JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 17 Августи 2017 07:48

Дурнамои рушди ҷаҳонии энергетикаи атомӣ то соли 2050

Муаллиф:

  Дар гузориши Агентии байналхалқии энергияи атомӣ (International Atomic Energy Agency) вазъи кунунӣ ва дурнамои соҳаи нерӯи ҳастаӣ дар ҷаҳон барои соли 2017 (International Status and Prospects for Nuclear Power 2017) таҳлил ва баррасӣ гардидааст.

  Иқтидори умумии нерӯгоҳҳои барқии атомии дар сар то сари сайёра бунёдшуда 391,1 ГВт (447 энергоблок) -ро ташкил медиҳад. Айни замон, дар ҷаҳон 60 адад энергоблоке сохта шудааст, ки тавоноии умумиашон ба 60,6 ГВт мерасад. Бояд ёдовар шуд, ки иқтидори умумии нерӯгоҳҳои барқии шамолии тамоми ҷаҳон дар муқоиса ба тавоноии нерӯгоҳҳои барқии атомӣ, аллакай 500 ГВт-ро ташкил менамояд. Аммо пас аз даҳ сол, иқтидори нерӯгоҳҳои барқии бодии танҳо Ҷумҳурии мардумии Чин ба 400 ГВт расонида мешавад.

Вазъи глобалии реакторҳои ҳастаии амалкунанда (чап) ва бунёдшаванда (рост), маълумоти санаи 01.07.2017

Манбаъ: IAEA Power Reactor Information System

  Тайи даҳ сол аст, ки ҳиссаи атоми ҷаҳонӣ дар истеҳсоли глобалии нерӯи барқ пай дар пай паст мегардад. Масалан, дар соли 2015 ҳиссаи он дар истеҳсоли қувваи барқ 11% кам шудааст.

  Дар ин гузориши Агентӣ ду сенарияи тараққиёти энергетикаи атомӣ баррасӣ гардидааст.

  Дар сенарияи пессимистона (low case) тараққиёт ба назар намерасад. Баръакс, иқтидори нерӯгоҳҳои барқии атомии то соли 2030 бунёдшаванда аз сатҳи кунунӣ 12% ва то соли 2040 сохташаванда 15% кам гардида, танҳо дар соли 2050 ба тавононии имрӯзаи ин навъи нерӯгоҳҳо ҷаҳон баробар мешавад. Дар вақти мавҷуд набудани инкишоф дар соҳа фаъолияти соҳавӣ низ маъно надорад. Барои ин, бастани реакторҳои пешина низ бояд ҷуброн карда шавад. Ва ҳатто дар сенарияи пессимистона ҳам то соли 2050 пай дар пай сохтани нерӯгоҳҳои барқии атомии нав бо иқтидори 320 ГВт зарур аст.

Дар сенарияи оптимистона (high case) энергетикаи атомӣ аз сатҳи соли 2016 бо чунин суръат: то соли 2030 42%, то соли 2040 83% ва то соли 2050 123% инкишоф меёбад. Сухан дар бораи бунёди нерӯгоҳҳои барқии атомие меравад, бо чунин суръат тараққӣ ёфта, иқтидорашон то соли 2050 ба 874 ГВт мерасад. Ва ҳиссаи он дар истеҳсоли нерӯи барқи ҷаҳон то 13,7% афзоиш меёбад. Дар рушди ин инкишофи тахминӣ кишварҳои Осиё саҳми асосӣ доранд.

Пешбинии пасту баланди Агентии байналхалқии энергетикаи атомӣ дар соли 2017 аз рӯйи иқтидори НБА-и минтақаҳо (ГВт)

  Дар ин ҷо аз нав муқоисаи чунин нишондиҳандаҳо аз рӯи иқтидори энергетикаи офтобӣ ва шамолӣ, ки дар алоҳидагӣ дар ибтидои даҳсолаи оянда ба даст омадааст (агар аз ин пештар набошад), ба миён меояд.

  Ҳамин тавр, дурнамои рушди энергетикаи атомӣ норавшан аст. Дар ҳар сурат, мутахассисони соҳаи атомро зарар аст, ки бо вуҷуди мушкилӣ ба фармоишҳои нав зич (аз рӯи ченаки ҷаҳонӣ) мутобиқ шаванд, зеро бозори онҳо дар оянда хеле танг ва мушкил мегардад. Аз ин рӯ, тибқи қарори ширкати давлатии Федератсияи Россия - «Росатом» гузариш ба энергетикаи шамолӣ хеле оқилона ва дурандешона аст.

Номвар ҚУРБОН,

физикадон

Хондан 2391 маротиба