JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

Аз Пайёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи амнияти озуқаворӣ- яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

  Дар мақола доир ба омезиши усулҳои селексияи анъанавӣ ва биотехнологияи муосир дар раванди ба даст овардани навъҳои нав ва тухмии солими картошка маълумотҳои илмӣ пешкаш мегарданд. Дар натиҷаи омезиши ин усулҳо навъҳои нави ояндадори картошка ба даст оварда шудаанд, ки дар байни онҳо навъи нави картошкаи «Тоҷикистон» нишонаҳои хуб дошта, дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар майдони бештар аз 750 га парвариш карда мешавад.

   Барои тайёр намудани ин дар 10 литр об бояд 2 кг хокистари нағз майда кардашуда ҳал карда шуда, инчунин ба он ҳамроҳ намудани 100–150 грамм хушкаи тамокуи носӣ, ё ин ки 10 дона тамокуи дудӣ (папирос), як-ду дона сармисоқ (чеснок)-и майдакардашуда, як-ду дона қаламфури майда карда шуда ҳамроҳ кардан лозим аст. Ин маҳлули кориро бояд дар муддати 3–4 рўз дар соя нигоҳ дошт. Баъд аз ин онро аз дока гузаронида, ба он дар рўзи истифодабарӣ пеш аз ба растаниҳо пошидан ба миқдори 100–150 грамм селитраи аммиакӣ (аммиачная селитра), 50–70 грамм хлориди калий, 70-100 грамм суперфосфат ва 20–30 грамм собун ё ин ки айна ҳамроҳ карда, нағз маҳлул намудан лозим аст.

Ҷумъа, 21 Апрели 2017 05:24

Чанорҳо аз дасти табар нолонанд

Муаллиф:

  Олимон дар қисмати ғарбии Шветсия арчаеро дарёф намудаанд, ки умри вай ба 8 ҳазор сол баробар аст! Умри дарозу тўлонии ин дарахти табиатро олимон дар лабораторияҳои иолоти Флоридаи ИМА ба воситаи ташхиси радиокарбонӣ муайян сохтаанд. Дар натиҷаи ин ташхисҳо олимон ба ақидае омаданд, ки ин дарахт аввалин аз дарахтҳое мебошад, ки пас аз хотимаёбии давраи яхбандӣ рўидааст. Аммо то пайдо гаштани ин арча дар Калифорния санавбаре мерўид, ки вай таърихи қариб 5 ҳазорсола дошт ва дарахти кўҳансолтарини сайёра ҳисоб мешуд.Дар дунё чанорҳо ҳам дарахтони бисёрсола ба шумор мераванд ва дар аксари мамлакатҳои дунё дар сохтани шаҳрҳои калон аз давраҳои қадим чанорҳо яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи майдонҳои кабудизори ин шаҳрҳо мансуб буданд.

Ҷумъа, 21 Апрели 2017 05:22

Дарахт

Муаллиф:

 Сатҳи табиати зиндаву ғайризинда пур аз намудҳои гуногуни чизҳост ва вобаста ба дигаргунии хосиятҳои психикӣ, физикиву химиявӣ ва биологиашон, ки тавсифдиандаи ҳолатҳои инҳоянд, фарқ мекунанд. Дигаргунии инсонҳо ва ҷамъият, ки маҳсули ақливу фикрӣ ё бо ибораи дигар интелуктуали ин офаридаи бонерӯву бошуур, яъне инсон аст, аз тафовути хусусиятҳои писихикии инсонҳост. Бархе дорои фикронии нек, дигаре соҳиби мизоҷу характери бад, қисме илму маърифату хуб дорад. Аз ҳисоби хубӣ ё бадии сатҳи илму маърифати гурӯҳи инсонҳое, ки шомили ягон мамлакатанд, сатҳи ҳамаи соҳаҳои ҷамъиятии ин мамлакат низ аз мамлакатҳои ҳамсоя дигаргун аст. Инсонҳои ҳамаҷониба, яъне бонерӯ (бонерӯгии ақлҳои зиёд)- сатҳи хуб, ба таври умумӣ гирандаи вақтии тарбияи нокомил- сатҳи бад. Мисол: мувофиқан, Олмон- Афғонистон.