JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 01 Октябри 2018 06:20

Шахсияти фалсафии Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ аз нигоҳе дигар

Муаллиф:

 Машав навмеду бо худ ошно бош,

Ки мардон пеш аз ин буданду ҳастанд.

(Иқбол)

Воқеан, файласуф кист?

Илми таърихи фалсафа то имрўз исбот намудааст, ки:

Якум:Китоби бисёр таълиф намудан, нишонаи файласуф будан нест.

Дуюм: Бисёрҳарфию бисёргўӣ низ аломати файласуфӣ намебошад.

Сеюм:Унвонҳои профессорӣ ва докторӣ ҳам нишонаҳои асосӣ нестанд. Пас, файласуф кист?

Ҷавоби таҳқиқотҳои муосири фалсафӣ бар ин савол чунин аст:

Файласуф касе аст, ки зиндагии инсониро бо тарозуи ҳастӣ ва нестӣ андозагирӣ менамояд. Яъне бехатарии вуҷудӣ. Вуҷудиинсонӣ.

Файласуф  шахсе ҳаст, ки ҳаёти одамиро аз нуктаи назари абадият мавриди арзёбӣ қарор медиҳад.

Файласуф фарде мебошад, ки дар ҷустуҷўйи ҳалли муаммои  зиндагӣ ва марги инсоният аст.

Ин се нукта моҳиятан як ҳадафро ифода мекунанд.

Яъне мавзўи асосии фалсафа: Зиндагӣ ва марги инсон аст. Ба ин маънӣ, ки таҳлил ва тафсири ҷамодот, наботот, ҳайвонот ва коинот аз назари имрўз мавзўи фалсафа нестанд, ҳарчанд файласуф дар баҳсҳои худ аз баррасии ин мавзўот бе ниёз нест.

Мо хулосаи баҳси худро дар мавзўи “Шахсияти фалсафии Абулқосими Фирдавсӣ аз нигоҳе дигар” дар ҳашт байти шеърӣ фароҳам овардаем.

Акнун бояд дид, ки шахсияти фалсафии Фирдавсӣ то чӣ андоза бо ин ченаку меъёрҳои фалсафӣ мутобиқат дорад.

Байти якум:

Бар хирад бедод рафту додро нашнохтанд,

Ҳамзабонон ҳикмати Устодро нашохтанд.

Маънии ин байт чунин аст, ки Устод Абулқосими Фирдавсӣ ҳаким ва файласуф буд, вале касоне ки «Шоҳнома»-ро хонданд, фирефтаи зоҳири он шуда, ба моҳияти фалсафии он пай набурданд. Ба кадом далел?

- Ҳангоми таълифи «Шоҳнома» бо гувоҳии сарчашмаҳо баъзе аз муосирон бар Фирдавсӣ хурда мегирифтанд, ки  гўё  «Устод умри азизро сарфи афсонабофӣ мекунад».

- «Шоҳнома», бар ақидаи муҳаққиқони муосир, аз ҷумла Ҷавоншер ва Муҳаммад  Каримӣ достони хирад аст, на ситоишномаи шоҳон. Ба ин маънӣ «Шоҳнома»-ро қисса ва афсона шуморидан дар шаъни хирад беадолатӣ ва бедодӣ мебошад.

Байти дуюм:

Баҳри инсон мезад ў бонги адолат дар ҷаҳон,

Ҳамдиёрон маънии фарёдро нашнохтанд.

Дар муқаддимаи ин гузориш таъкид намудем, ки мавзўи асосии фалсафа баҳс дар боби ҳаёт ва мамоти инсон acт. Фирдавсӣ низ сари ин мавзўъ баҳс дорад. Маънии адолатхоҳӣ дар ин байт маҳдуд ба як фард нест, балки бо тамоми инсоният нигаронида шудааст.

Ҳамдиёрон мафҳуми адолатро дар маънои маҳдуди он-яъне адолати шоҳаншоҳӣ фаҳмиданду бас. Ҳол он ки адолат дар фаҳмиши Абулқосими Фирдавсӣ як мақулаи (категорияи) асосии фалсафӣ буда, «аз қаъри гили сйёҳ то авҷи Зуҳал»-ро дар бар мегирад. Ба ақидаи муҳаққиқони муосир, қисмати асосии «Шоҳнома» дар атрофи мафҳуми адолат давр мезанад.

Мутаассифона, то имрўз ҳамосаи умумибашарии Фирдавсиро чун «ҳамосаи миллӣ» қаламдод мекунанд. Зоҳиран «Шоҳнома» роҷеъ ба таъриху силсилаҳои шоҳони Эронзамин баҳс мекунад. Вале мавзўъҳои Турон (Турку Чин), Рум (Византияву Юнон), Ҳомоварон (Сурияю Яман), аз муҳимтарин мавзўъҳои ин асар мебошанд. Фирдавсӣ бар хилофи ҳамаи муаррихон ва достоннависони гузашта  ва ҳозира аҳли оламро на ба шарқию ғарбӣ, ҷанубию шимолӣ, сомию ҳомию ориёӣ, балки аз як хонаводаи ягона медонад. Эрониён ва турониён аз як нажод ва бо ҳам бародаранд. Эрониён ворисони Эраҷ ва турониён ворисони Тур мебошанд. Туру Эраҷ ҳарду бародар ва падарашон Фаридун аст.  Эронию румию юнонӣ ҳам бародаранд. Искандару Доро ҳapду фарзандони шоҳи Эрон мебошанд. Модари фарзандони Салму Туру  Эраҷ  араб буд.

Бояд дар ёд дошт, ки Фирдавсӣ дар асри Ибни Сино ва Берунӣ зиндагӣ дошт. Ин чунин маънӣ дорад, ки ў низ чун он ҳамасрони барўманди худ дорои дониши доират-ул-маорифӣ (энсиклопедӣ) буд! Таъкиди мо бар ин аст, ки Фирдавсӣ медонист, ки Искандар фарзанди Филиппи Македонии юнонӣ аст, на писари Дороби Эрон! Ў медонист, ки шоҳи Яман духтароне бо номҳои Орзу, Озода ва Саҳӣ надошт! Ҳеҷ як мушовире пеш аз ислом бо, номи Ҷандал (хурмо!) дар боргоҳи шоҳони Эрон хидмат накардааст! ва ғайра...

Мо мепурсем ки чаро Фирдавсӣ дидаю дониста ин ҳақиқатҳои таърихиро таҳриф мекунад? Ё ба гуфти доктор Забеҳуллои Сафо, «Шоҳнома»-и мансурро ҳарф ба ҳарф ба назм меоварад! (Нигар ба китоби: «Ҳамосасароӣ дар Эрон». Аз қадимтарин аҳди таърихӣ то қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ. Таълифи доктор Забеҳуллои Сафо, Теҳрон 1324, саҳ. 183-196 ). Фарз кардем, ки чунин буд ва «Шоҳнома»-и мансур ин қабил мавзўъҳоро дар бар дошт. Дар ин ҳолат вой бар ҳоли «Шоҳнома»-и мансур! Ва вой  бар ҳоли Фирдавсӣ-муосири Ибни Сино ва Берунӣ, ки умри азизи худро барои ба назм даровардани ин хазабулотҳои (ҳазаёноти) бе сару таҳ зоеъ намудааст!

Вале асли масъала ин тавр нест. Фирдавсӣ қаҳрамонони асотирию таърихии Эронзамин ва ҷаҳони он рўзро чун шахсияти эҷодкор ба таври худ офаридааст. Ин аст, ки мо мегўем: Фирдавсӣ файласуф аст. Вале файласуфи маъмулӣ ва одӣ нест. Ў файласуфи таърих аст. Ба таърихи Эрон ва ҷаҳон бо чашми фалсафӣ нигаристааст, чуноне ки Ҳомер ба ҷаҳони Юнон нигариста буд. Мояи таассуф аст, ки то имрўз дар боби арзиши фалсафии «Шоҳнома» асари мукаммале офарида нашудааст, чунон ки роҷеъ ба «Иллиада» ва «Одиссея»-и Ҳомер баҳсҳои доманадоре вуҷуд дорад. Хеле ба ҷо буд агар устод Саид Нафисӣ ба ҷойи тарҷумаи достонҳои Ҳомер ба таҳлил ва тафсири фалсафии «Шоҳнома» машғул мегардид! Ҳамвора барои ман муаммост, ки чаро бародарони эронии моро аз фалсафа бадашон меояд! Аз рўйи огоҳии ноқиси ман Қоҳира, Димишқ, Бағдод ва Бейрут дар боби таҳқиқ ва нашри осори фалсафии исломӣ ва ҷаҳонӣ аз Теҳрон алалақал даҳ-понздаҳ сол пештар рафтаанд. Аз ин гузашта, дар ҷаҳони араби муосир файласуфҳое ҳастанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ андеша меронанд. Барои намуна: Абдураҳмони Бадавӣ, Анис Мансур, Мустафо Маҳмуд, Закариё Иброҳим ва ғайра. Шояд беэътиноии муҳаққиқони муосири Эрон нисбат ба илми фалсафа ва таҳқиқотҳои фалсафӣ бошад, ки то имрўз «Шоҳнома» мавриди арзёбии фалсафӣ қарор нагирифтааст. Ҳомер ҷанги даҳсолаи юнониёнро бо аҳли Троя (Илион) дар мисоли нуҳ (9) рўз тасвир намуд. Ин маҳорати фалсафии Ҳомер буд, ки чунин ҳодисоти рангорангу мураккабро дар мисоли ин чанд рўз ба риштаи назм кашид ва воқеан тавонист ҷавҳари асили ҳодисотро ошкор намояд, вале  мо тоҷикон, афғонҳо ва эрониён то кунун ба умеди «муқаддимаи наву куҳнаи» «Шоҳнома» аз худ кўшише ба харҷ намедиҳем, ки оё он муқаддимаҳо ба ҳадафҳои асил ва ниҳонии ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ созгор ҳастанд ё не! Ин шикоят нест, ин вазъи воқеии омўзиши «Шоҳнома» дар кишварҳои мост. Aз гузоришоти симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори ҳазорумин соли сароиши «Шоҳнома», аз панҷум то ҳаштуми моҳи сентябри соли 1994 дар шаҳри Душанбе, мутаассифона, ин ҳақиқати талх бар ҳамагон ошкор буд. Гузоришот буданд, вале баҳс набуд! Ин манзараи хеле ва хеле ҳузновар ва таассуфангез буд!

Байти саввум:

Бар рухи бунёди зулмат офтобе пош дод,

Шабпарастон аз қазо бунёдро нашнохтанд.

Дар истеъмоли таъбири «бунёди зулмат» ба як мисраи Мирзо Абдулқодири Бедил назар доштам, ки гуфтааст:

 «Кош бар бунёди мавҳуме намекардам назар»

 Аллома Абдулқодири Бедил асл ва моҳияти дунёро «бунёди мавҳум» номидааст, ки хеле андешаи дақиқ ва амиқ аст. Илми муосири ҷаҳон бунёд ва асоси олами ҳастиро аз “хаос” (бенизомӣ) ва “порядок” (тартиб ва низом) иборат медонад. Мо «бунёди зулмат» гуфтем, дар пайравӣ аз Бедил. Байти саввуми мо ин маънӣ медиҳад, ки «Ҳаким Фирдавсӣ бо хиради офтобии худ ин дунёи аз ҷаҳлу нодонӣ тираву торро равшанӣ афканд. Вале аҳли ин дунё, ки бо зулмату нодонӣ хў ва одат кардаанд, натавонистанд аз нури офтоби хирад баҳра бардоранд». Ба зулмат ва торикӣ одат карданро мо шабпарастӣ номидем.

Байти чаҳорум:

Номаи шоҳон накўҳишномаи бедодҳост,

Нуктасанҷон рози ин бедодро нашнохтанд.

Аксарияти мардумро ақида бар ин буда ва ҳаст, ки гўё «Шоҳнома» иборат аз мадҳу ситоиши шоҳон аст. Вале аз таҳқиқ ва баррасиҳои ду муҳаққиқи фозили муосири Эрон, оқои Ҷавоншер («Ҳамосаи дод») ва оқои Муҳаммад Карамӣ («Ҳамосаи ҳамосаҳо»), бармеояд, ки қаҳрамонони асосии «Шоҳнома» паҳлавонони ватанпарасту хирадманде ҳастанд, ки зери шиори дод  (адолат)  ҳамвора машғули набард бар зидди зулму бедод будаанд.

Ба гуфтаи ин муҳаққиқон, аз панҷоҳу як шоҳи дар «Шоҳнома» зикр шуда, танҳо се (3) нафарашон афроди солим ва солеҳ буданду халос, дигар ҳама золиму фосиқ ва худкомаю бедод!

Байти панҷум:

Аз шукўҳу шавкату фарри ниёгон қисса дошт,

Ворисoни нохалаф аҷдодро нашнохтанд…

Мисраи якум фаҳмост. Ва дар мисраи дуввум бегонапарастии ворисони Ҷамшеду Фаридуну Дорову Рустаму Сиёвуш таъкид гардидааст, ки баъди шикасти сиёсӣ, динӣ ва фаҳангии Эронзамин аз ниёгони худ фосила гирифтанд ва бо бегонагон пайвастанд!

Байти шашум:

«Он ки бо сеҳри сухан мулки Аҷамро зинда кард»,

  Камназарҳо шеваи эҷодро нашнохтанд.

Мисраи аввал моли шоири дигар аст, вале аслаш ҳамон мисраи машҳури ҳаким Фирдавсист, ки мегўяд:

«Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ».

  Ва Фирдавсӣ худро эҳёкунандаи фарҳанг ва ҷаҳонбинии зардуштӣ меҳисобид. Чаро ки падару модари Фирдавсӣ зардуштимазҳаб буданд. Ва худи Фирдавсӣ забони паҳлавиро бо кӯмаки падараш омўхтабуд. Падару модари ҳамсараш Фарангис низ зардуштӣ буданд ва забони паҳлавӣ медонистанд.

Дар  мисраи дуввум хостам ин маъниро таъкид намоям, ки аксар (вале на ҳама!) моҳияти асолат, навоварӣ ва эҳёгарии шоирро дуруст пай набурда, бо нигоҳе зоҳирбинона муҳтавои «Шоҳнома»-ро арзёбӣ намуданд. Сухани ҳақ ин аст, ки «Шоҳнома» асари фалсафист, чунон ки пештар таъкид кардем ва Фирдавсӣ файласуфи асил аст. Ин ҳакими фарзона  таърихи башарро аз нав офаридааст. Бо диду нигоҳи нав ки танҳо хоси худи ўст! Ба таъбири дақиқтар, ў файласуфи таърих аст. Ва фалсафаи таърих илми чандон қадим нест. Аз ҷумлаи улуми муосир аст. Ҳамагӣ сад сол таърих дорад. Вале Фирдавсӣ ҳазор сол пеш бо басирати доҳиёнаи худ асосҳо ва қоидаҳои муҳимтарини ин илмро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Фирдавсиро барҳақ бояд дар радифи шахсиятҳое чун Освалд Шпенглер, Арнолд Тойнби ва Карл Ясперс гузошт. Он ҷо ки мегўяд:

«Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ», танҳо ҳадафаш забон нест.

Ҳадафи муҳимтаринаш фалсафаи «Шоҳнома» аст. Фалсафаи -«Шоҳнома» дар ҳақиқат як ҷаҳонбинӣ ва ҳикмати ноби умумиинсонӣ ва умумиҷаҳонӣ аст. Рўҳбаландии маънавии Фирдавсӣ маҳз аз эҳсоси ин маънӣ буд. Ў ба хотири ин ҳадаф 35 соли умрро дар таълифи ин китоб сарф кард. Вагарна «сездаҳ раҳ сад ҳазор»-и Абўабдуллоҳи Рўдакӣ низ порсӣ буданд!

Ин аст, ки ба ақидаи мо, дар тўли таърихи ҳазорсола муҳаққиқони камназар ва зоҳирбин ба таври бояду шояд ба моҳияти «Шоҳнома» нарасида, дар боби арзёбӣ ва баҳодиҳӣ ба ғазофагўй пардохтаанд.

«Шеваи эҷод» гуфта, мо навоварӣ, ибтикор ва асолати эҷодии ҳунариро дар назар дорем, ки хоси шахсияти маънавии Фирдавсӣ буд. Вале муҳаққиқони пешини «Шоҳнома» ин асолатро ташхис дода натавонистанд. Аз навтарин таҳқиқотҳои «Шоҳнома» чунин бармеояд, ки аз панҷ то даҳ ҳазор байт дар ин китоб то имрўз саргардону овораанд! Ба ин маънӣ, ки баъзе нусхаҳои «Шоҳнома» ҳамагӣ 46-52 ҳазор байт доранд.  Худи шоир мегўяд, ки «Шоҳнома»-и ман дорои шаст ҳазор байт аст. Нусхаҳое ҳам вуҷуд доранд, ки адади байтҳои онҳо ба 65 ва ҳафтод ҳазор байт мерасад! (Руҷўъ шавад ба китоби «Ҳамосаи ҳамосаҳо», таълифи Муҳаммади Карамӣ, ҷилди аввал, саҳифаи 298, Интишороти Висман, Теҳрон, соли 1370//1992).

Аз назари илми таҳқиқи муосир ҷоиз нест, ки дар асоси нусхаи ноқис, машкук ва таҳрифшуда баҳси илмӣ анҷом дода шавад. Мисоли ҳамагонӣ ин ки то вақтҳои наздик достони «Юсуф ва Зулайхо»-и шоире бо номи Амониро ба Фирдавсӣ нисбат додаанд ва дар асоси ин ақидаи нодуруст ва фарзияҳои илмии (!) аз он нодурусттар ба вуҷуд омад. Ба ин маънӣ, ки мусташриқи маъруфи олмонӣ Теодор Нёлдеке гуфт: «Фирдавсӣ дар айёми пирӣ аз муваффақияти «Шоҳнома»-и худ ноумед гардида, барои хушомад задан ба ислом ва мусулмонон достони сомӣ ва исломии «Юсуф ва Зулайхо»-ро ба назм даровард!»

Ин аст, ки ба ақидаи мо то ин байтҳои саргардони «Шоҳнома» соҳибони худро пайдо накунанд ва ҳудудҳои чаҳор таҳрири «Шоҳнома» мушаххас нагардад, дар ҳоли ҳозир аз рўи он берун овардани ақоиди фалсафӣ, ахлоқӣ, динӣ, қавмӣ, нажодӣ, адабӣ ва ҳунарии Фирдавсӣ иҷтиҳоде ноқис ва бепоя хоҳад буд!

Байти ҳафтум:

Аз ҷафои давр андар кунҷи танҳоӣ муқим,

Ҳамзамонон шоири озодро нашнохтанд.

Ҳарду мисраъ аз боби мазмун возеҳ ва равшан аст.

Байти ҳаштум ва охирин:

Алғараз дар олами маънӣ расуле тоза буд,

Лек ин пайғамбари навзодро нашнохтанд.

 

Байти мақтаи шеърӣ одатан хулосаи шеър аст ва эҳтиёҷе ба шарҳу эзоҳ надорад. Вале сухани гуфтанӣ ин аст, ки сабабҳои ношинохта мондани Фирдавсӣ хеле амиқ аст, умқе ба андозаи муаммо!

Якум: Ба ин сабаб ки баъд аз Фидавсӣ фарҳанги форсӣ дар маънои динӣ, сиёсӣ ва миллӣ коҳиш ёфт ва наслҳои баъдина аслан ба моҳияти ин шоҳкори Фирдавсӣ намерасиданд. Ба Фирдавсии зардуштӣ бо диде исломӣ менигаристанд.

Дуюм: Аксари муҳаққиқони гузашта ба «Шоҳнома» аз мавқеи нуфузи маънавиёти арабӣ ва назариёти сиёсии ғайриориёӣ менигаристанд, ки ин вазъ бо худии  худ мояи пайдоиши тасаввуроти таҳрифӣ мегардид;

Сеюм: Чунонки решаи ҳамаи мазоҳиби фалсафӣ, илмӣ, динӣ, ҳунарӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии юнониёни қадим ба достонҳои ҳамосии (паҳлавонии) «Иллиада» ва «Одиссея»-и Ҳомер мерасид, пояи ҳамаи маънавиёти шеърии адабиёти бузурги Эронро «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ташкил медиҳад. Бо ин фарқ, ки юнониён ин маъниро ошкоро эътироф мекарданд, вале эътирофи эрониён  дар нисбати «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ  эътирофи зимнӣ  (нохудогоҳ)  буд, на ошкору ҳувайдо! Чаро ин тавр шуд?

Чорум: Ба ин савол ҷавоби ман ҷавоби устурист. Ба ин маънӣ, ки эрониёни қадим, ба ривояти устурӣ, ҳамагӣ ҳаводори фалсафа буданд ва кори шеъру шоириро барои хеш шуғле нописанд меҳисобиданд!

Шоҳе аз шоҳони Эронӣ (Баҳром) завқи шоирӣ дошта, вале аз тарси бадномӣ шоирии худро пинҳон медоштааст! Оқибат ин розро бо вазири худ дар миён гузошт ва вазир ўpo чунон машварат дод, ки девони худро тадвин намояд, вале бо номи мустаор! Ин ривоят, афсона ва устура аст! Вале ман ба ҳақиқати он бовар дорам! Ва ҳатто чунон мепиндорам, ки сабаби аз ривоҷ афтодани кори шеъру шоирӣ дар Эрони пеш аз ислом маҳз ҳамин ақида будааст. Вале чаро пас аз ислом дар миллати мо шеъру шоирӣ инкишоф ёфт?  Намедонам. Вале  равонковонро ақида бар ин аст, ки дар чунин ҳолатҳо (шикасти Эрон ва ғалабаи араб) мағлубшудагон бо муболиғоти лафзӣ ва хаёлӣ мехоҳанд, ки азамату бузургии воқеии аз даст рафтаи худро бо ин худфиребиҳо ҷуброн намоянд!

Панҷум: Фирдавсӣ мехост моро аз нав ба олами фалсафа paҳнамоӣ кунад. (Аммо на ба олами фалсафаи бегонапарасти машшоӣ ва каломии замони хеш!) Вале натиҷаи кор баръакси чашмдошт шуд. Ба ин маънӣ, ки муосирон ва ворисони баъдинаи ў ба моҳияти кори ў нарасиданд. «Шоҳнома»-ро достон, ривоят, ҳикоят, қисса, ситоиши шоҳон, тавсифи паҳлавонон ва ғайра шумориданд.

Вале чизи аз ҳама ғарибашро илми равоншиносии муосир ба мо тавзеҳ медиҳад. Дар илми забономўзӣ собит шудааст, ки такрори бардавоми ҳамон як калима ва ё иборат, ҳатто бидуни ҳадафу қасди муайяне он иборатро дар зеҳни шунаванда ворид мекунад...

Ҳамин тавр, хонандагони «Шоҳнома» дар тўли таърих қасд надоштанд, ки аз он китоб илми  шеъру шоирӣ биомўзанд. Вале ба ҳукми машғулият ва мутолиаи бардавом бо достонҳои ширин ва дилангези ин ҳамосаи ҷаҳонӣ (ба мисли забономўзони асри бист) он вазну қолабҳо, иборату ташбеҳот ва дигар саноеъи бадеӣ дар зеҳни онҳо ба таври бебозгашт нақш мебастанд! Натиҷа: Шеър ҳамаи Эрон ва эрониёнро сироят намуд!!! Ҳатто имрўз ҳам аз ин вабо наҷот наёфтаем!

Шашум: Ба таъбири доктор Алии Шариатӣ, «бозгашт ба сўи хештан» барои мо тоҷикон, афғонҳо ва эрониён дар асри ҳозир аз он иборат хоҳад буд, ки аз олами хиёлоти шоирона берун оем ва ба ҷаҳони андешаҳои ҷиддӣ ва амиқи фалсафӣ бипайвандем. Чаро? Барои он ки суннат ва асолати миллӣ, таърихӣ ва фарҳангии гузаштаи мо сад дар сад фалсафӣ будааст! Ман ба ин ваҳй ва илҳоми устураи бостонӣ бовар дорам. Зеро устура равшантарин инъикос ва бозтоби ормонии ин ё он қавм мебошад.

Комил БЕКЗОДА

файласуф

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№3 (11), 2018

Хондан 2595 маротиба

Китобҳо