Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Дидавар Бекзода иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Таъсири филмҳои хусусияти зӯроваридошта ба мафкураи инсон» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба назараш чандест, ки кораш пеш намерафт. Субҳ ба коргоҳаш меомаду ними шаб ба хона бармегашт. Баъзан дар рӯи кати нимдоште, ки матои фарсудаи рӯи он доғ гирифта буд, мехобид. Ҳама чиз дар ин коргаҳ парешону бетартиб ба назар мерасид: қуттии рангҳо, мӯқаламҳо, сангу чӯбу лавҳаҳо … Қариб ҷои помонӣ намеёфтед. Ӯ рангҳоро бо ҳам меомехт, бо мӯқалам рӯи коғази ғафсе доғҳо мегузошт, то бифаҳмад аз ин амалаш чӣ ранги тозае ҳосил шудааст. Рӯзҳое буданд, ки ӯ соатҳо рӯи курсии чорпояи чӯбин менишасту тамоку мекашид. Чароғи рӯи мизи ӯ он ҷоеро, ки рангҳоро бо ҳам меомехт, равшан мекард. Дар пешгоҳи хона лавҳаи калоне меистод, ки рӯяш бо карбоси сафеде пӯшида буд. Рассом Зарроб ҳар субҳ ин карбосро аз рӯи лавҳа мегирифт. Ду чароғи муқобилашро фурӯзон мекард. Худ ба ақиби утоқ мегузашту ба расм аз ҳар нуқта менигарист.
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Меҳрдод Қурбониён иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзўи «Маърифати олами заррот» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
МУДИРИЯТ ВА ВОҚЕИЯТИ МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ
(дар асоси китоби: Ҳарвалд Ҷ. Лювит. Равоншиносии мудирият. Тарҷумаи дуктур Муҳаммадалии Батоҳӣ ва Ризо Шопуриён)
Ба мушоҳида мерасад, ки дар бештари қишрҳо ва баданаҳои иҷтимоии мо яке аз мушкилоте, ки ба он дар қадами аввал рӯ ба рӯ мешавем, ин мудирияти номуваффақи ниҳодҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳову муассисаҳо мебошад.
Мудирият (менеҷмент), гарчанде таърихи муштарак бо илмҳои гуногун дорад. Ҳамчун илм, яке аз илмҳое мебошад, ки ба қонуну қоидаҳои хеш илми муосир ҳисобида мешавад. Баъди интегратсияи илмҳо дар ҳавзаи илмҳои гуманитарӣ, мисли инсоншиносӣ ва равоншиносиву ҷомеашиносӣ ва иқтисод фанни дигаре ба вуҷуд омадааст, ки равоншиносии мудирият ном дорад (ниг. Равоншиносии мудирият. Ҳарвалд Ҷ. Лювит. Тарҷумаи дуктур Муҳаммадалии Батоҳӣ ва Ризо Шопуриён).