JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 29 Октябри 2021 04:43

Насле, ки дар талошу такопӯст бардавом (шодбошӣ дар ҳошияи зодрӯзи адабиётшинос, матншинос, шоир ва зиёии миллӣ устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ)

Муаллиф:

    Устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ солҳост, ки дар баробари таҳқиқу тадвин ба эҷоди шеър низ иштиғол меварзад ва маъниофариниро дар қолаби каломи мавзун аз мушаххасоти зиндагии худ медонад. Аз ҷониби дигар, чанд вежагии инфиродии шахсӣ: мутолиаи пайвастаи адабиёти фаровони бадеӣ ва  илмӣ-таҳқиқӣ, аз бар кардани ашъори ноби шуарои классику муосир, фаъолияти таҳқиқию таълимӣ, мушоҳидоти тадриҷии ҳаводиси зиндагӣ, бархӯрд бо мушкилоти рӯзмарра ва билохира баҳрабардорӣ аз таҷрибаи рӯзгор устодро ба сатҳи як шахсияти вораста ва варзида расонида, ҷойгоҳи воқеии иҷтимоӣ, илмӣ, эҷодӣ ва маданӣ бахшидаанд.

  Таҳқиқ ва шеъргӯйӣ дар рӯзгори устод Хуросонӣ ба унвони имтиёзи зиндагӣ шинохта мешавад ва мавсуф вуҷуду ҳузури худро бидуни ин ду ҷавҳари маънавӣ ва эстетикӣ тасаввур карда наметавонад. Воқеан, зиндагиро ин ду ҷавҳар маънои тоза мебахшанд ва рангорангиро ато мефармоянд. Ба ин маъно, устод Хуросонӣ, бегумон, бо шеъру таҳқиқ ва илму эҷод ҳамқисмат ҳаст. Хонандагони тоҷик тавассути мутолиаи таълифоти илмию таҳқиқии Хуросонӣ, аз ҷумла рисолаи “Нома ва номанигорӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ (дар ҳаммуалифӣ бо Ҷӯрабек Назрӣ), маҷмӯаҳои мақолоти “Меҳру Муштарӣ”, “Ҷозибаи калом” ва “Пайванди илму адаб” доир ба масъалаҳои муҳимми адабу фарҳанги миллӣ иттилооти нофеъ ба даст меоваранд.

   Нуктаи дигари ҷолиб ин аст, ки устод Хуросонӣ калидвожаи “Хуросонӣ”-ро минҳайси тахаллуси шоирӣ бидуни ҳадаф интихоб накардааст. Интихоби ҳадафмандонаи ин тахаллуси адабӣ ба маънои он аст, ки ӯ, воқеан, аз соҳат ва ҳавзаи шеъру адаби Хуросон намояндагӣ мекунад ва шеъри хуросониро ба соири ҳавзаҳои адабӣ мунтақил месозад.  Маҷмӯаҳои ашъори устод, ки таҳти унвони “Чашмаи нӯш” (1997), “Майи гулгун” (2002), “Насими тавҳид” (2004), “Вусъати ишқ” (2009), “Шукуфаҳои сабзи баҳор” (2010) ва “Садои вақт” (2017) чоп шудаанд, аз табъи баланди шоирӣ ва ҳунари отифиии эшон дарак медиҳанд.

   Ашъори устод Хуросонӣ  сабки хуросонӣ ва ба истилоҳ, сабки падари шеъри форсии тоҷикӣ устод Рӯдакиро ба ёд меоваранд. Алии Хуросонӣ ҳамчун набераи пуркору заҳматкаш ва меросбари пири шоирони форсу тоҷик техника ва приёмҳои эҷодӣ ва ҳунарии устод Рӯдакиро ҳифз намуда, бар асоси меъёрҳои осори назарии классикӣ шеъри муосир мегӯяд. Ин маънои онро надорад, ки Хуросонӣ аз хасосиси шеъри муосир бехабар аст. Баръакс, навиштани шеърҳои наву сафедро ҳанӯз аз овони ҷавонӣ таҷриба карда, дар ин замина қувваозмоӣ намудааст. Воқеан, шеър аз ду ҷавҳар – ҳадаф ва маънӣ таркиб ёфтааст ва аносири ҳунарӣ барои шоир ҳамчун абзор ва воситаҳои баёни матлаб хидмат мекунанду бас. Пайвастагии ҳадаф ва маънӣ дар шеър гӯяндаи он – шоирро дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва фазои маданӣ мақом ва ҷойгохи вежа мебахшанд. Дар шеърҳои Хуросонӣ пургӯйӣ, такрори калимот, печидагии калом, мураккаббаёнӣ, бозии вожагон ва дигар мушаххасоти сунъию сохта ба мушоҳида намерасанд. Илова бар ин, Хуросонӣ ҳеҷ гоҳ намекӯшад, ки бо тасвиркориҳои сунъӣ ва мубҳамбаёнӣ, ки ғолибан дар ашъори як идда шоирони муосир ба сифати мабдаъ ва марҷаи ҳунарӣ талаққӣ мешаванд, қимати мазмунию маъноии шеърашро пойин бубарад. Ӯ ҳадафро бо забони одию салису равону равшан, вале расо манзур месозад. Аз ин ҷост, ки хонандаи шеъри устод аз мутолиаи мукаррари ашъори Хуросонӣ хаста намешавад.

  Афзун бар ин, хизматҳои  илмӣ-таҳқиқии устод Хуросонӣ  дар самти таҳия ва ба чоп омода намудани матнҳои илмӣ-интиқодии осори адибони классикии форсу тоҷик  сазовори таҳсину офаринанд. Маҳз бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Хуроснӣ мероси бузурги адабию эҷодӣ, аз ҷумла  “Девони ашъор”-и Рӯдакӣ, “Шоирони Мовароуннаҳр”, “Маснавии Маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, “Илоҳиннома” ва “Девон”-и Шайх Аттори Нишопурӣ, “Рубоиёт”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, “Куллиёти форсӣ”-и Муҳаммад Иқбол, “Девони Кабир”-и Ҷалолуддини Балхӣ, Гаршоспнома”-и Асадии Тӯсӣ, “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ва амсоли инҳо ба табъ расида, ба дӯстдорону ихлосмандони илму адаби миллӣ пешкаш гардиданд, ки ин хидмати андак нест. Дар ин замина, устод Хуросонӣ бо мукофоту ҷоизаҳои гуногуни давлатӣ ва байналмилалӣ сарфароз гардидааст. Дар зимн, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ  дар роҳи таҳкиму тақвият бахшидани раванди дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек қадамҳои устувор бардошта, дар ин замина осори ду адиби бародар, ки яке устод (Абдураҳмони Ҷомӣ) ва дигаре шогирд (Мир Алишер Навоӣ)-ро чоп карда, ахиран  сазовори  мукофоти баланди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев (Ордени Дустлик) гардид. 

  Бояд тазаккур дод, ки насли Хуросонӣ, махсусан ҳамсабақони донишгоҳии устод, бо шумули доктори илмҳои филологӣ, профессор Қурбон Восеъ, ҷамоатчӣ, шоир, адиб ва рӯзноманигори варзидаи сермаҳсул устод Султонмуроди Одина, доктори илмҳои филологӣ, профессор Давлатбеки Ҳоҷӣ, авестошиноси шаҳир устод Бобоназари Ғаффор, матншинос Маҳмадёри Шариф, адабиётшинос Шамсиддин Нуриддин, ношир ва матбуотчӣ Одина Ҳомид, шодравон Ҷумъахон Икромов, ровии машҳури радиоӣ ва телевизиони миллӣ Абдурашид Хуҷамқул, собиқ сармуҳаррири маъруфи нашриёти “Ирфон” равоншод Абдураҳмон Олимов, шодравон Қурбоналӣ Ҷаббор, Боймирзо Шокир, шодравон Фахриддин Неъмат, Асаддуло Шомат, Пирмуҳаммади Нур ва Саъдулло Шариф (ин ду нафар ҷамоатчӣ, маорифпарвар ва зиёӣ дар ноҳияи Панҷ кору фаъолият мекунанд) ва дигарон ҳамеша дар хидмати халқу ватан буда, баҳри рушду нумуи кишвар саъю талош карда ва мекунанд. Чи дар шаҳру марказҳо ва чи дар музофоту деҳот ин насли сазовор баҳри амалӣ намудани барномаҳои сиёсӣ, маърифатӣ, илмӣ ва фарҳангӣ заҳмату талош мекунад ва дар тарғиби сиёсати миллию мадании Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб мегузорад. Дар ҳақиқат, ин насл, ки умри азизи хешро сарфи хидмат ба илму маориф, сиёсату давлатдорӣ ва фарҳангу иҷтимоиёт карда ва ҳанӯз ҳам дар хидмати миллату меҳан қарор доранд, сазовори пайравӣ ва эҳтироманд. Порашеъри зайл муносиби кору ҳолу пайкори Хуросонӣ ва насли Хуросониҳост:

Насле, ки бори хидмати миллат кашад мудом,

Насле, ки дар талошу такопӯст бардавом,

Насле, ки бо тавону хирад ёфта мақом,

Насле, ки ҳаст дар пайи номусу нангу ном,

Насле, ки аз барои Ватан мекунад қиём,

Насле, ки баҳри ҳифзи Ватан теғ аз ниём

Бармекашад, зи аҳли адӯ гирад интиқом,

Эй насли интизом,

Бозовари паём,

Дар байни хосу ом,

Мобайни издиҳом,

Соҳиби эҳтиром,

Боистаи киром,

Шоистаи мақом!

  Устод Хуросонӣ дар синни камолоти илмию эҷодӣ қарор дошта, хушо, ки бардаву қавииродаанд. Фурсати зиёди умри хешро устод дар роҳи омӯзишу таҳқиқ ва таълифу тадвин сипардааст ва мутмаинан, дидаю дониста сарнавишти хешро ба ин самти илмию адабию ҳунарию эҷодӣ савқ додааст. Гузашта аз ин, устод Хуросонӣ шеъргӯйӣ ва дар айни замон, таҳқиқгариро ба унвони сранавишт ва рисолати илмӣ, эҷодӣ, ихтисосӣ, иҷтимоӣ, маданӣ ва билохира инсонии худ медонад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, зодрӯзи устодро шодбош гуфта, барояш дарозӣ ва саодати умр, сиҳатию тандурустӣ, хонаободӣ ва тавону қудратмандии илмию эҷодӣ таманно мекунем.

       Зодрӯз фархунда ва хуҷаста бод, устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ!

 

         Бо эҳтиром,

        аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

        ш. Душанбе, 29 октябри соли 2021

 

Хондан 780 маротиба