JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Сешанбе, 12 Сентябри 2017 04:14

Ҳиндустони озод 70 сола шуд

  Агар ба бузугтарин воқеаҳои таърихии Ҳиндустон дар асрҳои ХIХ - ХХ  нигоҳ кунем, пеш аз ҳама чунин мушоҳида мешавад, ки ду рӯйдоди ниҳоят бузург ва ниҳоят муҳим  дар сарнавишти мардумони ин кишвари бофарҳанг, афсонавӣ ва муддатҳо аз ҷабри аҷнабиён азияткашида  нақши бе мисле гузоштаанд. Яке аз ин воқеаҳои бузург номи “Шӯриши сипоҳиён” –ро гирифтааст, вале бо вуҷуди чунин унвон доштан, ки гӯё он танҳо аз ҷониби як қисми муайяни сипоҳиён сурат гирифтааст, ин ҳаракати мардумии тамоми халқҳои Ҳиндустон буд. Шӯриши сипоҳиён, ки  10  майи соли 1857 оғоз ёфта, дар моҳи апрели соли 1859 ба анҷоми фоҷиавӣ расидааст, ниҳоят бераҳмона пахш карда шуда буд. Ин ыо як далели аҷиб ин аст, ки Шӯриши сипоҳиён расо пас аз сад соли дар ҷанги назди Плессӣ мағлуб шудани ҳиндувон ва Ҳиндустонро зери даст намудани англисҳо сар задааст.Сабабҳои сар задани шӯришро дар парламенти Англия арбоби давлатии англис аз ҳизби Консервативии Британияи Кабир Бенҷамин Дизраэли (1804-1881) чунин шарҳ додааст: “Якум – ин аз тарафи мо маҷбуран нест кардани роҷаҳои маҳаллӣ, дувум  – аз тарафи мо вайрон кардани қоидаҳои соҳибмулкӣ ва севум – дахолати мо ба масъалаҳои диндории мардум буд”. Шӯриши сипоҳиёнро метавон аввалин ҷанги ҳиндувон барои ба даст даровардани истиқлолият ҳисоб кард. Шӯришро, мисле ки аз номаш бармеояд, сипоҳиён бардошта буданд, барои ҳамин ҳам чунин номро гирифтааст.

Китоби муҳаққиқ Саймуддин Мирзоев таҳти унвони «Афғонистон; чолиш ва таҳдидҳо» тавассути нашриёти  «Ирфон» дар муҳити иттиллоотии кишвар бо забони русӣ ба табъ расид.

Муаллиф бо зеботарин шеваи илмӣ ва усули таҳқиқотӣ масоили печидаву мубрам, буҳрон, мушкилоти рӯз ва омилҳои пайдоиши таҳдиду хатар ва хушунату тундагароиро дар кишвари Афғонистон мавриди баррасӣ қарор додаст. ӯ зимни баррасии масоили зикргардида, сарчашмаи пайдоиш, омилҳои шаклгирӣ ва тавсеаёбии ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистиро дар Чумҳурии исломии Афғонистон муаррифӣ намуда, роҳҳои таъмини амнияти давлатдории миллӣ ва муқовимат алайҳи ҳамагуна ҳаракатҳои тундрав ва иртиҷоиро нишон додаст.

     Пути регулирования рождаемости населения были известны еще со времен арийцев, более чем 6-7 тыс. лет до нашей эры [1,19].

     Часто это осуществлялся путем употребления беременной женщиной различных настоев и трав. В Авесте по этому поводу описывается следующий пример: «Если девушка скажет (мужчине) «ты оплодотворил меня» и мужчина ответит «найди старуху, которая освободит тебя от плода» и эта женщина, найдя такую старуху попросит совершить репродукцию или аборт. И если эта старуха выдаст «бангху, или шайиту, или гнону, или фраспату» и употребив их она умертвит свой жизненный плод, то грех совершает трое: мужчина, девушка и старуха. Но о возможности производить «ребенка в сосуде» в истории Востока не было известно, пока      А. Джамине рассказал об этом в своей поэме.

Чаро коғаз қат мешавад?

 

   Тавре ёдовар шудем, коғазро аз дарахт, боқимонда (партов)-ҳои найшакар ва ё коғазҳои кӯҳнаи аз нав коркардашуда тайёр мекунанд. Яъне хамираи коғазро ба пластинаҳои тунук табдил медиҳанд, ки онҳоро ҳарчанд борҳо қат кунем ҳам намедаранд. Он хусусияти ашёро, ки бо вуҷуди қат кардан намедарад - қаишӣ меноманд. Коғазро аз ашёи қаиш тайёр мекунанд.