодалиро нишон додааст, ки ин бечорагон қурбони урфу одатҳо ва  хурофотпарастон гардидаанд.

Яке аз хислатҳои умумӣ ва ба ҳамаи рӯҳониён хос ин диндортарошии онҳо буд. Аксари рӯҳониён бо мақсади худро дар байни мардум диндори калон ва «обрӯманд» нишон додан, бо саллаи калон, ҷомаи васеъ ва тасбеҳ дар даст ба кӯча мебаромаданд. Нависанда ҳамин сохтакорӣ ва хислати пасти онҳоро ба зери танқид гирифта, аз забони шахсони озодфикр онҳоро расвою шарманда мекунад. Яҳёхоҷа яке аз он шахсоне буд, ки худро аз дасти замона ба девонагӣ зада, тамоми расвоиҳо ва макру фиреби золимонро бе ҳеҷ тарсу ларз дар рӯяшон мегуфт. Золимон аз суханҳои ҳақиқӣ ва нешдори ӯ тарсида, худро аз вай дур мегиранд, ё  ки нисбат ба ӯ мунофиқӣ ва хушомадгӯиро раво мебинанд.

Қорӣ Самеъ аз қабили он рӯҳониёне мебошад, ки бо роҳи макру фиреб ва зоҳирпарастию динфурӯшӣ рӯз мегузаронид. Барои он ки худро диндори калон ва ҳамеша зикркунандаи Худою пайғамбар нишон диҳад, ба кӯча бо саллаи калон, ҷомаи васеъ ва тасбеҳи саддона баромада, пичир-пичиркунон роҳ меравад. Ин кирдори мунофиқонаи Қорӣ Самеъ аз чашми тезбини Яҳёхоҷа пинҳон намемонад. Яҳёхоҷа ба мақсади аз ин рафтор боздоштани Қорӣ Самеъ бо ҳуҷҷати сохтае ӯро ба маҳкамаи қозӣ кашида, даъво мекунад, ки ҳавлии Қорӣ Самеъ аз они ман аст. Оқибат Яҳёхоҷа ӯро 15 ҳазор танга қарздор мекунад. Қорӣ Самеъ дар назди қозӣ қавл медиҳад, ки дигар ба кӯча бо салллаю тасбеҳ намебарояд. Дар ҳақиқат баъди ҳодисаи қозихона Қорӣ Самеъ объекти хандаю мазоқи  мардумон мегардад.

Дар «Ёддоштҳо» нависанда беҳтарин масъалаҳои ҳаётиро тасвир намуда, хонандаро бо ҳаёти гузаштаи халқи тоҷик ошно намуда, манбаъҳои асосии зулму истисмор, аз он ҷумла манбаи ҷабру зулм будани рӯҳониёни иртиҷопарастро ба онҳо  фаҳмонда медиҳад.

Асарҳои  устод Садриддин  Айнӣ дар таърихи ташаккул ва инкишофи адабиёти тоҷик мақоми махсус  доранд ва омӯзиши ақидаҳои зидди хурофотии нигоштаҳои ӯ ҳоло ҳам муҳиммияти худро гум накарда,  аҳамияти калони тарбиявӣ  доранд.

 Абдуламини  МАЖНУН 

                                                                          (Ҳафтаномаи «Омӯзгор»)

http://khovar.tj/2017/02/hurofot-dushmani-ilm-rushd-va-peshraft/

Хондан 2011 маротиба