JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Чоршанбе, 02 Сентябри 2020 07:43

Маърифати вақт: дидгоҳи физикӣ

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров, Ризо Баҳромзод иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Маърифати вақт: дидгоҳи физикӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 Фирдавс Ниёзии гиромӣ,

  Дониш, биниш ва таҷрибаи худофаринию худсозӣ ба Шумо имкон фароҳам овардааст, ки миёни соири табақаҳои иҷтимоӣ, махсусан, зиёиёну фарҳангиёни миллӣ ҷойгоҳ ва мақоми шоистаю боиста пайдо намоед. Шумо аз ҷумлаи нодир забоншиносоне маҳсуб меёбед, ки ба донишҳои ихтисосӣ маҳдуд нашуда, аз ҳисоби мутолеоти  густардаи фалсафӣ сатҳи биниши худро боло бурда, дар муҳитҳои илмию эҷодӣ ва мадании миллию ватанӣ минҳайси шахсияти матраҳи илмию эҷодӣ муаррифӣ гардидаед.

 Аъзам Раҳнаварди Зарёб (Адиби Афғонистон)

 

(Гуфтугӯ бо Раҳнаварди Зарёб дар бораи сайри таҷаддуд дар Афғонистон. Гуфтугӯ аз Сируси Алинажод)

  Ҷунбиш ё наҳзати таҷаддуду таҷаддудхоҳӣ дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна, ба вижа дар кишварҳои ҳавзаи форсизабон дергоҳест, ки мавриди бознигарии пажӯҳишгарон қарор гирифта, заминаҳои айнӣ ва зеҳнии он, побарҷоии суннатҳои мазҳабиву қабилавӣ ва хурофоту ҷаҳолат дар ақибмондагии ҷомеа, гузашта аз ин, иллатҳои нокомиву шитобзадагии таҷаддудхоҳон дар таҳаққуқи ормонҳои наҷиби хеш арзёбӣ мегардад.

  Дар бораи Монтескё Огюст Конт[1] (1798-1857) солҳои баъд чунин навишт: “...Пас аз Монтескё, танҳо пешрафте, ки ҷомеашиносӣ то замони мо ба худ дида аст, асари фаромӯшнашудании Кондорсе (Condorcet) (1743-1794)[2] мебошад...” Манзур китоби: “Тарҳе аз тасвири таърихи пешрафтҳои рӯҳи инсонӣ” аст, ки дар зиндон таълиф шуда аст: Esquisse d,un tableau historique des progre,s de L, esprit humain.