JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 05:27

Ҳифзи муҳити зист ва мушкилоти гармшавии глобалии ҳарорати ҳаво

Муаллиф:

  Рўзи 21 декабри соли 2016 дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба оқибатҳои он баргузор гардид. Дар ин семинар масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ва мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим баррасӣ шуда, лоиҳаи Стратегияи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ки аз ҷониби мутахасисони ин Кумита таҳия шуда истодаст рунамоӣ шуд.

  Тағйирёбии иқлим ё дақиқтараш болоравии нисбии ҳароҳати ҳаво дар курраи Замин масъалаи нисбатан нав буда, аз охирҳои асри гузашта мавриди таваҷҷуҳи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифтааст. Ба ақидаи як қисми аъзами олимон дар чанд даҳсолаи охир аз ҳисоби рушди саноат дар миқёси ҷаҳон ва зиёдшавии нақлиёт ва дигар воситаҳои замонавии зиндагӣ ва меҳнат паттоби гозҳои гулхонаӣ дар фазо зиёд гашта, гармии офтобро дар Замин бештар нигоҳ медорад. Ин боиси нисбатан гармшавии иқлим дар сайёра гардидааст. Гуфта мешавад, ки тақйирёбии иқлим то рафт хатарҳои зиёдеро ба бор оварда, боиси зиёдшавӣ ва шиддатнокии офатҳои табиӣ мегардад, ки дар тундбобҳо, боришоти шадиди борону жола, обшавии пиряхҳо, обхезиҳо хушксолиҳо ва камшавии сатҳи дарёҳову кулҳо ба мушоҳида мерасад. Қайд карда шуд, ки гармшавии иқлим дар миқёси ҷаҳонӣ таъсири манфии худро дар шакли пастшавии сифати ҳаво дар шаҳрҳо ва ифлосшавии муҳити зист, саломатии аҳолӣ, заифшавии қабати азонии атмосфера, камшавии намудҳои флора фауна, обшавии пиряхҳо, ифлосшавии обҳо, нобудшавии ҷангалзорҳо, мушкилиҳо дар соҳаи кишоварзиву чорводорӣ, зери об мондани баъзе минтақаҳои соҳилӣ, биёбоншавии заминҳо, вайроншавии роҳу комуникатсияҳо ва ғайра мерасонад.

Мутахассисони Кумита изҳор доштанд, ки тибқи мушоҳидаҳои онҳо тағйирёбии иқлим дар водиҳо зиёдтар аст ва дар куҳистон камтар ба назар мерасад. Дар баландии зиёда аз 2500 метр гармшавии ҳаво кам ба мушоҳида расида, дар баландиҳои зиёда аз 3500 қариб дида намешавад. Боронгарӣ ё миқдори солонаи боришот дар сатҳи ҷумҳурӣ тағйироти ҷиддӣ надидааст, вале селборон ё шумораи боронҳои шадиди харобиовар зиёд шудааст.  Дар қисми поёнии пиряхи исмоили Сомонӣ камшавӣ ба назар мерасад, аммо дар қисми болоии он, дар баландиҳои зиёда аз 3500 метр зиёдшавии барф ба назар мерасад, ки ин боиси поён лағжидани он мегардад.

Дар ҷавоб ба пурсиши иштироккунандагони семинар дар мавриди таъсири гармшавии умумии иқлим ба зиёдшавӣ ё камшавии боришот дар кишвари мо, яке аз мутахассисони Кумита гуфт, ки моделҳо нишон медиҳанд дар оянда гармшавии иқлим метавонад боиси камшавии боришот дар ҷануби ҷумҳурӣ то ба 5-10% ва зиёдшавии боришот дар шарқи ҷумҳурӣ то ба 10-15% мегардад. Дар марказ тағйироти ҷиддӣ нахоҳад шуд.

Дар ҷараёни семинар аз Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим, ки дар 5 ноҳия татбиқ шуда истодааст маълумот пешниҳод гардид. Ин барнома аз ҷониби Фонди иқлими сабз, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд сармоягузорӣ шуда, мақсади он муайян кардани минтақаҳои нисбатан осебпазир аз оқибатҳои гармшавии иқлим ва дастгирии аҳолии ин минтақаҳо дар мутобиқ шудан ба тағйиротҳои иқлим мебошад.

Стратегияи миллӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ки аз ҷониби командони Кумита таҳия мегардад, идомаи мантиқии Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тақйирёбии иқлим мебошад. Мақсади асосии ин Стратегия ҷамъоварии маълумот ва омода сохтани барномаҳои мушаххас барои дарёфти маблағ аз фондҳои байналмиллалӣ ва сарфи онҳо барои мутобиқшавии минтақаҳои осебпазир аст. Шаш фонди асосие номбар шуд, ки ин барномаҳоро маблағгузорӣ мекунанд. Фонди иқлими сабз, Фонди тағйирёбии иқлим, Фонди экологии глобалӣ, Фонди махсус оид ба мубориза ба тағйирёбии иқлим ва ғайра чунин барномаҳоро маблағгузорӣ мекунанд. Аммо рақобат дар миқёси ҷаҳон барои дастрасӣ ба маблағҳо аз ин сарчашмаҳо хеле шадид аст ва ҳар дархост бояд асоснок бошад, вагарна наметавонад ба маблағҳо дастрасӣ дошта бошад. Дар ҳар як лоиҳа бояд саҳми давлат ҳам бошад, бе саҳмгузории давлат ягон лоиҳа аз ҷониби ин фондҳо маблағгузорӣ намешавад.

Бо вуҷуди ин, ки Ҳукуматҳои аксари кишварҳои ҷаҳон ба масъалаи гармшавии глобалии ҳарорати ҳаво таваҷҷуҳ доранд ва ҳамасола барои ҳали ин мушкили маблағҳои муайян хароҷот мекунанд, на ҳамаи олимон ҷонибдори назарияи гармшавии глобалии ҳаво мебошанд. Баъзе олимон бар онанд, ки нисбатан гармшавии ҳаво дар чанд даҳсолаи охир аз фаъолияти инсон вобаста набуда, як давраи навбатии гармшавӣ аст, ки дар ояндаи наздик боз ҳарорати ҳаво метавонад паст шавад. Онҳо ба ин ақидаанд, ки дар тули торих чунин гармшавӣ ва сардшавии ҳарорати ҳаво дар курраи Замин борҳо такрор шуда аст ва гармшавии имрўза дар доираи ин қонунмандии табиат мебошад. Ҳамин тариқ, дар мавриди ин ки гармшавии имрўзаи ҳарорати ҳаво натиҷаи фаъолияти инсон аст ва агар чораҳои зарурии кам кардани партоби гозҳои гулхонаӣ дида нашавад, моро фоҷеа интизор аст, наметавон хулосаи дақиқ баровард. Бинобар ин, метавон на ҷонибдори ин буд ва на ҷонибдори он. Аммо ин ки фаъолияти инсон ба тозагии муҳити зист зарари ҷиддӣ мерасонад ва аксари намудҳои растанӣ ва  ҳайвонон метавонанд бебозгашт нобуд шаванд, ба ҳамагон маълум аст. Аз ин рў, дарсгирии барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист, ки дар доираи мубориза бо гармшавии ҳарорати глобалии ҳаво татбиқ карда мешаванд, кори саривақти ва лозимӣ мебошад.

Маълум аст, ки кишвари мо дар ин барномаҳо наметавонад маблағгузор бошад, аммо метавонад дар татбиқи ин барномаҳо фаъолона иштирок намояд. Дарёҳои Тоҷикистон яке аз сарчашмаҳои асосии таъминкунандаи оби минтақа мебошанд ва тозаву беолоиш нигаҳ доштани онҳо маблағу вақти зиёдеро талаб мекунад. Бо тайёр кардани  лоиҳаҳои асоснок ва пешниҳод кардани онҳо ба фондҳои дар боло зикршуда метавон маблағ ба даст овард ва онро барои ҳафзи тозагии дарёҳо ва ҳифзи амнияти аҳолии дар минтақаҳои осебпазир зиндагонӣ мекарда сафарбар кард. Новобаста аз он, ки назарияи болоравии ҳарорати ҳаво ва ба фоҷеа оварда расонидани он дуруст аст ё не, аз фондҳои мавҷудаи мубориза бо он, метавон барои ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон истифода кард ва мушкилотеро бартараф кард, ки имрўз вуҷуд доранд ва ба ҳаёти аҳолӣ хатар доранд.

Қатъномаи ахиран қабулшуда дар СММ оиди эълон кардани солҳои 2018-2028 даҳсолаи амалиёт барои “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буд, як имконияти дигар аст барои пурзур кардани фаъолият барои ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон.  Маълум аст, ки саломатии инсон аз оби тоза ва муҳити тоза вобаста аст ва рушди иқтисодии ҳар кишвар аз аҳолии солими он вобаста аст. Мақсади асосии Даҳсолаи амалиёти “Об барои рушди устувор” ин нигаҳдории сифату тозагии манобеи обӣ дар саросари ҷаҳон бо баланд бардоштани сатҳи дониши одамон, дастрас намудани иттилоърасонӣ дар мавриди амалҳо барои ҳифзи манобеи обӣ ва дигар амалҳо барои истифодаи дурусти манобеи обии ҷаҳон мебошад. Ба ин қатънома 177 кишвари дунё шомил шудаанд ва ин имкон медиҳад ки дар ҳамкорӣ бо ин кишварҳо мушкилоти обрасонӣ ва ҳифзи муҳити зист дар кишвари моро бартараф кард. Ин метавонад боиси нигаҳдории саломатии аҳолӣ гардад ва аҳолии солим метавонад фаъолияти боз ҳам самараноктар дошта бошад ва дар натиҷа дар ҳама соҳаҳо дар кишвари мо болоравии назаррас ба даст меояд.

Хулас, вақти он аст, ки мо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода карда, муҳити зистро ҳифз кунем ва дар заминаи он иқтисоди худро тавсеа бахшида, ба зинаҳои болотари зиндагӣ ва фаъолият бирасем.

 Меҳр СОБИРИЁН,
Таҳмина МАҶИДОВА
Хондан 8416 маротиба

Китобҳо