JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 21 Августи 2019 05:49

ЖАН ПОЛ САРТР ва СИМОН де БОВУАР

Муаллиф:

Порае аз китоби Вил Дюрант (1885-1981) файласуфи муосири амрикоӣ бо номи “Тафсирҳои зиндагӣ”.

1.Чаро чунин китобе навиштаам?

  Чаро навориде,  ки ҳаштоду чаҳор (84) сол аз синнаш мегузарад, пас аз ним қарни ғӯтаварӣ дар фалсафа ва таърих, ногоҳ китобе дар бораи адабиёт менависад? Дар ин замина чи салоҳияте дорад? Чи метавонад бигӯяд, ки муддатҳо пеш аз ӯ соҳибназароне, ки зиндагиашонро сарфи мутолиаи адабиёт кардаанд, нагуфта бошанд?

  Бо ҳамаи инҳо, адабиёт нахустин ишқи ман будааст. Дар ҷойе дигар гуфтаам, ки чигуна дар дувоздаҳсолагӣ духтараке ҳамсинну соли худро ки ба ӯ дил бохта будам, дар ҳоли  хондани китоби “Ёддоштҳои Пиквик” дидам. Китобро аз ӯ ба амонат гирифтам ва он гоҳ бо носипосӣ, дилбастагии хешро миёни духтарак ва Дикенс тақсим кардам. Сипас бо чаҳордаҳ сент пасандоз Девид Коперфилдро харидам. Тамоми ҳаштсад саҳифаи онро калима ба калима хондам ва муддатҳо дар радифи “Китоби муқаддас” ва “Тақлиди Масеҳ” қарораш додам. Ва адабиёт камобеш барои ман навъе ваҳй ва паёми осмонӣ, навъе бозофаринии мӯъҷизаосои ҷаҳон ва зиндагӣ шуд.

  Ҳамсарам Ариэл ба муддати шасту шаш сол дафтарчаи ёддошти пора-пораи 248 саҳифаии маро ки таърихи 30 ноябри 1904 бар он навишта шудааст, нигаҳдорӣ кард. Дафтарчае ки он солҳо бо хате хоно навиштаам, шомили нуктаҳои зер аст:

  1-“Сиёҳаи (феҳристи сиёҳмашқи) адабиёти ҷаҳон ба тартиби таърихӣ” бо як ҳазор мадхал (мавзӯъ); -Сиёҳаи нависандагони англисӣ бо 79 мадхал; 3-“Сиёҳаи нависандагони амрикоӣ” бо 180 мадхал. Зоҳиран қасд доштаам осори ҳамаи ин пешқадамонро бихонам, сипас ба ҳангоми муқтазо-дар миёни ҷовидонагон қалами ононро ба якдигар бипайвандам. Саҳифаи 139 дафтарча азме росихро (кӯшиши ҷиддиеро) баён медорад: “бояд саранҷом рӯзе, пас аз мутолиаи комили мавзӯъ ва омӯхтани “ҳунари сабку (услубу) нақд,” ба нигориши як ришта зиндагии адабӣ даст бизанам...Дар ҷилди нахуст ба адабиёти Осиё, дар ҷилди дувум ба адабиёти Юнон, дар ҷилди севум ба адабиёти Рум” ва ҳамин тавр то бисту панҷ ҷилд. Муддати мадиде (дарозе) пас аз он ки ин азм, каму беш ба дасти фаромушӣ супурда шуд, ноогоҳона ба анҷомаш расондаам: гарчи дар миқёсе кӯчактар ва ба ёрии Ариэл, чаро ки дар даҳ ҷилд “Таърихи тамаддун” ба ҷуз матолиби дигар, таърихи адабиёти ҷаҳон аз 500 сол пеш аз мелод то 1789 мелодиро дар бар мегирад.

  Дар нуздаҳсолагӣ китобе навиштам ба номи “Таърихи адабиёти англисӣ”. Нусхаи мошиншудаашро барои як ширкати интишоротии католикӣ дар Ню-Йорк фиристодам, ки онро асаре ношиёна (шогирдона) ташхис доданд ва напазируфтанд. Соли баъд (1905) ғарқ дар мутолиаи китобҳои “Маншаи анвоъ ва асли инсон” асари Дарвин; “Таърихи офариниш” асари Ҳакел (1834-1919) ва “Усули нахустин низоми таркибии фалсафа” асари Спенсер, (1820-1903) имони худро аз даст додам ва фалсафаро интихоб кардам. Он замон ҳамагӣ 20 сол доштам.

  Ин ишқи нав бист сол тул кашид то саранҷом  ба таълифи “Таърихи фалсафа” (1926) анҷомид. Чизе нагузашт ки аз фалсафаи муосир, ба манзалаи чизе мубҳам (ношинохта) ва сароб, ва аз мантиқ ва шинохтшиносӣ  рӯйгардон шудам ва ба умеди ин ки дар таърих-на дар осори файласуфон-ба моҳияти инсон ва давлатҳо пай хоҳам бурд, бадон рӯй овардам. Ин дилбастагии сеюм пойдор монд, чаро ки бо дилбастагии ҳамсарам ҳамхонӣ (ҳамоҳангӣ) дошт: Ӯ низ шефтаи таърих буд. Аммо дар баробари чиҳил соли ғӯтаварӣ дар фалсафа ва таърих, товони сангине пардохтем, яъне: тамос (ва робитаи) худро бо ҳунар ва андешаи замони хеш аз даст додем. Бо шармсорӣ дарёфтем, ки тақрибан ҳеҷ чиз дар бораи Вилям Факнери амрикоӣ (1897-1962), Ҷемс Ҷоес (1882-1941) ирландӣ, Марсел Пруст (1871-1922) нависандаи фаронсавӣ, Андре Жид (1869-1951) нависандаи фаронсавӣ, Томас Манн-нависандаи олмонӣ ва...намедонем. Пас, тасмим гирифтем дигар бор ба шогирдӣ бипардозем ва дар маҳзари (ҳузури) романнависон, шоирон ва файласуфони муосир чизҳои тозае биомӯзем.

  Калимаи “файласуфон”-ро ба маънои ҳирфаияш ва ихтисосияш ба кор намебарам. Балки манзурам (мақсадам) ҳамаи касонест, ки дар мафҳум ва имконоти зиндагӣ, мусирона (бо исрор) ҷустуҷӯ кардаанд, ё кӯшидаанд, то дар чашмандози равшанандешӣ ва ҳуши башарӣ зиндагӣ кунанд. Ҳангоме ки дарёфтам, бисёре аз нависандагони бузург, худ файласуфоне тамомиёранд (асиланд)-магар дар истилоҳоти хос ва усулу қавоиди фарҳангистонӣ-ба ҳеҷ ваҷҳ шигифтзада нашудам. Кашф кардам ки ҳангоми мутолиа  дар бораи чунин мардоне ҳамчун мутолиаи таърих ба ҳеҷ ваҷҳ аз фалсафа барканор набудаам ва инак, он чи маро ба сӯи эшон ҷалб мекунад-варои (он сӯйи) гуногунӣ ва маҳоратҳои ҳунармандонаи адабӣ ва шакли осорашон-иттифоқи назари онон дар ин нукта аст: “АКНУН КИ ДИГАР ХУДОЁН НЕСТАНД, ЗИНДАГӢ ЧӢ МАЪНО ВА МАФҲУМЕ ДОРАД ВА КАДОМ ШЕВАИ ЗИСТАН БАРОИ ИНСОНИ ОҚИЛ БЕШТАРИН АРЗИШРО ДОРОСТ?”.

  Бинобар ин, унвони ин китоб бериё ва содиқона аст. Чаро ки дақиқан ҳамон чизеро баён медорад ки мавриди назарам будааст: Ҷустуҷу ва баёни равшани тафсирҳои гуногун, аммо яксара такондиҳандаи зиндагӣ ки дар адабиёти панҷоҳсолаи ахир ба мо арза (пешниҳод) шудааст. Набояд аз ин китоб ҳеҷгуна нақди адабии ихтисосӣ, баҳси ҳирфайӣ дар бораи сабк, вазну қофия, гироишҳо ё мактабҳоро таваққуъ дошт. Ин саҳифаҳо беш аз ҳар чиз эътирофоти як дустдори ҳунар аст ки дар ҳаштодсолаи ахир ба ишқҳои гуногун руй оварда, ки дар натиҷаи он, ҳаргуна салоҳият ва марҷаиятеро (авторитетеро) ки мумкин буд, бо як умр талоши пайгирона ва мутамарказ бадон даст ёбадро аз каф додааст. Аз он бадтар, дар ақоиди ман таассубот ва маҳдудиятҳои зеҳнии бисёре хоҳед дид. Ман бо рӯҳияи фаронсавӣ, аз ибҳом (печидагуйӣ) безорам. Ба хусус ҳангоме ки ҳамчун бархе шеърҳои қарни бистум, зиракона ва муҷиддона ғаразе дар худ пинҳон медорад.

  Пас аз чиҳил соли саргардонӣ дар асрҳои гузашта, дарки шаклҳои ҷадиди баён (ё пинҳонкории он)-ро,-монанди “Харобобод” (The Waste Land) шеъри машҳури Т.С. Элиот-шоири англисӣ (1888-1965), “Шаби азои фингонҳо” (Finnegans Wake), охирин романи Ҷемс Ҷоес-барои худ душвор меёбам-ва ин чанд сабоҳе ки аз умрам боқӣ мондааст-ро дар миёни нависандагоне ки ба амд (қасдан)   аз андешаҳои худ муаммо месозанд-гӯё ки зиндагӣ ба андозаи кофӣ муаммо надорад-бо камҳавсалагӣ қадам бармедорам.

  Ба нуктаи дигаре ҳам бояд ишора кунам. Тақрибан дар тамоми ин мутолиот шахси нависандаро аз ҳамаи шахсиятҳои китобҳояш ҷолибтар ва зиндагии ӯро аз дунёи тахайюлие ки худро дар он боз менамоёнад, ё пинҳон медорад, омузандатар ёфтаам. Ман ин шиори қадимиро дигаргун кардам ва  ба худ гуфтам: “ДАР ҶУСТУҶӮИ ИНСОН БОШ!”. Пас иҷоза диҳед, тибқи одате дерина назари худро дар бораи шахсиятҳои ин нависандагон ва достонҳое, ки мегӯянд, ба равшанӣ баён дорам. Ман тарҷеҳ медиҳам ки Сомерест Моем-ро, бо он ки бисёр бадхулқ ва лаҷуҷ (хирасар) буд, бишносам то Сади Томпсон-шахсияти (зан) аслии достони “Борон” асари Моемро, ки шуху шанг ва иғвогари ӯро. Ва таассуф мехурам, ки натавонистаам Томас Маннро ба ҳамон андоза бишносам, ки ӯ маро бо Ҳанс Касторт, Яъқуб (шахсияти романи Манн “Юсуф ва бародаронаш”) ва Юсуфи худ ошно кард. Гарчи адабиёт ҳам монанди таърих, зиндагӣ кардааст ва ё бо гушту хуни инсон сохта ё навишта шудааст.

  Нигориши ин китоб бо вокуниши шахсии ман нисбат ба адабиёти муосир оғоз шуд, дар ин миён, Ариэл рӯи фаслҳои марбут ба худаш, барои такмили зиндагиномаи  муштаракамон кор мекард. Вақте нахустин мақолаҳои ин китобро дид, эҳсос кард, ки суст ва ноқис аст. Ӯ мутолиаи бештареро дар бораи ҳар нависанда тавсия кард ва онгоҳ дар ин талош ба ман пайваст ва бо ин ки пешниҳод кард, шеваи нигориши аввали шахсро ҳифз кунам, аммо чунон фаъолона дар ин тарҳ мушорикат кард, ки бори дигар бо хушҳолӣ худро нависандаи муштараки асари тозае ёфтем. 

  1. Даврони ҷавонии Жан Пол Сартр

  Сартр парандаи комёбест. Гарчи пару боли шигифтоваре надорад. Аммо қодир ба парвозҳои  ҳаяҷонангез  ва гуногун аст.  Дунё ӯро романнавис шинохт. Он гоҳ файласуф ва сипас намоишноманавис. Ва дасти охир фарде фаъол дар сиёсат. Дунё агар на бартарии  ӯро, вале  аҳамияти вайро дар ин заминаҳо ба ҷуз мавриди охирӣ, пазируфта буд. Душвор битавон ӯро тавсиф кард ё барои кор ва машғалааш ваҳдат ва тадовуме мушаххас қоил шуд, зеро ҳамон тавр ки дар як саҳифа ё ҳатто параграфи романи ба зоҳир ошуфта ва парокандааш ба номи “Таълиқ” (“Роҳҳои озодӣ”) дида мешавад, ки чигуна як шахс ва макон ба шахс ва макони дигаре мепарад ва пайваста мавзеъ ва шахсият иваз мекунад. Дар зиндагии хусусӣ ҳам ҳамин гуна аст. Бар ин вижагиҳо робитаи танготанги ӯро бо барҷастатарин зани фаронсавии замони мо Симон де Бовуар дар ишқ, адабиёт, фалсафа ва сиёсат аз соли 1929 ба ин сӯй биафзойед.

  Зиндагиномаи нотамоми Сартр бо номи “Калимот” [“Слова”  (1944)] тақрибан монанди китоби “Ҳастӣ ва Нестӣ” [Бытие и ничто (1943)] печида ва номафҳум аст. Ривоят бо тахайюл омехтааст. Воқеаҳои сода ба печидатарин шакли мумкин баён шуда. Рӯъёҳои (хаёлоти) шоирона ба иборатҳои такондиҳанда ки аз аъмоқи (ботини) ҷомеа гирифта шуда, чошнӣ хурдааст (чашидааст). “Падарбузургам аз ин ки сархури писаронаш бошад, кайф мекард”. Агарчи забони рӯзмарраи Фаронса аз назари зебоишиносӣ, забони пурқудрате бошад, вале рӯиҳамрафта (бо вуҷди ин ) ва дар маҷмуъ китоби “Калимот” асаре навмедкунанда аст, ки гӯйи дар таътилоти ошуфтаи охири ҳафтае, ки беназмӣ бар он ҳоким буда, навишта шудааст.

  Сартр дар соли 1905 дар Париж зода шуд. Падараш католики фаронсавӣ ва афсари неруи дарёӣ ва модараш протестанти аҳли Элзас буд. Ҳангоме ки падараш мурд (1909), модараш ҳамроҳи ӯ назди волидайни худ рафт. То ҳафт сол омили умдае ки зиндагии ин кӯдакро шакл дод, падарбузургаш (Карл Швейсер-амуй (бародари падар) Алберт Швейсер-мусиқидон, пизишк ва файласуфи аҳли Лумбарена буд. Карл пайрави Лютер ва марде шаккок буд, “ки ҳеҷ фурсатеро барои масхара карани католисизм аз даст намедод”. Лекин модари Жан Пол тибқи аҳд ва мисоқе ки ҳангоми издивоҷ баста буд, исарашро католик бор овард. Жан Пол ки  дар кашокаши ин ду маслаки ситезаҷу гир карда буд, дар дувоздаҳсолагӣ фурсати муносибе ба даст овард, ки бе дарди сар, даст аз ҳар ду бишӯяд ва худашро роҳат кунад. “Аз он ҷо ки ҳам протестант будам ва ҳам католик, вобастагии дугонаам маро аз эътиқод ба муқаддасон, Марями бокира ва билохира” “худи Худо” барӣ (дур) кард. Худо аз осмон лағжид ва нопадид шуд.

  Дигар ҳеҷ гоҳ камтарин ангезае барои бозгардонданаш ба зиндагӣ надоштам”.

  Дар соли 1916 модараш дубора издивоҷ кард ва ӯро ҳамроҳи худ ба Ларошел бурд. Зоҳиран Жан Пол дар он ҷо хушнуд набуд, чун аз бозгашт ба Париж дар соли 1925 шодмон шуда, сипас вориди Донишсарои муқаддамотӣ гардид ва худро барои ҳирфаи (касби) муаллимӣ омода кард.

  1. Даврони ҷавонии Симон де Бовуар

  Ҳасби ҳоли Симон де Бовуар шарҳи муътабар ва дардмандонаи таҳаввули духтаре буржуазӣ, аз парҳезгории католикӣ ба бехудое фориғбол, то ихлоси сотсиалистӣ ва шуҳрате дар мақоми “романнавис-файласуф”, дар ҷаҳони адаб аст. Дар ин китоб ибҳом ва печидагӯиҳои Сартрӣ вуҷуд надорад. “Соати чаҳори субҳ рузи нуҳуми январи 1908 дар утоқе ки мебелмони сафед дошт ва ба булвари Распай мушриф (наздик) буд, ба дунё омадам”. Падарбузурги модараш бонкдор буд ва падараш ҳуқуқдон. Модараш ӯро бо ишқе бешоиба (беолоиш) сероб кард. “Духтари кӯчаке ноздона ва тарафи таваҷҷуҳ ки аз бадоеъи (навгониҳои) бепоёни зиндагӣ шод ва сархуш будам”. Зудранҷ ва бо эҳсоси гуноҳ аз “фақдони эътидол ки ҳаргиз ҳам дар ман ба вуҷуд наёмад”. Одати моҳона муддате оромиши ӯро барҳам зад. Бо духтарон вориди дустии пуршуре гардид. Ба уқдаи (комплекси) Эдип гирифтор шуд. “Рақиби воқеиям модарам буд. Орзу доштам ки равобити самимонатаре бо падарам дошта бошам”. Падарам посухи мавриди назарро намедод.

  Ибтидо масҳури (шефта ва мафтуни) зебоии ойини католик ва достони латифи нақши Марямҳо дар зиндагии Исо буд. “Зону задан дар пойи салиб ва фуру рафтан ба рӯёи (хайёлоти) шоколадҳое, ки дар хона интизорам мекашид,бисёр ширин буд”, “пеши худ муҷассам мекардам , ки Марями Маҷдалия ҳастам ва поҳои Масеҳро бо мойҳоям хушк мекунам”. Ба китоб хондан муштоқ шуд. Ба хондани осори Мопассан (1850-1893), Павел Бурҷа (1852-1935) ва Колет (1873-1954) бонуи нависандаи фаронсавӣ пардохт. Ва баъд маъсумияти (покии) ҷинсӣ ва мазҳабии худро аз даст дод.Дида буд, ки падараш ба достонҳои шифо додан дар шаҳри Лоурд механдад. Аз ин тавзеҳи падараш, ки “бузургтарин муъҷиза дар Лоурд худи Лоурд аст”, дар ҳайрат буд. Ногаҳон як рӯз дар чаҳордаҳсолагӣ ба худ гуфт: “Ман дигар ба Худо эътиқоде надорам”.

  Вобастагиҳо ва пойбандиҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии ӯ ҳамроҳи имони мазҳабиаш аз байн рафт. Ба ишқи файласуфи оворагарде ба номи Жак Лайгион гирифтор омад ва бар он шуд, ки бе иҷозати руҳоният ё қонун бо ӯ зиндагӣ кунад. “Ҳеҷ бароям аҳамият надошт, ки мавриди эҳтиром бошам ё набошам. Бо Жак будан ё издивоҷ бо ӯ бароям яксон буд”. Жак ба дилбастагии ӯ посух надод. Чаро ки равобити кутоҳмуддат ва мутанавъеро (гуногунро) беҳтар мешуморид. Симон бо вақтгузаронӣ дар қаҳвахонаҳо ва пардохтан ба адабиёт ва фалсафа худро таскин медод. Бо Ромен Ролан дидор кард ва сулҳталаб шуд. Осори Шопенгауэрро хонд ва бадбин (пессимист) шуд. Осори Лейбнитсро мутолиа кард ва ба метафизика рӯй овард. Осори Нитшеро “бо шуру шавқи фаровон” хонд ва аз фардгароии (индивидуализми) хеш шод гардид.

  Дар ин гиру дор, падараш аз суқути (шикасти) ҳокимияти сезарии Русия дучори садамоти молӣ ва рӯҳӣ шуд. Зеро бахши умдае аз пасандозашро дар он ҷо сармоягузорӣ карда буд. Кори ваколаташ касод шуд ва хонаводаи худро ба апартменти (хонаи иҷоравии) арзонқимате мунтақил кард, ки на ҳаммом дошту на оби лулакашӣ (водопровод) ва на ҳарорати марказӣ. Чизе нагузашт, ки Симон хонаи падариро тарк гуфт ва утоқе (ҳуҷрае) барои худаш кироя кард.  Ба манзури (мақсади) таъмини молии худ дар Донишсарои муқаддамотӣ номнависӣ кард, то гувоҳиномае барои муаллимӣ бигирад. Дар ин ҷо буд, ки бо Сартр ошно шуд.

  Симон таҳти таъсири энергия, дониши густурда, тезҳушӣ, маҳорат дар баҳсу омодагии Сартр барои кӯмак ба ӯ ва дустонаш қарор гирифт. Фақат аз куфру иртидод ва аз худобаргаштагии Сартр ва дӯстонаш каме якка (такон) хурда буд.

  “Онҳо бисёр амиқтар аз ман” дар бораи оқибатҳои набудани Худо ковиш карда буданд”. Онҳо қонунҳо ва тартиботи буржуазиро масхара мекарданд...Ҳаргуна бодкунаки (ҷайби пур аз боди) идеалистиро бо сихунак (сихи кучак) сурох мекарданд...Мусаммим ва азми ҷиддӣ доштанд, ки собит кунанд: ки инсон рӯҳе мутаолӣ (осмонӣ) нест, балки колбадест  мураккаб аз гушту пуст, ки таҳти фишори ниёзҳои ҷисмии беамон, даргири моҷарое ваҳшиёна ба номи зиндагӣ аст”. Сартр ба сабаби бархурди шуҷоатмандонаи Симон бо ҳарфҳои бепарвояшон ва дуди сигоре ки хонаро анбошта (пур) карда буд, аз ӯ хушаш омад. Ба Симон гуфт: “Аз ин пас туро зери болу пари худ хоҳам гирифт”. Чизе нагузашт, ки Симон ба ин натиҷа расид, ки “Замонеро ки дар канори ӯ набудам, замони талафшудае будааст”. “Дунёи кучаки ман дар муқобили ин Коиноти густурда ва саршор чи қадар кучак ва маҳдуд менамуд”.

  Симон ба мо намегӯяд, аз кай зиндагии ҷинсии ӯ ва Сартр ба ҳам гиреҳ хурд. Сартр ҳам монанди ӯ барои издивоҷ ё бачадор шудан “истилоҳоти муаддабонае ба кор намебурд”. Баъдҳо Сартр дар китоби “Калимот”-аш навишт : “Падари хуб вуҷуд надорад. Ин қоида аст...Қайду банди падар шудан, қайду банде сангдилона мебошад. Пас андохтани бача? Чи беҳтар аз ин, аммо бача доштан? Чи шарорате ва табаҳкорие!. Симон алоқае ба бачадор шудан надош. “Модар шудан ба шеваи зиндагие ки ман баргузида будам, созгор набуд”. Аз шунидани ин ҳарфи дусташ Заза ки мегуфт: “Бача доштан дақиқан ҳамон қадар муҳим аст, ки китоб навиштан”, якка хурд. Вақте дӯстеро медид ки каляскаи бачаашро ҳул (тела) медиҳад: “ниҳояти орзуям ин буд, ки ояндаи ман ҷое барои ҳамчун чизе надошта бошад...Ба ҳар қиммат мебояд талош мекардам, то он чи бароям бисёр азиз буд, ҳифз кунам...Ишқам ба озодии шахсӣ ва шуру иштиёқам нисбат ба ҳадафам ва равона сохтани ҳама чизҳое ки зиндагӣ ба ман таҳмил мекард, ба ҷиҳати мақсадҳоям вафодор мондам”.

  Симон ва Сартр ишқи худ ба озодиро то ба он ҳад густурданд, ки ба якдигар иҷозат доданд то барои танаввуъ ва рангорангии зиндагӣ гаҳ-гоҳ ба “ишқҳои муваққатӣ низ” бипардозанд. “Сартр табиатан ба як зан розӣ набуд ва аз ҳамнишинӣ бо занони дигар лаззат мебурд ва онҳоро камтар аз мардон музҳик ва хандаовар меёфт. Дар 23 солагӣ қасд надошт ки аз гуногунӣ ва рангорангии онҳо чашм бипушад”. Ба фосилаи каме пас аз он ки паймони зиндагии муштарак бастанд, Сартр ба муддати 2 сол гаҳ-гоҳ ба зани ҳунарпеша ва хонандае ба номи Камӣ равобити наздике дошт. Симон аз ҳасодат ва рашк ранҷ мебурд, гарчи баъдҳо робитаҳои ошиқонааш бо дигарон бештар аз равобиташ бо Сартр буд. Онҳо хонаи мушаххасе барои худ фароҳам накарданд, балки тақрибан ҷудо аз ҳам зиндагӣ мекарданд. Гоҳе дар як ҳотел (Меҳмонхона) буданд, аммо дар ҳуҷраҳои алоҳида. Танҳо дар мавридҳои хосе буд, ки Симон ғизое (хӯроке) барои Сартр тадорук медид ва омода месохт. Маъмулан дар ресторанҳо ва қаҳвахонаҳо хӯрок мехурданд: Дом-Флор ва Де Маго ин фазоҳои нимабоз “донишгоҳи ғайрирасмӣ”-и онҳо буд. Дар он ҷоҳо таълимот ва андешаҳои худро  баён мекарданд ва дар баъзе мавридҳо китобҳои худро менавиштанд. Симон махсусан дуст медошт ки дар бошгоҳҳои шабона (маҳалли мулоқот) ва майкадаҳои Париж бо Сартр ё бидуни ӯ гаштугузор кунад. Гаҳ-гоҳ барои рафъи хастагӣ аз масъулиятҳои муаллимӣ ба “қадам задан дар ҷойҳои каму беш машкуке (шубҳаоваре) мепардохт, ки Марко (дӯсти айёш ва мунҳарифе) пайдо карда буд”. Як бор Марко ӯро ба як фоҳишахона бурд. Шахсияти Симон бо шахсияти Сартр комилан фарқ дошт. Сартр дар банди тафаккур буд ва ишқ барои ӯ навъе гурез (тағйири ҳолат) ба ҳисоб меомад. Аммо Симон  “мавҷуди  бепарвое  буд, ки бештар шури ишқ дошт, то борикбинӣ”.  Симон дӯст медошт, ки бо Сартр ё бидуни ӯ берун биравад. Ҳатто дар кӯҳҳое, ки рафтуомаде дар онҳо набуд, соатҳоро роҳпаймоӣ мекард. Ҳарду ба сарзаминҳои хориҷӣ алоқа доштанд.Урупоро гаҳ-гоҳ бо дучарха (велисопед) мегаштанд ва дар нахустин солҳои ишқу ошиқӣ бар аршаи (рӯи кушодаи киштӣ) ё дар паноҳгоҳҳои кӯҳистонӣ мехобиданд. Зиндагии каму беш фақиронаи худро бо шодмонӣ таҳаммул мекарданд, зеро ҷавону неруманд буданд ва эҳсос мекарданд, ки дунё барои мутолиа ва лаззат бурдан ва ғалаба намудан бар он рӯ ба рӯяшон аст. Дар он рӯзҳои ором, анархизмро (сохти бенизомиро) бар сотсиализм беҳтар ва арзандатар медонистанд. Ва аз ҳар навъ монеъе бар сари роҳи фардгароӣ (индивидуализм) нафрат доштанд.“Ишқи мо ба озодӣ, мухолифати мо бо тартиботи барқароршуда дар ашёҳо, моро ба мавқеи анархизм наздик кард...Зидди сармоядорӣ (капитализм) будем, гарчи марксист ҳам набудем. Шефтаи ҳар навъ ифроте ва зиёдаравиҳое будем...Ҳар гуна хезиш ва ҷунбише ғаризаҳо ва инстинктҳои анархистии моро ризоият ва дилчаспӣ мебахшид”.

  Дар соли 1931 Сартр ва Симон гувоҳиномаи тадрис дар дабиристонро (мактаби миёна)-ро  гирифтанд: Сартр дар Лаҳовер ва Симон дар Морсӣ. Дар он ҳангом Симон дар Маритими Алп роҳпаймоӣ мекард. Жан Пол дар миёни буржуазияи касалкунанда (безавқ) ва пролетариати дурушту дағали Соҳили Шимолӣ худро машғул медошт. Симон дар тирамоҳи ҳамон сол ба Райн ки фосилааш як соат ронандагӣ аз Лаҳовер буд, мунтақил шуд. Акнун метавонист дар таътилоти охири ҳафта аз вуҷуди Жан Пол бархурдор бошад. Аммо Жан Пол Сартр ошиқи яке аз шогирдҳои Симон шуд ва шодмонии ӯро барҳам зад.

  Дар соли 1933 Сартр ба Берлин рафт ва муддати 9 моҳ дар Муассисаи Фаронсавӣ ба таҳсил пардохт ва дар айни ҳол зуҳури Ҳитлерро наззора мекард. Ва ба падидашиносии (феноменологияи) Ҳуссерл рӯй овард. Осори Ҳайдеггер ва Ясперсро мутолиа менамуд. Ва дар ҳоле ки тамоми инҳо таъсири худро дар ӯ гузошта буд, дубора ба Лаҳовер ва шуғли муаллимӣ боз гашт. Дар моҳи феврали соли 1935 ба мақсади касби таҷрибае дар равоншиносӣ (психология) ва барои дарки таваҳҳум (эҳсоси ҳазаён) Мескалинро (Mescaline)-ро дар ҷисми худ бо сузандору ворид кард. Натиҷа ин шуд ки муддати чандин моҳ дучори таваҳҳум (хаёлоти ботилу ҳазаён) гардид. Ҳар ҷо мерафт-ҳатто дар Венетсия ки ҳамроҳи Симон сари роҳашон ба Юнон муддате дар онҳо таваққуф карда буданд-харчангҳо ва каргасҳоеро медид, ки таъқибаш мекунанд. Чанд бор наздик буд ки дучори парешонии асабӣ шавад ва фикр кард ки дар ҳоли девона шудан аст. Афсурдагӣ ва изтиробе ки дар он ним сол аз сар гузаронд, шояд дар тира кардани фалсафааш таъсиргузор будааст.

  Ҳангоми базгашт ба Фаронса, Симон ба шуғли муаллимӣ машғул шуд ва мегӯяд “бароям аҳамият надошт ки фақат дар як утоқ зиндагӣ кунам ва он ҳам ҳуҷрае ки лутфи чандоне надошт, чаро ки ҳамаи Париж аз они ман буд: хиёбонҳо, майдонҳо ва қаҳвахонаҳо”. Мебоист маҳорату тавоноияшро ба масъулони омӯзиш нишон бидиҳад, зеро барои имтиҳоноти давраи лессонс (аспирантура) дар шаҳри Кон ба унвони яке аз имтиҳонкунандагони баргузида шуда буд. Дар ин миён Сартр ҳам ба Лаон фиристода шуд. Сартр ба қадре аз он ҷо бадаш меомад ки дар китоби “Таълиқ” (“Роҳҳои озодӣ”), Ивичро (Ivich) водошт то аз он ҷо чунон бигрезад ки гуфтӣ аз сарнавиште бадтар аз марг мегурехт. Ҳафтае ду бор ба Париж мерафт то Симонро бубинад. Симон менависад: “Маҳалли мулоқоти аслиамонро монанди гузашта дар қаҳвахонаи Дом (Dome) қарор додем...миқдори зиёде ҳунарманд ва нависанда дар он ҷо ҷамъ шуданд: ҳар шаб духтарони баландқомати амрикоиро мешуд дид, ки худро меоростанд ва он ҷо меомаданд”.

  Соли 1938 Сартр ба дабиристони (мактаби миёнаи) Пастор дар минтақаи Новили (Novilly) фиристода шуд. Онҷо ба Париж он қадар наздик буд ки дар ҳамон меҳмонхонае ки Симон зиндагӣ мекард-гарчи дар табақаи дигар-сокин шуд. Акнун метавонистанд “ҷаласоти қаҳваии худро” ба Флор мунтақил кунанд: “Сартр ва ман танҳо ду нафаре будем, ки ҳар шаб ба таври мураттаб ба қаҳвахонаи Флор мерафтем”.Ва он ҷо хӯрок мехӯрданд, менушиданд, суҳбат мекарданд ва менавиштанд. Ҳар кадом руи як роман кор мекард ва ба дунболи ношире буд. Сартр барои китобе ки тамоми адибони Парижро ба ҳайрат андохт, ношир пайдо кард. Ҳама аз худ мепурсиданд: “ин тозавориди талхандеш кист ки мегуяд, дар шаҳре ки бадон ишқ меварзад, зиндагӣ ӯро ба ҳолати дилшура ва истифроғ (тошнота) меандозад!”.

Таҳия ва таҳқиқи:

Комил БЕКЗОДА

файласуф

Дидавар БЕКЗОДА

равоншинос

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№3 (16), 2019

Сарчашма:

Вил ва Ариэл Дюрант. Тафсирҳои зиндагӣ.

Тарҷумаи Иброҳим Мушъирӣ. Чопи аввал: Поизи 1369 (1990). Теҳрон, Интишороти Нилуфар.

Аз саҳифаи 9 то 13 ва аз саҳифаи 249 то 257.

Ҳаҷми умумии китоб: 593 саҳифа.

Таърихи баргардон аз хати форсӣ ба кириллик: Субҳи 12 майи соли 2019, рӯзи якшанбе. 

 

 

 

 

 

 

Хондан 2755 маротиба

Китобҳо