JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Яке аз таноқузоте, ки дар ҷомеаи мо ба назар мерасад, набуди огоҳии равшан аз низоми сиёсии динӣ ва шинохти озодӣ аст. Аксар нафарон чун иттилои дурусте на аз дунявият доранду на аз низоми сиёсии динӣ доранд ва дақиқтараш аз пайдоиши дину оин ба ҳайси як падидаи иҷтимоӣ ва раванду таҳаввули  он огоҳ нестанд, дар тасаввурашон чунин ба назар мерасад, ки гӯё низоми сиёсии динӣ, ки аз амру найҳи динӣ маншаъ мегирад, одилонатарин низоми сиёсӣ буда бошад. Аммо гоҳе ба таҳқиқ сари масъалаи мазкур меандешӣ, хоҳӣ дарёфт, ки воқеият чизи дигар аст. Аввалан нишон додани одилонатарин низоми сиёсиро чун низоми динӣ ба ҷуз як таблиғи гурӯҳҳои манфиатдор чизи дигаре нахоҳад буд. Сониян низомҳои сиёсии шариатбунёдёфтаи то имрӯз амал карда ҳеҷ як мардумонро на танҳо ба саодат нарасонидааанд, балки аз саркубтарин ва бераҳмтарин низомҳо низ будаанд, ки дар онҳо кӯчактарин озодиҳои инсонӣ маҳдуд будааст.

Чоршанбе, 23 Сентябри 2020 09:56

Бачаҳои «гиперактив»-ро эҳтиёт кунед

Муаллиф:

 

  Дар бораи бо «гипертактив»-ҳо дар хонавода ва мактаб чӣ гуна муносибат намудан ба забонҳои хориҷӣ китобу мақолаҳои зиёд навиштаанд. Аммо то ҳол дар Тоҷикистон ба ин масъала ба таври ҷиддӣ машғул нашудаанд. Аз ин лиҳоз чанд нуктаи муҳимро, ки равоншиносон ва духтурҳои хориҷӣ бар он ишорат намудаанд, бо мушоҳидаҳои худ, пешкаши хонандагон менамоем.

  Хурдсолоне ҳастанд, ки парешонхотир, серҳаракат, беқарор вале фаҳму фаросот доранд. Аз ҳаракатҳои беҷо, шӯхиҳои номуносиб, парешонхотирӣ, беҳуда гап задани онҳо падару модар, омӯзгорон, ҳамсояҳо ба онҳо баҳои паст медиҳанд. Сарзаниш менамоянд. Ҳатто «бемор», «девона», «беақл» мегӯянд. Аммо дар асл ин гуна кӯдакон сазовори сарзаниш нестанд. Ҳоло дар тамоми дунё таваҷҷуҳи олимони тиб, равоншинос, педагогикаро ин гуна ашхос ба худ ҷалб намудааст. Солҳост, ки дар асоси мушоҳидаҳо мо низ дар бораи чунин калонсолон ва кӯдакон фикр менамоем, ки чаро чунин аст? Мутассифона аксарият ба ин гуна афрод бо назари манфӣ менигаранд.

Ҷумъа, 18 Сентябри 2020 07:35

Хурофот ва имкони наҷот

Муаллиф:

  Инсон бо кор гирифтан аз неруи ақлу хирад дар ҷаҳону ҳастӣ  ҷойгоҳ ва мақом пайдо мекунад ва олами будро маъно мебахшад. Ин аст, ки хирад ба унвони асли вуҷуди инсонӣ муҳаррики рушду тараққӣ буда ва ҳаст. Аммо дар муқобили он хурофот ва тафаккури хурофӣ  қарор дорад, ки инсон ва дар маҷмӯъ, ҷомеаи инсониро ба қафо ва вопасгароӣ мекашад. Муҳимтар аз ҳама, чун хурофот дар ҷомеа тасаллут ёбад,  таассубу ҷаҳолат ташаннуҷ пайдо мекунад ва билохира ҷаҳонбинии хурофотӣ  меҳвари биниши мардумӣ мегардад. Дар ин ҳолат аст, ки ҷомеа ба бунбасти фикрӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, ақидатӣ ва маданӣ мерасад ва карахтию вопасгаройӣ бедод мекунад.

 

  Гоҳе ки ислом аз доираи ибодат ва ҷамоат берун меравад ва он гоҳ ки дастурҳои шаръӣ ҳатмӣ мешаванд, дар зеҳни як мусалмон ҳар нафаре, ки дастуроту ҳукмҳои шариатиро анҷом намедиҳад, ба ҳайси як шахси манфӣ ҷилвагар мешавад. Чун дастуроти шаръӣ нафареро, ки ин қавонинро иҷро намекунад, бояд ӯро маҳкум намуда, дузахӣ ва муртаду кофар эълон медоранд. Танҳо дар зинаи ибодӣ ё шакли ибодӣ ислом метавонад, дақиқтараш як боварманди исломӣ метавонад, бо бовармандони дигар динҳову мазҳабҳо ё нобовармандон ҳамчунин бо низомҳои сиёсии  дунявию мардумсолорӣ мувофиқат намояд. Зеро дар ин зина фард ҳанӯз таҳти таъсири гурӯҳҳои сиёсӣ, ки ба хотири даст ёфтан бар манофеи иқтисодию сиёсӣ мағзшӯӣ нашудааст ва ибодатро танҳо ба хотири осуда намудани ниёзҳои ботинии хеш анҷом медиҳад ва розу ниёзи фардии худро бо маъбуде, ки ба он бовар дорад, дар миён мегузорад.