JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 05:26

Нақши селексия ва биотехнологияи муосир дар таъмини амнияти озӯқаворӣ

Муаллиф:

Аз Пайёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи амнияти озуқаворӣ- яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

  Дар мақола доир ба омезиши усулҳои селексияи анъанавӣ ва биотехнологияи муосир дар раванди ба даст овардани навъҳои нав ва тухмии солими картошка маълумотҳои илмӣ пешкаш мегарданд. Дар натиҷаи омезиши ин усулҳо навъҳои нави ояндадори картошка ба даст оварда шудаанд, ки дар байни онҳо навъи нави картошкаи «Тоҷикистон» нишонаҳои хуб дошта, дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар майдони бештар аз 750 га парвариш карда мешавад.

Калидвожаҳо: картошка, селексия, биотехнология, тухмипарварӣ, навъ, система, in-vitro. 

     Соҳаи картошкапарварӣ дар таъмин намудани амнияти бехатарии озўқавории Тоҷикистон нақши муҳим бозида, барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат аҳамияти калон дорад. Бинобар ин Ҳукумати Тоҷикистон доимо дар ҷустуҷўи роҳҳои афзоиш додани истеҳсоли картошка дар кишвар мебошад. Бинобар ин  соли 2012  Барномаи рушди  картошкапарварӣ барои солҳои 2012 – 2016 қабул гардид, ки он аз олимону деҳқононро водор менамояд, ки барои афзун гаштани истеҳсоли картошка дар кишвар саҳми арзандаи хешро гузоранд. Барои тақвият бахшидани корҳои илмӣ дар бахши селексия ва тухмипарварии картошка олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо АИ ҶТ дар муддати солҳои 2005-2015 дар ҳамкорӣ бо Маркази Умумиҷаҳонии Картошкапарварӣ (Перу), бо Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур  аз усулҳои селексияи анъанавӣ ва биотехнологияи муосир истифода намуданд  [1,2, 3].  Яке аз роҳҳои асосии ба даст даровардани навъҳои нави картошка ин усули дурагакунии навъҳо дар муҳити хуби агроэкологӣ ба шумор меравад . Дар натиҷаи дурагакунӣ ба мо муяссар гашт, ки гибридҳои гуногуни картошкаро ба даст оварда, онҳоро дар шароитҳои гуногун омўхта бароем [3,4]. Бояд қайд намуд, ки ҷараёни дурагакунии картошка гузаронидани амалиётҳои зеринро дар бар мегирад: интихоби навъҳои дурагашаванда, дурагакунӣ, ба даст овардани растаниҳои дурага (гибридӣ), омўхтани онҳо ва интихоб кардани растаниҳои (клонҳои) аҳамиятнок аз байни растаниҳои дурага. Дар як навъи картошка омехтани ҳамаи нишонаҳои зарурӣ  албатта кори мураккаб мебошад. Бинобар ин мо кушиш намудем, ки ҳарчӣ бештар нишонаҳои зарурӣ дар навъи ихтироъшаванда омехта гарданд. Барои ба ин мақсад ноил гаштан лозим омад, ки навъҳои дурагашавандаро пешакӣ омўхта, вобаста аз нишонаҳои авлодии онҳо навъҳоро барои дурагакунӣ интихоб намоем. Лўндаҳои навъҳои бо ҳам дурага шавандаро дар майдони алоҳида, дар хокҳои серҳосил ва бо об нағз таъмин буда, шинонда мешаванд. Навъҳои ба сифати падарӣ истифодашаванда бояд гарди зиндаи дорои қобилияти баланди бордоркунӣ дошта бошанд. Навъҳои бо ҳам дурагашавандаро дар қаторҳои (ҷўякҳои) бо ҳам ҳамсоя ё ин ки наздик шинондем, то ин ки гузаронидани просесси дурагакунӣ осон гардад. Гардолудкунӣ ё ин ки дурагакуниро саҳаргоҳон (соатҳои 7-10) гузаронида мешавад. Гарди гули навъи падариро дар болои қоқази сиёҳ оҳиста-оҳиста афшонда, ҷамъ намудем. Баъд гардҳои ҷамъомадаро даршагии хурд (пробирка) ҷойгир кунонида, ба назди ниҳолҳои навъи модарӣ оварда, гулҳои рўзи гузашта фаъолияти бордоршавиаш боз дошта шуда (ахташуда) бордор намудем. Дар пояи гулдон бошад рақам ва ишораи навъҳои дурагашуда  ва санаи гузаронидани дурагакуниро дар қоқаз ё ин ки дар порчаи плассмаси сафед бо қалами сиёҳ навишта, овезон намудем.

Ин маълумотро инчунин дар дафтари дурагакуниҳо бо рақами қатори шинонидашудаи навъҳо низ навиштем. Барои ба даст овардани дурагаҳои картошка метавон ҷуфткунонии навъҳои картошкаро бо усули дурагакунонии бевосита (гулпайванди якчониба) ва ҷуфткунонии баргарданда (гулпайванди дучониба, масалан, АхВ; ё ин ки В х А) гузаронанд. Дар дафтари ҷуфткунонӣ формулаи ҷуфткунонӣ, миқдори гулҳои гардолуд кунонидашуда (бордоркунонидашуда) ва таърихи дургакунонӣ навишат мешавад.   (Масалан, ♀ Дўстӣ Х ♂ Зарина – 25.VII. 2009). Аломатҳои ♀- растании гаргиранда (модарӣ) ва ♂ гарддиҳанда (падарӣ) мебошанд.

Дар баробари корҳои селесионӣ мо инчунин корҳои аз касалиҳо солим гардонидану нигоҳ доштани  навъҳо ва клонҳои картошкаро дар шароити озмоишгоҳ бо истифодабарии усулҳои биотехнологияи муосир ташкил намудем, ки ин барои тезонидани ҷараёни ба даст овардани навъҳо ва клонҳои нави картошка мусоидат намуд. 

Солимии тухмиҳои картошкаро бо истифода намудани ташхиси ЕЛИЗА муайян гардиданд.

Ҳамин тавр дар натиҷаи якҷоя истифода бурдани усулҳои селексияи анъанавӣ ва биотехнологияи муосир навъҳои нави картошка ба даст оварда шуданд, ки нақшаи иҷрои пайдарҳамии ин корҳои илмӣ дар нақшаи поён оварда шудааст.

Дар натиҷаи чунин усулро истифода бурдан бо мо муяссар гашт, ки чунин навъҳои нави картошкаро, аз қабили «Мўъминобод», «Зарина», «Дўстӣ», «Файзобод», «Рашт», «Тоҷикистон», «Сурхоб» ва «Академияи илмҳо-1» («АИ-1»)-ро дар муддати солҳои 2005-2015 ихтироъ намоем.

Махсусан навъи нави картошкаи «Тоҷикистон», ки дар таркиби лўндаҳояш 3-4 мг/% оҳани фаъол (Fe2О3) дорад, барои пешгирӣ намудани касалии камхунӣ хело мувофиқ мебошад. Инчунин ин навъи нави картошка  нисбат ба дигар навъҳо хело серҳосил аст (ҷадвал).

Ҷадвал

 Нишонаҳои асосии навъҳои нави картошка дар шароити ноҳияи Ҷиргатол, дар баландии 2700 м аз сатҳи баҳр  (солҳои 2011-2015)

 

 

Навъҳо

Миқдори лўндаҳо, дн./раст.

Вазни як лўнда, г

Маҳсулнокӣ, г/раст.

Ҳосилнокӣ:

т/га

фарқ аз St.,% 

1

«Кардинал» (St.)

9.2

52.2

480

24.0

0.0

2

«Тоҷикистон»

11.9

68.9

820

41.0

70.8

3

«Рашт»

4.9

138.8

680

34.0

41.7

4

«Файзобод»

8.9

73.0

650

32.5

35.4

5

«Дўстӣ»

8.0

73.8

590

29.5

22.9

6

НСР 05

1.2

14.5

56.7

2.8

-

 Чи тавре, ки аз ҷадвал дида мешавад, навъи нави картошкаи «Тоҷикистон»  нисбати навъи назоратӣ (St.) – «Кардинал» серҳосил буда (70.8%), инчунин нисбати навъҳои дигари картошка низ ҳосили бештар дорад.  Фоидаи иқтисодии ин навъ аз як га бештар аз 25 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба дигар навъҳо якуним-ду маротиба зиёд мебошад.  Ин навъи нави картошка ҳоло дар хоҷагиҳои фермерии ҷумҳурӣ дар майдони бештар аз 750 га кишту кор карда мешавад.

Навъи «Тоҷикистон».  Дар натиҷаи дурагакунии линияҳои селексионии картошка   387521.3 х Aphrodite (дурагакунӣ дар Маркази Умумҷаҳонии картошкапарварӣ - СИП дар соли 1999 гузаронида шудааст) ба даст оварда шудааст. Дар руйхати навъҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ, навъ ҳамчун Дурага (Гибрид)-и  23, дар руйхати навъҳои Маркази Умумҷаҳонии картошкапарварӣ (СИП) зери рақами  392797.22; UNICA ба қайд гирифта шудааст (муаллифони навъ: Партоев Қ., Алиев Қ., Меликов Қ., Давлатназарова З., Назарова Н., Ҷумаҳмадов А.).

Навъи «Тоҷикистон» дар муддати солҳои 2006-2015 бо усули афзоишдиҳии биотехнологӣ дар шароити озмоишгоҳ, гармхонаҳо ва саҳрои кушоди аз барангезандагони касалиҳои вирусӣ озод, дар баландии 2700 м аз сатҳи баҳр дар шароити ноҳияи Ҷиргатол ва дигар ноҳияҳои кўҳӣ санҷида шудааст.  Дар соли 2011 ба ин навъ номи «Тоҷикистон» дода шуда, ба Комиссияи давлати навъсанҷӣ ва ҳимояи навъҳои кишоварзии Вазорати кишоварзӣ супроида шуд. Ин навъи нави картошка дар муддати солҳои 2011-2014 дар шароити ноҳияҳои гуногуни кўҳӣ аз тарафи Комиссияи давлатии навъсанҷӣ омўхта шуда, дар соли 2015 барои парвариши васеъи дар ҷумҳурӣ ноҳиябандӣ гардид (шаҳодатномаи № 101 аз 15 апрели соли 2015).

Ҳоло ин навъ дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Ғончӣ, Мўъминобод, Файзобод, Ховалинг ва дигар ноҳияҳои кўҳӣ парвариш меёбад.  Дарозии пояи ин навъ ба 80 - 100 см расида, сербарг мебошад. Давраи гулафшониаш он қадар давомнок набуда, ранги гулаш бунафш аст.  Ғўрабандиаш кам ва ғўраҳои ҳаҷман хурд дорад. Лўндаҳояш сурхи баланд,  кулула ва  дарозшакл мебошанд. Чашмакҳои лўндаҳо нисбатан чуқур ва рангашон бунафш мебошад. Дар мағзи лўндаҳо хати ҳалқаи бунавш дида мешавад. Навъ миёнапази дерӣ буда, давомнокии вегетативиаш 110-120- рўзро ташкил медиҳад. Дар як ниҳол  9-12 дона лўнда ҳосил мешавад ва вазни миёнаи онҳо 70-90 г аст. Ҳосилнокӣ ба 350 – 450 с/га мерасад. Ба касалиҳои вирусӣ, бактериявӣ ва занбурўғӣ тобовар аст. Дар системаи кишгардон зироати пеш киштшавандааш метавонанд зиратҳои юнучқа, ғалладонагиҳо ва дигар зироатҳои хўроки чорво бошанд ва дар як майдон метавонад 2-3 сол ҳосили хуб диҳад.

 Бояд қайд намуд, ки дар баробари ин олимони тоҷик барои тақвият бахшидани системаи тухмипарварии картошка аз усули нави солимгардонии тухмии картошка, истифодаи решаҳои лўндадиҳанда (столонҳо)  навъҳои картошкаро низ ба роҳ монданд, ки ин мўҳлати ба даст овардани тухмии солимро хело кўтоҳ менамояд.

Ин системаи тухмипарварӣ аз истифодабарии усулҳои солимгардонии тухмии картошка аз ҳуҷайраҳои солими меристемавӣ ва столонҳои картошка иборат мебошад.  Дар натиҷаи ин усули биотехнологӣ ҳуҷайраҳои меристема ва столонҳо, ки аз вирусу дигар касалиҳо солим гардонида шудаанд, аввал дар найчашишаҳо афзоиш дода мешаванд (in vitro). Пас аз ин, тухмиҳои солими картошка дар муддати нисбатан кўтоҳ дар шароити озмоишгоҳ афзоиш дода шуда, баъд дар докахонаҳо ва саҳрои кушод дар минтақаи кўҳӣ  афзоиш дода мешаванд. Ҳар сол тухмиҳои солимгардонида шудаи картошка бо усули ИФА ташхис мегарданд, то он, ки дар онҳо вирусҳо набошанд.

Ин системаи тухмипарварии картошка, нисбат ба дигар усулҳои тухмипарварӣ тақвиятпазир буда, барои ҷоннок намудани ҷараёни тухмипарварии картошка кўмаки калон расонида метавонад, ки нақшаи он дар поён оварда шудааст.

Чи тавре, ки аз нақша дида мешавад, дар натиҷаи истифодабарии усулҳои селексияи анъанавӣ ва биотехнологияи муосир муяссар гашт, ки навъҳои нави картошка ва системаи тухмипарварии ин зироат, ки «нони дуюм» ном бурда  мешавад, заминаҳои илман асоснок гузошта шаванд.  Чунин дастовардҳои илмии ба дастомада дар бахши картошкапарварӣ дар оянда барои таъмини бехатарии озўқавории аҳолӣ кўмаки калон хоҳад  расонид. 

Қ. ПАРТОЕВ,
доктори илмҳои кишоварзӣ
Қ. А. АЛИЕВ,
 профессор
Хондан 3074 маротиба

Китобҳо