JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Рӯзҳои 9-10 ноябри соли 2016 дар шаҳри Москва Форуми байналмилалии гуманитарӣ таҳти унвони «ИДМ -25: ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ, инкишоф” доир гардид, ки дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, макотиби олӣ, муассисаҳои илмӣ, созмонҳои ҷавонони давлатҳои узви ИДМ ширкат намуданд. Дар ин Форум ҷонишини директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ, номзади илмҳои таърих, досент А.М. Ғафуров ширкат ва суханронӣ намуд. Муҳтавои маърӯза инчунин дар мусоҳиба бо мухбири радиои “Медиаметрикс” баён шудааст.

Душанбе, 30 Октябри 2017 09:41

Мактаби эҷоди ту бақост!

  Шоми 29-уми октябри соли ҷорӣ қалби нозуку пурэҳсоси яке аз маъруфтарин адабиётшиносони муосири тоҷик Устод Худоӣ Шариф дар синни 80-солагӣ аз тапидан бозмонд. Устод Худоӣ Шариф ба сифати адабиётшиноси варзида дар се шохаи мустақили илми адабиётшиносӣ --таърихи адабиёт, нақди адабӣ ва назарияи адабиёт таълифоти фаровоне ба мерос гузоштааст. Ба нудрат адабиётшиносеро метавон дарёфт, ки мисли устод Худоӣ Шариф адабиётшиноси комил бошад. Ӯ бо сабки сухани хосса ба майдони адабиётшиносии миллӣ ворид гардида, ба равиши нависандагӣ дид ва нигоҳи тоза, ки аз фарохии мутолеот, таҷрибот ва мушоҳидоти амиқаш сарчашма гирифтаанд, зам намуд. Осори ӯ марбути паҳлуҳои гуногуни илми адабиётшиносии миллист.

Ҷумъа, 27 Октябри 2017 05:57

Фалсафаи инсон

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, директори Маркази антропологии АИҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музафарӣ иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзўи «Фалсафаи инсон»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

  Ҳиндустон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки дар феҳристи қадимтарин тамаддунҳои башарӣ қарор дорад ва фарҳангу тамаддуни ҳиндӣ, ки аз маҷмӯаи асотир, бовару эътиқодот ва анвои гуногуни ҳунарӣ, минҷумла навосозию мусиқипарварӣ таркиб ёфтааст, то имрӯз мадди назари оламиён қарор дорад. Эҳсоси зебоипарастӣ ва ахлоқписандии ҳиндувон тайи таърихи тӯлонӣ онҳоро аз дигар қавмияту милал мутамоиз сохта, дар ақсои олам Ҳиндустонро ба унвони кишвари афсонавӣ муаррифӣ намудааст. Дар домони ин фарҳанги бостонӣ, ки кадимтарин китоби ҷаҳонӣ «Ведо»-ро зодааст, Маҳатма Ганди, Тагор, Нехру, Чандар, Яшпал ва соири донишмандону адибон тарбия ёфтаанд. Ин аст, ки маҳбубтарин чеҳраи сиёсӣ ва фарҳангии ҳиндӣ Индира Ганди ба шодобии ин дарёи тамаддуни бостонӣ таваҷҷуҳ намуда, гуфта буд: «Тамаддуни Ҳиндустон монанди баҳрест, ки ҳеҷ гоҳ хушк намешавад».