JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 17 Июни 2019 13:39

Ҳолати ноҷури равонӣ - иллати ҳангомасозии расонаӣ (дар ҳошияи навори расонаӣ)

Муаллиф:
Ҳолати ноҷури равонӣ - иллати ҳангомасозии расонаӣ (дар ҳошияи навори расонаӣ) https://akhbor.com/clients/akhbor/6-16-2019-2-27-57-PM-6708123.png

  Ахиран, пойгоҳи хабарию иттилоотии “Ахбор.ком” (https://akhbor.com/-p9452-168.htm?fbclid=IwAR2XuUfocdtXmPdh-G0PqY-Qqxgo_p2b9Q4ivIALyYfABYeww9PW3Il_Sb8) матлаби кӯтоҳеро бо пахши навор, ки дар он омӯзгор дар ҳолати ногувори равонӣ тарафи хонанда мешӯрад, мунташир кард. Наворе, ки шахсияти омӯзгорро ба масхара мекашад, махсусияти ҳангомабарангезӣ дорад ва, мутаассифона, имрӯз ағлаби пойгоҳҳои таҳлилию иттилоотӣ ва дар маҷмӯъ, фазои маҷозӣ ба минбари таҳқиру тавҳини ашхос табдил ёфтаанд. Кор то ба ҷойе расидааст, ки дигар шахсияти омӯзгор, ки дар баъзе муҳитҳои иттилоотӣ ва иҷтимоию фарҳангии тоҷикӣ ба мавзӯъ ё предмети тамасхур табдил ёфтааст, мадди назари гурӯҳҳои расонаӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст. Аҷабо, ба ном бузургони расонаҳои бонуфуз ва пурхонанда дар пайи шикастани рӯҳияи миллӣ, ки яке аз созандагонаш ҳамин омӯзгор аст, гом бармедоранд ва ин кори худро рисолати ҳирфаӣ унвон мекунанд.

  Ростӣ, аснои тамошои навор ҳолату эҳсоси шармсорӣ (ба ҷойи мунташиркунандагони ин навъ навор сахт шарм варзидем) ва хиҷолатзадагӣ (хиҷолатзада  аз он шудем, ки як рӯзноманигори ҳамватани мо, ки даъвиҳои бебаркаши ахлоқӣ, фарҳангӣ, маданӣ, сиёсӣ ва билохира инсонӣ мефурӯшад, ба дасти хеш омӯзгорашро буғӣ мекунад ва ба модаю объекти мазоҳи дигарон вогузошта, аз ин амал кайфият мебарад) моро фаро гирифт.  Ба худ печидем ва дар робита бо мавзӯъ чанд андешаи муқаддамотиро иҷмолан рӯйи сафҳа рехтем:

  Якум. Мусаллам аст, ки мақоми иҷтимоии омӯзгорро ба дасти худамон пойин бурдем ва бо амалҳое, ки нисбат ба ин қишри як вақтҳо пурнуфузи иҷтимоӣ анҷом дода ва ҳамакнун медиҳем, қабл аз ҳама, миллатро ба маърази масхара мекашем. Хуб медонем, ки дар саргаҳи интеллигенсияи миллию ватанӣ омӯзгор қарор дорад ва иттифоқоти фикрию маданӣ ба туфайли ӯ сурат гирифта, таҳаввулоти иҷтимоию ахлоқӣ ва эҷодию маърифатӣ ба кайфияти фаъолияти омӯзгорӣ дар ҷомеа бастагӣ дорад.  Бо он ки омӯзгор маоши зиёд намегирад ва аз нуфузи чашмгири иҷтимоӣ ва маданӣ бархӯрдор нест, аз рӯйи тавони фикрию эҷодӣ ва неруи фарҳангӣ ба тарбияи насли наврасу ҷавон машғул аст. То метавонад, ба мардум хидмат мекунад. Махсусан, омӯзгороне, ки дар деҳоту музофоти ҷумҳурӣ машғули тарбияи насли наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷикианд, воқеан, қаҳрамонанд.

  Дуюм. Дар шароити феълӣ, ки ҳар хонавода бо ин ва ё он васила бо интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайваст аст, идора кардани насли наврасу ҷавон саҳлу осон нест. Ҳар кӣ дар ин шароит ва фазои иттилоотӣ омӯзгорӣ кардааст, хуб медонад, ки хонандаи мо дар чӣ муҳити нобобу номатлубе (манзурам фазои маҷозӣ аст, ки дар баробари дарёфти иттилооти нофеъ, корбар ва ё хонандаи ногоҳро ногузир ба чоҳи гумроҳӣ ва иғтишошоти фикрӣ мекашад) ба сар мебарад? Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки як хонандаи фаъол бо дастрасӣ ба иттилооти гуногун дар як они воҳид фикран ва равонан тағйир меёбад ва агар ин тағйироти фикрию иттилоотӣ нофеъ бошад, хуб, вале агар сели маълумот зеҳни  ӯро  даргир сохта, оқибат ба як шахсияти худбохта ва беҳувият табдилаш диҳад, чӣ мешавад? Натиҷа ин мешавад, ки насли беҳувият ва худбохта тавлид мегардад ва бо ин насл бархӯрд кардан кори осон нест.

  Сеюм. Бармегардем ба муҳтавои навор. Дар навор бидуни парда дида мешавад, ки ҳадафи муҷрӣ ва ё тарроҳи саҳна беобрӯ кардани омӯзгор аст ва барои ҳолати номатлуби равониро ба вуҷуд овардан, хонанда бо пурсишу суолоти иғвогарона омӯзгорро аз ҳолати нормал ё муътадил берун кашида, водор ба таҳқир ва дуруштгӯйиву дағалгуфториаш месозад(ин ҳолатро ба истилоҳи равонӣ провокатсия ё ангезиши иғво меноманд). Ба сухани дигар, муҷриёни ин тарҳ дидаву дониста омӯзгорро мавриди сӯйистифода қарор дода, ҳадафи нопокеро дунбол кардаанд. Ин аст, ки ҳадаф на бозгӯ кардан ва ё матраҳ сохтани мушкилоти қишри муаллимӣ аст, балки беобрӯ намудани шахси омӯзгори деҳотӣ дар меҳвари иғвогарӣ қарор дорад.

  Чаҳорум. Мо харгиз иддао намекунем, ки омӯзгори имрӯзӣ орӣ аз навоқису иштибоҳот аст. Аммо ангушти иттиҳом рӯйи омӯзгор дароз кардан ва рӯҳияи аз мушкилоти рӯзгор хасташудаи ӯро ба намоиш гузоштан баробар бо масхара кардани миллат аст. Чӣ, мову шумо аз ҳолати маъмулӣ ва ё табиии равонӣ ҳаргиз берун набаромадаем ва бо нафаре дуруштию дағалӣ накардаем? Садҳо ва ҳазорон маротиба иштибоҳ кардаю мекунем, вале ба дигарон, аз ҷумла ба омӯзгори бечора, ки дар як даст кӯлвори сангини рӯзгор ва дар дасти дигар бори гарони тарбияи фарзандони мардумро бар дӯш гирифтааст, иҷоза намедиҳем, ки марзи иштибоҳотро убур намояд. Ин аст сатҳи баланди худхоҳӣ ва худбинӣ!          

   Панҷум. Охир, низоми зиндагии дунявӣ ва фазои дунёмадорӣ ба ҳама, новобаста аз мақому касбият, тааллуқоти миллию нажодӣ ва динию эътиқодӣ шароит ва иҷозаи баробари иштибоҳ ва ислоҳи нуқсонотро фароҳам меоварад. Иштибоҳи як омӯзгори деҳотӣ, ки он ҳам ба сабаби иғвогариҳои муҷриёни тарҳи бадномсозӣ иттифоқ афтодааст, аз ҷумлаи иштибоҳотест, ки дар рӯзгори рӯзмарраи мо зиёд вомехӯрад, аммо касе ва ё рӯзноманигори ҳирфаие аз он иттилоъ намедиҳад, зеро ки ин навъ иштибоҳот характер ва ё хусусияти ҳангомавӣ-сенсатсионӣ надоранд. Мутаассифона, барои иддае аз муассисону муҷриёни расонаҳои дохилию хориҷӣ ҳангомасозӣ ва фазлфурӯшӣ ба одати маъмулӣ табдил ёфтааст ва ин одати бад дигар афкори умумиро таҳти тасаллут қарор медиҳад.

Мудирияти сомона

Хондан 1323 маротиба