Муҳаммад Ғунаймӣ Ҳилол яке аз бузургтарин татбиқгарон ва мунтақидони адабии араб дар садаи ХХ мебошад. Китоби “ал-Адаб ал-муқоран”-и ӯ нахустин асари илмӣ дар назарияи адабиёти муқоисавӣ дар кишварҳои арабӣ ба шумор меравад. Дигар асари ӯ “Лайло ва ал-Маҷнун фӣ ал-адабайн ал-арабӣ ва ал-форисӣ” аст ва метавон онро яке аз муҳимтарин осори татбиқии арабӣ донист, ки бар асоси мактаби татбиқии Фаронса таълиф шудааст. Маҳз хидмат ва ҳиммати Ғунаймӣ Ҳилол буд, ки мавзӯи “Лайлӣ ва Маҷнун” ба яке аз муҳимтарин мавзӯҳои таҳқиқотӣ дар адабиёти муқоисавии арабӣ табдил шуд. Ӯ бо таълифи китоби “Лайло ва ал-Маҷнун фӣ ал-адабайн ал-арабӣ ва ал-форисӣ” (1945) роҳро барои пажӯҳишҳои пас аз худ дар ин замина ҳамвор кард.
Китоби “Лайло ва ал-Маҷнун фӣ ал-адабайн ал-арабӣ ва ал-форисӣ”-и Ғунаймӣ Ҳилол ба се бахш тақсим шудааст: Дар бахши аввал ғазали узрӣ (пок) ва ахбори Маҷнун дар адабиёти куҳан ва нави арабӣ ба диққат мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Аз адабиёти муосири араб намоишномаи “Маҷнун Лайло” асари Аҳмад Шавқӣ шоири мисриро баргузидааст ва ба баёни таъсири ғайри мустақими манзумаҳои форсӣ дар ин намоишнома мепардозад. Маъруф аст, ки Шавқӣ аз адабиёти туркӣ бархурдор буд ва ба эҳтимоли зиёд ба воситаи адабиёти туркӣ таҳти таъсири манзумаҳои форсӣ қарор гирифта буд. Инчунин, вай аз навиштаҳои фаронсавӣ дар бораи Лайлӣ ва Маҷнун, ки хулосае буд аз матнҳои форсӣ, низ мутаассир шуда аст. Масалан, вай ба шеваи адёни эронӣ, Лайлиро пас аз издивоҷ бо “Вард” ҳамчунон душиза нигаҳ дошта, ӯро нисбат ба Маҷнун вафодор медонад. Ин тарзи нигориш дар манбаъҳои арабӣ нест ва ба манбаъҳои форсӣ тааллуқ дорад.
Бахши дуюм, ба баррасии Лайлӣ ва Маҷнун дар адабиёти форсӣ бахшида шудааст. Дар ин бахш, муаллиф манзумаҳои муҳими форсӣ чун “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Низомӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳотифӣ, Ҷомӣ ва ашъори Саъдӣ, Ваҳшӣ Бофиқӣ ва Мактабии Шерозиро баррасӣ кардааст. Муҳтавои бахши сеюм низ баррасии таъсироти адабӣ дар мавзӯи “Лайлӣ ва Маҷнун” ва омилҳову натиҷаҳои он буда, аз чор фасл иборат мебошад: 1. Авомили пайвандҳо ва таъсироти мутақобил дар адабиёти арабӣ ва форсӣ. 2. Ишқи суфиёна. 3. Таъсироти ривоятҳои арабӣ дар достонҳои форсии “Лайлӣ ва Маҷнун”. 4. Вижагиҳои мавзӯи “Лайлӣ ва Маҷнун” дар достонҳои форсӣ.
Равиши пажӯҳиш. Равиши пажӯҳиши нависанда дар ин китоб таърихӣ-илмӣ аст. Ӯ бо пайравӣ аз мактаби классики Фаронса дар адабиёти муқоисавӣ ба баёни ҳақоиқи адабӣ дар партави таърих мепардозад ва ҷунбишҳову андешаҳои адабии мавҷуд дар афкори суфиёнаро бо ҷараёнҳои фикрии ҷаҳоншумулӣ чун мактаби романтизм пайванд мезанад ва решаҳои фалсафии ин афкорро шарҳ медиҳад, ки дар пажӯҳишҳои татбиқӣ ҳадафе басо муҳим ба шумор меравад.
Аҳамияти достони “Лайлӣ ва Маҷнун” дар адабиёти арабӣ ва форсӣ. Чунон ки қайд шуд, мавзӯи “Лайлӣ ва Маҷнун” яке аз роиҷтарин мавзӯҳои пажӯҳишӣ дар адабиёти муқоисавии арабӣ аст. Пас аз он, ки Ғунаймӣ Ҳилол китоби “Лайло ва ал-Маҷнун...”-ро навишт, пажӯҳишгароне чун Абдуссалом Кафофӣ, Тоҳо Надо, Бадиъ Ҷумуъа, Иброҳим Абдуррахмон Муҳаммад, Закӣ ал-Ишмовӣ, Саид Ҷамолуддин, Тоҳир Маккӣ, Абдулвоҳид Бушдоқ ва дигарон, ҳамагӣ аз ин асари татбиқӣ илҳом гирифта, таъсирпазир шуда, дар ин замина таҳқиқоти густарда бурда, мақолаҳои илмӣ навиштанд.
Достони “Лайлӣ ва Маҷнун” дар назди шоирони суфии форс низ беҳтарин таваҷҷӯҳро доштааст. Қайс ё Маҷнун дар адабиёти арабӣ нишонаи ишқи узрӣ (пок) аст. Ғазали узрӣ мансуб ба қабилаи Узра буда, дар замони Умавиён дар Ҳиҷоз ва атрофи он падид омад, ки аз ишқи поку оташин ва аз ранҷҳову андӯҳи ошиқ сухан мегӯяд ва аз ҳаргуна ҳарзагӣ ва беҳудагӯӣ дур аст ва ҷиҳати динии равшане дорад. Шоирони узрӣ дар адабиёти арабӣ бисёранд. Аммо аз ин достон танҳо ахбори марбут ба Лайлӣ ва Маҷнун аст, ки ба адабиёти форсӣ роҳ ёфта ва мавриди таваҷҷӯҳи зиёд қарор гирифтааст. Даҳҳо шоири форсизабон дар бораи Лайлӣ ва Маҷнун шеър гуфтаанд ва манзума сурудаанд. Аз дидгоҳи доктор Ғунаймӣ Ҳилол, сабаби ин таваҷҷӯҳи фаровон ба Маҷнун ин аст, ки шоирони бузурге, ки дар адабиёти форсӣ ба вай пардохтаанд, аз адибони суфианд ва дар ахбор ва ривоятҳои марбут ба Маҷнун вижагиҳое ёфтаанд, ки дар ахбори дигар шоирони узрӣ нест ва онро ҷавлонгоҳи васеъ ва муносиб барои парвариши хаёл ва андешаҳои худ ёфтаанд. Аз он ҷумла, бенасиб мондани Маҷнун аз розӣ кардани отифаи ошиқонаи хеш; Мавзӯе, ки муҷиб шуд ӯ отифаи худро то болотарин ҳудуд ва мартабаҳои он баркашад; Ва чун аз Лайлӣ навмед шуд, худро қурбони ишқ кард ва ваҷду ҷунуни суфиёна ба ӯ ғалаба кард.
Маҷнун дар назди суфиёни араб, шахсест обид, хилватгузида, рӯйгардон аз хурдани гушт ва дорои каромот. Ҳайвонот бо ӯ унс мегиранд ва ӯ бо онҳо унс мегирад. Аммо муҳимтарин сифати вай ҷунунии ӯст. “Ҷунун” на бо истилоҳи омма, балки ба маънои “туғён ва ғалабаи эҳсосот бар ақл ба сабаби нерӯи отифа дар дил” мебошад. Ҷунун ба ин маъно болотарин мартабае мебошад, ки суфӣ ба он ноил мешавад. Ин ҳолатҳо ва вижагиҳо сабаб шуд, ки шоирони суфии форсизабон ба Маҷнун таваҷҷӯҳи хоссе карда, андешаҳо ва тасаввуроти худро дар ин замина ба тасвир кашанд.
Фарҳанги арабӣ дар манзумаҳои форсӣ. Ғунаймӣ Ҳилол дар фасле бо номи “Таъсири ривоятҳои арабӣ дар достонҳои форсии Лайлӣ ва Маҷнун” аз таъсири адабиёт ва фарҳанги арабӣ дар достонҳои форсии Маҷнун ишора кардааст, мисли нишони узрии Маҷнун дар адабиёти арабӣ ва форсӣ, таъсири ривоятҳои арабӣ дар бунёд ва сохтори аслии достон, шакли арабии достон ва ҳаводиси он, шомили васфи муҳит ва манзараҳои арабӣ, одатҳо, суннатҳо ва хурофотҳои арабӣ аст, мисли ба фоли нек ё бад гирифтани садои зоғҳо ва ё эҳсоси бадбинӣ аз дидани пиразани зиштрӯ дар аввали рӯз ва ғайра.
Тафовутҳои мазӯи Лайлӣ ва Маҷнун дар адабиёти арабӣ ва форсӣ. Ҳилол тағйироти мавзӯи Маҷнун дар адабиёти форсӣ баррасӣ намуда, фарқи ин дуро хуб баён намудааст. Вай муътақид аст, ки мавзӯи Маҷнун дар адабиёти қадимаи араб дар маҷмӯае аз ривоятҳои парешони таърихӣ маҳдуд аст ва ҳаргиз шакли як достонро надорад. Аммо дар адабиёти форсӣ бисёре аз шоирон аз он достоне сохтанд, ки ҳаводиси онро ба асоси ривоятҳои арабӣ, мавриди назари хеш мураттаб кардаанд. Аз ин сабаб, рӯйдодҳои ин достон дар адабиёти форсӣ ҳамоҳанг буда, дур аз парешонӣ аст.
Шоирони форсӣ ба асли арабии достон пойбанданд, аммо ҷузъиёти наве ба асли достон илова кардаанд, ки онро ба муҳит ва асру замони эшон наздик мекунад ва гоҳе аз асли арабии он дур месозад. Масалан, Низомӣ мегӯяд, ки Лайлӣ ва Маҷнун дар мактаб ошиқ шуданд, вале Ҷомӣ он дуро дар ҷавонӣ ошиқи якдигар донистааст.
Фарқи муҳимтари қисса дар шакли суфиёнаи он дар адабиёти форсӣ аст, ки муҳимтарин вижагии манзумаҳои марбут ба Маҷнун аст. Маҷнун дар адабиёти форсӣ масалан, дар шеъри Низомӣ, аз ҳамон оғози ошноии худ бо Лайлӣ дӯстдори хилватгузидан ва ибодату зуҳд аст. Ӯ ба хотири тарки дунё ба саҳро мерафт ва хилват мегузид. Вай як суфии соҳибкаромот буд, ки ишқаш дар ҳақиқат ба ҳазрати Ҳаққ буд.
Шеваи баёни шоирони форсӣ дар васф ва дур шудани онҳо аз муҳити биёбонии араб низ, қобили таваҷҷӯҳ аст, мисли васфи мактабе, ки Лайлӣ ва Маҷнун дар он ҷо дарс мехонданд. Таваҷҷӯҳи шоирони форс ба бӯстонҳои сарсабзу боғҳои хурраме, ки Лайлӣ барои гардиш ба он ҷо мерафт. Ва васфи дарахтони сарв, гулҳо, меваҳо ва ғайра ҳамаи ин авсоф аз муҳити эронӣ гирифта шуда, натиҷаи хаёли шоиронаи форсизабонон мебошад.
Дар маҷмӯъ, бояд гуфт, ки шоирони форсизабон тавонистаанд аз маҷмӯи ривоятҳои парокандаи арабӣ ғамномаи зоҳидии орифро бисароянд, ки аз тариқи дилу эҳсос дар ҷустуҷӯи ҳақиқат буд. Аз ин сабаб, ранҷҳое, ки ба ӯ расид озмуне буд, ки имони вай ба воситаи онҳо қавӣ гардида бовариаш қувват гирифт.
Тарҷумаи китоб. Китоби “Лайло ва ал-Маҷнун фи ал-адабайн ал-арабӣ ва ал-форисӣ” бо ҳиммати доктор Ҳодӣ Назрӣ Мунзим устоди гурӯҳи забон ва адабиёти арабии донишгоҳи Тарбияти мударрис ва бо ҳамкории Райҳона Мансурӣ коршиноси аршади забон ва адабиёти арабӣ, аз арабӣ ба форсӣ тарҷума шудааст. Назрӣ Мунзим дар тарҷума аз арабӣ ба форсӣ хеле моҳир аст. Ӯ бо диққат илова ба риояти қоидаҳои сарфиву наҳвии ду забон, кӯшидааст матни илмиеро пешкаш намояд, ки хонандаи китоб огоҳ намешавад, ки ин матн тарҷумашуда аз арабӣ аст.
Б) “Мухторот мин аш-шеър ал- форисӣ”
Кори дигаре, ки Муҳаммад Ғунаймӣ дар адабиёти форсӣ анҷом додааст, ин аст, ки ӯ аз Абуабдуллоҳи Рудакӣ сар карда, то Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ намунаи ашъори форсиро ба арабӣ тарҷума карда, дар китобе бо номи “Мухторот мин аш-шеър ал-форисӣ” пешкаши хонандагони араб намудааст.
Пеш аз овардани намунаи ашъор, шарҳи ҳоли шоиронро мухтасаран дар ҳаҷми ду-се сафҳагӣ зикр намуда, сипас кӯшидааст, ки тарҷумаи шеъро дар қолаби шеърӣ дарорад.
Илова бар ин, аввалин шуда Мавлоно Ҷалолуддин Румиро дар мақолае бо номи “Ҷалолуддин Румӣ” ба хонандагони араб ошно сохта, мақолаҳоеро ба ҳаёт ва асарҳои Мавлоно, Иқбол ва дигар бузургони форсу тоҷик бахшидааст.
Мансуров Оятулло
Носиров Абубакр
Институти забон ва адабиёт ба номи А.Рӯдакии АИҶТ