JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

   Дар мақола заминаҳо ва омилҳои пайдоиш ва густариши ифротгароии мазҳабӣ,  махсусан салафӣ мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор гирифтааст. Муайян шудааст, ки ба пайдоиш ва паҳншавии ҳаракату равияҳои ифротӣ ва ба сафи онҳо пайвастани ҷавонон на танҳо омилҳои эътиқодию маънавӣ,  балки мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва психологии ҷомеа низ мусоидат менамоянд. Ифротгароии салафӣ дар ибтидо моҳияти аслии худро ошкор насозад ҳам, хатараш ба муҳити динӣ,  иҷтимоӣ - фарҳангӣ ва ҳамчунин суботи ҷомеа на камтар аз ҳар гуна ҳаракатҳои характери сиёсидоштаи ифротӣ мебошад. Он унсурҳои таърихӣ,  фарҳангӣ ва миллиро, ки дар ташаккулёбии зеҳнияти мазҳабии мардуми мо нақш ва ҷойгоҳ доранд, рад намуда, зеҳнияти мазҳабиро ба арзишҳои миллию давлатӣ муқобил мегузорад. Аз ин рӯ, ҷиҳати пешгирӣ намудани густариши ин равияҳои номатлуб омӯхтан ва дастҷамъона ҳал намудани ҳамаи ин омилу масоили мавҷуда барои ҷомеаи муосири мо аҳамияти хоса дорад.

  Дар мақолаи мазкур, оид ба сарчашмаҳои бавуҷудоии тундгароии динӣ дар байни ҷавонон ва ҳадафҳои асосии онҳо дар давраи гузариш ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, назари коршиносон, зарари ин падидаи номатлуб ба ваҳдат ва истиқлолияти миллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуда, омилҳои рӯ овардани баъзе аз ҷавонон ба мазҳабҳои ғайриисломӣ, мақсаду мароми терроризм, экстремизм (ифротгароӣ), тундгароии динӣ бо далел ва мисолҳои мушахххас мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор гирифтааст. 

 Машав навмеду бо худ ошно бош,

Ки мардон пеш аз ин буданду ҳастанд.

(Иқбол)

Воқеан, файласуф кист?

Илми таърихи фалсафа то имрўз исбот намудааст, ки:

Чоршанбе, 01 Августи 2018 07:36

Консепсияи натурфалсафии Юнони атиқа

Муаллиф:

  Фалсафа ва илми Юнони атиқа аз асрҳои VII - VI пеш аз милод оғоз гардида, ибтидо дар шаҳр - давлатҳои юнонӣ, яъне қисмати ғарбии Осиёи Хурд, баъд аз он дар шаҳрҳои Италияи ҷанубӣ, ҷазираи Ситсилия ва ахиран дар худи Юнон, дар шаҳри Афина арзи ҳастӣ намудааст. Фалсафаи атиқии Юнон, ин маҷмӯи таълимоти фалсафиест, ки давраи хеле ҳам тӯлонӣ, яъне аз асри VII пеш аз милод то асри VI - и милодиро дар бар мегирад. Омӯзиши таърихи фалсафа ва илм нишон медиҳад, ки пайдоиши илми Юнонзамин ба илму фарҳанги Шарқи бостон пайванди ногусастанӣ дорад. Хусусан, пайдоиши тамаддун, хат, асотир, баъзе нишонаҳои илм оид ба ҳодисоти табиату фалсафа дар Миср, Вавилон, Бобулистон, Ҳинд, Чину Эрон ба ташаккули илм ва фалсафаи Юнон таъсири амиқ гузоштаанд. Ҷиҳати фарқкунандаи фалсафаи Юнони атиқа робитаи бевоситаи он бо табииёт мебошад, ки дертар дар ин замина илмҳои астрономия, физика ва зоология ба вуҷуд омаданд. Ва ин тараққиёти илмҳои ҷудогона ба соҳаҳои мухталифи ҳунармандӣ, тиҷорат, санъат, адабиёт ва фарҳанг низ таъсири калон расонида, нақши онҳоро баланд мебардоштанд. Ҳамин тариқ, омӯзиши мероси гаронбаҳои илму фалсафаи Юнони қадим моро ба олами беканори илму фарҳанг ва афкори безаволи мутафаккирони он ошно месозад, ки мо иддае аз онҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳем дод.