Дар нимаҳои даҳаи сеюм ва чаҳоруми қарни XX мавзӯи нақсу мушкилоти алифбои кунунии форсӣ дубора дар матбуоти Эрон мавриди ҷаҳру баҳс қарор гирифт, ки дар он тарафдорони тағийри алифбо ва мухолифони сарсахти он баҳсҳои доманадореро ба роҳ андохтанд.
Сабаби навиштани ин мақола ин ба масхара кашидани мафҳуми “озодандешӣ” дар шароити имрӯза мебошад. Озодандешӣ ин бемасъулиятии бебанду бор ва бозӣ бо эҳсосҳои лаҳзаина набуда, балки масъулияти сангин дар назди ояндаи инсонҳо мебошад. На ҳар иқдоми “озодандешона” ба озодӣ мерасонад, балки метавонад ба бадтарин ғуломӣ расонад.Дарки ин маънӣ, ки дар поён ҳақиқаташро мекушоем бахусус барои озодандеш ва ё рӯшанфикри шарқӣ бисёр муҳим мебошад.
Иқлими муътадил, ҳудуди беҳадду канор бо шароити хуби шикори ҳайвонот ва моҳӣ 100 ҳазор сол пеш аз мелод, боиси муқимӣ шудани аввалин насли одамизод, ки дар таърих бо номи неандерталҳо маъруфанд, дар минтақаи зисти аҷдодони Белорус ба қайд гирифта шудааст.
Баъд аз гузашти асрҳо, нишонаҳои дар вилояти Гомелск 27–24 ҳазор сол пеш аз солшумории мо умр ба сар бурдани аҷдоди қадимаи инсоният (Homo sapiens) кашф карда шуд.
Бо обшавии пиряхҳо (асри VIII пеш аз мелод) ва расидани мавсими муътадил, ҳудуди сарзамини имрӯзаи Белорусро ҷангал фаро гирифта, он бо мурури замон ба тағйирёбӣ ва ташаккули инсоният кӯмак расонидааст.
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, директори Маркази антропологии АИҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музафарӣ иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Антропологияи мардумони ориёитабор» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.