JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 17 Июни 2019 07:56

Волтер – равшангаре, ки Аврупоро дигар кард. Қисми 2

Муаллиф:

(идома)

  Ба ин тартиб ӯ нахустин фалсафаи таърихро ба вуҷуд овард ва нахустин иқдоми усулиро дар тарсими ҷараёноти таквин ва тавсеаи фикри аврупоӣ ба амал овард. Интизор мерафт, ки ин гуна тафсири воқеиёт тафсироти метафизикиро канор бигзорад. Таърих мақоми ҳақиқии худро ба даст намеовард, магар он гоҳ ки илоҳиёт канор биравад. Ба гуфтаи Бокал китоби Волтер пояи илми таърихи нав маҳсуб мешуд. Гибин, Нибур, Бокал ва Гарват ҳамагӣ мадюн ва сипосгузору пайрави ӯ ҳастанд ва ӯ дар раъси ҳамаи инҳост ва ҳанӯз дар майдоне, ки ӯ кашф кардааст, касе бар ӯ бартарӣ наёфтааст. Вале бояд дид, ки чаро бузургтарин китоби ӯ муҷиби табъидаш шуд? Барои он ки бо гуфтани ҳақиқат ба ҳама тохта буд. Махсусан кашишонро ба хашм овард, зеро назарияе изҳор карда буд, ки баъд Гибин онро такмил кард. Ба сабаби ин назария ғалабаи сареъи масеҳияти барбарипараст қудрати Румро аз ҳам пошид ва онро туъмаи ҳамла ва тохтутози ваҳшиён сохт. Он чи бештар кашишонро хашмгин сохт, ин буд, ки Волтер бо маҳдудият ба масеҳият аҳамияти камтаре қоил шуда, аз Чину Ҳинду Эрон ва ақидаҳои мардуми он мамолик чунон ба бетарафӣ ёд кард, ки гӯё як тан сокини Миррих дар бораи аҳли замин гуфтугӯ мекунад.

  Дар ин манзари ҷадид дунёи васеъ ва наве кашф мешавад, тамоми усул ва ақоид саловати худро дар нисбият аз даст медиҳанд. Шарқи паҳновар  ҷои худро дар таърих ба нисбати азамати хокаш боз мекунад. Аврупо худро майдони озмоиш мебинад, ки дар интиҳои сарзамин ва фарҳанге, ки аз он ӯ бузург аст, қарор гирифтааст. Чи гуна метавон як чунин фарди аврупоиро, ки дар бораи ватани хеш ин қадар дур аз таассуб сухан мегӯяд, бахшид. Шоҳ дастур дод, ки ин фаронсавие, ки ҷуръат кардааст худро нахуст  инсон ва баъд фаронсавӣ бидонад, ҳақ надорад қадам ба хоки Фаронса бигзорад.

  Юделси манзили муваққатӣ буд. Волтер мехост аз он ҷо паноҳгоҳи доимитаре барои худ пайдо кунад. Ин паноҳгоҳ дар соли 1757 дар Фарна пайдо кард. Фарна дар сарҳади Фаронса ва Суис (Шветсия) буд. Он ҷо метавонист аз дасти ҳукумати Фаронса дар амон бошад ва агар рӯзе давлати Суис сабаби заҳмати ӯ мешуд, метавонист ба хоки Фаронса паноҳ бибарад. Дар он ҷо саргардонии ӯ хотима мепазируфт. Иллати саргардонӣ ва давандагиҳои доимии ӯ фақат нооромиҳои асабияш набуд, балки иллати дигаре ҳам дошт ва он ин ки ҳама ҷо мавриди озор ва таҳдид қарор мегирифт. Фақат дар 64 солагӣ манзиле пайдо кард, ки метавонист хонаи доимии ӯ бошад. Дар охири яке аз қиссаҳои ӯ бо номи «Сафарҳои скормонотоду» иборате ҳаст, ки тақрибан ба вазъи муаллифи он мутобиқ аст: «Пас аз он ки ҳама аҷоиб ва маҳосини ҷаҳонро дидам тасмим гирифтам, ки дигар ҷуз хонаи худ ҷое наравам, зане гирифтам, аммо фавран ба ӯ бадгумон шудам, вале бо ҳама ин бадгумонӣ ин вазъро хуштарин ва беҳтарини тамоми авзо ва аҳвол медонам». Волтер зан нагирифт, вале духтари бародари ӯ бо ӯ буд ва барои як марди нобиға ин беҳтар аз ҳама аст. «Мо ҳаргиз нашунидаем, ки ӯ орзуи Порис кунад, шакке нест ин табъидгоҳи оқилона умри ӯро дарозтар кардааст».

  Дар ин боғи худ хушбахт ва хушҳол буд. Дарахтҳои мева мекошт, ки худи ӯ интизор надошт, шукуфаи онҳоро дар ҳаёти худ бубинад. Яке аз шефтагони ӯ аз ин кор, ки барои ояндагон мекунад, таҳсин ва тамҷид кард. Ӯ дар посух гуфт: «Бале, ман чаҳор ҳазор дарахт коштам», ба ҳар кас бо меҳрубонӣ сухан мегуфт, вале гоҳо маҷбур мешуд, ки суханони талху тунд низ бизанад. Рӯзе аз як нафар, ки ба мулоқоти ӯ омада буд, пурсид, ки аз пеши чи касе омадааст, он шахс гуфт, ки аз назди оқои Ҳолар меоям Волтер гуфт: Оқои Ҳолар марди бузурге аст, шоири тавоно, табиидони забардаст, файласуфи мутафаккир ва нобиғае аст, ки тақрибан аз ҳама чиз огоҳ аст. Он шахс гуфт: Ин ки Шумо мефармоед, хеле аҷиб аст, зеро ақидаи оқои Ҳолар дар бораи шумо ин тавр нест. Волтер дар посух гуфт: «Оҳ шояд, мо ҳарду дар иштибоҳ ҳастем». 

  Дар ин замон Фарна пойтахти маънавии ҷаҳон гардид. Ҳар марди донишманд ё  ҳукмрону рушанфикр ба ӯ маросими адабу эҳтиром ба ҷо овард, ё шахсан ба зиёрати ӯ шитофт, ё бо вай мукотиба кард. Кашишони шаккок, ашрофи озодихоҳ ва  занони донишманд рӯй ба Фарна мениҳоданд. Аз Ингилистон, Гибин ва Бозул, аз Фаронса Ҳулусиюз ва Делонба ва дигар амалдорони таҷаддудгаро ва рушанфикр барои мулоқоти ӯ рафтаанд. Билохира, харҷи ин сели меҳмонон ҳатто барои Волтер тоқатфарсо шуд ва аз ин ки ӯ меҳмондори тамоми Аврупо шудааст дар нола ва шикоят буд. Яке аз ошноён пеши ӯ рафт ва гуфт, ки то шаш ҳафта дар он ҷо хоҳад буд. Волтер гуфт: «Фарқ миёни ту ва Дон Кихот дар ин аст, ки ӯ мусофирхонаро кох мепиндошт ва ту ин кохро мусофирхона пиндоштаӣ», «Худо маро аз шарри дӯстонам наҷот бидиҳад, ман худ аз уҳдаи душманон мебароям».

  Пурдоманатарин ва дурахшонтарин мукотиботи тамоми оламро ба ин меҳмондории доимӣ изофа кунед. Аз ҳар гуна ва аз ҳар табақа мардум ба вай нома мерасид. Яке аз шарҳдорони Олмон номае ба вай навишта дархост карда буд, ки «маҳрамона бигӯ, бубинам худое ҳаст ё на» ва хоҳиш карда буд, ки ҷавобро ба қосиди баъдӣ бифрист. Густави сеюм подшоҳи швед ифтихор мекард, ки Волтер ба сӯи шимол низ назар меафзояд ва ба Волтер гуфт, ки ин амр бузургтарин мушаввақи мардуми шимол хоҳад буд. Кристиани ҳафтум - подшоҳи Донморк аз ӯ маъзарат хост, ки намешавад тамоми ислоҳотро якҷо амалӣ кард. Катрини дуюм (Екатиринаи дуввум) маликаи Русия ҳадяҳои олие барои вай мефиристод ва ба такрор бо ӯ мукотиба мекард ва умедвор буд, ки ин амр музоҳимате барои Волтер эҷод накунад. Ҳатто Фридрих пас аз як соли қаҳр бар сари сулҳ омад ва бо шоҳи Фарна (Волтер) мукотиботи худро аз сар гирифт ва ба ӯ чунин навишт: «Шумо зиёнҳои бузурге ба ман расонидаед, ман ҳамаро бахшидам ва умедворам ҳамаро фаромӯш кунам. Вале агар шумо нахоҳед бо девонае, ки ошиқи нубуғи олии шумо ҳаст, канор биёед, нахоҳед тавонист ба ин осонӣ дар биравед, оё моил ба чизҳои матбуъ ва дилпазир ҳастед? Бисёр хуб, ман мехоҳам ҳақиқатеро барои шумо бигӯям. Ман шуморо латифтарин қариҳа ва истеъдоде медонам, ки модари рӯзгор зоидааст. Ман шефтаи шеъри Шумо ва ошиқи насри Шумо ҳастам. Ҳеҷ нависандае пеш аз Шумо истеъдоди чунин ҳол ва завқи чунин латиф надоштааст. Гуфтори Шумо ҷаззоб аст. Шумо метавонед дар як он ҳам сармгарм кунед ва ҳам таълим диҳед. Шумо фиребандатарин ва ҷозибтарин мавҷуде ҳастед, ки ман мешиносам ва метавонед худро дар назари ҳар касс, ки бихоҳед маҳбуб созед. Лутф ва зарофати Шумо ба қадре аст, ки метавонед ба ашхос битобед ва дар ҳамон ҳоли ҳамон ашхос ин амрро нодида бигиред. Хулоса, шумо агар башар набудед, комил(фаришта) будед».

  Ки метавонад тасаввур кунад, ки касе, ки ин ҳама маҳбуби ҷаҳониён аст, аламдори бадбинӣ бошад. Дар ҷавонӣ ҳангоме, ки салонҳоро мепаймуд, бо он ки чанде ба Бостин рафт, рӯзҳое, ки бисёр хуш гузаронд бо ин ҳама  дар ин рӯзҳои беқайд ва беғамӣ бо хушбинии ғайритабиӣ, ки Лойб низ таблиғ мекард, мухолиф буд. Ҷавони боҳарорате дар матбуот ӯро мавриди ҳамла қарор дод ва дар ин амр, ки ин ҷаҳон беҳтарин шакли мумкинро дорад «ба тарафдорӣ аз Лойб бархост». Волтер ба ӯ навишт: «Оқои ман, аз шунидани ин ки китоби кӯчаке, ки бар зидди ман навиштаед, хушҳол шудам… Агар битавонед ба назм ё ба тариқи дигаре барои ман тавзеҳ диҳед, ки чаро ин ҳама мардум бо вуҷуди беҳтарин вазъе, ки доранд, худкушӣ мекунанд, бисёр мамнун хоҳам буд, ман мунтазири истидлол, ашъор ва ҳамалоти шумо ҳастам. Аз самими қалб ба шумо итминон медиҳам, ки ҳеҷ як аз мо чизе дар бораи ин мавзӯъ намедонем. Ман муфтахир ҳастам ки…».

  Азияту озор ва нокомиҳо имони ӯро ба зиндагӣ суст карда буд ва таҷриботе, ки дар Берлин ва Франкфурт ба даст овард, умеди ӯро аз миён бурд, вале вақте ки дар ноябри соли 1755 аз зилзилаи Лесбум иттилоъ пайдо кард, ин имон ва умед бештар зарба дид. Зилзила дар ҷашни мазҳабии аввали ноябр, ки ҳамаи мардум дар калисоҳо ҷамъ буданд, иттифоқ афтод ва доси марг маҳсули хубе ба даст овард ва ҳаёти 30 ҳазор нафарро дарав кард. Волтер сахт нороҳат шуд ва хашми ӯ вақте шадидтар шуд, ки шунид, кашишони Фаронса ин мусибатро натиҷаи гуноҳони мардуми Лисбум донистанд. Хашми ӯ дар шеъри оташине намудор шуд, ки дар он ин қиёси зулҳадайнии қадимиро ташреҳ карда буд: «Оё худо метавонист аз ин шар ҷилавгирӣ кунад ва накард, ё мехост ҷилавгирӣ кунад ва натавонист». Ӯ наметавонист ба ин ҷавоби Спиноза қонеъ шавад, ки хайр ва шар истилоҳоти башарӣ ҳастанд ва дар бораи кулли ҷаҳон қобили истеъмол нестанд, бадбахтиҳову мусибатҳои мо аз назари абадият сахт ҳақир ва ночизанд.

  Чанд моҳ баъд ҷангҳои ҳафтсола шуруъ шуд. Волтер ин ҷангҳоро ҷунун ва худкушӣ меномид ва мегуфт, барои ба даст овардани чанд ваҷаб замини пурбарф дар Канада Инглис ва Фаронса мехоҳанд Аврупоро нобуд кунанд. Дар ҳамин аҳвол Жан Жак Руссо дар матбуот ба шеъри Волтер дар бораи зилзилаи Лисбум посух дод. Дар ин посух Руссо гуфта буд, ки мардум худ масъули бадбахтиҳои хешанд. Агар мо ба ҷои шаҳрҳо дар мазореъ зиндагӣ мекардем, ин ҳама дар зилзила туъмаи марг намешудем. Агар дар зери осмони боз ба сар мебурдем, сақфи хонаҳо бар сари мо фурӯ намерехт. Волтер аз ин ки ин эътиқоди амиқ ба адли илоҳӣ ин ҳама дар миёни мардум ривоҷ пайдо кардааст, дар ҳайрат афтод ва аз ин ки ин дункисват номи ӯро лаҷанмол кардааст, сахт барошуфт ва бар зидди Руссо «ваҳшатноктарин аслиҳаи маънавиро, ки инсон ба кор бурдааст, яъне таън ва нешханди Волтер»-ро ба кор бурд. Дар соли 1751 дар зарфи се рӯз китоби «Соддадил»-ро навишт. Ҳаргиз бадбинӣ ба ин хушӣ ва ҳазлгӯӣ истидлол нашудааст. Сар то сари он гузориш ва муколама аст ва тавсифе дар он дида намешавад ва аъмоле ба суръат анҷом мегирад. Анатолий Франс мегӯяд: «Қалам дар ангуштони Волтер механдид ва медавид».  Шояд дар сар то сари адабиёт достони кӯчаке ба ин лутф ва дилпазирӣ набошад. «Соддадил» чунон ки аз номаш маълум аст, ҷавони содда ва муътақид буд. Ӯ писари яке аз аъёни Вистафролиё ва шогирди Понглуси донишманд буд. Понглус муаллими табиату мобаъдутабиат ва коиноту фазоро ихтисос дошт. Ӯ мегуфт, ки собит шудааст, ки ҳар чизе барои ҳадафу ғояти беҳтаре сохта шудааст. Масалан, димоғ, ки ин ҷур сохта шуда, фақат барои гузоштани айнак аст, соқи пой барои нигоҳ доштани ҷуроб аст, сангҳо барои офаридани қалъаҳо, хук барои он халқ шуда, ки мо сар то сари сол шикамҳоямонро пур кунем, аз гушти он меъдаи худро пур кунем. Пас касоне, ки мегӯянд ҳар чизе дар ин ҷаҳон некӯст, роҳи хато паймудаанд, бояд бигӯянд, ки ҳар чизе ба беҳтарин ваҷҳе сохта шудааст. Ҳангоме, ки Понглус дарс мегуфт, сипоҳиёни Булғор ба қаср ҳамла карданд ва Кондидро ба асорат бурданд ба сарбозӣ гумоштанд.

Доиратул маориф ва қомуси фалсафӣ

  Интишор ва ривоҷи китобе монанди «Содадил», ки ба ҳамаи муқаддасот беэҳтиромӣ карда буд, метавонад рӯҳияи он асрро ба мо нишон диҳад. Фарҳанг ва маорифи олии давраи Луи чаҳорум алорағми суханони пуртантароқи кашишон ёд дода буд, ки чи гуна бояд усулу ақоидро ришханд кард. Шикасти ислоҳоти мазҳабӣ дар Фаронса барои фаронсавиён миёни куфру имон роҳе нагузошт ва ҳангоме, ки афкори мардуми Олмону Инглис ба тадриҷ ба сӯи тадвири мазҳабӣ мерафт, афкори мардуми Фаронса ногаҳон аз имони оташине, ки муҷиби қатли оми протестантҳо гардид, ба кинаи сарде мубаддал шуд, ки Ламетри ва Ҳлюсюс ва Улбок ба мазҳаби падарони худ пайдо кард.  Ламетри ибтидо дар қушун ба табобат машғул буд, баъдан ба иллати навиштани китоби «Таърихи табии рӯҳ» аз шуғли худ барканор шуд. Китоби дигари ӯ бо номи «Инсон монанди мошин» муҷиби нафй ва табъиди ӯ гардид ва ба даргоҳи Фридрих паноҳ бурд. Фридрих подшоҳи рӯшанфикре буд ва мехост аз охирин вазъи маориф дар Порис огоҳ шавад. Ламетри ақидаи мошин будани инсонро, ки Декарт аз тарс монанди кӯдаке, ки ангушташ бисӯзад, раҳо карда буд, гирифт ва бо ҷасорати тамом эълон кард, ки «тамоми ҷаҳон ва минҷумла инсон дар ҳукми як мошин аст». Рӯҳ моддӣ аст ва модда аз рӯҳ ҷудо нест ва ҳамвора ба ҳам таъсири мутақобил доранду рушду суқути он ду бо ҳам сурат мегирад. Ба наҳве, ки инсон наметавонад қаробати асосӣ ва рабти ҳакиқии онҳоро мункир гардад. Агар рӯҳ муҷаррад бошад, чи гуна ҳаяҷони он муҷиби гармии бадан мешавад, ё чи гуна табби бадан риштаи афкорро аз ҳам мегусалад? Тамоми аъзо аз як ҷирми аслӣ таҳаввул ёфтаанд ва ин натиҷаи амали мутақобили аъзо ва муҳит аст. Чаро ҳайвон боҳуш аст ва набот чунин нест? Барои он ки ҳайвон барои ҷустуҷӯи ғизо маҷбур ба ҳаракат шудааст, вале набот ғизое, ки ба вай расидааст, гирифтааст. Инсон боҳуштарини ҳама аст, барои он ки эҳтиёҷоти ӯ бештар ва майдони ҳаракати ӯ паҳновартар аст.  Мавҷудоте, ки ниёзмандӣ надоранд, фоқиди фикру ҳуш ҳастанд.

  Ин ақоид, ки муҷиби нафй ва табъиди Ламетри гардид, боиси олимақом ва эҳтироми Ҳлюсиус (1715-1771) ва яке аз сарватмандтарини мардуми Фаронса гардидани ӯ шуд. Вай китобе навишт ба номи дар бораи инсон ва ақоиди фавқ появу мабнои ин китоб буд. Ламетри «Илми каломи илҳодӣ»-ро навишт ва Ҳлюсиус «Ахлоқи куфру илҳодӣ»-ро таълиф кард. Ба ақидаи ӯ тамоми аъмоли инсон ношӣ аз худхоҳӣ аст «ҳатто қаҳрамонон ва ҷонбозон низ дар кори  худ бузургтарин лаззатро меёбанд ва ба хотири он аъмоли худро анҷом медиҳад», «фазилат худхоҳие аст, ки ба заррабин муҷаҳҳаз шудааст». «Виҷдон нидои раббонӣ нест, балки ваҳшат аз мақомоти интизомӣ аст.  Виҷдон русуби тӯфони амру наҳйи падару модар ва муаллимони мост, ки аз кудакӣ моро фаро гирифтааст». «Ахлоқ набояд дар рӯҳияи илоҳиёт бино шавад, балки бояд бар пояи ҷомеашиносӣ қарор гирад. Хайру некӣ бояд бар пояи эҳтиёҷоти мутағаййири иҷтимоъ бошад, на бар рӯи усул ва ақоиди тағйирнопазир».

  Сардастаи ин ашхос Денни Дидро (1713-86) буд. Ақоиди ӯ ё дар осори мутафарриқае ҳаст, ки чакидаи қалами худи ӯст, ё дар китоби «Маслаки табиат» таълифи Борвин Ублок (1723-89) баён шудааст. Толори Ублок маркази ҳалақоти Дидро буд. Ублок мегӯяд: «Агар ба мабдаъ баргардем, хоҳем дид, ки ҷаҳлу тарс худоёнро ба вуҷуд овардааст, хиёлбофиву ҳавохоҳӣ ва фиребкорӣ онҳоро оромиш додаст ва аз шакли ҳақиқии худ дур сохтааст». Заъфи башарӣ муҷиб шудааст, ки ин худоён мавриди парастиш қарор гиранд, зудбоварӣ ва соддадилии мардум онҳоро ҳифз кардааст. Одат сабаби эҳтироми онҳо шуда, султонон ва рӯҳониён барои он ки аз ҷаҳли мардум ба нафъи худ истифода кунанд, аз онҳо ҳимоят кардаанд. Ба ақидаи Дидро имон ба Худо бо итоат аз ӯ ва салотин ба ҳам пайваст аст. Пешрафт ва суқути ҳарду бо ҳам сурат мегирад. «Мардум ҳаргиз озод нахоҳанд шуд, магар он гоҳ ки салотин ва кашишон ҳарду ба дор овехта шаванд». «Замин вақте ҳаққи худро ба даст хоҳад овард, ки осмон нобуд шавад». Моддигарӣ ба ҷаҳон ба назари хеле содда нигоҳ мекунад, шояд дар ҳар моддае асаре аз ғариза ва ҳаёт бошад ва мумкин аст, ки ваҳдати виҷдон ва шуурро ба модда ба ҳаракат баргардонид. Моддигарӣ фақат аз он ҷиҳат хуб аст, ки силоҳе аст бар зидди кашишон ва ин силоҳ ҳар ҷо, ки ба даст омад, бояд аз он истифода кард. Дар ин замина бояд илмро тавсия дод ва санъатро тарвиҷ кард. Санъат ба сулҳ мунҷар мешавад ва илми ахлоқи табиии наве ба вуҷуд меояд.

  Дидро ва Делонбер ба ҳам даст ба даст доданд, то ин афкорро аз роҳи доиратулмаорифи бузург нашр диҳанд. Ин китоби бузург аз соли 1752-72 ҷилд ба ҷилд нашр гардид. Калисо аз интишори ҷилдҳои нахустин ҷилавгирӣ кард ва чун мухолифат шадидтар шуд, руфақои Дидро ӯро тарк гуфтанд, вале ӯ бо хашми тамом ба кор пардохт ва ин хашму ғазаб сабаби нерӯмандии ӯ гардид. Ӯ мегуфт: «Ман чизе қабеҳтар аз мухолифати авлиёи дин бо ақл намедонам, агар ба сухани онҳо гӯш диҳам, бояд қабул кунам, ки мардум мавқеъе аз таҳи дил масеҳӣ мешаванд, ки монанди чорпоён ба тавила бираванд». Ба гуфтаи Пин ин қарн қарни ақл буд. Ин мардум шакке надоштанд, ки ақл болотарин мизон аст, ки башар барои дарки тамоми ҳақоиқ ва ҳамаи хайрот дар даст дорад. Онҳо мегуфтанд: Агар ақлро озод бигзоранд дар таи чанд насл мадинаи фозила ба вуҷуд хоҳад омад. Дидро тасаввур намекард, ки ин Жан Жак Руссо (1712-78) пурҷӯшу хурӯш, ки худи Дидро ба Порис оварда буд, дар дилу мағзи худ тухми инқилобиро мепарваронд, ки ақлро аз тахти худ ба зер оварад. Ин инқилоб, ки бо мубҳамоти муассири Конт мусаллаҳ шуд, ба зудӣ тамоми истеҳкомоти фалсафиро ба тасарруф даровард.

  Табъан Волтер ба ҳар чиз шавқу рағбат нишон медод ва дар ҳар муборизае даст дошт ва муддате дар ҳалқаи нависандагони Доират-ул-маориф даромад. Онҳо аз он ки ӯро раиси худ карданд, хушҳол буданд ва Волтер мухолифи ин эҳтиром набуд. Агарчи баъзе аз ақоиди онҳоро муҳтоҷи андаке ислоҳ медонист. Онҳо аз вай дархост карданд, ки мақолоте барои ин китоби бузург бинависад. Ва дар посухи онон чунон ба осонӣ ба кор пардохт, ки ҳамаро хушнуд сохт. Вақте ки корашро тамом кард, худ аз он Доират –ул –маорифи ҷудогона ба номи «Қомуси фалсафие» бисохт. Бо як ҷасорати бесобиқа ҳар мавзӯеро, ки ҳуруфи алифбоӣ ба вай илқо мекард, шарҳ ва баст медод ва дар зери ҳар унвоне иттилоот ва ҳикмати бепоёни худро арза медошт. Мардеро тасаввур кунед, ки дар бораи ҳар чизе менависад ва шоҳкорие ба вуҷуд меоварад. Агар достонҳои ӯро канор бигзорем, хонданитарин ва дурахшонтарин осори Волтер ҳамин китоб аст. Ҳар мақолае намунае аз эъҷоз рӯшанӣ ва нуктасанҷӣ аст. Рисолоти кӯчаки баъзе аз нависандагон иттиноби малолангез аст, вале сад ҷилд таълифи Волтерро ба рағбату шавқи том метавон хонд (54). Билохира дар ин китоб Волтер собит мекунад, ки як файласуф аст, ӯ монанди Бекону Декарт ва Лок ва тамоми фалсафаи ҷадид аз шак (ва ба иддаъои худ) аз лавҳи содда ва холӣ шурӯъ мекунад «ман Сантумодиусро сармашқи худ қарор додам. Ӯ ҳамеша исрор дошт, ки тамоми умурро ба дасти худ озмоиш кунад» (55).  Ӯ аз Бетил ташаккур мекунад, ки шакро ба вай омӯхтааст. Тамоми тариқи фалсафиро дур меандозад ва мегӯяд, ки «Ҳербони тариқаи ҷадиди фалсафие, то андозае зоҳирсоз ва мардумфиреб будааст» (56) «Ҳар чи бештар ҷулу меравам, бештар дарк меёбам, ки тариқи мухталифи мобаъдуттабиа барои фалсафа монанди нақлу ҳикоят барои занон аст» (57). «Танҳо мардумфиребон метавонанд иддаъои яқин кунанд. Мо чизе аз мабдаи аввалия намедонем. Воқеан аҷиб аст, ки касе худову малоика ва зеҳну рӯҳро таъриф кунад ва иддаъо кунад, ки комилан аз иллати халқи олам огоҳ аст ва худ надонад, чаро вақте ки ирода мекунад, дасташро ба ҳаракат меорад. Шак ҳолати матбуӣ нест, вале иддаъои яқин масхараомез аст» (57). «Ман намедонам чи гуна сохта шудаам ва чи гуна аз модар зодаам. Ман дар таги як роҳи зиндагии худ натавонистаам аз илали он чи дида ё шунида ё ҳис кардам, огоҳ шавам. Ман дар ситораи шуаро ва дар кӯчактарин заррот моддаро мебинам, вале намедонам, ки модда чист?» (59)…

  Достон аз як «Браҳмани нек» нақл мекунад, ки мегуфт: «Кошкӣ ҳаргиз аз модар назодаме». Гуфтам: «Чаро?» Дар посух гуфт: «Барои он ки ҷиҳил сол таҳсил кардам ва акнун маълумам шудааст, ки тамоми ин рӯзгорро талаф кардам. Муътақидам, ки аз модда сохта шудаам, вале то кунун натавонистаам худро розӣ кунам, ки чи чизе фикрро ба вуҷуд меоварад. Ман ҳатто намедонам, ки ҳоло қувваи мадракаи ман қуввае, аст аз қабили роҳ рафтан ё ҳазм, оё мағзи ман ҳамон тавр фикре мекунад, ки дасти ман чизеро бармедорад. Сухани зиёде мегӯям, вале пас аз он ки суханам ба поён расид, аз он чи гуфтаам хиҷил ва шармсор мегардам». Ҳамон рӯз бо як пиразане дар ҳамсоягии ин Браҳман суҳбат кардам ва аз ӯ пурсидам, ки оё аз ин ки намедонад модда чист ва рӯҳ кадом аст дилтанг аст, ӯ аз саволи ман сар дарнаёвард. Ӯ ҳатто аз кӯчактарин лаҳзае аз айёми зиндагӣ дар бораи мавзуоте, ки фикри Браҳманро ба худ машғул дошта буд, наяндешида буд. Ӯ аз самими дил ба таносухи Вишну муътақид буд ва агар муваффақ мешуд, ки дар оби муқаддаси Ганг ғусл кунад, худро хушбахтарин занони олам медонист. Аз хушбахтии ин мавҷуди ҳақир ба ҳайрат афтодам ва ба сӯи Браҳмани файласуф рафтам ва пурсидам: «Оё хиҷолат намекашед, ки худро чунин бадбахт мепиндоред. Дар сурате, ки дар панҷоҳ қадамии шумо пиразани заифе зиндагӣ мекунад, ки ба ҳеҷ чиз намеандешад ва хушбахт аст?» Дар ҷавоб гуфт: «Ҳақ бо шумост. Ҳазор мартаба бо худ андешидаам, ки агар мисли ҳамсояи худ нодон будам, хушбахт мебудам. Аммо майл надорам чунин хушбахтие дошта бошам». Ин ҷавоби Браҳман чунон таъсире дар ман кард, ки ҳеҷ чизи дигар то он вақт накарда буд (60).

  Ҳатто агар фалсафа ба шакли куллии мувантанӣ «чи медонам» мунтаҳӣ гардад, боз бузургтарин ва олитарин пешрафт он маҳсуб мешавад. Агар ба пешрафтҳои кӯчаки илм хурсанд бошем, беҳтар аз он аст, ки бо қувваи тахайюли маризи худ фалсафаҳои наве биёбем.  Бояд ҳарфро канор бигзорем, усули ҷадиде бино кунем, ки битавонад ҳар чизеро равшан созад, ба иборати беҳтар бояд моддаро дақиқан таҷзия кунем ва баъд бо сӯизан бубинем, ки оё ин бо усул созгор аст ё на (61). Садри аъзам Бекон роҳеро, ки илм бояд бипаймояд, нишон додаст, вале ҳамин ки Декарт зоҳир шуд, дуруст баръакси он чи мебоист бикунад, рафтор кард, яъне ба ҷои таҳқиқ дар табиат худошиносиро ба он махлут кард. Ин риёзидони бузург дар фалсафа фақат ба қиссагӯӣ пардохт (62). Мо бояд ҳисоб кунем, бисанҷем, андоза бигирем, мушоҳида кунем, моҳияти фалсафа ин аст ва бақия хиёлбофӣ аст (63).

 Ин расвоиро аз миён бибаред

  Агар вазъ оддӣ мебуд, эҳтимол мерафт, ки Волтер ҳаргиз аз шакки муаддабона ва оромиши фалсафии худ ба мушоҷироти ҳодди авохири умри хеш қадам наниҳад. Дар маҳофили аъёну ашроф, ки Волтер роҳ дошт, суханони ӯ ба осонӣ мавриди қабул мегардид ва ҳоҷат ба муборизоти қаламии хашин намешуд. Ҳатто кашишон ба ӯ ҳамқадам шуда буданд ва ба ишколоти динии худ лабханд мезаданд ва кардиналҳо муноқид буданд, ки чи гуна метавон ӯро як муъмини копсун гардонид.  Пас ҳаводисе, ки ӯро аз ин баҳси муаддабонаи лоадрия ба ҷанги оштинопазир бо калисо кашонид ва ин ҷидоли талхро идома дод, чи буд?

  Тулиз ҳафтумин шаҳри Фаронса аст, ки аз Фарна чандон дур нест. Дар замони Волтер кашишони католик дар он шаҳр ҳукумати мутлақа доштанд. Деворҳои шаҳр аз наққошиҳое, ки ба ёдбуди Насх фармони Нонт кашида шуда буд, музайян буд (фармони Нонт озодии мазҳаби протестантҳоро таъмин мекард, католикҳо аз насхи ин фармон бисёр хушнуд буданд) ва мардуми шаҳр рӯзи қатли омми қадис бо Бортоломеюс (қатли оми протестантҳо)–ро муфассалан ҷашн мегирифтанд. Ҳеҷ фарди протестант дар Тулис ҳақ надошт қозиву табиб ва давофурӯшу аттор ва китобфурӯшу соҳиби матбаа гардад. Ҳеҷ католике ҳақ надошт як фарди протестантро ходими худ кунад ё ба кашишӣ бигирад. Дар соли 1748 зане ба иллати он ки момои протестант оварда буд,  ба пардохти се ҳазор фронк ҷарима маҳкум гардид.

  Яке аз протестантҳои Тулус бо номи Жон Колос духтаре дошт, ки католик гардид ва писари ӯ, ки гӯё дар корҳои худ тавфиқ наёфта буд, худкушӣ кард. Қонун чунин буд, ки ҳар касеро, ки худкушӣ кунад, пушту рӯ бараҳна дар сабаде қарор диҳанд ва ӯро дар миёни кӯчаҳо ва хиёбонҳо бигардонанд ва баъд бар доре биовезанд. Падари ӯ барои он ки ҷасади фарзандаш дучори чунин сарнавишти шуме нашавад, аз хешон ва дӯстони худ хоҳиш кард, ки шаҳодат диҳанд, ки ӯ ба марги табиӣ даргузаштааст. Дар натиҷа дар шаҳр овоза паҳн шуд, ки ӯро  куштаанд, барои он ки мехостанд католик нашавад. Колосро боздоштанд ва таҳти шиканҷа дароварданд ва ӯ ба зудӣ пас аз ин воқеа ҳалок шуд (1761). Хонаводаи ӯ дарбадар шуду ба Фарна гурехтанд ва аз Волтер дархости кӯмак карданд. Вай онҳоро ба хона овард ва тасаллӣ дод ва аз ин достон, ки назири шиканҷаҳои қуруни вустоӣ буд ва дар замони ӯ рух дода буд, ба ҳайрат афтод.

  Дар ҳудуди ҳамин айём (1762) Элизабет Сирунс даргузашт. Боз овоза паҳн шуд, ки чун вай мехост католик шавад, ба чоҳаш андохтаанд. Дар он замон иддае каме аз протестантҳо буданд, ки ҷуръат надоштанд ба мазҳаби католик бигараванд ва ин овоза паҳнкунандагон ин маъниро мавъиди иддаъои худ медонистанд. Дар соли 1765 ҷавони 16 солае ба номи Лоборт ба туҳмати ин ки тасвири Исоро бар салиб пора кардааст, боздошт шуд ва таҳти шиканҷа қарор гирифт. Вай ба гуноҳи худ иқрор кард, ба ҳамин ҷиҳат сарашро буриданд ва ҷасадашро дар миёни каф задани мардум дар оташ сӯзониданд. Нусхае аз қомуси фалсафии Волтер, ки дар хонаи ӯ пайдо шуда буд, ба оташ андохта шуд.

  Ин тақрибан нахустин бор буд, ки Волтер дар зиндагии худ воқеан ҷиддӣ шуд. Ҳангоме, ки Делонбер аз давлату миллату калисо маъюс шуда буд, навишт, ки баъд аз ин фақат ҳама чизро масхара хоҳад кард. Волтер ба ӯ чунин посух дод: «Ҳоло вақти шухӣ нест, ҳазл ва мутоиба бо қатли ом созгор нест. Ин мамлакати фалсафа ва саргармӣ аст? На, балки мамлакати қатли омми қадиси Бортоломеюс аст». Волтер ҳамон кореро кард, ки баъдҳо Зуволо ва Анатолий Франс дар қазияи Дрифюс карданд. Ин бедодгарӣ ӯро таҳрик кард ва пас аз он танҳо аҳли адаб набуд, балки марди амал низ шуд. Фалсафаро канор гузошт ва ба ҷанг пардохт. Ё ба иборати беҳтар фалсафаро ба як ҷанги поённопазир дохил кард. «Дар ин  миён ҳар тасмимеро, ки бар лабони ман зоҳир мешуд, як ҷиноят медонистам ва худро сарзаниш мекардам». Дар ҳамин замон буд, ки шиори машҳури худ «Ин расворо аз миён бибаред»-ро ба миён гузошт ва рӯҳи мардуми Фаронсаро бар зидди ифротгории калисо барангехт ва чунон оташу гугирде таҳия кард, ки хонаи усқуфон ва кашишонро сӯзонд ва қудрати калисоро дар Фаронса дар ҳам шикаст ва дар барандохтани тоҷу тахти салтанат муассир афтод. Ӯ дустону пайравони худро ба кӯмак талабид, то ба мубориза бархезанд: «Эй Дидрои шуҷоъ, эй Доламбери далер биёед ва муттаҳид шавед. Ин куҳнапарастон ва дағалбозонро аз миён бардоред, ин иддаъоҳои ҷунун ва бемаза, ин муғолитоти бемаънӣ ва ин қиссаҳои дурӯғ… ва ин аботили бешуморро нобуд кунед. Магзоред, ки ҳунармандон асири беҳунарон шаванд, насли оянда ақл ва озодии худро мадюни мо хоҳад буд» (64).

  Дар ҳамин мавқеи буҳронӣ хостанд ӯро бихаранд ва ба василаи мадам Де Пумподурӣ ба ӯ пешниҳод карданд, ки дар сурати оштӣ бо калисо бо кулоҳи кординолӣ муфтахир шавад. (65) Гӯё раёсат бар чанд кашиши забонбаста метавонист таваҷҷуҳи подшоҳи биломанозеи олами маъниро ҷалб кунад. Волтер ин пешниҳодро рад кард ва монанди Коту барои инҳидоми калисо даст ба кор шуд. Тамоми номаҳои худро бо ин ҷумла хатм мекард: «Ин расвоиро аз миён бибаред!» Дар ин миён рисола «дар боби тасомуҳ  навишт ва дар он гуфт, ки аботиле, ки арбоби калисо дар усули ақоид ва мавоизи худ ба кор мебаранд ва ихтилофоте, ки дар миёни худ доранд, қобили афву иғмоз буд ва мешуд онро таҳаммул  кард, вале «диққатҳо ва таъмиқоти беҳудае, ки ба кор бурдаанд ва дар китоби муқаддас асаре аз он наметавон ёфт, сабаб шудааст, ки таърихи масеҳият бо ҷангҳои хунине таъвам гардад» (66). Марде, ки ба ман мегӯяд: «Ба он чи ман мекунам, имон дошта бош, варна гирифтори ғазаби илоҳӣ хоҳӣ шуд» мисли он аст, ки мегӯяд: «Ба он чи ман мекунам, имон дошта бош, варна туро ба қатл хоҳам расонид». (67). «Касе, ки озод халқ шудааст, чи ҳақ дорад як нафар мисли худро маҷбур созад, ки монанди ӯ фикр кунад». (67) «Куҳнапарасте, ки бо ҷаҳлу хурофот дар ҳам омехтааст, мояи бемории тамоми қарнҳо ва аслҳо гардидааст» (69). Он сулҳу сафои доимие, ки Петруси муқаддас ҳамвора таблиғ мекард, таҳқиқ нахоҳад ёфт, магар он ки мардум ба афкору ақоиди якдигар дар сиёсату фалсафа ва мазҳаб бо назари тасомуҳ ва иғмоз бингаранд. Қадами ҳақиқие ба сӯи беҳбуди иҷтимоъ муяссар нахоҳад шуд, магар он гоҳ, ки бинои қудрати калисо дар ҳам резад. Биное, ки дар пояи адами тасомуҳ дар ақоид ва афкор аст.

  Ба дунболи рисола дар боби тасомеҳ селе аз раддия ва таъриху муколимот, номаҳо ва усули ақоид ҳаҷвномаҳо ва шабномаҳову пандномаҳо, ашъору достонҳо ҳикоёт ва шарҳу мақолот навишт. Баъзе ба имзои худи Волтер, баъзе ба номҳои мустаор. «Ҳайратангезтарин таблиғоти гуногуне, ки як мард то кунун анҷом додааст»(70). Ҳеҷ гоҳ фалсафа ба ин равшаниву ҳаёт ҷилва накарда буд. Волтер ба қадре хуб ва содда менависад, ки касе таваҷҷуҳ намекунад, ки ӯ фалсафа менависад. Ӯ дар бораи худ бо тавзеҳи бемонанде чунин мегӯяд: «Ман монанди ҷӯйбори кӯчаке ҳастам, ки ба иллати каме жарфо зулол ва равшан менамоям» (71). Ба зудӣ ҳама кас ва ҳатто худи рӯҳониён раддияҳо ва ҳуҷумҳои  ӯро хонданд. Аз баъзе навиштаҳои ӯ то 300 ҳазор нусха чоп шуд. Ин адад дар он аср, ки хонанда кам буд, бисёр зиёд аст. Волтер мегуфт: «Китобҳои бузург аз муд афтодааст» ба ин тартиб ҳафта ба ҳафта ва моҳ ба моҳ ин сарбозони кӯчакро ба майдон мефиристод, бидуни он ки дар азм ва қудрати ӯ футуре ҳосил шавад, тамоми ҷаҳониён аз фикри саршор ва нерӯи азими ин марди 70 сола ба тааҷҷуб афтоданд, ҳамчуноне ки Ҳлюсиус мегӯяд: «Волтер аз Рубикун гузашт ва дар рӯ ба рӯи Рум истод» (72 Рубикун рӯдхонае аст, ки Итолиёро аз мамлакати галлҳо ҷудо мекард. Бо як иттифоқи олӣ дар сиҳҳат ва асолати Таврот тардид кард. Бисёре аз матлабҳои худро аз Спиноза ва бештари онро аз уламои клоами инглис ахз кард ва бештар аз ҳама аз «Қомуси интиқодӣ»-и Бал (1647-1702) истифода намуд. Вале ин мавод дар дасти ӯ чӣ ҷило ва дурахшандагии аҷиб пайдо кард. Яке аз раддияҳои ӯ ба номи «Масоили Зоппото» аст. Зоппото номзади мақоми кашише буд ва маъсумона мепурсид: «Чӣ гуна қавме, ки акнун аз онҳо садто-садто дар оташ меандозед, дар таи чор ҳазор сол бандаи баргузидаи худо буданд» (73) ва баъд масоилеро тарҳ мекунад, ки таноқузоти таърихии Тавротро ошкор месозад «шумо мегӯед райъи шӯрои мазҳаб солим аст, ҳоло борҳо иттифоқ афтода, ки дар шӯрои мазҳабии ташкилшуда якдигарро лаън ва такфир кардаанд, райъи кадом як аз инҳо солим аст, чун Зоппото ҷавобе ба суолоти худ намеёбад худ худошиносиро бо тариқи саҳл ва саҳм таблиғ мекунад ва мегӯяд, худо подошдиҳанда ва кайфардиҳанда ва бахшоянда аст. Ҳақро аз ботил ва мазҳаби саҳеҳро аз хурофот ҷудо мекунад. Фазилатро таблиғ менамояд ва худ низ ба он амал мекунад. Зоппото меҳрубон некӯкор ва мутавозеъ буд. Саранҷом ӯро дар соли раҳмат 1231 дар Волиёзулиз зинда дар оташ сӯзониданд».

  Дар мақолаи «Башорати нубуват» дар қомуси фалсафӣ қисматҳое аз китоби «Ҳисори имонӣ»-и Исҳоқи Рубинро нақл мекунад. Ин муллои яҳудӣ тамоми башоратҳоеро, ки дар Таврот барои Исо зикр шуда, рад мекунад. Волтер пас аз зикри ин матолиб бо тамасхур мегӯяд: «Ин муфассирон, ки худ дар дину луғати худ вомондаанд, бо калисо мубориза мекунанд ва мегӯянд, ки ин башоратҳо бо Исо татбиқ намекунад» (75). Он рӯз, ки мардум маҷбур шаванд, он чи дар дил доранд, бар забон биёваранд ва роҳи васлу ба мақсад расидан фақат роҳи рост бошад, рӯзи хатарноке аст. Волтер дӯст дошт, ки усулу фуруъи дини масеҳро ба Юнони қадим ва Мисру Ҳинд нисбат диҳад. Ӯ фикр мекард, ки сабаби муваффақияти масеҳият дар дунёи қадим он буд, ки ин дин усулу ақоиди ақвоми дигарро гирифта буд. Дар мақолаи «Дин» бо маҳорат ва тардастӣ менависад: «Баъд аз мазҳаби муқаддаси мо, ки бетардид беҳтарини мазҳабҳо аст, кадом мазҳаб камтар қобили эътироз аст». Баъд шуруъ ба шарҳу баст дар бораи мазҳаб мекунад, ки дуруст мухолифи мазҳаби католики асри ӯ буд. Дар як маншаъоти беназири худ мегӯяд: «Дини Масеҳ бояд дини масеҳӣ бошад, зеро алорағми аботил ва хурофоте, ки дорад, 1700 сол давом кардааст» (76). Ӯ нишон медиҳад, ки чи гуна асотири дунёи қадим тақрибан шабеҳи ҳам будаанд ва фавран натиҷа мегирад, ки асотир ихтироъи рӯҳониён аст: «Нахустин рӯҳонӣ нахустин ҳуққабозе буд, ки бо нахустин аблаҳ мулоқот кард». Рӯҳониён на танҳо мазҳабро ба вуҷуд овардаанд, балки илми каломро низ сохтаанд. Миёни мушоҷирот ва мубоҳисоти сахту ҳоди каломӣ ва ҷангҳои мазҳабӣ фарқи зиёде вуҷуд надорад. «Мардуми оммӣ оташи ин ҷангҳои шуми бемаъноро, ки муҷиби ин ҳама ваҳшат ва бадбахтӣ шудааст, наяфрӯхтаанд. Он ашхоси хушнишини бекорае, ки аз дастранҷи шумо мардум чоқу фарбеҳ шудаанд ва арақи ҷабину фақру тирабахтии шумо мояи тавонгариву хушбахтии онҳо гаштааст, ба хотири ба даст овардани муриду ғулом бо якдигар ҷангидаанд. Онҳо таассуботи хонумонбарандозро ба шумо талқин кардаанд, то битавонанд бар шумо ҳукумат кунанд. Хурофоте, ки онҳо ба шумо омухтаанд, барои он нест, ки шуморо аз худо битарсонанд, балки барои он аст, ки шумо аз худи онҳо битарсед» (77).

  Аз баёнот набояд натиҷа гирифт, ки Волтер комилан бе дин будааст. Ӯ бо лаҳни қотеъ илҳод ва худошиносиро рад ва найф мекунад. (78)  То он ҷо, ки баъзе аз нависадагони Доират-ул-маориф бо ӯ мухолиф шуданд ва гуфтанд: «Волтер марди хушкамуқаддасе ҳаст, зеро ба Худо имон дорад». Дар мақолаи «Файласуфи нодон» бар қидмати вуҷуде, ки Спиноза гуфта, истидлол мекунад, вале баъд аз он дур мешавад. Барои он ки хиёл мекунад ба нафъи худо маҷбур мегардад ва Дидро чунин мегӯяд: «Ман иқрор мекунам, ки бо ақидаи Суведдерсун, ки худоро ба иллати кӯри модарзод будани хеш мункир буд, мувофиқ нестам, шояд иштибоҳ мекунам, вале агар ман ба ҷои ӯ будам, ба он мавҷуди донои тавоно, ки дар ивази кӯрӣ ин ҳама қувваи дигаре ба вай ато карда буд, муътақид мешудам ва пас аз он ки дар олами тафаккур равобит ва насаби аҷиб миёни ашё ва зарротро дар назар меовардам, ҳадс мезадам, ки ин ҳама сохтаи мавҷуди фаъоле аст, ки бениҳоят моҳир ва тавоно аст. Агар баҳс дар ин ки худо чист ва оламро чаро офаридааст, густохӣ бошад, инкори вуҷуди ӯ густохонатар аст. Ман сахт муштоқам, ки бо шумо мулоқот кунам ва бубинам, ки оё шумо худро мавҷуди тавонои оқиле мепиндоред ё он ки худро ҷузъи кӯчаке медонед, ки аз роҳи зарурат аз моддаи зарурии абадӣ ба вуҷуд омадед, ҳар чи бошед шумо ҷузъи бо арзише аз кулли бисёр бузурге ҳастед, ки ман ҳанӯз ба умқи он пай набурдаам». (79)

  Ба Ублок нишон медиҳад, ки унвони ҳақиқии китоби ӯ «Маслаки табиат» худ мубаййини як назми ақлонии илоҳӣ аст. Вале аз тарафи дигар муъҷизотро сахт мункир аст ва ба таъсири ғайритабиии адъия (дуъо) муътақид нест: «Дами дари савмаъа истода будам, ки хоҳардини Фасу ба хоҳардини Кунфист мегуфт: «машияти илоҳӣ дар ҳаққи ман инояти хосе базл дошт, Шумо медонед ман чӣ қадар гунҷишки худро дӯст медорам, ин гунҷишк наздик буд, бимирад, барои шифои ӯ нуҳ мартаба «салом бар Марям» хондам ва ӯ аз марг наҷот ёфт». Ҳакиме ба ӯ чунин гуфт: «Хоҳар,  шак нест, ки чизе аз дуъои салом бар Марям беҳтар нест ва махсусан агар онро духтаре ба забони лотинӣ дар ҳавмаи Порис бихонад, аммо наметавонам бовар кунам, ки Худованд ин қадар ба гунҷишки Шумо таваҷҷуҳ дорад, ҳарчанд ин гунҷишки зебо ва қашанг бошад. Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки қадре фикр бикунед, то бидонед, ки Худованд корҳои фаровони дигаре ҳам дорад...» Хоҳар Фасу дар ҷавоб гуфт: «Оқо, ин гуфтори Шумо куфромез аст… Кашиши ман аз ин суханони Шумо истинбот хоҳад кард, ки Шумо ба машийати илоҳӣ муътақид нестед.» Ҳаким чунин гуфт:  «Хоҳари азиз, ман ба як машийати куллӣ муътақидам, ки аз абадият қавонуне овардааст, ки бар тамоми ашёъ ҳукумат мекунад, монанди нуре, ки аз офтоб метобад, вале ман муътақид нестам, ки як машийати ҷузъӣ, риштаи умури ҷаҳонро ба хотири гунҷишки Шумо аз ҳам бигсалад». (80)  

  Аълоҳазрати қудсимаоб бахт ва иттифоқ дар бораи ҳама чиз тасмим мегирад. (81) Дуо набояд бар пояи нақзи қонуни табиат бошад, балки бояд бар асоси қабули қонуни табиӣ, ки ба манзалаи иродаи тағйирнопазири Худованд аст, сурат гирад. (82)

  Ҳамчунин ӯ мункири ихтиёр аст (83) ва дар бораи рӯҳ аз лоадрия аст: «Чаҳор ҳазор  ҷилд китоби фалсафӣ наметавонанд ба мо бигӯянд, ки рӯҳ чист? (84)»  Дар даврони пирӣ майл дошт, ба бақои рӯҳ муътақид бошад, вале хеле онро мушкил ёфт.

  Ҳеҷ касе намехоҳад ба бақои рӯҳи як кайк муътақид бошад. Пас, чаро ба бақои рӯҳи фил, ё маймун, ё пешхидмати худ муътақид бошем(85). Бачае дар раҳми модар дар ҳоле, ки рӯҳ мехост ба баданаш ворид шавад, мемирад.  Оё ҳашр ӯ ба сурати ҷанин, ё кудак, ё мард хоҳад буд? Дар ҳашр барои он ки шумо ҳамон шахси аввалӣ бошед, лозим аст ҳофизаи шумо комилан тоза ва омода бошад, зеро фақат ҳофиза аст, ки ваҳдати шуморо ҳифз мекунад. Агар дар ҳангоми ҳашр ҳофизаи худро аз даст дода бошед, чи гуна метавонед ҳамон шахси нахустин бошед?(86) Чаро башар худро танҳо мавҷуде медонад, ки аз муҳаббати рӯҳ ва бақову хулди он бархурдор аст? Шояд натиҷаи худхоҳии ӯст. Ман мутмаинам, ки агар товус метавонист сухан бигӯяд, иддаои рӯҳ мекард ва таъкид мекард, ки ин рӯҳ дар думи зебои бошукӯҳи ӯ мухтасар аст. (87)

  Дар даврони ҷавонӣ муътақид буд, ки ақида ба бақои рӯҳ барои ҳифзи ахлоқ лозим нест, чунонки ибриёни қадим бидуни эътиқод ба бақои рӯҳ чунон побанди ахлоқ буданд, ки «қавми баргузидаи худо» шуда буданд. Спиноза худ намуна ва мисли комили ахлоқ буд. Дар охир раъйи ӯ баргашт ва ҳис кард, ки агар эътиқод ба худо бо ақидаи ба ҷазо ва подоши ухравӣ ҳамроҳ набошад, натиҷаи ахлоқии ночиз хоҳад дошт. Шояд «барои авомуннос подош ва ҷазои ухравӣ» лозим бошад. Бал пурсида буд, ки оё шаҳре, ки мардуми он ҳама мункири худо бошанд, метавонад ба ҳаёти худ идома диҳад? Волтер дар ҷавоб мегӯяд: «Бале, агар ин ашхос ҳама файласуф бошанд, мумкин аст» (88), вале мардум ба нудрат файласуф ҳастанд «агар мардум бихоҳанд хуб бошанд, лозим аст, ки ба дин муътақид бошанд» (89). Дар мақолаи а,в,с, аз қавли а мегӯяд: «ман мехоҳам вакили ман, хайёти ман ва зани ман ба худо мунтақид бошанд. Тасаввур мекунам, ки дар чунин сурате камтар маро фиреб хоҳанд дод ва камтар аз ман хоҳанд дуздид», «агар ҳам худое вуҷуд надошт, лозим буд, ки онро бисозанд» (90) «ман ба саодат ва зиндагӣ бештар аз ҳақиқат арзиш мегузорам» (91). Ин ақидаро, ки дар асри рӯшангарии Фаронса иброз шудааст, муқаддимаи ақидаи Иммануэл Кант ҳаст, ки дар давраҳои баъдӣ бо рӯшангарӣ мубориза кард. Волтер аз худ дар баробари дӯстоне, ки мункари худо буданд бо мулоимат дифоъ мекунад. Дар моддаи худо дар китоби «Қомуси фалсафӣ» Ублокро мухотаб қарор медиҳад ва мегӯяд: «Шумо худатон мегӯед, ки ақидае ба худо иддаеро аз иртикоби ҷиноят боздоштааст, танҳо ҳамин барои ман кофӣ аст, агар ин эътиқод ҳатто фақат аз иртикоби даҳ ҷиноят ва даҳ туҳмат монеъ мегардид, боз ман таъкид мекардам, ки тамоми мардум мебояд онро бипазиранд. Шумо мегӯед, ки мазҳаб сабаби ҷинояти бешуморе гаштааст, вале беҳтар аст, ки ба ҷои мазҳаб хурофот бигӯед, зеро фақат хурофот аст, ки бар ин курраи тирабахт ҳукумат мекунад. Хурофот бадтарин душмани ибодати ҳақиқии худованди мутаъол аст. Бигзор то ин ғӯлеро, ки синаи модари худро мешикофад, аз миён бибаред, касоне ки бо ин ғӯл мубориза мекунанд, хидматгузори башарият ҳастанд. Хурофот монанди афъие ба даври мазҳаб печидааст, мо бояд сари ин афъиро бикӯбем, бе он ки садамае ба мазҳаб бирасонем».

  Ин тамиз ва ташхиси хурофот аз мазҳаб дар назари Волтер як амри асосӣ аст. Ӯ рӯҳи «хутбаи ҷабал»-ро ба хушҳолӣ истиқбол мекунад ва ҳатто Исоро ба сифоте ёд мекунад, ки дар мунқабатномаҳои қадисон низ камтар шудааст. Ӯ Исоро аз зумраи ҳукамо мешуморад ва аз ҷиноёте, ки ба номи ӯ муртакиб мешаванд, сахт мутаассир ва дилгир аст. Билохира барои худ калисое бо ҷумлаи эҳдоияи «Волтер барои худо сохт» бино мекунад. Ба ақидаи ӯ ин танҳо калисое буд, ки дар Урупо ба номи худо (на ба номи қадисон) бино шуда буд. Ӯ бо дуои олимазмуне худоро мехонд. Дар моддаи муваҳҳид ақидаи худро ба таври ниҳоӣ ва бо вузуҳи тамом чунин баён мекунад: «Муваҳҳид касе аст, ки имони маҳкаме ба ҳастии мавҷуди мофавқи мавҷудот, ки ҳам қодир ва ҳам хайри маҳз ва ҳам пайдооварандаи ҳамаи ашёст, дорад. Ин мавҷуди мофавқ ҳамаи бадиҳоро кайфар медиҳад, бидуни он, ки ситаме раво дорад ва ҳамаи некиҳо ва фазоилро подош медиҳад. Муваҳҳид бо ин ақидаи хеш бо ҳамаи ҷаҳон мутаҳҳид аст, вале ҷузви ҳеҷ як аз адёне, ки мухолифи ҳам ҳастанд, нест. Дини ӯ қадимитарин ва васеътарини адён аст, зеро ибодати содда ба худо бар тамоми мазоҳиб ва адёни олам муқаддам аст. ӯ бо забони сухан мегӯяд, ки тамоми мардуми ҷаҳон онро мефаҳманд, дар сурате, ки худ забони ҳамдигарро намефаҳманд. Ӯ аз Пекин то Гуён бародарони зиёде дорад ва тамоми уқало ва хирадмандон дӯстони ӯ ҳастанд. Ақидаи ӯ ин аст, ки мазҳаб аз ақоид ва орои номафҳуми фалсафӣ ва тазоҳуроти пуч дур аст, балки мазҳаб ибодати худо ва дасткорӣ аст. Ибодати ӯ некӣ ба халқ аст ва имони ӯ таслим ба худост. Мусалмон ба ӯ фарёд мезанад: «Вой бар ту, агар ба зиёрати Макка наравӣ». Кашиш ба ӯ мегӯяд: «Лаънат ба ту бод, агар ба калисои Нутродон де лурт мушарраф нашавӣ», вале аз ҳама фориғ ва озод аст ва ба ҳама механдад, кори ӯ кӯмак ба мустамандон ва ҳимоят аз ситамдидагон аст».

 Волтер ва Руссо

   Волтер чунон дар ҷанг бар зидди султаи калисо фурӯ рафта буд, ки дар даҳ соли охири  зиндагии худ маҷбур шуд, тақрибан аз мубориза бар зидди фасод ва мазолими сиёсӣ даст бикашад. «Сиёсат пешаи ман нест, ман ҳамеша худро ба ин маҳдуд кардам, ки тамоми масоили худро ба кор барам, то ҳумқи мардум  камтар ва шарофату дурусткориашон бештар шавад». Ӯ медонист, ки фалсафаи сиёсӣ чи қадар мумкин аст ғомиз ва печида гардад ва ҳарчи пеш мерафт, имон ва яқини худро аз даст медод. «Ман аз мардуме, ки аз гӯшаи ҳуҷраҳои худ таклифи ҳукуматҳои ҷаҳонро таъин мекунанд, хаста шудаам»(92), «қонунгузороне, ки бар рӯи авроқи чанд ғозие бар ҷаҳон ҳукумат мекунанд, аз идораи зану фарзанд ва аҳли хонаи худ нотавонанд, вале аз вазъи қонунҳо бар мардуми ҷаҳон сахт лаззат мебаранд»(93). Мумкин нест, ки ин мавзӯотро таҳти усули куллӣ ва содда даровард ва мардуми дунёро ба ду даста тақсим кард, ки дастаи нахуст худ қонунгузорону нависандагони фалсафаи сиёсӣ ва дастаи дигар мардуми соддаи аблаҳ бошанд. «Ҳақиқат номи ҳизби муайяне нест» ва ба Венорк чунин менависад: «Вазифаи мардуме мисли шумо ин аст, ки аз имтиёзот бархурдор бошед, на он ки умуреро ба худ мунҳасир кунед» (94).

  Чун тавонгар буд, ба муҳофизакорӣ тамоюл дошт. Чунонки фуқаро ба ҳамон далел толиби тағйир ва инқилоб ҳастанд. Ба ақидаи ӯ тавсиаи моликият давои ҳар дард даст. Тамлик шахсият меоварад ва ғурури шахсро боло мебарад. «Рӯҳи моликият қудрати шахсро музоиф мекунад. Мусаллам аст, ки ҳар касе мулки худро беҳтар зироат мекунад, то мулки дигаронро. Ӯ аз тарафдории ашколи гуногуни ҳукуматҳо сар боз мезанад. Назаран ҳавохори ҷумҳурият аст, вале аз айбу нақоиси он низ огоҳ аст. Ҷумҳурият иншиоби мардумро ба дастаҳои мухталиф иҷоза медиҳад. Ин амр агар ҳам ба ҷанги дохилӣ мунтаҳим нашавад, ваҳдати миллиро аз миён мебарад. Ҷумҳурият шоистаи давлатҳои кӯчаке аст, ки аз вазъи ҷуғрофиёии хосе бархурдоранд ва сарват муҷиби табоҳӣ ва тафриқаи онҳо нашудааст. Ба таври куллӣ камтар иттифоқ мегардад, ки мардум битавонанд ба худ ҳукумат кунанд». Ба илова, ин ҷумҳуриҳо муваққатӣ ҳастанд ва шакли ибтидоии иҷтимоъ мебошанд, ки аз иттиҳоди хонаводаҳо ташкил мешаванд. Бумиёни амрикоӣ ҷумҳуриҳои қабилаӣ доранд ва Африқо низ аз чунин ҷумҳуриҳо пур аст, вале ҳар чи дастгоҳи иқтисодӣ тавсиа ёбад, умри ин ҷумҳуриҳои мусовотӣ низ рӯ ба завол мениҳад ва тавсиаи дастгоҳҳои иқтисодӣ натиҷаи ғайриқобили иҷтиноби такомул аст. Аз худ мепурсад: «Ҷумҳурӣ беҳтар аст, ё ҳукумати мутлақа?» Баъд худ ҷавоб медиҳад:  «Чор ҳазор сол аст, ки дар бораи ин масъала доду қол мешавад. Агар аз тавонгарон бипурсӣ, ҷавоб хоҳанд дод, ки ҳукумати ашрофӣ беҳтар аз ҳама аст  ва агар аз тӯдаи мардум бипурсӣ, ҷумҳуриятро тарҷеҳ хоҳанд дод ва фақат салотин толиби ҳукумати мутлақа ҳастанд. Ҳоло чи тавр шудааст, ки тақрибан тамоми мардуми замин итоати салотинро гардан ниҳодаанд. Ин суолро бояд аз мушҳое кард, ки дар бораи бастани зангӯла ба гардани гурба ба ҳам гуфтугӯ мекарданд»(96). Вале дар ҷавоби касе, ки дар номаи худ истидлол мекард, ки ҳукмати мутлақа беҳтарини ҳукуматҳост, чунин менависад: «Сухани шумо вақте саҳеҳ аст, ки Моркус Орлиус салтанат кунад, дар ғайри ин сурат барои як марди бечораи тиҳидаст чи фарқ мекунад, ки як шер ӯро бибалъад, ё садҳо муш андоми ӯро биҷаванд» (97).

  Ҳамчунин монанди як марди ҷаҳонгард ба масъалаи миллият низ беэътиност. Ба сахтӣ метавон ӯро ватанпараст ба маънии ҳақиқии калима номид. Ба ақидаи ӯ маънии ватанпарастӣ ин аст, ки шахс ба ҷуз мамлакат ва ватани худ мамолики дигарро душман бидорад. Агар шахсе толиби пешрафту саодати мамлакати хеш аст, вале на ба қимати бадбахтии мамолики дигар, ҳам як ватандӯсти хирадманд аст ва ҳам тамоми ҷаҳон ватани ӯст (98). Монанди як урупоии хуб ҳам аз адабиёти англис тамҷид мекунад ва ҳам подшоҳи Прусияро меситояд. Дар сурате, ки дар ҳамон вақт Фаронса дар Инглистон ва Пруссия дар ҷанг буд. Ба ақидаи ӯ то он гоҳ ки миллатҳо дар ҷанг бо ҳам дар ситезанд, тарҷеҳи яке ба дигаре маънӣ надорад. Ӯ аз ҷанг бештар аз ҳама чиз нафрат дошт. «Ҷанг бузургтарин ҷиноят аст, вале ҳар муҳоҷиме барои тавҷеҳи ҳамлаи худ баҳонаи маъқул ва зоҳирфиребе метарошад» (99). Қатаған аст, зеро қотилро ба муҷозот мерасонанд. Магар он ки бо садои шайпур ва табл иддаи касиреро бикушанд. (100) Дар «Қомуси фалсафӣ» зайли калимаи инсон як фикри куллие, ки дар бораи инсон изҳор мекунад, ки ваҳшатовар аст: 20 сол лозим аст, то инсон аз марҳилаи наботӣ ва ҳайвонӣ (раҳми модару даврони кудакӣ ва ҷавонӣ) бигзарад ва синни ақлу булуғ бирасад ва худро ҳис кунад. Се қарни дигар лозим аст то инсон каме аз сохтмони худ хабардор шавад. Як даврони бепоёни абадӣ лозим аст, то инсон битавонад тамоми масоили марбут ба рӯҳи худро дарёбад, вале барои куштани ӯ фақат як он кофӣ аст».

  Оё ӯ инқилобро ба унвони даво ва дармони дардҳои иҷтимоъӣ қабул дорад? На, зеро ӯ бештар аз ҳама аз мардум мутанаффир аст: «Вақте тӯдаи мардум шурӯъ ба истидлол кунад, ҳама чиз аз миён меравад»(101). Аксарияти азимаи мардум саргарми кори худ ҳастанд ва ба ҳақиқат сару кор надоранд, магар он гоҳ ки ҳақиқат бадал ба як иштибоҳ шавад. Таърихи фикри мардум иборат аст аз гузоштани афсонае ба ҷои афсонаи дигар. «Агар як шабаҳ ва хатои қадимӣ дар миёни мардум собит ва мустақар шавад, сиёсат аз он ба унвони як даҳанае, ки бар даҳанаи мардум мегузорад, истифода мекунад, то он ки хато ва хурофаи дигаре биёяд  ва ҷои онро бигирад. Дар ин ҷо низ сиёсат аз он ҳамон истифодаро хоҳад кард, ки аз аввалӣ мекард» (102). Адами мусовот  дар ҳар иҷтимоъе зарурӣ аст ва то он ҷо ки мардум мардум ҳастанд ва зиндагӣ мубориза ва танозуъ аст, решакан сохтани ин нобаробарӣ хеле мушкил аст. «Онҳое, ки мегӯянд, ки мардум бо ҳам баробаранд, агар мақсудашон ин аст, ки дар ҳақ ва озодиву тасарруфи амволи худ ва дар ҳимояти қавонин бо ҳам баробаранд, болотарин ҳақиқатро гуфтаанд» вале «баробарӣ ҳам табиитарин ва ҳам хиёлитарини чизҳои олам аст, табиитарини чизҳо аст, агар маҳдуд ба баробарӣ дар  ҳуқуқ бошад ва ғайритабиитарину хиёлитарини чизҳост, агар мақсуд аз он баробарӣ дар амвол ва қудрат бошад»(103). «Мардуми як мамлакат наметавонанд, ҳама дар қудрат мусовӣ бошанд, аммо  метавонанд, ҳама мисли ҳам озод бошанд. Ва ин ҳамон аст, ки ингилисҳо доранд… Маънии озодӣ он аст, ки касе аз чизе пайравӣ накунад магар аз қавонин»(104). 

  Назари озодихоҳонаи Витургу, Кундарусу ва Миробу ва тамоми дигари тарафдорони Волтер низ ҳамин буд. Онҳо мехостанд бидуни хунрезӣ инқилоб кунанд. Вале инқилоби ором ва сулҳҷӯёна мардуми ситамдидаро қонеъ намекард, зеро онҳо илова бар озодӣ  баробариро ҳам мехостанд ва ҳатто толиби баробарие буданд, ки ба қимати озодӣ тамом шавад. Руссо садои оммаи мардум буд, ки аз ихтилофоти табақотӣ, ки ҳама ҷо медид, сахт норозӣ буд ва мехост ҳама ҷо баробарӣ барқарор шавад. Ҳангоме, ки инқилоб ба дасти пайравони Руссо  аз қабили Рубсипир ва Моро афтод, баробарӣ барқарор гашт ва озодӣ хафа шуд.

  Волтер ба «мадинаи фозила»-е, ки сохтаи хиёлии уламои қонун ва сиёсат аст, бадгумон буд. Иҷтимоъ бо гузашти замон пешрафт мекунад ва бо истидлолу қиёсу мантиқ сару кор надорад. Агар гузаштаро аз дар берун кунӣ аз панҷара дохил мешавад. Масъала ин аст, ки чи гуна метавонем фақру бечорагӣ ва беадолатиҳои муҳитиро, ки дар он зиндагӣ мекунем, камтар созем (105). Дар «Ситоиши таърихи ақл» духтари ақл аз ҷулуси Луи 16 изҳори шодмонӣ мекунад ва аз ӯ интизори ислоҳоти бузург дорад. Ақл ба ӯ мегӯяд: «Духтари ман, ту медонӣ, ки ман аз ин чизҳо бисёр хушам меояд ва балки бештар аз ту хушҳол мешавам, аммо ҳамаи ин умур ниёзманди замон ва андеша аст. Ман ҳамеша аз ин ки дар миёни норизоятиҳо ва нодурустиҳо баъзе истилоҳотро, ки аз муддатҳо мунтазири он будам, мебинам, масрур мегардам». Бо ин ҳама вақте ки Туругу ба вазорат расид, изҳори шодмонӣ кард ва навишт: «Мо акнун дар даврае хоҳем буд, ки то гулӯ дар тилло ғарқа хоҳем шуд» (106). Билохира ислоҳоте, ки муддатҳо вай таблиғ мекард, амалӣ шуд. Ҳайати мунсифа ташкил гардид, фуқаро аз ҳар гуна молиёт маъоф гаштанд ва ғайра. Оё ин ӯ ин номаи машҳурро нанавиштааст?

  Ба ҳар чӣ нигоҳ мекунам, молия ва тухми инқилобро мепароканам.  Ин инқилоб рӯзе ба тавре ғайри қобили иҷтиноб хоҳад расид. Вале ман саодати дарки онро нахоҳам ёфт. Фаронсавиҳо ҳамвора дертар ба мақсуд мерасанд, вале билохира мерасанд. Рӯшноӣ чунон наздиктар мегардад, ки билохира дар нахустин фурсат нури хиракунандае зоҳир хоҳад шуд ва изтироби беназире ба вуҷуд хоҳад омад. Ҷавононе, ки ин гуна умури бадеъро   хоҳанд дид, хушбахт хоҳанд буд (107).

  Вай аз он чи дар давру бари ӯ иттифоқ меафтод, дуруст хабар надошт ва ҳатто як он ҳам ба фикраш хутур намекард, ки зуҳури ин нури хиракунанда муҷиб хоҳад шуд, ки тамоми Фаронса бо камоли ҳарорату ҳаяҷон ақоиди ин Жон Жок Руссои аҷибро бипазиранд, яъне касе, ки аз Женев ва Порис дунёро ба навиштаҳои инқилобӣ ва эҳсосотии худ меларзонд. Он ҷо, ки Нича аз «дониши хушу хуррам, сабукпо, нуктасанҷ, оташ, лутф, мантиқи қавӣ», ҳуши мағрур ва рақси ситорагон сухан меронад, бешак мақсудаш Волтер аст. Ҳоло Руссоро бо Волтер муқоиса кунем, вай ҳарорат ва тахайюл аст. Марде аст, ки орзуҳо ва хиёлоти наҷиби хушк дорад. Мавриди парастиши занони мутавасситулҳол аст ва монанди Паскал мегӯяд, ки: «Дилро далеле аст, ки сарро аз он хабаре нест».

  Дар ин ду мард низоъи куҳнаи ҳушу ғариза дубора дида мешавад. Волтер ҳамвора ба ақл имон дорад: «Мо наметавонем мардумро бо гуфтору қалам рӯшантару беҳтар созем»(108). Имони Русо ба ақл заиф аст. Ӯ толиби амал аст ва хатароти инқилоб вайро наметарсонанд. Ӯ мехост ба кӯмаки эҳсосоти бародарӣ аносири иҷтимоиро, ки дар натиҷаи изтиробот аз ҳам пошидааст, муттаҳид созад ва бунёни одати куҳанро барандозад.. Вақте ки гуфтор дар бораи асли адами мусовотро барои Волтер фиристод, ки дар он бар зидди тамаддуну илму адабиёт сухан гуфта ва баргашт ба вазъи ҳайвоноту қабилаҳои ваҳширо тавсия карда буд, Волтер чунин ҷавоб дод: «Оқои ман, китоби шуморо, ки бар зидди навъи башар навишта будед, дарёфт кардам. Аз ин боб муташаккирам. Ҳиҷ кас мисли шумо ин ҳама ҳушу нуктасанҷӣ барои чорпо сохтани инсон ба кор набурдааст. Бо хондани китоби шумо шахси дӯстдор бояд чаҳорпо роҳ биравад, вале чун ман 60 сол аст, ки одат ба ду по рафтан кардам, мутаассифона, барои ман чаҳорпо рафтан имкон надорад»(109). Аз ин ки диди ишқи Руссо ба таваҳҳуш дар китоби    «Қарордоди иҷтимоӣ» низ дунбол шудааст, дилгир ва андӯҳнок гардида ба Мисюбурд чунин навишт: «Оқои ман, шумо мебинед, ки шабоҳати Руссо ба як файласуф мисли шабоҳати маймун ба инсон аст» (110). Руссо сагест, ки ҳор шудааст. Бо ин ҳама мақоми Суисро ба иллати сӯзонидани китобҳои Руссо мавриди ҳамла қарор дод ва бар асари маъруфи худ, вафодор монд, ки гуфта буд: «ман як калима аз он чи ту мегӯӣ қабул надорам, вале то дами марг барои ин ки ту ҳаққи ин ки гуфтани суханони худро дошта бошӣ, мубориза хоҳам кард»(112). Ҳангоме, ки Руссо аз дасти садҳо душмани худ фирор мекард, Волтер даъвати дӯстонае ба ӯ навишт, ки пеши ӯ биравад ва дар Лу Делис иқомат гузинад. Дар ин сурат чӣ мунтазири  аҷибе ба вуҷуд меомад. Волтер мунтақид буд, ки ин ҳама бадгӯӣ аз тамаддун бачагона ва бемаъно аст ва вазъи инсон дар тамаддун беандоза беҳтар аз вазъи ӯ дар ҳоли таваҳҳуш аст.  Руссо мегуфт, ки инсон як ҳайвони шикорӣ аст ва ҷомеаи мутамаддин ин ҳайвонро дар банд нигоҳ дошта ва хушунати ӯро ислоҳ кардааст ва ташкилоти иҷтимоӣ имкони пешрафту тааққул ва лазоизи маънавиро дар дастраси ӯ гузоштааст. Ӯ қабул дошт, ки умур ба наҳви худ ҷараён надоранд,  «ҳукумате, ки ба як тавқа(шояд табақа)» аз иҷтимоъ иҷозат медиҳад, ки бигӯяд онҳо, ки кор мекунанд, бояд молиёт бипардозанд ва мо чун кор намекунем, молиёт намедиҳем, беҳтар аз ҳукумати Ҳутантутҳо - сиёҳони ҷанубу ғарби Африқои Ҷанубӣ нест»… Дар китоби «Дунё ба он сон, ки мегузарад» Волтер шарҳ медиҳад, ки чӣ гуна яке аз фариштагон Бобукро ба шаҳри Персулис мефиристад, то гузориш диҳад, ки оё ин шаҳр бояд хароб шавад ё на. Бобук меравад аз як фасоду маъоибе, ки мебинад, мутаваҳҳиш мешавад, вале пас аз муддате таҳқиқ мебинад, ки «дар шаҳр мардуми муаддаб ва некӯкору меҳрубон зиндагӣ мекунанд, агарчи лоф зананд». Ӯ аз хароб шудани шаҳр бештар мутаваҳҳиш мегардад ва аз таҳияи гузориш низ бимнок мешавад. Яке аз беҳтарин рехтагарони шаҳрро интихоб мекунад, то муҷассамаи кӯчаке аз таркиби хоку сангу фулузоти мухталиф (гаронбаҳотарин ва беқиматтарини инҳо) бисозад. Пас аз итмом онро пеши Фаришта бурд ва гуфт: «Оё ин муҷассамаи қашангро барои он ки ҳамаи он аз тилло ва алмос сохта нашудааст, мешиканӣ?» Фаришта мутаваҷҷеҳи матлаб шуд ва дигар ба фикри вайронии Персулис наафтод ва дунёро бад-он сон ки мегузарад, ба ҳоли худ гузорид. Билохира, агар касе, ки бихоҳад, бидуни тағйири табоеъ мардуми муассисот ва ташкилотро тағйир диҳад, табоеъ тағйир наёфта дубора ин муассисотро ба ҳоли худ бархоҳад гардонд.

  Дар ин ҷо дурӯии қадимӣ зоҳир мешавад, мардум муассисот ва ташкилотро ба вуҷуд меоваранд ва муассисоту ташкилот мардумро. Ки метавонад ин дуро бишканад? Волтер ва озодихоҳон мегӯянд, ки ақл аз роҳи тарбият ба тадриҷ ва ба оромӣ метавонад мардумро тағйир диҳад. Руссо ва тундравон мегӯянд; шикастани ин давр мумкин нест, магар он ки ғароизу аъмоли  тунд ва шадид биноҳои куҳнаро аз миён бардоранд ва ба раҳнамоии дилу эҳсос биноҳои наве бисозанд, ки дар он озодиву баробарӣ ва бародарӣ ҳукумат кунад. Шояд ҳақиқат болотар аз ин ду урдуи мухолиф қарор дошта бошад. Бояд ба кӯмаки ғариза биноҳои куҳнаро аз бун барандохт, вале фақат ба кӯмаки ақл биноҳои навро барандошт. Дар ҳақиқат тундравии Руссо тухми иртиҷоъ ва аксуламалро дар худ мепарваронд, зеро ғариза ва эҳсоси беандоза ба замони гузашта, ки онҳоро эҷод кардааст вафодоранд ва осори он дар онҳо монанди нақш бар ҳаҷар аст… Пас аз Руссо мебоист Шотубориён ва Дустол ва Думестер ва Конт биёянд.

 Поён

  Дар ин миён ин «ҳакими хандон»-и  пир боғи худро дар Фарна мекошт ва мегуфт: « Ин беҳтарин чизе аст, ки мо метавонем дар ин дунё бикунем».  Ӯ мехост умри дарозе бикунад: «Тарси ман ин аст, ки натавонам хидмате анҷом диҳам» (113).  Вале дар ҳақиқат, ӯ саҳми худро анҷом дода буд. Гувоҳони ҷавонмардии ӯ беандоза  зиёд буданд. «Ҳар кас аз дур ва наздик хоҳони миёнҷигарӣ  ва васотати ӯ буд. Мардум аз ӯ машварат мехостанд ва масоибу гуфторҳои худро ба вай мегуфтанд ва аз қаламу моли ӯ истиъонат меҷустанд» (114)…  Зан ва шавҳари ҷавоне аз ӯ чизе дуздида буданд, барои талаби авф ба пояш афтоданд. Вай хам шуд ва онҳоро баланд кард ва мавриди авф қарор дод ва гуфт: фақат бояд дар баробари Худо ба хок афтод ва зону зад(115).  Аз корҳои хуби ӯ яке ин буд, ки духтархоҳари Курниро, ки сахт дармонда ва бечора шуда буд, тарбият кард ва ҳангоми издивоҷ ҷиҳози ӯро таъмин намуд. Мегуфт: «Беҳтарин кори ман ҳамин некӯкориҳои кӯчак аст… Агар ба ман ҳамла кунанд, монанди шайтоне аз худ дифо мекунам. Таслими касе намешавам, вале дар охир шайтони хубе ҳастам ва бо ханда корро хотима медиҳам». (116)

  Дар соли 1770 дӯстони ӯ саҳҳоме барои барпо сохтани муҷассамаи нимтанаи вай тартиб доданд. Тавонгарон намебоист бештар аз як риёл бидиҳанд, зеро ҳазорҳо нафар толиби ширкат дар ин ифтихор буданд. Фридирик тақозо кард, чӣ қадар бояд бидиҳад? Дар ҷавоб гуфтанд: «Алоҳазрато, фақат се марк ба номи худатон». Волтер аз Фридирик ташаккур кард, ки илова бар тарвиҷи улуми дигар барои тарвиҷи илми ташреҳ низ иқдом мекунад, зеро мехоҳад дар барпо сохтани муҷассамаи як сикилет ширкат кунад. Волтер асосан ба ин иқдом эътироз кард, ба далели он ки чеҳраи вай қобили қолабгирӣ нест. «Шумо ба сахтӣ метавонед, ҳадс бизанед, ки ин муҷассама чӣ гуна хоҳад шуд. Чашмони ман се банди ангушт фурӯ рафтааст, гунаҳои ман шабеҳи пусти оҳӯи куҳна аст... Чанд дандоне, ки боқӣ монда буд, аз миён рафтааст». Де Ломбер чунин посух дод: «Симои нобиға чунон аст, ки бародараш нобиға ба суҳулат метавонад онро бишносад». (117) Вақте ки саги маҳбуби ӯ Балабун ӯро мелесид, мегуфт: «Зиндагӣ маргро мелесад». 

  Дар ҳаштоду се солагӣ майли шадиде пайдо кард, ки пеш аз марг Порис бубинад. Атбиё ба вай насиҳат карданд, ки ин сафари пурранҷро тарк гӯяд, вале ӯ дар посух гуфт: «Агар  ман бихоҳам кори ҷунуномезе анҷом диҳам, ҳеҷ чиз наметавонад монеъи он шавад». Ӯ чандон умр карда ва чандон кор анҷом дода буд, ки шояд фикр мекард, ҳақ дорад ба майли худ дар он Пориси пурҳаяҷон, ки ин ҳама аз он дур монда буд, бимирад. Бад-ин тартиб ба роҳ афтод  ва бо ранҷу хастагӣ фарсах ба фарсах тай мекард ва ҳангоме, ки ба пойтахт расид, устухонҳои ӯ ба заҳмат рӯи ҳам банд мешуд. Фавран пеши рафиқи айёми ҷавонии худ Оржонтол рафт ва гуфт: «Намурдам, то биёяму туро бубинам». Рӯзи дигар утоқи ӯ аз сесад нафар, ки барои дидани ӯ рафта буданд, мамлӯ шуд. Монанди як шоҳ аз ӯ истиқбол карданд, Луи шонздаҳум аз ҳасад мемурд. Дар миёни зиёраткунандагон Бинҷомин Фронклин дида мешуд, ки писарбузурги худро пеши Волтер оварда буд, то дар ҳаққи ӯ дуои хайре бикунад. Пирамард даст бар сари ҷавон бикашид ва дархост кард, ки худро вақфи «Худо ва озодӣ» бикунад.

  Чунон нохуш буд, вақте кашишеро барои ӯ оварданд. Волтер пурсид: «Кӣ туро фиристода аст?»  Кашиш дар ҷавоб гуфт: «Худо худаш фиристодааст.» Волтер гуфт: «Ку эътиборномаат?» (118) Кашиш бидуни ахзи ғанимат баргашт. Баъд Волтер дунболи кашиши дигаре ба номи Гутия фиристод. Гутия омад ва гуфт то сариҳан Волтер чизе доир ба котолик будани худ нанависад ва онро имзо накунад, аз амали эътироф ва бахшиш худдорӣ хоҳад кард. Волтер барошуфт ва ҷои он эъломияе навишт ва ба муншии худ Вогнер таслим кард: «Ман дар ҳоле мемирам, ки Худоро мепарастам, дӯстони худро дӯст медорам ва ба душманони худ кинае надорам. Ва аз хурофот безору мутанаффирам. Имзо. Волтер. 28-феврали 1778» (119) 

  Бо он ки нохуш ва афтону ларзон буд, ӯро ба Академия бурданд. Ҷамъияти касире бо ҳаяҷони тамом дар шукӯҳ ӯро дар миён гирифта буданд ва нимтанаи гаронбаҳои ӯро, ки Котрин маликаи Руссия фиристода буд, барои ёдбуд мебурданд ва мебурданд. «Ин яке аз ҳаводиси ин қарн буд, ҳеҷ сардори бузурге, ки  дар ҷангҳои пурхатар ширкат карда, бузургтарин пирӯзиву ифтихорро ба даст оварда буд, ба ин шукӯҳу ҷалол истиқбол нашуда буд» (120). Дар Академия пешниҳод кард, ки дар китоби Фарҳанги фаронсавӣ ислоҳоте ба амал ояд ва бо шӯру ҳаяҷон  монанди шӯри ҷавонӣ пешниҳод кард, ки худи ӯ ҳарфи А-ро ба уҳда бигирад. Дар охири ҷаласа гуфт: «Оқоён, ман аз Шумо бо номи алифбо ташаккур мекунам». Раиси ҷаласа Шотлу дар ҷавоб гуфт: «Мо аз Шумо бо номи ҳуруф ташаккур мекунем».

  Дар ин ҳангом намоишномаи ӯ бо номи «Ирн» дар саҳнаи теотр намоиш дода шуд. Боз бо вуҷуди эътирози пизишкон тасмим гирифт, ки ба теотр биравад. Намоишнома мутавассит буд, вале тааҷҷуби мардум аз ин набуд, ки марде ҳаштоду ду сола намоишномаи мутавассит менависад, балки аз ин буд, ки аслан метавонад намоишнома бинависад. (121) Мардум дар миёни муколамаи бозингарон тазоҳуроти азиме ба ифтихори муаллиф мекарданд. Як хориҷӣ, ки дар теотр буд, пиндошт, ки ба дорулмаҷонин омадааст. Вай пой бар фирор ниҳод. (122)

  Вакте ки ин шайхи пири олами адаб рӯй ба хона ниҳод, тақрибан бо марг рӯ ба рӯ шуда буд. Фаҳмид, ки дигар қувои ӯ ба охир расидааст ва тамоми ин нерӯи шигифтангезро, ки табиат ба ихтиёри ӯ гузошта буд ва шояд пеш аз он ба каси дигар надода буд, масраф кардааст. Ҳамин ки ҳис кард, зиндагӣ аз ӯ мегурезад, ба мубориза пардохт, вале марг ба ҳама кас ҳатто бар Волтер пирӯз мегардад. Марги ӯ бар 3-юми майи 1778 буд.

  Аз дафни ӯ дар қабристони масеҳиёни Порис мамониат карданд. Дӯстони ӯ вайро дар Драшкае шинонданд,  чунон вонамуд карданд, ки намурдааст, вайро ба берун аз шаҳр бурданд. Дар Слир кашишеро диданд, ки медонист, навобиғ аз қавонин мустасно ҳастанд ва иҷоза дод ҷасади ӯ дар макони муқаддас дафн шавад.

  Дар соли 1791 маҷмаъи миллии инқилоби пирӯзманди Фаронса Луи шонздаҳумро маҷбур кард, ки иҷоза диҳад, то ҷасади Волтер ба Понтиун оварда шавад. Бақои ин шуълаи бузург бо ҷалоли азиме, ки сад ҳазор нафар дар он ширкат доштанд ва шашсадҳазор нафари дигар дар кӯчаҳо ва хиёбонҳо нозири он буданд, ба Порис оварда шуд. Бар болои тобути ӯ ин калимотро навишта буданд: «Ӯ зеҳни башарро такон дод ва барои мо озодӣ таҳия дод».  Бар санги қабри ӯ фақт се калима навишта шудааст: ин ҷо Волтер хобидааст. 

Таҳияи И. Шарифзода

 Қисми аввал: http://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/volter-ravshangare-ki-avruporo-digar-kard.html 

                                            Адабиёт

  1. Дуктур Аҳмади Эронӣ. Волтер файласуфи кӯбандаи дин. Лос- Анжелис, 1991. -45 саҳ.
  2. Дюрант Вилям Ҷеймс. Торихи фалсафа. Тарҷумаи Аббоси Зарёб. Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ. Теҳрон,1387. -501 саҳ.
  3. Voltaire A Biography of the man and his Century,j. Orieux, Dubleday and Co., New York, 1979.
  4. Theportable Voltaire, B.R. Redman, viking press, New York1968.
  5. Voltaire A Critikal studi of his major works, v.w. topazio, randon houz, 1967
  6. Voltaire mason, huthinson and co. london, 1975.
  7. – french and english philosophers, c. w. collier and son corp. New York, 1959.
  8. Оlliers encyclopedia. Edited by W. D. Halsey, Macmillan Co. 1984.
  9. –Enciklopedia Britanica. H.H. Benton publisher, 1973-1974.
Хондан 1690 маротиба

Китобҳо