JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 05 Октябри 2017 08:33

Энергетикаи шамолӣ: пойтахти он интихоб ва шамолбоғи баҳрӣ бунёд мегардад

Муаллиф:

  Яке аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия нерӯи шамол буда, таърихи истифодаи он ба соли 200-уми қабл аз милод мерасад. Вале истифодаи нерӯи шамол барои истеҳсоли қувваи барқ аз охирҳои асри XIX оғоз мегардад. Зеро нахустин нерӯгоҳи барқии шамолӣ соли 1890 дар Дания бунёд гардида, аллакай дар соли 1908 шумораи онҳо дар ин кишвар ба 72 (иқтидорашон аз 5 то 25 кВт) мерасид. Намунаи аввалин нерӯгоҳи барқии шамолии муосир бо меҳвари амудӣ бошад, соли 1931 дар шаҳри Ялта (Қрим, Россия) сохта шуд, ки тавоноиаш 100 кВт буд.

   Эҳё ва рушди бемайлони энергетикаи шамолӣ аз Бӯҳрони нафтии соли 1973 ва садаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил дар соли 1986 оғоз мегардад. Баъд аз ин ҳодисаҳои нохӯши таърихӣ аксар кишварҳои олам ба истифода ва дарёфи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия, махсусан нерӯи шамол рӯй оварданд. Пас аз ҳодисаи аввала нахустин санҷиши генераторҳои шамолии имрӯза дар Дания оғоз гардид. Баъд аз ҳодисаи дуюм дар Калифорния (ИМА) яке аз аввалин барномаҳои ҳавасмандгардонии рушди энергетикаи шамолӣ таҳия гардид, ки ба истеҳсолкунандагони қувваи барқ аз нерӯи шамол имтиёзҳо дода мешуд.

  Ҳамин тавр, эҳё ва рушди энергетикаи шамолӣ ба миёнаҳои нимаи дуюми асри ХХ рост меояд. Зеро маҳз дар ин солҳо як қатор мушкилаҳои глобалии иқлимию экологӣ дақиқ гардиданд, ки рушди соҳаро такон бахшиданд. Масалан, ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта ҳукумати Дания оид ба кам кардани партовҳои СО2 қарор қабул кард ва партофти ин газ дар соли 2005 назар ба соли 1988 22% коҳиш дода шудааст.

Нақшаи парки энергетикии шамолии дар Уляновск

  Чанде қабл дар шаҳри Уляновски Федератсияи Россия роҳбари ширкати Роснано Анатолий Чубайс созишнома оид ба бунёди корхонаи истеҳсолкунандаи чархҳо барои генераторҳои шамолиро дар ин минтақа шарҳ дод. Аз рӯи гуфтаҳои сарвари Роснано шаҳри Уляновск дар мавзӯи энергетикаи барқароршаванда пешсафи хайпӣ (аз мафҳуми «хайп» - рекламаи савдоият, шмиха, ажиотаж) мебошад.

  Аввалҳои моҳи сентябри соли 2017 ҳукумати вилояти Уляновск бо ширкати даниягии Vesta Wind Systems A/S оид ба бунёди корхонаи истеҳсолкунандаи чархҳо барои генераторҳои шамолӣ дар ҳудуди вилоят созишнома ба имзо расонид. Мувофиқи нақша корхонаи нав аз нимаи дуюми соли 2019 ба кор оғоз карда, дар давоми сол 300 чарх истеҳсол менамояд. Маблағгузор барои бунёди корхонаи мазкур наздик ба млрд. рубли русӣ ҷудо намудааст.

  Ҳамин тавр, вилояти Уляновск дар самти истеҳсоли дастгоҳҳо барои энергетикаи шамолӣ яке аз аввалин минтақаҳои рушдкунанда ба ҳисоб меравад. Инчунин, ин вилоят дар Россия аввалин музофотест, ки якҷоя бо ширкати «Фортум» лоиҳа оид ба бунёди боғи истеҳсолкунандаи қувваи барқ аз нерӯи бодро (шамолбоғ - ветропарк) омода кард. Айни замон дар шамолбоғи деҳаи Красний Яри ноҳияи Чердаклинск охирин (14-ум) дастгоҳи шамолӣ насб карда шудаистодааст. Бояд то охири соли 2017 генераторҳои шамолӣ ба пуррагӣ ба истифода дода шаванд.

  Иқтидори умумии шамолбоғ 35 МВт буда, тамоми шабакаи барқии вилоятиро фаро мегирад. Ҳаҷми умумии сармояи он бошад, ба 65 млн. евро мерасад. Илова бар ин, аз рӯи натиҷаи мусобиқоти федералии вилояти Уляновск дар давоми чор соли оянда дар ҳудуди он боз шаш объектҳои дигар сохта мешаванд. Барои бунёди онҳо дар баъзе ноҳияҳои вилоят заминҳо интихоб гардидаанд. Дар натиҷа тавоноии умумии генраторҳои шамолии дар вилояти Уляновск бунёдшаванда, мумкин аст дар давоми сол ба 600-800 МВт расанд. Бояд илова намуд, ки дар сохтмони ин шамолбоғҳо ширкати Роснано бевосита иштирок менамояд.

Лоиҳаи шамолбоғи баҳрии панҷуми Дания бо номи Anholt

  Дар истеҳсол ва истеъмоли қувваи барқ аз ҳисоби нерӯи бод, Дания яке аз мамолики мутараққии ҷаҳон ба ҳисоб рафта, соли 2017 дар соҳаи мазкур маҳз дар ин кишвар боз як рӯйдоди муҳим ва таърихӣ ба вуқуъ пайваст. Зеро ширкати «DONG Energy» барои бунёди ду боғи ҷадиди истеҳсолкунандаи қувваи барқ аз нерӯи шамол дар соҳилҳои Дания, ки арзишашон 72,70 евро барои МВт/соат мебошад, дар тендер ғолиб омад.  Иқдоми мазкур ғояҳои умедворкунанда дошта, дар тамоми ҷаҳон майл ба густариш дорад. Ин рӯйдод хушхабари нахустин дар бозори ҷаҳонии энергетикаи бодӣ буда, интизор меравад, ки арзиши ҳамин гуна лоиҳаҳо барои ҳар МВт*соат назар ба сатҳи имрӯза танҳо дар соли 2020 ба 100 евро мерасад.

  Ҳамзамон, дар соҳаи энергетикаи шамолӣ дар Британияи Кабир низ рӯдоде муҳимтаре ба амал омад. Нашрияи «Business Green» хабар дод, ки марҳилаи охирини музояда оид ба бастани созишнома барои бунёди шамолбоғ дар баҳри кушод бо арзиши 57,50 фунт стерлинг (65,10 Евро) барои МВт*соат баргузор гардид. Ин ҳодиса дар бозори энергетикаи шамолӣ рекорди навбатӣ ба шумор рафта, танҳо ду сол қабл арзиши миёнаи чунин опсионҳо (қоғази қиматнок, ки вақти хариду фурӯш ҳуқуқи соҳиби молро тасдиқ менамояд) 117 фунт серлингро ташкил медод.

  Коршиносон қайд менамоянд, ки ин арзиши пешниҳодшуда ҳатто аз арзиши бунёди нерӯгоҳи барқии газии ҷадид камтар аст. Пастшавии бемайлони арзиши шамолбоғҳои баҳрӣ дар натиҷаи рушди фаъоли он, татбиқи технологияҳои нав дар бозор ва инчунин, такмилдиҳии системаи идоракунии нерӯгоҳҳои барқии шамолӣ ба амал меояд. Ин ҳама ба коҳиш додани хароҷотҳои зиёдатӣ ва истифодаи самараноки захираҳо мусоидат менамояд.

  Агентии таҳлилии Блумберг тахмин мекунад, ки харҷи сохтмони истгоҳҳои тавлидкунандаи қувваи барқ аз нерӯи шамол дар баҳрҳо, дар маҷмӯъ бо пешниҳоди намудҳои гаронбаҳои технологияҳо барои истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия то соли 2040 71% коҳиш ёбад. Вале, аз рӯйи хабарҳои охирин, ҳодисаи мазкур метавонад пештар рух диҳад.

  Ҳамин тавр, энергетикаи шамолӣ дар тамоми кишварҳои олам рӯ ба инкишоф ниҳода, дар Федератсияи Россия шаҳри Уляновск «пойтахт»-и энергетикаи шамолӣ интихоб гардид ва дар Дания нахустин нерӯгоҳи барқии шамолӣ дар баҳр (шамолбоғи баҳрӣ) бунёд ёфт.

Номвар ҚУРБОН,

физикадон

Хондан 2823 маротиба