JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 12 Марти 2020 09:45

Инфографика ва пайдоиши он

Муаллиф: Хушрӯзи Ҷамолзода

 Ба гузаштаи дури инсоният назар карда мо дар замони одамони аввалин намунаҳои инфографикаро дарёфт карда метавонем, ки ин ҳам бошад, расмҳои дар танаи сангу харсангҳои макони зисти онҳо мебошад. Ин инфографикаи оддӣ барои наслҳои ояндааш имконият дод, ки аз ҳаёти гузаштаи насли худ бохабар гардад. Инфографика дар ҳама давру замон вуҷуд дошт ва мемонаду амал мекунад. Намунаҳои онро дар ҳама давраи зиндагии инсоният мо дида метавонем. Лекин аввалин шуда дар нашриёт барои истифода бурдани доираи васеъи инфографика нашриёти таъбу нашри амрикоӣ “USA Today” ҷидду ҷаҳд намуда дар он аз ҳаёти шахсони намоёни давлат ва банкерҳо нашр мекарданд. Назар ба соли 1982 имрӯзҳо инсоният қадами устувореро ба пеш гузошт, ки ин на як қадам, балки қадамҳое, ки ҳисоби он хеле мушкил аст. Инфографика бо суръати баланд вусъат ёфт.

 Аммо афсӯс, ки бо вуҷуди чунин пешравӣ на ҳама онро дар ҷояш истифода мебарад. Масъалаҳое пайдо мешавад, ки инфографикаро дуруст дар ҷояш бо тамоми нозукиҳои дизайнаш, аниқ ба мардум фаҳмонд то аз он мардум хулосаи  дуруст бароранд.  Мақсади мо низ аз таълифи ин мавод муйаян кардани ҷой ва маънии инфографика дар системаи иттилооти ва тащлилии  ҳозирзамон мебошад.

Талаботҳои инфографика

  Барои таълиф намудани ин мавод адабиётҳои гуногунҷабҳа истифода шудааст то маънии томи калимаи инфографикаро кушояд. Сарчашмаҳои гуногунро омӯхта метавон ҳаматарафа мазмун ва мавҳуми калимаи мазкурро кушод. Китоби Эдвард Тафти  тадқиқотгари асоси дар бобати таъбу нашр ва нозукиҳои инфографика маълумоти заруриро дода метавонад. Бояд қайд намуд, ки бисёре аз ин китобҳо дар инбора аз тарафи муллифони хориҷӣ навишта шудааст, ки наметавон онро бо забони тоҷикӣ дарёфт, ҳатто бо забони рӯсӣ  низ тарҷума нашудааст. Маводҳои ин китобҳо мустақилона тарҷума шудаанд. Фақат китоби “Изобразительная статистика”- и ВВ Лабтева барои алоқамандон мадад намуда метавонад то ба таърихи инфографика ва таъсиру аҳамияти он  дар ҷаҳони иттилооти маълумот пайдо намоянд. Ҳангоми таълифи мавод мақолаҳои муаллифони  дигар, ки дар ин бора навиштаанд ба сарчашмаҳои интернетӣ, ки доир ба ин мавзӯъ баҳс мекунанд, истифода бурда шудааст.

Ҷаҳони техникаю технология

  Чи хеле ки маълум аст мағзи сари инсон чунон сохта шудааст, ки қисми зиёди ахбори берунаро қабул мекунад. Агар дигар хел карда гӯем,  ҷаҳонеро ки моро иҳота кардааст 90%-ро бо чашмон дарк мекунем ва боқимонда аъзоҳои ҳис фақат роли ёридиҳандаро мебозанду халос. Беҳуда аҷдодони мо нагуфтаанд, ки “Шунидан кай бувад монанди дидан”. Ин аст, ки дар мафкураи инсоният инқилоби техникӣ ба вуҷуд омада оҳиста-оҳиста инсоният ба қуллаи баланди расонидани иттилоот ҳар гуна роҳу воситаро кашф намуд. Васоити муҳиме, ки минбаъд инсоният кашф намуд, ин хат буд. Ҳар як давру замон барои иттилои дуруст додан ва мавҷудияти техникаҳои ҳамон замон имконият дод, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо расмҳое, ки бо даст кашида мешуданд, ҷои худро ба аксҳо бидиҳанд ва ё расмҳои сиёҳ-сафед ҷои худро бо аксҳои ранга иваз намоянд. Ин инқолоб имрӯзҳо натанҳо дар соҳаи таъбу нашр, балки дар дигар соҳаи ВАО  ба хубӣ мушоҳида карда мешавад. Инро метавон дар соҳаи телевизион дид. Имрӯз соҳаи телевизион оҳиста-оҳиста ҷояшро ба интернет медиҳад. Аммо омилҳое ҳаст, ки яке ҷои дигареро гирифта наметавонад. Дар тимсоли  соҳаи кино, ки ҳеҷ гоҳ пурра ҷои театрро гирифта натавонист. Тарафдорони телевизион ва интернетро, пеш аз ҳама, тамошою қабули рӯшани ахбор тезтар ба худ ҷалб мекунад. Рӯзнома бошад, танҳо ба хондан саргарм мекунад. Аз оне, ки талабот ба хондан кам шуд, соҳаи табъу нашр ба мушкилӣ дучор гардид, зеро қисми зиёди хонандагони худро аз даст дод. Албатта, проблемаи асосӣ ин гардид, ки гурӯҳи зиёди ҷамъият шавқи хондани рӯзномаву маҷалла ва китобҳоро гум кард. Бисёри муҳаққиқон аз ғуруби таъбу нашри ВАО садо баланд карданд. Дар ин ҳолат лозим омад, ки роҳҳои гуногунеро пайдо намуд, ки то ВАО мавқеи худро аз даст надиҳад ва ҳамвора рақобати худро бо телевизион ва интернет ҳал намояд. Ҳалли мушкилиро дар соҳаи таъбу нашр метавон бо истифода аз инфографика пайдо намуд. Дар ҷаҳони технология додани маълумот ё пешниҳоди он бо ёрии суратҳо, инфографикаву диаграммаҳо гардид. Ин ақида ё худ идеяе буд, ки хабарро метавон бо намуди дидан ва хондан расонид. Ин намуд хабарҳо дар худ аломатҳо, ороишоти махсус, типографик, расмҳо тахаюлоти муаллифро дар худ нигоҳ медоштанд. Ин бинанда ё хонандаро барои дарки мақсад ҳам рӯҳбаланд мекард, ҳам хонанда метавонист, ки ҳар чӣ бештар барои дарки мавзӯъ ва муҳтаво кӯшиш намояд. Технологияи иттилоотии  ин замон барои насли имрӯза барои дарки кинофилм, мусиқӣ, адабиёти классикӣ мушкилиҳоро ба бор меоварад(насли имрӯза хоҳиши тамошо ва хондану гӯш карданро надоранд). Имрӯз гурӯҳи калони одамон гӯё барои намоиш мехонанд. Ҳоло аудиторияи замони муосир ба хабарҳои хеле кӯтоҳ ё қабули мазмунро танҳо дар тамошои клипҳо ё наворҳои кӯтоҳмуддат пайдо мекунанд.

 Инфографика: мақсад ва маром

  Барои фаҳмидани мафҳуми инфографика  ба суханони Эдвард Тафти, яке аз шахсиятҳои барҷаста дар олами дизайни иттилоотӣ рӯй меорем, ки гуфтааст: “Инфографика ин бо намуди графикӣ расонидани иттилоот, хабар ва дониш аст”(саҳ 11). В.В. Лаптив ин мафҳумро боз хеле амиқтар ба қалам дода гуфтааст: “Инфографика ин соҳаи ороиши технологияи иттилоотӣ буда, дар асоси худ тахаюлоти хабарӣ, ки дар он алоқа аз хабарҳои рақамӣ ва дониши зиёдеро дар худ нигоҳ медорад”(Қисми 1. Саҳ 7). Ба гуфти олими бузурги Белгия Поля Луӣ, инфографика метавонад ҳамчун таҷассуми факту рақамҳо дар сурати расму аксҳо, эскисҳо ва таҷассуми нақшаву тахаюлоти муаллиф бошад”(саҳ.10). Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки инфографика барои аниқу муайян дастрас ё фиристодани маълумоти аниқ бо ёрии расмҳо аҳамияти калон дорад. Агар ба таърихи инфографика назар афканем, решаҳои чуқуреро дорост, ки то замони эҳё рафта мерасад, ба замоне, ки инсоният ҳанӯз хуб ҳарф зада наметавонист, лекин бисёр чизҳоро расм кашида метавонист. То инкишофи хаттӣ расмҳои аксӣ ҳамчун додани маълумот аз як насл ба насли дигар ба инсоният хизмат намуданд. Алоқамандии инкишофи одамони қадим то замони мо танҳо бо ёрии хатҳои пиктографӣ омада расидааст.

  Роли хат дар  инкишофу пешрафти ҳаёти илмиву мадании ҷомеа, адабиёту санъати миллату халқҳо низ хеле калон мебошад. Хатҳои ибтидоӣ бисёр содалавҳона буданд.  Онҳо тавассути худи предметҳо, сурати онҳо ё символи (рамзи) онҳо ифода карда мешуд. Геродот-муаррихи Юнони қадим (асри V) чунин ҳикояте меорад, ки гӯё скифҳо (қабила) ба форсҳо сурати қурбоққа, муш, парранда  ва панҷ тирро кашида мефиристанд ва ин рамзи он буд, ки “агар форсҳо мисли қурбоққа ба об, мисли муш ба сӯрохие, мисли парранда ба ҳаво паранд ҳам, бо ин панҷ тир кушта мешаванд”. Яъне ин як намуди иттилорасонии он замон буд, ки метавон гуфт, заминае барои пайдоиши инфографика шудааст. Барои пайдоиш ва рушди инфографика дигар омилҳо низ хизмат намудаанд.

  Хатти пиктографӣ. Вожаи “пиктография” лотинӣ буда, аз ду ҳисса-пиктус-расм ё тасвир ва графос-навиштан иборат аст. Ин навъи хат яке аз аввалин хатҳои инсон аст, ки чун воситаи алоқаи одамон ба масофаҳои дур хизмат кардааст. Ин хат алифбо надошт, фақат бо воситаи расм, сурати одамон, ашёю предметҳои воқеию мушаххас тасвир карда мешуд. Ин хатро халқҳои гуногунзабон фаҳмида метавонистанд, аммо хатти пиктографӣ камбудиҳои зиёд дошт: аввал ин ки ин хат мафҳумҳои абстракт (маънӣ)-ро ифода карда наметавонист, дигар ин ки кашидани расми дуруст ва тасвири дақиқ имконнопазир буд.  Ҳамчунин бо ин хат матлабро низ фаҳмонидан душвор буд. Аз ин хат ҳоло ҳам истифода мебаранд. Масалан, дар намоиши дӯконҳо, мағозаҳо тасвири предметҳоро медиҳанд, ё ин ки дар рекламаҳо, ашёҳои ҷудогона тасвири ин ё он чизро мекашанд.  Аломатҳои хатти пиктографиро мо метавонем дар дастхатҳои Мисри Қадим, Месопотамия, Чин дучор шавем. Картография ҳам ба жанри инфографика тааллуқ дорад. Аҳамияти асосии харитаҳо аз он аст, ки диққати бинандаро ба нуқтаҳои асосӣ, хатҳо ва машстаб равона мекунад. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳо, ҳамасола дар ҷаҳон тақрибан 100 миллион расмҳо тартиб дода мешавад, ки ба жанри инфографика тааллуқ дорад. Кор бо инфографика ин танҳо кор бо матну рақам нест, балки тадқиқу таҳқиқи муҳтавои иттилоот аст. Истифодаи бошууронаи инфографика нуфузи ҳар як газетаву журналро боло мебарад ва дар саҳфаҳои онҳо чизи асосӣ ба ҳисоб меравад.

  Хатти идеографӣ. Вожаи “идеография”-юнонӣ буда, аз ду ҷузъ: идеа-мафҳум ва графос навиштан иборат аст. Аломатҳои хатти идеографиро идеограмма  меноманд. Агар пиктограмма предметро тасвир кунад, идеограмма маъниро мефаҳмонад. Идеограмма айнан кашидану тасвир кардани предмети ифодашавандаро талаб намекунад, балки бо аломатҳои шартии ифодакунандаи маъно сарукор дорад. Масалан, аломатҳои зерин:(+)-ҷамъ, (х)-зарб, (-)-тарҳ, (:)-тақсим, (=)-баробариро мефаҳмонанд. Ҳамаи аломатҳои шартӣ дар илми математика, мантиқ ва ғ. хусусияти идеографӣ доранд.   

  Ҳадаф ҷой додани  “Хатти пиктографӣ” ва “Хатти идеографӣ” дар кори мо  ба он хотир аст, ки мо ба адешае омедем, ки шояд маҳз ҳамин хатҳо яке аз омилҳои пайдоиши инфографика гашта бошанд. Чун бо ин хатҳо, чи хеле ки мо дар боло маълумот додем, бо ҳар гуна аксҳо ва аломатҳо  дар вақташ паём ва маълумот медоданд.   

  Бо баробари рушди бовусъати технологияи иттилоотӣ инсоният имконияти қабул ва фиристодани маълумот ё худ ахборро пайдо намуд.Он барои сифати баланд ва инкишофи пурраи инфографика таъсири ҷиддӣ расонид. Дар замони муосир ягон нашриёте нест, ки барои додани иттилоъ аз инфографика истифода набурда бошад. Расмҳои иттилоотие, ки маълумоти бештареро дар худ доранд, дар ҷаҳони имрӯз мавқеи муайянро доро мебошанд. Дар кадом ҷабҳаи нашриёти даврие, ки дар он ифографика ҷой дорад, нигоҳ кунем, ба назар он ҳамчун нусхаи асл дар муқоиса бо дигар хабару мусоҳиба меистад.  Графикаҳои иттилотиро метавон ба ду гурӯҳ тақсим намуд.

  1. Диаграммма, Гистограмма, Идеография, Номограмма. Ин намудҳо барои ахбори рақамӣ хизмат мекунанд.
  2. Тамоми намуди харитаҳо, схемаҳо ва расмҳо. Ин намуд барои додани ахбори босифат хизмат мекунад.

  Ҳангоми кор истифода бурдан аз графикаи иттилоотӣ аз суратҳо, диограммаҳо, ҳар гуна намуди монтажҳо, дизайн воситаи хуби қабули паём, хабар ва мавзӯъҳои амиқу муҳим аст. Агар оддӣ карда гуем, инфографика ин забони хубе барои додани хабар аст, ки метавонад мақсадро ба ҳадаф наздик созад.

Аз омори санъати тасвирӣ ба инфографика

  Дар байни асри 20 дар омори санъати тасвирӣ давраи гузариш аз методи тасвир, ки онро аксҳои пиктографӣ ташкил медод, ба давраи нави автоматикунонӣ оғоз мегардад. Ин оғози пажӯҳиши нав, ки ба солҳои 1950-60 рост меомад, пайдоиши мантиқии амиқи инфографикаро ба вуҷуд овард. Ба ҳамин сабаб дар соли 1952 Гербет Спенсер дар омори санъати тасвирӣ истилоҳи нав  “нашри корӣ” (business printing)  ҷорӣ намуд, ки бо ахбори рақами алоқаи зич пайдо намуд. Баъд аз 10 сол Ладислав Сутнар ибораи ороиши хабарӣ (информатционый дизайн)-ро пешниҳод намуд. Якумин шуда ба ин мавзӯъ олими франсуз Жак Бертен таваҷҷуҳ намуда, дар кори илмии худ дар бораи нозукиҳои инфографика сухан рондааст. Системаи Бертен аз 7 қисмат иборат аст, ки ин ҷойгиршавӣ, намуд, шакл, ранг, матн, мазмун ва андоза мебошад. Ин мафҳумҳо асоси ахбори берунии ҳозирзамонро ташкил медиҳад.

  Олими амрикоӣ Роберт Косара сарҳади байни инфографика ва ахбори берунаро дақиқ аниқ намуд. Аз ҷумла, ӯ дар яке аз навиштаҳояш ба мавзӯи фарқ байни инфографика ва ахбори беруна (визуализатсия) таваҷҷуҳ намуда, гуфтааст: “Ахбори беруна барномаеро месозад, ки он дар худ хабарҳои дастаҷамъонаро нигоҳ медорад. Инфографика ин кори шахсии як нафар буда, дар худ маълумоти аниқро нигоҳ медорад. Ахбори беруна характери берунаи умумӣ дорад, инфографика-ягона. Ахбори ягона аз матн озод аст, инфографика вобаста аз матн аст. Ахбори беруна асосан ба тарзи автоматӣ, инфографика натиҷаи кори дастиест, ки аз тарафаи муаллиф таъсис дода мешавад”.

  Ба сифати ахбори беруна мисол шуда метавонад, харитаи қадимии метрополитении шаҳри Ню-Йорк дар соли 1972. Ё ки Массимо Винеллиро кори Гари Бек ки соли 1933 харитаи метрои Лондонро бо усули системаи графики тартиб дода шуда буд ба важд оварда буд. Харита дар асосӣ турӣ бо кунҷҳои 45 ё 90 градуси тартиб дода шуда буд. Танҳо камбуди дар он буд, ки дар он мавқеи ҷойгиршавии стансияҳо нодуруст ҷой дода шуда буд. Асосгузори инфографика метавон дар журналистика олимони америкоиро ном бурд. Соли 1982 дар газетаи “USA Today”  аввалин бор омезишӣ графикаи хабарӣ бо матнро истифода намудаанд, ки алакай баъд аз чанд сол ин газета дар қатори 5 газетаҳои хонданбоб дохил гашт. Калиди пешравӣ дар он аст, на танҳо дар он хондан, балки онро бо шавқ тамошо кардан мебошад. Амрикоиҳо ин намуди фиристодани маълумотро баҳои баланд дода бо ин усул қабули маълумотро беҳтар донистанд. Бо гузашти инфографика на танҳо чизи муҳим дар соҳаи бизнес гашт, балки муҳимтарин чиз дар санъат асосӣ ҳисобида мешуд. Дизайнеронро маводе барои чи не, онҳоро зебо мегуфтанду дар бораи қабули хабар фикр намекарданд.

 Истифодаи инфографика дар замони муосир

   Графикаҳо, диаграммаҳо, таблитсаҳо, роҳбаладҳо, каталогҳо ва харитаҳо маводҳои зиёдеро дар худ нигоҳ медоранд. Триллион намуд инфографика ҳар сол дар ҷаҳон тартиб дода мешавад. Мо барои он хабарро пешниҳод мекунем, ки сӯҳбат кунем бо воситаи дониши андухтаи худ онро таҳлил намоем.  Яъне инфографика ҷаҳони андешаи моро рангинтар намуда дониши моро ғанӣ мегардонад. Мардуми даврони мо ба дониши баланди худ фарқ мекунанд. Онҳо мехоҳанд, ки ба саволи худ тезтар ҷавоб ёбанд, саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳоро варақ зада чизҳои шавқоварро ба худ қабул кунанд. Инфографика намуди дастрассозии мавод тариқи онлайн аст. Ин маводҳо аз элементҳое мавҷуд мебошанд, ки ҷой ва андозаи махсус доранд.  Ҳарчанд ки инфографика ихтирои нав нест, аммо дар фазои иттилооти ҳозиразамон барои қабули ахбори наву тоза роли басо муҳим мебозад. Инфографикаро натанҳо дар соҳаи таъбу нашр ёфтан мумкин, балки дар ҷабҳаҳои гуногун низ сайтҳои иҷтимоӣ дидан ҳам мумкин аст. Дар интернет аксар вақтҳо барои реклама намудан ё ба маърази тамошо гузоштани маҳсулотҳои худ аз инфографика фаровон истифода мебаранд. Имрӯзҳо рӯзноманигорон ва сотсиологон бо пажӯҳишҳои гуногун сару кор доранд. Барои пайдо кардани ҷавоб ба ягон савол хеле мушкили мекашанд. Идеяҳоеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки бояд хубу фарқкунанда бошад. Ҳаракат мекунанд, ки кори онҳо дар байни омма фаҳмотару зеботар ба назар расад. Маҳз истифода аз инфографика онҳо ба мақсади худ мерасанд ва ба пешравиҳои назаррас ноил мешаванд.

Нафароне, ки аз истифодаи инфографика танқисӣ мекашанд, метавонанд дарсҳои видеоии онро аз шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфт намуда омӯзанд. Зеро барои ҳамқадами замони босуръат шудан бояд босуръат ва ҳамвора рушд кард. Маврид ба таъкид аст, ки инфографика дар ҳамаи соҳаҳо фаровон истифода бурда мешавад. Агар мехоҳед дар роҳи расидан ба корҳои тадқиқотӣ тезтар мушарраф гардед, ҳатман истифодаи инфографикаро омӯзед, чун ба манфиати Шумо ва коратон хоҳад буд. Умедворем, ки тариқи ин маводи ночиз мо ба Шумо каме бошад ҳам, маълумот додем!

Хушрӯзи Ҷамолзода

магистранти курси дуюми шуъбаи сотсиологияи

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи

ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ

                     Адабиёт:

  1. Амзин А. Новостная интернет – журналистика: Учебное пособие для студентов вузов. – М.: Аспект Пресс, 2012.
  2. Журналистика и конвергенция: почему и как традиционные СМИ преврашаются в мультимедийные / под ред. А.Г.Качкаевой. – М, 2010
  3. Медиаконвергенция и мультимедийная журналистика: (материалы к обучающим семинарам) / (сост. С. Балмаева). – Екатеринбург: Гуманитарный ун-т, 2010.
  4. Лаптев, В.В.Изобразительнаястатистика. Введениевинфографику / ВладимирЛаптев. –СПб.: Эйдос, 2012. – 180 с.
  5. Некляев, С.Э.Инфографика: принципывизуальнойжурналистики. Современноежурналистскоеобразование: технологиииособенностипреподавания / подред. Е.Л. Вартановой. –М.: Медиа-Мир, 2008. – 248 с.
  6. Муқимов М. Рушди матбуоти электронӣ дар ИМА./ Журналистикаи байналхалқӣ. - “Душанбе:  Матбуот, - 2012.
  7. Кихтан В.В. “Информационные технологии в журналистике” Ростов на Дану: Феникс
  8. В.В. Лабтева “Изобразительная статистика”.
  9. “Азия плюс” “news.tj
  10. http://tableau.com/ -Барои сохтани беҳтарин инфографика
  11. https://timeline.knightlab.com/.
  12. https://storymap.knightlab.com –Барои сохтани мавзӯъҳои таърихӣ.
  13. https://magic.piktochart.com – ҳаракат дар инфографика.
Хондан 1845 маротиба