JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 05:33

Сайёраи хурди ба номи олимаи тоҷик Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна 24533 Kokhirova(2001 CR 27)

Муаллиф:

     Аз аввали ташкилшавии Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони зиёде дар ҷодаи илми астрономия то инҷониб кор ва фаолият карда истодаанд. Аз тарафи Иттиҳоди Байналмилалии Астрономи ба номи Тоҷикистон, ба номи Расадхонаи астрономии Ҳисор, ба номи дигар кормандони институт астрофизика сайёраҳои хурд, яъне астероидҳо номгузори кардаанд. Моҳи июли с. 2014 тибқи қарори Иттиҳоди Байналмилалии Астрономи ба яке аз коригарони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна як cайёраи хурд (астероид) № 24533 ба номи “Kokhirova” номгузори карда шуд.

  Шабҳои 27-28-29 ва 30 июни соли 2014  дар Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох бо ёрии телескопи Цейсс – 600, ки, сайёраи хурди (24533) Kokhirova мушоҳида карда шуд.

 Расми 1. Расми ду бинои телескопи Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох

 Расми 2. Расми Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох дар ноҳияи Данғараи вилояти Хотлони Ҷумҳурии Тоҷикистон арз 38°15′40″  тул 69°13′04″. Баланди аз сатҳи баҳр: 2300м ин Расадхона аз соли 1980 ин ҷониб кор ва фаолият карда истодааст.    

   Ҳангоми мушоҳидаи  ин сайёраи хурд дар телескоп камераи рақамии ССD MicroLine 09000 истифода гардид. Ҳангоми мушоҳидаҳо харорати ССD-камераро -20.0°C гузошта, аз филтрҳои системаи Джонсон-Козинс танҳо бо филтри R ва давомнокии вакти ҳар як кадри мушоҳидавиро 60 сония дода шуд. Дар чор шабмушоҳидаи сайёраи хурдро гузаронида шуда, ҳамаги 824 акс гирифта шуд. Барои муайян намудани хусусиятҳои физикавии ин сайёраи хурд ситораҳое, ки класси спектралиашон ба класси спактралии Офтоб наздик мебошад, яъне 8 ситораи муқоисавӣ, интихоб гардид. Зиёда аз 824 акси гирифташуда, паш аз ҳама бо истифода аз Dark ва Flat-и пешаки ба даст овардашуда, бо барномаи компютери ба меъёри нормали гузаронида шуд. Баъди ин корҳо ҳамаи кадрҳо бо ёрии барномаи компютерии MaxIm DL коркард карда шуд. Гузариш аз бузургии ситоравии инструменталии сайёраи хурд ба бузургии ситоравии системаи байналмилали нисби бо ёрии ситораҳои муқоисави аз каталоги астрономи Тихо, инчунин бо истифода аз адабиёти махсус Страйжис В. Многоцветная фотометрия звезд – Вильнюс, «Мокслас», 1977 г., 312 с иҷро карда шуд. Аз руи ситораҳои муқоисавӣ бузургии ситоравӣ, хатти каҷи дурахшони ва даври гардиши сайёраи хурди (24533) Kokhirova муайян гардид.

 

Расми 3. Акси телескопи Цейсс-600мм

Расми 3. Мушоҳидаҳои фотометрии  сайёраи хурдро дар 4 шаб, дар телескопи Цейсс-600, аз 27-30 августи соли 2014 гузаронида шуданд: диаметри телескоп 600мм камераи-раками CCD FLI: Масофаи факуси 2400мм: Хунуккунӣ ҳарорати камера - 20° C: Давомнокии вақт аксҳои гирифташуда 60 сония: Мушоҳидаҳо дар ҳар шаб аз 2 то 4.30 соат танҳо бо филтри R зиёда аз 824 акси сайёраи хурд ба даст оварда шуд.

 Ҷадвали ситораҳои муқоисави 

α

δ

поле

V

B-V

1

1h47m44.58s

+08°59'46.1"  

0622-01159-1

12.16

0.16

2

1h47m20.49s

+09°10'03.0"

0622-00547-1

12.62

0.20

3

1h48m10.17s

+09°28'53.0"

0622-00770-1

11.78

0.43

4

1h48m28.81s

+09°30'40.2"

0622-00298-1

12.29

0.31

5

1h50m18.93s

+09°13'04.1"

0622-00865-1

 11.32

0.37

6

1h50m17.57s

+09°12'23.6"

0622-01004-1

12.43

0.07

7

1h50m37.61s

+09°13'15.0"

0622-01141-1

11.15

0.83

8

1h50m36.71s

+09°01'26.7"

0622-00262-1

11.12

0.21

  

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

  

  α – баромади рост, δ – моили, V – Параметрҳои дар филтри V, (B-V) –ранг дар системаи фотометрии стандарти.

Расми 5. Ҳаракати сайёраи хурди (24533) Kokhirova дар осмони пурситора дар шабҳои 27, 28 ва 29 августи соли 2014.

Вақти ҷаҳони UT = 16h 00m; α = 01h 49m 31.1s; δ = + 09h  17m 37s; бузургии ситоравӣ = 17.8; фазаи астероид = 15.8%; Дар бурҷи ситоравии Ҳут; масофа аз замин D = 2.336 в.а. яъне 350,4 млн.км масофа аз Офтоб r = 3.035 в.а. яъне 455,25 млн.км мебошад.

Натиҷаҳои астрометри сайёраи хурди (24533) kokhirova

Сана         UT        α.      (J2000)    δ.       Delta      r         El.      Ph.    V

2014 08 26 140000 01 49 39.5 +09 15 55   2.348   3.034  124.3  16.0  17.9

2014 08 26 150000 01 49 39.2 +09 15 59   2.347   3.034  124.3  16.0  17.9

2014 08 26 160000 01 49 39.0 +09 16 04   2.347   3.034  124.4  16.0  17.9

2014 08 26 170000 01 49 38.7 +09 16 08   2.346   3.034  124.4  16.0  17.9

2014 08 26 180000 01 49 38.4 +09 16 12   2.346   3.034  124.4  15.9  17.9

2014 08 26 190000 01 49 38.0 +09 16 16   2.345   3.034  124.5  15.9  17.9

2014 08 26 200000 01 49 37.7 +09 16 20   2.345   3.034  124.5  15.9  17.9

2014 08 26 210000 01 49 37.3 +09 16 24   2.344   3.034  124.6  15.9  17.9

2014 08 26 220000 01 49 37.0 +09 16 28   2.344   3.034  124.6  15.9  17.9

  

 Расми 6. Ҷойгиршавии нуқтаҳои мушрҳидави хати каҷи дурахшони сайёраи хурди (24533) kokhirova дар  шаби 27-30.08.2014. Тағйирёбии миёнаи хати каҷи дурахшони (амплитуда) 0.15 бузургии ситорави.

Дар расми. 6 хати каҷи дурахшони сайёраи хурд, ки дар чор шаби пайиҳам ба даст оварда шуда аст. Тақсимоти нуқтаҳои мушоҳидави аз бузургии ситоравии 18.2 то бузургии ситоравии 17.4 ба қайд гирифта шуда аст. Ҳисоби миёнаи амплитудаи хати каҷи дурахшони нуқтаҳои мушоҳидави ба 0.15 баробар аст. Чи тавре ки аз расмиҳои хати каҷи дурахшони чор шаб дида мешавад, ки дар ҳар як шаби мушоҳида хати каҷи дурахшони сайёраи хурд шакли гуногунро дорад. Яъне дар чор шаби мушоҳида, қисмҳои гуногуни сатҳи сайёраи хурдро мушоҳида карда шуда аст. Аз руи мушоҳидаҳои чоршаба кунҷи биниши сатҳи сайёраи хурд гуногун буда дар ҳар шаби мушоҳида минтакаҳои гуногуни сатҳи онро мушоҳида карда шуда аст.

 Расми 7. Ҷойгиршавии нуқтаҳои мушoҳидавӣ сайёраи хурди (24533) Kokhirova дар чор шаб.

Расми 8. Натиҷаи мушоҳидаи сайёраи хурди (24533) Kokhirova бо тавассути таҳлили қатори Фурие.

Барои муйян намудани тағйирёбии даврии чархзани аз барномаи «Period04» истифода карда шудааст. Натиҷаи даври муайян карда дар расми 8 нишон дода шудааст, ки дар он басомад ~ 1,6679 мувофиқ буда ва даври чархзании сайёраи хурд дар атрофи тири худ ба 14.389 соат ё дақиқа 863.34 баробар мебошад.

Расми 9. Фазаи хати каҷи дурахшони сайёраи хурди (24533) Kokhirova.

Дар расми. 8 хати каҷи дурахшони сайёраи хурд, ки ба даври 14.4 соат баробар аст. Чи тавре аз расми 9 дида мешавад, ки аксари нуқтаҳои мушоҳидави дар худуди минтакаи фазаи хати каҷи дурахшони хобида аст. Ҳамчунин нуқтаҳои намоён, ба таври назаррас дар умум хати каҷ намоён аст ва амплитудаи миёнаи нур муайян мебошад. Ҳисобҳо нишон доданд, ки як тарафи сайёраи хурд нисбат ба дигар тарафаш 1.5 баробар фарқ мекунад. Ин нишон медиҳад, ки шакли геометрии астероид ғайри куррагиро дорад.

Кутри ин  сайёраи хурди ба ҳисоби миёна, ки ба 12 км баробар мебошад.

 

Расми 10. Шакли геометрии сайёраи хурди (24533) kokhirova

ХУЛОСА

Таҳлили фотометрии сайёраи хурди (24533) Kokhirova ҳангоми дар дохили тасмаи сайёраҳои хурд (астероидҳо) ҳаракат карданаш мушоҳида карда шуд. Хатти каҷи дурахшонии сайёраи хурд сохта шуда, аз рўи он даври чархзаниаш муайян гардид, ки ба 14.389 соат баробар аст. Шакли геометрии астероид ғайрикураги буда як тарафи сатҳаш наисбат ба дигар тарафи сатҳаш 1.5 баробар фарқ мекунад. Барои аниқтар муайян намудани даври чархзании ин сайёраи хурд, ҳангоми наздикшавии ояндааш ба Замин дар солҳои 2018, 2023 ё инки 2028 мушоҳида бояд кард.

 Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдуллоев С.Х. Ҳамроев У.Х.

Хондан 2320 маротиба

Китобҳо