JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

(Абӯабдулло Рӯдакӣ)       

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,

Зи дониш дили пир барно бувад.

(Абулқосим Фирдавсӣ)

 Энергия. Кори механикӣ. Дар физикаи муосир ба мафҳуми энергия чунин таъриф дода мешавад: Энергия бузургии физикиест, ки қобилияти кор иҷро кардани  ҷисм ва ё система (мошин)-ро миқдоран тавсиф менамояд.[1] Яъне, агар ҷисм (ё система) кори зиёд иҷро карда тавонад, пас вай энергияи зиёд дорад. Барои иҷрои ҳама гуна кор (механикӣ, фикрӣ ва ҷисмонӣ) энергия сарф мешавад. Бе сарфи энергия ҳеҷ амал иҷро намешавад. Ҳангоми дар зери таъсири қувва ҷой иваз кардани ҷисм кори механикӣ иҷро мешавад. Масалан, одам аробаро ба масофае тела дода кори механикӣ иҷро менамояд. Дар ин ҳангом одам аз ҳисоби энергияи дохилиаш (эквивалент ба кори иҷрошуда) энергия сарф менамояд. Ҳамин корро машинаи ҳароратӣ аз ҳисоби энергияи сӯзишворӣ, мошини электрӣ аз ҳисоби энергияи электрӣ низ иҷро карда метавонад. Ҳангоме ки одам бореро дар китф ё дасташ бардошта меистад, вай кори ҷисмонӣ иҷро менамояд. Мушакҳо ва устухонҳо як қадар деформатсия мешаванд ва одам ба муқобили қувваи вазнинӣ кор иҷро менамояд – энергия сарф менамояд.            

Сешанбе, 12 Июни 2018 05:02

Фарқияти илму хурофот

  Фарқияти илму хурофот яке аз масъалаҳои муҳими методологияи илмӣ буда, талаб менамояд, ки ҳар як шахси равшанфикр ва муосир бояд аз ин фарқият огоҳ бошад. Саволе пайдо мегардад, ки оё ҳақиқати илмӣ бо хурофот робита дорад ва ҷӯёи ҳақиқат ва хушбахтии инсон кадом аст? Вобаста ба ин ва вазъи нигаркунандаи ҷомеаи мо дар мақолаи мазкур ба таври систематикӣ фарқияти илму хурофот нишон дода шудааст.

   Мусалламан, рушди қавмиятҳо, миллиятҳо, халқиятҳо ва давлатҳо дар ҳама давру замон ба кайфияти кори фикрии табақаҳои равшангари ҷомеа бастагӣ дошта ва дорад. Аз ин ҷост, ки муҳаққиқон, кори фикриро, асосан дар ду тарз баррасӣ кардаанд: аввалан, бо роҳи истифода аз равишҳои равоншиносӣ, улуми зистӣ, бавижа асабшиносӣ, ки ҳадафаш шинохти мушаххасоти мағзи инсон аст ва сониян, тавассути таваҷҷуҳ ба корҳои фикрии афрод, коркардҳо ва натиҷаҳои иҷтимоии онҳо (ниг.:Аҳмадӣ Бобак. Кори равшангарӣ. Теҳрон: Марказ, 1384. –С.7).      Албатта, кори равшанфикрӣ кори на як ё ду нафар, балки кори муназзами табақоти гуногуни фикрва маданӣ аст. Танҳо дар натиҷаи муколамаи мутақобилан судманд ва орӣ аз ғараз ва табодули назари табақоти гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фазои бози равшанфикрӣ дар ҷомеа ба вуҷудомада,  роҳи наҷоти насли инсонӣ аз вартаи хурофоту таассуби саросарӣ дар ҳамаи сатҳҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсию иқтисодӣ тадриҷан ҳамвор мегардад. Ин аст, ки файласуфи машҳури асри бистум Мишел Фуко навиштааст: «Кори  равшанфикрӣ корест ҳамагонӣ, маҳсули хиради ҷамъӣ ва мантиқи муколама» (ниг.:Аҳмадӣ Бобак. Кори равшангарӣ. Теҳрон: Марказ, 1384. –С.11). Вожаи «равшанфикр» дар шакли истилоҳ ва мафҳуми илмию фарҳангӣ аз фарҳанги урупоӣ ба муҳитҳои фарҳангӣ ва фазои сиёсию иҷтимоии ватанӣ ворид гардидааст. Нависандагони давраи машрутаи Ирон ба ҷойи истилоҳи франсавии  «Siecle des lumieres»  ибораи «асри мунавварфикрӣ» -ро истифода мебурданд ва дар солҳои баъдӣ ба ҷойи «мунавварфикр» вожаи «равшанфикр» мутадовил гардид ва натиҷатан, ба ҷойи истилоҳи франсавии «Siecle des lumieres» мафҳуми «асри равшанфикрӣ» мавриди истифода қарор гирифт. Агар сари вожаи «равшанфикр» аз лиҳози луғавӣ суҳбат кунем, ба ин натиҷа мерасем: «Навгаро, таҷаддудпараст, таҷаддудгаро. Он ки эътиқод ба ривоҷи ойину афкори нав дорад» (ниг.: Деҳхудо Алиакбар. Луғатнома. Ҷилди 8. Теҳрон, 1373. –С.10912). Гузашта аз ин, вожаи «равшанфикрӣ» муодили «Enliqhtenment» мебошад (ниг.: Мусоҳиб Ғуломҳусайн. Доиратулмаорифи форсӣ. Ҷилди 1. Теҳрон, 1345. –С. 1128). Ба таври куллӣ, дар фарҳангномаҳо истилоҳи «равшанфикр» дар ду маъно шарҳ ёфтааст: аввал, касе, ки дорои бинише огоҳона, мантиқӣ, дур аз хурофа ва таассуб бошад ва дуюм, нафаре, ки муътақид ба нақш ва арзиши донишу фарҳанг дар пешрафти ҷомеа ва беҳрӯзии мардум бошад (ниг.: Афшор Ғуломҳусайн Садрӣ, Ҳакамӣ Насрин, Ҳакамӣ Настаран. Фарҳанги муосири форсӣ. Теҳрон, 1381. –С.683).

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ равоншинос Дидавар Бекзода иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Агрессия: пайдоиш, сабаб ва натиҷа» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.