JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 13 Июни 2019 12:42

Нақши конститутсия дар таҳкими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Муаллиф:

   Аслан Конститутсия ин санади меъёрӣ- ҳуқуқӣ буда, дорои қувваи олии ҳуқуқиест, ки муносибатҳои ҷамъиятиро ба таври мушаххас дар меъёрҳои муайян ба танзим медарорад. Дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Конститутсия тавассути меъёрҳои муқараркардаи махсус нақши асосиро дорад. Бояд қайд кард, ки ҳангоми вайроншавии тартиботи ҷамъиятӣ ва вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тибқи тартиботи муайянкардаи Конститутсия меъёрҳои вайронгардидаро ба воситаи мақомоти дахлдор бо роҳи маҷбуркунӣ таъмин менамояд. Бахусус нақши Конститутсия дар таҳкими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ назаррас аст, чунки он муайянкунандаи самту фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 10 боб иборат аст, ду боби он ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бахшида шудааст. Аз ҷумла, боби 8-ум ба самти фаъолияти мақомоти Судӣ ва боби 9-ум ба мақомоти Прократура бахшида шудааст, ки ин мақомот дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо инсон ва шаҳрванд нақши муҳим мебозад. Яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад, ин мақомоти судӣ мебошад, ки Конститутсия боби махсусеро ба ин мақомот бахшидааст ва он 9 моддаро дар бар мегирад.

  Мутобиқи моддаи 84-и Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амали мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

   Адолати судиро Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, Судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии ВМКБ, Судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

  Ташкил ва фаъолияти мақомоти судиро қонуни Конститутсионӣ муайян мекунад. Умуман, Конститутсия ҳаммаи паҳлуҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пурра муайян мекунад, махсусан ба воситаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти судӣ, дар низоми судӣ барои муҳофизати ҳуқуқҳои Конститутсия махсус зиннаи судӣ, яъне зинаи назорати судӣ, Судӣ Конститутсионӣ амал мекунад. Мувофиқи муқаррароти Конститутсия Судӣ Конститутсионӣ яке аз салоҳиятҳои асосии он ин муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ ва дигар мақомоти дахлдори ҷамъиятӣ мебошад. Аз ин бар меояд, ки нақши Суди Конститутсионӣ дар хусуси ҳифзи Конститутсия хело назарас  аст.

    Яке аз мақомоти дигаре, ки дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши бориз дорад, ин мақомоти Прокуратура мебошад. Мутобиқи меъёрҳои муайянкунандаи Конститутсия назорат, риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.

  Мақомоти дигаре, ки ба таъмини ҳифзу ҳуқуқи озодиҳои инсон  ва шаҳрванд нақши муҳим дорад ин мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  Албата  тамоми санадҳои меъёри ҳуқуқи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма мегирад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи муайян ба самти фаъолияти мақомоти гумруки ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида нашудааст аммо  санадҳои меъёри ҳуқуқи мақомоти гумрук  аз Констититутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарчашма мегиранд. Зеро Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кунандаи тамоми самту фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

 Мақомоти гумрук мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ буд, ҳимояи истиқлолият, амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  риояи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони  воқеъӣ ва ҳуқуқиро ҳангоми интиқол додани мол ва воситаҳои  нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

         Мақомоти гумрук мақомоти давлати буда ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳангоми интиқол додани молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумруки таъмин менамояд.  Дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақомоти гумрукҳам  нақши муҳим дорад.

         Хулоса, аз мафҳуми мақомоти гумрук бар меояд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба воситаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ таъмин менамояд. Яъне нақши Конститутсия дар таҳкими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ назаррас, аст ва меъёрҳои ваёронгардидаро тавасути мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо роҳи маҷбур куни таъмин менамояд.

 

Ғафоров Х.М. - магистри соли 2-юми

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ

ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Хондан 1614 маротиба