JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 05:22

Дарахт

Муаллиф:

 Сатҳи табиати зиндаву ғайризинда пур аз намудҳои гуногуни чизҳост ва вобаста ба дигаргунии хосиятҳои психикӣ, физикиву химиявӣ ва биологиашон, ки тавсифдиандаи ҳолатҳои инҳоянд, фарқ мекунанд. Дигаргунии инсонҳо ва ҷамъият, ки маҳсули ақливу фикрӣ ё бо ибораи дигар интелуктуали ин офаридаи бонерӯву бошуур, яъне инсон аст, аз тафовути хусусиятҳои писихикии инсонҳост. Бархе дорои фикронии нек, дигаре соҳиби мизоҷу характери бад, қисме илму маърифату хуб дорад. Аз ҳисоби хубӣ ё бадии сатҳи илму маърифати гурӯҳи инсонҳое, ки шомили ягон мамлакатанд, сатҳи ҳамаи соҳаҳои ҷамъиятии ин мамлакат низ аз мамлакатҳои ҳамсоя дигаргун аст. Инсонҳои ҳамаҷониба, яъне бонерӯ (бонерӯгии ақлҳои зиёд)- сатҳи хуб, ба таври умумӣ гирандаи вақтии тарбияи нокомил- сатҳи бад. Мисол: мувофиқан, Олмон- Афғонистон.

 

Боз бархе аз соҳаҳои ҷамъият ва ҳолатҳои ҷисмониву физиологии инсон аз иқлим (релеф) ва мақеи ҷуғрофии минтака вобаста аст. Боқудратӣ ва хубии шароти зиндагии бисёр мамолики ҷаҳон аз баланси зиёди сарватҳои табиии онҳо вобаста аст, масалан будани шароити хуби кишоварзӣ, дорои захираҳои зиёди нафту газу дигар имкониятҳои иқтисодӣ ба монанди сарватҳои металлӣ, ғайриметаллӣ ва ғайра. Дар ҷое набудани шароити хуб, то ҳатто нарасидани маводи озуқаву оби ошомиданӣ ин ҳама аз иқлими номусоид ва камчинии сарватҳои табиӣ. Мисол: Эрон-Сомалӣ.

Фарқиятҳои хосиятҳои дохиливу беруна ва дороиҳои миқдорӣ фарқгузори асосӣ дар байни элементҳои ҷузъии ҷамъияту табиат аст. Дар муҳити иҳота намудаи мо дархтони мевадиҳандаву сояафкан, ки форовонии неъматҳои беҳтарини моддиву шифобахш ва зебогии ин муҳитро таъмин менамоянд, хело бисёранд. Вазъи экологии муҳитро хуб нигоҳ медоранд. Бо мақсади васеи истеҳсоли чӯбу тахта низ истифода мебаранд. Ин дарахтҳо андозаҳои гуногун доранд, як қисм дарози дароз қисми дигар кӯтоҳ аст. Аз чӣ аст, ки ин тавр, масалан сафедор ин қадар дарозу драхти себ кӯтоҳ. Ин ба як ҳодисаи басо аҷоибу содафаҳм вобаста аст.

Танаи дарахт аз найчаҳои пур аст, ки бо чашми оддӣ, яъне бе ёрии асбобоҳои отикӣ, дида наметавонем, зеро диаметр(қутр)- и ин найчаҳо хело хурд аст. Агар бо ёрии яке аз асбобҳои оптикӣ микроскоп, ки вазифаи ин мушоҳидаи объектҳои хурди ба чашми номусаллаҳ нонамоён аст, ба буриши кӯндалангии пояи дарахт нигарем ҳазорон ҳазор найчаҳо ё ин, ки капилярҳоро мебинем. Яке аз вазифаҳои асосии ин капилярҳо таъмини об ба тамоми узвҳои болоии дарахт аст.

Ҳангоми расиши найча ба сатҳи болоии моеъ аз ҳисоби қувваҳои кашиши сатҳӣ, моеъ дар найча ба ягон баландии муайян нисбат ба сатҳи аввала мебарояд, ки ин ҳодиса татбиқи васеи техникиву илмӣ дорад. Баландии болоравии моеъ дар найча аз диаметри найча вобаста аст. Ҳар чи қадаре диаметри найча хурд шудан гирад, баръакс баландии болоравии моеъ зиёд шудан мегирад. Дар дарахтон низ чунин аст. Агар диаметри капилярҳои дарахтони гуногун фарқ кунананд, пас баландиҳои оби боломебаромада низ фарқ мекунанд. Протсеси ғизотаъминкунии қисми болоии дарахт ба воситаи ин оби дар капилярҳо боло мебаромада амалӣ мешавад ва сабаби баландиву пасти дарахтон ҳамин аст. Аз ҳамин ҳисоб сафедор дарозу дарахти анор кӯтоҳ, пас диаметри капилярҳои тани сафедор нисбати дарахти анор хурд будааст. Саволи барои чӣ заминро шудгор менамояндро деҳқоне чунин ҷавоб дода буд: «Барои он, ки кирмҳои ба зироат зараррасон бимиранд». Вале чунин набудааст, замини корам низ аз найчаҳо, ки капилярҳои хокӣ гӯем беҳтар аст, хело бисёр аст. Обе, ки заминро нам нигоҳ медорад ба воситаи капилярҳои хокӣ ба сатҳи болоӣ баромада, баъд бухор мешавад. Барои пешгирии ин ҳодиса заминҳои корамро шудгор мекунанд. Ба воситаи шудгор, капилярҳои хокиро вайрон мекунем, ки намнокии хок бисёртар давом кунад Яке аз сабабҳои асосии шудгори замин ҳамин аст.

Қурбониён Меҳрдод Субҳонӣ., Ризои Баҳромзод

Хондан 2833 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: Чанорҳо аз дасти табар нолонанд »

Китобҳо