JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 05:24

Чанорҳо аз дасти табар нолонанд

Муаллиф:

  Олимон дар қисмати ғарбии Шветсия арчаеро дарёф намудаанд, ки умри вай ба 8 ҳазор сол баробар аст! Умри дарозу тўлонии ин дарахти табиатро олимон дар лабораторияҳои иолоти Флоридаи ИМА ба воситаи ташхиси радиокарбонӣ муайян сохтаанд. Дар натиҷаи ин ташхисҳо олимон ба ақидае омаданд, ки ин дарахт аввалин аз дарахтҳое мебошад, ки пас аз хотимаёбии давраи яхбандӣ рўидааст. Аммо то пайдо гаштани ин арча дар Калифорния санавбаре мерўид, ки вай таърихи қариб 5 ҳазорсола дошт ва дарахти кўҳансолтарини сайёра ҳисоб мешуд.Дар дунё чанорҳо ҳам дарахтони бисёрсола ба шумор мераванд ва дар аксари мамлакатҳои дунё дар сохтани шаҳрҳои калон аз давраҳои қадим чанорҳо яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи майдонҳои кабудизори ин шаҳрҳо мансуб буданд.

  Шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру марказҳои Тоҷикистон низ аз қадимулайём бо дарахтони зебову пахнбарги чанорҳояш маъмули сайёҳон гашта буд ва ҳоло ҳам ҳастанд. Агар кас ба кадом шаҳру деҳоте наравад, албатта дар он ҷо дарахти чанорро ё дар кўчаҳои он, ё ин ки дар саҳнаи нишастгоҳҳои он, ё ин ки дар назди чойхонаву мактабу масҷидҳо вомехўрад. Яъне яке аз одатҳои қадимаи мардуми диёрамон ҳамин будааст, ки дар ҷои саршавии чашмаҳо, дар маркази деҳаҳҳо, дар ҷойҳои дамгирии мардум албатта дарахтони чанорҳоро мешинондаанд ва дар зери ин дарахтони сояафкан аз сангу хок сурфа сохта, мардум дар он ҷо ҷамъ омада, истироҳат мекарданд, маъракаҳояшоро мегузарониданд ва сўҳбатҳои тўлонӣ меоростанд. Ин анъана ҳоло ҳам дар кули деҳҳаҳо ба чашм мерасад. Масалан, дар маркази деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт ду дарахти калони чанор мерўянд, ки таърихи онро беш аз 5 аср мегўянд. Ё ин ки дар деҳаи Маҳмуруди ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рўдакӣ дарахти азими чаноре мерўяд, ки дар он ҷо як чашмаи калони оби зулол ҷорист ва таърихи ин дарахтро деҳотиён беш аз 700 сол мегўянд. Дар шаҳри Душанбе низ дар назди чойхонаи Роҳат дарахти қадимаи шаҳрамон то ҳол қомат афрохтааст, ки таърихи вайро низ хеле тўлонӣ меноманд. Чунин дарахтони дарозумри чанорро кас қариб дар сар – то сари деҳоти мамлакат вомехўрад. Ин дарахтони қадимаро бобову аҷдодони гузаштаи мардуми азизамон шинонда, ба мо наслҳо мерос мондаанд.

Вале, таи солҳои охир мо мушоҳида менамоем, ки дар маркази мамлакатамон шаҳри Душанбе ва дар аксари марказҳои вилояту ноҳияҳо одамон як бераҳмӣ нисбати ин дарахтон зоҳир намуда, ин дарахтони сояафкани диёрамонро бурида, онҳоро аз байн бурда истодаанд. Ба қарибӣ чунин ҳодисаи кулан аз байн бурдани чунин дарахтони қадимаи чанорҳоро дар ноҳияи Қубодиён ба итмом расонидаанд. Ҳоло оне, ки дар сурати қадди чунин дарахтонро агар паст менамуданд ва онҳоро аз нав ҷавон мегардониданд (омалаживание) ин дарахтон боз чи қадар мардумро аз ҳавои тафсони фасли тобистон ва гарду чанги ҳаво ҳимоя менамуданд.

Баъзе аз гурўҳи одамон ба он ақидае ҳастан, ки гўё гарди гули дарахти чинор дар фасли баҳор дар натиҷаи гул карданаш роҳи нафаси одамонро мегирифта бошаду, боиси хориши узвҳои нафаскашии одамон мегашта бошад. Мумкин ин дар асл ҳам дар як муддати муайян барои қисме аз одамони чунин алергиядор чунин таъсир намояд. Бисёр осон мебошад, ки чунин одамон дар фасли баҳор, дар вақти гули чанорҳо даҳону бинипўшаки оддии аз дока тайёршударо истифода баранд. Чунки вақте, ки мо мефаҳмем, ки ягон вируси грипп омадаст, ба осонӣ мо даҳону биниамонро ба докаҳои махсус мепушонем ва бо ҳамин аз хатари касалӣ худро эмин нигоҳ медорем.

Аммо бояд қайд намуд, ки чанорҳо - дарахтони «вафодор»- и табиату одамон дар давоми фасли тафсони тобистон муҳити зисту одамонро, хиёбону кўчаҳоро, биноҳоро, саҳнаи мактабҳову боғчаву кудакистонҳоро аз таъсири шўълаҳои баланди нури офтоб, аз таъсири нурҳои ультрабунаши офтоб чи қадар хубу босамар муҳофизат намуда, ҳаворо аз оксиген ғанӣ мегардонанд. Ба болои сўхта намакоб гуфтагӣ барин ташкилотҳои комуналии баъзе аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат бошанд, боз бо он ақиде мебошанд, ки дар фасли тирамоҳ баъди фарорасии хазонрез баргҳои чанорҳо кўчаҳоро пур карда, боиси сарфу чиқими зиёдатӣ мегашта бошад. Ин фикр ҳам дуруст аст, вале набояд фаромўш кард, ки барги чунин дарахтон беҳтарин порўи табийи ба шумор рафта, дар сурати дуруст тайёр намудан аз онҳо порўи органикӣ (компости аз баргу дигар қисмҳои растаниҳо тайёр кардашуда) ва ба замин андохтани он метавон бо ин восита қабати ҳосилхезии заминро хеле баланд бардошта, миқдори кирмҳои лойхўрак ва дигар микроорганизмҳои фоидаовари хокро хело афзун гардонид.

Дар аксари мамлакатҳои тарақикардаи олам ба монади Франсия, Олмон, Швейтсария, Туркиё ва ғайра дарахтони чинор қисми асосии дарахтони сояафкану сабзи шаҳрҳои ин мамлакатҳоро ташкил медиҳанд. Ва ҳатто дар шаҳри Стамбули Туркиё барои оне, ки як дарахти қадимаи чанорро дар ҷои сабзишаш осеб нарасонанд, шаҳрдорону сохтумончиён самти лоиҳаи мураккаби роҳи зеризаминиро дигар сохтанд! Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, яке аз воситаҳои дар ҳаво зиёд гаштани гази ихроҷгаштаи карбон ин афзоши миқдори нақлиёт мебошад. Вале чунин суръате, ки ҳоло газҳои ихроҷшаванда ба атмосфера партофта мешаванд, ва агар пеши ин ҷараён гирифта нашавад то охири асри XXI ҳарорати ҳаво метавонад то 7 °С баланд гашта, хисороти калонро пеш оварад. Мувофиқи маълумотҳо то соли 2030 миқдори автомобилҳои олам боз 50 фисад хоҳад афзуд, ки ин боз ҳам ба зиёд гаштани ихроҷи газҳои ба ҳаво партовташаванда оварда мерасонад.

Таи солҳои охир зиёд гаштани нақлиёт дар шаҳри Душанбе ва дар дигар манотиқи мамлакат низ мушоҳида мегардад. Ва барои кам гаштану фурў бурдани ин газҳои вазнине ки аз нақлиёт, аз заводу фабрикаҳо ихроҷ мегарданд ва тоза нигоҳ доштани мўҳити зист ягон дарахт ба дарахти чанор баробар шуда наметавонад. Бояд фаромуш накард, ки мувофиқи тадқиқотҳои олимон як дарахти чанор дар муддати сол метавонад бештар аз 250 кг гази карбонро фуру барад. Аммо дигар дарахтони хурду сузанбарг чунин қобилиятро надоранд, агарчанде, ки онҳо ҳамешасабзанд.

Бинобар ин кам гардонидани миқдори дарахтони чанор дар шаҳру деҳоти кишварамон дар оянда ба муҳити зист метавонад хисороти калон ворид созад. Аз ин рў месазад, ки аз ин раванди номатлуб бояд ҳамгон ҷилавгирӣ намоянд, то ин ки чанорзори мамлакат бештар гашта афзоиш ёбад.

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ

доктори илмҳои кишоварзӣ

Хондан 2621 маротиба

Китобҳо