Чи хеле ки мебинем, вазифаю ҳадафҳои ин ҳаракат пеш аз ҳама раҳонидани ҷомеа аз ҷаҳолату нодонии замони тираю тор буд. Барои расидан ба ин ҳадаф ғарбиён бештар ба воқеъияти амал ва воситаи ҳақоиқи таҷрибашуда такя намуда, аз анъанаву одатҳои ноозмуда даст кашида, ҷаҳлу ҳурофот ва таассубро фурӯ менишонданд. Ин талошҳо, аксаран ба олами Ғарб имконпазир буд, бинобар ин ҷараёни маорифпарварӣ дар як муддати кӯтоҳ тамоми Аврупоро фаро гирифт. Мақолаи Имануэл Кант «Рӯшангарӣ чист?» ном дошта, бо инобати вазъи ислоҳотхоҳонаи он замон ба ҷанбаҳои амалии ин ҷараён характери иҷтимоӣ дода чунин қайд мекунад: «Раҳоии инсон аз вазъи худхостаи ҳақорат ва дастёбии ӯ ба мароҳили булӯғе, ки дар таслим ва ҳисороташ барои ба коргирии фаҳми худ бидуни кӯмаки дигаре мутаҷалло мешавад…» [3. c. 230]. Чи хеле ки мебинем, Кант замони то рӯшангароиро «вазъи худхостаи ҳақорат» ҳисобида, «раҳоии инсон»-ро аз ин вазъ «ба коргирии фаҳми худ бидуни кӯмаки дигаре» мебинад. Чунин ба назар мерасад, ки «коргирии фаҳми худ»- гуфта, Кант ташаккули тафаккури илмию ислоҳотхоҳонаро шояд дар назар дошта бошад, «бидуни кӯмаки дигар», яъне ба дастури дигарон ва дар асоси хусусиятҳои хоси ҳамон кишвар амалисозии ҳаракати рӯшангароиро дар назар дорад. Шояд Кант тарафдори мустақилона ҳал намудани мушкилоти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаро дошта, аз интиқоли иҷбории инқилобҳои сунъии оянда дар ташвиш буд.
Кушодани мактабҳои нав, таъсиси маҷаллаҳою рӯзномаҳо танҳо бо дастгирӣ ва роҳбарии бегонагон ба вуҷуд меомад. Аз рӯи шаҳодати устод Айнӣ дар «Таърихи инқилоби Бухоро» на танҳо дастандаркорони аморат, балки мударрисону уламо, аз қабили Мулло Қамар бо супоришу дастури бегонагон ба таъсиси мактаби замонавии тоҷикӣ дар Бухоро мухолифат мекарданд. Ҳукумати вақт ба фаъолияти мактабҳои тоторию туркӣ ягон монеа эҷод намекард.
Устод Айнӣ ва ҳаммаслакони ӯ аз фаъолони насли дуюми маорифпарварии тоҷик буда, бо фаъолияти боҷуръатонаи худ дар амалӣ намудани ормонҳои гузаштагон талош меварзиданд. Вале замон ва бедории мардум дар назди зиёиён вазифаҳои навро ба миён меовард. Дар даҳаи аввали асри ХХ яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки диққати ҳамагонро ба сӯи худ мекашид, таъсиси рӯзномаҳои ҷадид ва содаву оммафаҳм кардани забони матбуот буд. Пайванди Гулмуродзода дар маҷмӯаи «Забон ва худшиносии миллӣ», ки мақолаҳои зиёиёни ибтидои қарни ХХ-ро дар бар мегирад, ин равандро чунин арзёбӣ мекунад: «Вале масъалаи сода ва оммафаҳм кардани забон баробари таъсису ба чоп расидани нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» ба миён омада, баҳси гармеро дар бар гирифт, ки каломи публисистӣ чунин муносибатро тақозо мекунад. Матбуот мувофиқи ҳоли аксари мардум бояд сухан гӯяд ва забонаш оммафаҳм бошад. Аз ин ҷост, ки сардабири рӯзномаи «Бухорои шариф» Мирзо Ҷалол Юсуфзода ҳанӯз дар шумораи аввал эълон дошт: «Мо бояд муносиби ҳоли оммаи мардум сухан гӯем, салоҳи амри умумро дар назар дошта бошем» [2. c. 5]. Мураттиб дар маҷмӯа нахустмақолаҳои рӯзноманигорони даҳаи аввали қарни ХХ Мирзо Ҷалол Юсуфзода [5] ва Саидризо Ализода [1]-ро оид ба забон ҷой додааст, ки баёнгари мавқеву мақоми ду нахустмуҳарррири нашрияҳои сирф тоҷикианд. Муҳаққиқ дар сарсухани худ нақши рӯзномаи «Бухорои шариф» ва ҳафтаномаи «Шӯълаи инқилоб»-ро дар баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ ва дарки худшиносии миллӣ махсус таъкид намудааст, ки дарвоқеъ, дар он солҳо ба майдон омадани ин нашрияҳо дар ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик воқеаи муҳиме буд.
Дар навбати аввал болшевикон дар аморати Бухоро ғалабаи Инқилоби Октябрро таъмин намуда, баъди нимаи аввали солҳои 20-уми қарни ХХ зери шиори «инқилоби маданӣ» мақсади дар тамоми соҳаҳо фаро гирифтани сиёсати ҳизбро пеш мегирифтанд. Аз ин маълум мешавад, ки ба амал баровардани инқилоби маданӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати давлати Шӯравӣ маҳсуб ёфта, метавонист бо ҳар роҳ дар тамоми соҳаҳо дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд оварад. Пешвоён ва дастандаркорони ин сиёсат тамоми арзишҳои гузаштаро «зараровар» ва «боқимондаҳои сохти пӯсидаи феодалӣ» ҳисобида, мардумро ба сӯи «ҳаёти нав» даъват менамуданд. Дар Тоҷикистони навин ин инқилоб бо назардошти арзишҳои фарҳангиву ахлоқии мардуми куҳанбунёди тоҷик ба амал бароварда мешуд. Махсусан, роҳи таърихии миллати тоҷиконро бо инобати тамоми хусусиятҳои миллӣ давом додан ба манфиати сиёсати он рӯз буд. Вале ғайричашмдошт ҷараёни инқилоби маданӣ ба тавре ки лозим буд, ба амал бароварда нашуд. Ба қавли устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ: «...Аз ҷумла дар фарҳанг, ба вежа дар забон, равандҳои мухталиф пайдо шуданд, ки баъзеи онҳо инкишофи таърихиро давом дода, чунончи равияҳоеро, ки дар замони маорифпарварӣ пайдо шуда буд, такмил карда, аз рӯи хостаҳои даврони инқилоб чунин натиҷа доданд, ки забони адабӣ аз ҳар ҷиҳат--пеш аз ҳама аз ҷиҳати содагиву равонӣ ба сатҳи баланди замонӣ расид».
Албатта, ҳама гуна дигаргунӣ на ҳамеша оқибатҳои самарабахшро ба бор меоварад. Вале бо нестангорӣ (ниҳилизм)-и инқилобӣ дар забон равандҳое низ оғоз ёфтанд, ки аз баъзе ҷиҳатҳо хилофи роҳи таърихии бештар аз ҳазор сол буданд, рушди забонро аз вежагиҳои таҳаввули таърихӣ ва табииву одатии он дур мебурданд ва ба роҳҳои нави бегона ва ғайриодӣ равона мекарданд.
Ин дигаргунсозиҳои куллӣ аз аввали пайдоиш боиси баҳсу мунозираҳои сахте гардиданд. Муноқишаҳои шадид бештар дар матбуоти даврӣ - рӯзномаву маҷаллаҳо ва гоҳе дар ҷамъомаду конфоронсҳо сурат мегирифтанд.
Солҳои охир аз матбуоти солҳои 20-ум матолибе, ки ба замони истиқлол ҳамоҳангӣ доранд, бо кӯшишҳои муҳаққиқон бештар дастраси хонандагон мегарданд, ки бешак, ин иқдоми наҷиб метавонад ба такомули тафаккури худшиносии имрӯзиён хизмат намояд. Дар навбати худ он ба кашфи ғояҳои нави пешбар ва кушодани моҳияти иҷтимоӣ—сиёсии воқеаҳои он давр раҳнамун мегардад. Ҷои тазаккур аст, ки заминаи илмии матолиби оид ба масъалаи забон ва адаб қавию устувор мебошад, зеро муаллифони он мақолаҳо аксаран резахӯри хони мадрасаҳои тоинқилобӣ буда, ба қавли маъруф ҳамчун донишмандони соҳибмутолиа ном бароварда буданд. Сониян, зиёиёни солҳои 20-ум аз давраҳои бархе аз маҳофили адабие таълими савод гирифта буданд, ки дар саргаҳи онҳо Садри Зиё барин мунавварфикрон қарор доштанд. Маҳз ҳавлии адабии Садри Зиё тавонист ба тарбияи насли нави зиёиёни пешқадам мусоидат ва анъанаҳои гузаштаи ниёгонро барои ояндагон дастрас намояд. Дар солҳои 20-уми садаи ХХ шогирдони ин маҳфил дар таъсиси мактабу матбаа ва матбуоти нав саҳми назаррас гузошта, дар баҳсу мунозираҳои гуногун оид ба забону адаб ва фарҳанги тоҷик фаъолона ширкат меварзиданд. Матолиби қисме аз баҳсҳо аз матбуоти солҳои 20-уми садаи гузашта бо кӯшиши донишманди тоҷик Пайванди Гулмурод дар «Забон ва худшиносии миллӣ» гирдоварӣ ва дар ду бахш:
- Забони тоҷикиро аз нав бояд эҷод кард.
- Тоҷиконро чи тавр мефиребанд?
Маҷмӯа 34 мақоларо дар бар мегирад ва дар бахши якум мураттиб 23 мақола, дар бахши дуюм 11 мақоларо ҷой додааст.
Бахши якум аз номи мақолаи Думбол гирифта шудааст, ки аксари мақолаҳо моҳиятан ба номи гузоштаи мураттиб мувофиқ мебошанд.
Дар бахши дуюм мураттиб мақолаҳоеро ҷой додааст, ки воқеан ба масоили муҳими он замон-тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна ва дифоъ аз ҳаққу ҳуқуқи тоҷикон бахшида шудааст. Мураттиб дар сарсухани маҷмӯа ба маврид таъкид кардааст: «Мубоҳисаи забон дар матбуоти он солҳо воситае гардид барои худшиносиву худогоҳии бештари мардум ва он тобиши сиёсӣ касб кард. А. Муҳиддинов дар матбуоти русӣ таҷдиди назарро ба тақсими ҳудуди миллӣ таҳти унвони «Мардуми шаҳр ва атрофи Бухоро тоҷиканд ё ӯзбек?» ба миён гузошт, ки он дар маҷаллаву рӯзномаҳои тоҷикӣ низ чоп гардида, дар нигоштаҳои А. Алиев «Масъалаи миллӣ дар Бухоро ва атрофи он», Б. Азизӣ «Ӯзбакии зӯракӣ», Башир Мухтор «Понтуркистҳо дар Бухоро» ва даҳҳо нафари дигар ҳамовозӣ пайдо кард».
Дарвоқеъ, дар матбуоти он замон ин масъала ва таъсиси мактабҳои тоҷикӣ дар ҳудуди дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, таъмини онҳо бо китоби дарсӣ аз ҷониби чеҳраҳои сиёсӣ, адибону олимон ва рӯзноманигорони тоҷик ба таври мунтазам мавриди баҳс қарор мегирифт, ки намунаҳои онҳо дар бахши дуюми маҷмӯа ҷой дода шудааст.
Таҳқиқу баррасии муфассалу мукаммали матолиби матбуоти солҳои бистуми садаи гузашта имкон медиҳад, ки мо дар замони соҳибистиқолиятамон ба таърихи начандон дурамон дар асоси санаду асноди мӯътамад баҳои сазовор диҳем. Аз гуноҳро ба сари ҳамдигар бор кардан то андозае дур шавем ва ҳақиқати ҳолро равшан намоем, ки барои пешравии миллат донистани воқеияти замон аҳамияти муҳим дорад.
Мақолаҳои маҷмӯаи «Забон ва худшиносии миллӣ» дар омӯзиши воқеот ва дарки амиқи моҳияти масъалаҳои он замон басе муҳим буда, ба ҳар донишҷӯву унвонҷӯ ва шавқманди таъриху фарҳанги тоҷик чун як дастуру ҳуҷҷати пурқимат маълумоту иттилоот медиҳад.
Ин ҷо мехоҳем дар як масъала ибрози андеша кунем.
Дар саҳифаи 112-121 маҷмӯаи мазкур мақолае таҳти унвони «На сих сӯзад на кабоб» бо тахаллуси Рустам аз рӯзномаи «Овози тоҷик» (1929, 21 январ) ҷой дода шудааст. Дар поварақи саҳифаи аввали он мураттиб чунин нигоштааст: «Рӯзномаи «Овози тоҷик» 1929, 21 январ бо имзои мустаори Рустам, ному насаби пурраи муаллиф муайян нашуд» [4. c. 112].
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар матбуоти солҳои 20-ум бо имзоҳои мустаор, аз қабили «Тоҷик», «Ҳ», «Сомон», «Ҷалол», «Раҳим Мим», «Рустам», «Думбол», «Валихуҷаев», «Син Ъайн», «Рустоӣ» ва ғайра мақолаҳои зиёде чоп шудаанд, ки шояд замон имкони баёни ошкорои андешаву мулоҳизаро намедод. Муборизаи мухолифони миллати тоҷик зиёиёни миллатпарасти тоҷикро ба ҳушёриву эҳтиёткорӣ водор месохт. Аз ин рӯ, онҳо маҷбур буданд мақолаҳои худро дар масоили миллӣ ва бузургдошти забон бо имзоҳои мустаор ба табъ расонанд. Аз рӯи мушоҳидаҳои мо чунин бармеояд, ки аксари мақолаҳои баҳсомези он солҳо ва бархе аз мубоҳисаву мунозираи адибон бо имзои мустаор ба табъ расидаанд. Масалан, Сайидризо Ализода мақолаи «Дар хусуси забони адабии тоҷик», ки ҷавоб ба даъвоҳои Азизӣ мебошад, бо имзои мустаори «Син ва Айн» чоп карда, ба пешниҳодҳои Азизӣ изҳори норизоӣ кардааст. Дар ҷои дигар боз ҳамин муаллиф бо имзои Рустоӣ мақолае бо номи «Тоҷиконро чӣ тавр мефиребанд?» («Овози тоҷик», декабри 1927) чоп намуда, бо роҳи фиреб маҷбуран сафарбар намудани тоҷиконро ба мактабҳои ӯзбекӣ фош менамояд. Аз мӯҳтавои мақола бармеояд, ки дар он замон сиёсати ҳизби ҳукмрон ва нуфузи пантуркизм дар марказҳои фарҳангии тоҷикон имкони озодона бардоштани масъалаи тоҷиконро намедод. Аз ин рӯ, зиёиён хеле боэҳтиёт ва дар мавриди муносиб ба масъалаи миллӣ дахл мекарданд.
Мақолаи «На сих сӯзад на кабоб» аз рӯйи мавзӯъ ва мундариҷа ҷавоб ба мақолаи «Забони адабии тоҷикӣ чи гуна мешавад?»- и Обид Исматӣ иншо шудааст. Муаллиф кӯшидааст ба ҳар як нуқтаи баҳсноки мақолаи Обид Исматӣ бо далелҳои қавӣ ва илмӣ ҷавоби муносиб диҳад. Махсусан, муаллифи мақолаи «На сих сӯзад на кабоб» аз табиати забони тоҷикӣ дур будани мисолҳои Обид Исматиро ба риштаи танқид мекашад. Хулосаи мақолаи «На сих сӯзад на кабоб»-ро метавонем баёнгари моҳияти асосии ҳадафи муаллиф қаламдод кунем: «Хулоса, дар ташкили забони адабӣ дар бораи қоида ва оҳанги забони тоҷикистони кӯҳӣ ва дар бораи истифода бурдани забони тоҷикони ӯзбекистониро қарор бидиҳем, на сих месӯзад, на кабоб» [4. 121].
Бо мақсади муайян намудани шахсияти «Рустам» мо ба чанд маводи солҳои 20-ум муроҷиат намудем, ки яке аз онҳо библиографияи Т.Зеҳнӣ мебошад ва он соли 1976 аз ҷониби Н.Кароматуллоева ва Ф. Зеҳнӣ мураттаб шудааст. Нуктаи ҷолиб он аст, ки худи Зеҳнӣ дар таҳияи ин библиография ширкат варзидааст ва дар саҳифаи 17-уми библиография дар қатори мақолаҳои дигари Т. Зеҳнӣ мақолаи «На сих сӯзад на кабоб», соли 1929 дохил шудааст. Дар сарсухане, ки аз ҷониби Н.Кароматуллоева иншо гардидааст, доир ба тахаллусҳои Зеҳнӣ чунин омада: «Дар шеърҳои ҳаҷвӣ устод (Зеҳнӣ дар назар аст- О. Н.) бештар бо тахаллусҳои Мушфиқӣ, Қучқор, Мешкай, Мулло ва дар мақолаҳои танқидӣ бо тахаллусҳои Сомонӣ ва Рустам баромад кардааст».
Аз рӯйи маълумоте, ки аз нусхаи дастнависи зиндагиномаи муаллиф ба даст омад, маълум гардид, ки Зеҳнӣ солҳои 1924 - 25 дар Тошканд таҳсил кардааст. Ҳамчунин ӯ дар ибтидои солҳои 1929 то соли 1930 ҳамчун аспиранти Институти тадқиқоти илмии Ӯзбекистон таҳсил намуда, бо матбуоти он солҳо ҳамкорӣ дошт. Тӯрақул Зеҳнӣ дар баҳсҳо оид ба масъалаи алифбо ва сода намудани забони адабӣ дар қатори устод Айнӣ, Фитрат, Икромӣ, Муҳиддинов, Раҳим Ҳошим ва дигарон фаъолона ширкат варзида, андешаву мулоҳизаҳои ҷолиб баён намудааст. Махсусан ӯ дар соддагии забони адабӣ бештар такя ба лаҳҷаи кӯҳистон ва шаҳрҳои тоҷикнишинро тарғиб мекунад, ки ин мулоҳиза дар мақолаи «На сих сӯзад на кабоб» равшан эҳсос мегардад.
Бояд қайд кард, ки дар ин мақола баъзе ҷумлаҳое вомехӯрад, ки ба Зеҳнӣ тааллуқ доштани мақолаи «На сих сӯзад на кабоб»-ро то андозае ба шубҳа мегузорад. Масалан, дар мақола чунин омадааст: «Агар баъзе истисноҳоро як сӯ гузорем, даъво кардан мумкин аст, ки забони дарвозиҳо бисёр бо забони китобӣ рост меояд. Наҳву сарфи лаҳҷаи онон бо забони адабии имрӯзӣ баробар аст. Бинобар ин, мувофиқи гуфти Зеҳнӣ ва Азизӣ, ки дар рӯзномаи «Овози тоҷик» навиштаанд, дуруст меояд» [4. c. 113].
Албатта, ин таъкид метавонад мансуб будани тахаллуси Рустамро ба Зеҳнӣ то андозае зери шубҳа гузорад.
Вале шояд муаллиф ба хотири бори дигар собит сохтани андешаи худ мақоларо бо имзои мустаори Рустам навишта, дар мақола ҳам Азизӣ ва ҳам Зеҳниро зикр карда бошад.
Албатта, омӯзиши мукаммали имзоҳои мустаори матбуоти солҳои 20-уми садаи гузашта мушкил аст, вале ба ҳар ҳол ба қисме аз онҳо аз рӯйи матн ва усулҳои матншиносӣ метавон ҷавоб пайдо кард, ки он кори ояндаи муҳаққиқони ин соҳа хоҳад буд.
Маҷмӯаи «Забон ва худшиносии миллӣ» иқдоми хубест дар гирдоварӣ, таҳия ва пешкаши хонандагон гардондани матолиби ҷолибу баҳсноки он солҳо, ки дар замони соҳибистиқлолии кишварамон аҳамияту қимати дучанд пайдо кардааст ва месазад, ки воқеаву ҳодисаҳои замон бо диди наву тоза мавриди баррасиву таҳлил қарор гиранд.
Одинаев НУРМУҲАММАД
ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ
Китобнома
- Ализода С. Як сӯйиқасди ғаразкорона ба маҷаллаи мо//Шӯълаи инқилоб, 1919, 17 апрел; Шӯъбаи форс дар ҳузури идораи корҳои миллӣ//Шӯълаи инқилоб, 1919, 10 июл.
- Гулмуродзода П. Забон ва худшиносии миллӣ.—Душанбе, 2007.-125 саҳ.
- Кант Имануэл. Рӯшангарӣ чист?// Фарҳанги истилоҳоти адабӣ.- Теҳрон, 1384. – С. 230-234.
- Рустам. На сих сӯзад на кабоб//Забон ва худшиносии миллӣ.—Душанбе, 2007.-С.112.