JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 14 Июни 2022 04:32

Аҳмад Зоҳир ва Ҷурабек Назрӣ

Муаллиф: ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА

 Дар мазраи сина айш хирман кардӣ,

Дилҳо ба нами тарона гулшан кардӣ.

Хуршед туӣ сипеҳри мусиқиро,

Олам зи фурӯғи нағма равшан кардӣ.

                                   Зуҳурии Туршезӣ

     Аҳмад Зоҳир дар замоне по ба майдони ҳунар ва мусиқию овозхонӣ гузошт, ки дар Афғонистон як фазои мусоид ва нисбатан муътадили демокративу маорифпарварӣ ва дунёгароӣ ҳокимият мекард. Ҷомеа  андак-андак рӯ ба сӯи тамаддун меовард ва илму фарҳангу маданияти пешқадами ҷаҳон, ба вижа Ғарб, барои худ дар ин кишвари ақибмонда ҷо боз мекард, занон бидуни ҳиҷоб мегаштанд, шеър гуфтан ва шунидани мусиқӣ мамнӯъ набуд, яъне кишвар рӯ ба тараққӣ оварда буд. Хусусан мусиқии Ҳинд, ки Афғонистон, замоне яке аз қисматҳои он маҳсуб мешуд, таъсири чашмгир дар ин кишвар пайдо карда буд ва овозхонҳое чун Сароҳанг, Залонд, Ношинос, Хаёл, Сорбон, Маҳваш, Зоҳир Ҳувайдо ва ғайра на танҳо дар Афғонистон, балки дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, аз чеҳраҳои шохис ва матраҳ ба ҳисоб мерафтанд ва ихлосмандону пайравони зиёд доштанд. Овозхонони машҳури мо Абдулло Назрӣ, Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Дӯстмуроди Алӣ ва ғайра ба шеъру оҳангҳои ҳунармандони Афғонистон пайравӣ мекарданд ва бисёре аз сохтаҳои онҳоро дар барномаи ҳунарии худ ворид карда буданд ва месуруданд. Масалан, Абдулло Назрӣ сурудҳои «Мавҷи ҷунун», «Биё, Лайло», Зафар Нозим – «Ай шӯълаи ҳазин», «Эй Зуҳра», «Эй сорбон», Дӯстмуроди Алӣ-«Нисоҷон, гулаки ман», «Дилакам, ай дилакам» ва ғайраро бо шӯру шавқ месуруданд. Шеъру оҳангҳои «Сабзинаранг омадаст меҳмонаме», «Бевафо ёрам», «Сабза ба ноз меояд», «Рафтем аз ин боғ», «Аз ғамат, ай нозанин», «Мушки суда мебезад», «Зи ҳиҷронат, азизи ман» ва даҳҳо суруду таронаҳои тоҷикии кишвари Афғонистон дар фазои кишвари мо танинандоз буданд ва онҳоро овозхонони касбию мардумӣ месуруданд ва мардум бо рағбати зиёд гӯш мекарданд. Дар ҳамин замон ва ҳамин гуна фазои муътадил ва мусоид барои кишвари Афғонистон буд, ки Аҳмад Зоҳир ба саҳнаи мусиқию овозхонӣ омад ва бо истеъдоди зотӣ ва заҳмату пуштикор дар камтарин муҳлат ба дараҷаи хонандаи рақами як расид ва на танҳо унвони «хонандаи сол», балки солҳоро дарёфт кард. Худи ӯ дар ин бора бо боварӣ ва ғурури касбию ҳунарӣ чунин мегӯяд: «Ман бо истеъдод, завқ ва талошҳои пайгире, ки дар худам  суроғ дорам, медонам, ки соли оянда ва солҳои дигар низ «овозхони баргузидаи сол», мардуми Афғонистон хоҳам буд». [1]

Воқеан, ин пешгӯии ӯ дуруст баромад. То имрӯз касе на танҳо дар Афғонистон, балки Тоҷикистону Эрон ва соири кишварҳои тоҷикзабон ба мақому ҷойгоҳи ӯ нарасидааст, ки ӯ расид. Ӯ бо овози худодод, фаҳмиши баланди мусиқӣ, завқи суханфаҳмӣ, ҳушу салиқаи хосси ҳунарӣ ва маҳорати вижаи овозхонӣ санъати мусиқӣ ва овозхонии тоҷикону форсҳоро аз маҳдудаи Афғонистону Тоҷикистону Эрон берун бурд, то ба Русияву Урупову Амрико густариш дод ва ба мусиқю овозхонии мо руҳи байналмилалӣ бахшид. Агар душманони мардуми Афғонистон, мутаассибони мазҳабӣ, кишварҳои бегона, аз ҷумла Покистон, Амрико Инқилоби Саврро дар гавҳора буғӣ намекарданд, Амини қавмгаро, иртиҷоӣ ва мутаассиб Аҳмад Зоҳирро аз байн намебурд, бегумон, ӯ бо истеъдоди модарзодӣ ва талошҳои беназираш аз худ муъҷизаҳои зиёд зоҳир мекард ва ба яке аз овозхонони дараҷаи аввали на фақат Афғонистону Тоҷикистону Эрон, балки ҷаҳон табдил меёфт. Мутаассифона, рашку ҳасодат, бадбинӣ, таассуб, хурофот имкон надод, ки Аҳмад Зоҳир тамоми орзуҳояшро бароварда созад, ӯ бо ҳазорон орзуву армон ин олами буқаламунгунаро видоъ кард, аммо ному кору осораш монду монд, умри ҷовидонӣ касб кард ва ҳамчун рамзи зебоӣ, озодагӣ, ишқ корномаҳои ҳунариаш ҳанӯз  дар айёми зиндагиаш аз ҷониби ҳунармандону мухлисон пазируфта шуд ва мавриди таҳсину офарин қарор гирифт. Имрӯз садҳо шеъру оҳангҳои сурудаи ӯро овозхонон пайравию тақлид менамоянд, мехонанд. Аз ҳама ҷо садои шеъру оҳангҳои «Аз ғамат, ай нозанин» «Агар баҳор биёяд», «Аё сайёд», «Бандагӣ даркор нест», «Аз ноз чӣ механдӣ», «Ай гулъузори ман», «Ба доғи номуродӣ», «Нола ба дил шуд гиреҳ», «Бароям гиря кун имшаб», «Ба осмон бигӯед, «Баҳори ҷавониям рафт, афсус», «Биёед, биёед», «Бинозам қалби покат, модари ман» «Шишаҳо холист, холӣ», «Бути нозанинам», «Вой, ман беҳудаам», «Омад нафаси субҳ», «Чун дарахти фарвардин», «Даст аз талаб надорам», «Дилам дар ошиқӣ овора шуд», «Ёди он сарви равон», «Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест», «Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ», «Кош, будам лола», «Ман масту ту девона», «Ман найнавозам», «Охир, ай дарё», «Танҳо шудам, танҳо шудам» ва садҳо таронаву сурудҳои дигар ба гӯш мерасанд, дилҳоро ба ҷӯш меоранд, гармию ҳарорат ва умеду орзу мебахшанд. Дареғ, ки ин булбули шурида дар айни  авҷи камолоти эҷодӣ аз байн рафт, киштии зиндагиаш дар нимароҳ монд, шикаст, дилҳоро ҷигархун ва синаҳоро захмдор кард. Воқеан, ин қонуни табиат ва ҷомеа аст, ки хубон зуд мераванд ва бадон умри дароз мебинанд. Беҳуда ӯ худ чунин замзама намекард:

Саҳар мегуфт булбул боғбонро,

Дар ин гил ҷуз ниҳоли ғам нагирад.

Ба пирӣ мерасад хори биёбон,

Вале гул чун ҷавон гардад, бимирад. [2]

 

        Аҳмад Зоҳир умри кам дид, ба бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Ҳиндустон, Эрон, Амрико ва ғайра низ сафар кард, аммо, мутаассифона, ба Тоҷикистон, ки аз ҳама зиёд ҳаводорону мухлисону пайравон дошт, сафар кардан ба ӯ муяссар нагардид, то ба мардуми ин кишвар ошноӣ, дидорбинӣ намояд, бо овозхононаш аз наздик ошно шавад. Ба андешаи шоир:

Дареғо, ки кому лаб аз кор монад,

Суханҳои ногуфта бисёр монад! [3]

 

       Хушбахтона, ба ӯ муяссар гардид, ки ба яке аз овозхонони мо, яъне устод Ҷурабек Назрӣ, ки ҳам дар каламрави илм ва ҳам ҳунар фаъолият дошт ва мумтоз буд, аз наздик ошно шавад ва дар бораи кишвари мо ва мардуми ҳунардӯсти он маълумот пайдо намояд. Бахти баланди устод Ҷурабек Назрӣ ҳам буд, ки ҳангоми хидматаш дар Афғонистон имконият пайдо кард, ки бо ин сарояндаи камназир аз наздик ошно шавад, ҳамкорӣ, ҳамсуҳбатӣ, дӯстӣ намояд ва хотироте нек аз мулоқотҳояшро ба мухлисони ӯ бирасонад, аз вохурӣ, муносибат ва суҳбатҳояш бо Аҳмад Зоҳир дар Афғонистон сухан бигӯяд. Масалан, ӯ дар яке аз мусоҳибаҳош, ки бо аҳмадзоҳиршиноси мумтоз Султон Ҳамад сурат гирифтааст, чунин арзи маталаб менамояд: «Шиносоии ман бо Аҳмад Зоҳир, агар иштибоҳ накунам, 11 феврали соли 1976 дар Кобул рух дод. Мо дар як маҳфил нишаста будем. Аҳли назар он ҷо буд. Намояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Маҳфили шеъру мусиқӣ буд. Ва ӯ дар он маҳфил ширкат дошт ва чанд суруд хонд. Дар он маҳфил нафарҳое буданд, ки аз овозхонии ман огаҳӣ доштанд. Ва онҳо аз ман хоҳиш карданд, ки барои ҳуззори маҳфил суруд хонам. Ягона асбоби мусиқӣ дар он маҳфил рубоби бадахшонӣ буд… Ман ҳам се-чор суруди ҷолиб хондам, ки боиси истиқболи гарми ҳозирин шуданд. Аз ҷумла, худи Аҳмад Зоҳир маро ба оғӯш кашида, табрик гуфт… Баъди анҷоми маҳфил ман ба хона омадам. Мо дар маҳаллаи Микрорайони Кобул зиндагӣ мекардем. Дар хона будам, ки чанд лаҳза пас ба ман хабар доданд, ки Аҳмад Зоҳир дар берун маро интизор аст, Ба берун баромада дидам, ки дар ҳақиқат, Аҳмад Зоҳир аст. Боз бағал кушода якдигарро бо оғӯш гирифтем. Ӯ ба ҳамроҳи Довуд ном дӯсташ омада буд. Ман онҳоро ба хона даъват кардам… Дар ҳини суҳбат Аҳмад Зоҳир аз он ибрози ҳайрат мекард, ки чӣ гуна як шӯравӣ на танҳо ба забони дарӣ хуб ҳарф мезанад, балки суруд низ мехонад, аз таъриху фарҳанги Афғонистон хуб бохабар аст. Баъд ба ӯ фаҳмондам, ки Тоҷикистони мо бо Афғонистон як таърих дорад, дину фарҳанги мо якест. Мардум таронаҳои афғониро дӯст медоранд… Хулоса, он рӯз мо боз хеле суҳбат кардем ва суруд хондем. Дар хонаи ман як рубоб буд. Ман он рубобро гирифта, хеле суруд хондам ва дидам, ки меҳмонони гиромиям аз кори ман хеле шод шуданд. Рӯзи дигар Аҳмад Зоҳир боз ба хонаи мо омад. Бо ҳамроҳии худ як ҳармония овард. Он ҳармонияро ӯ ба ман туҳфа дод. То ба имрӯз он ҳармонияро бо худ дорам. Дар бисёр консертҳоям аз он истифода бурдаам…».[4]

        Зимнан бояд гуфт, ки устод Ҷурабек Назрӣ баъди ошноӣ бо Аҳмад Зоҳир ӯро ба хонаи дусташ Шаҳбоз Кабиров мебарад ва бо ҳамин дари ошноӣ ба рӯи хонадони Шаҳбоз Кабиров низ ба Аҳмад Зоҳир боз мегардад. Бинобар ин, ӯ дар давоми суханонаш дар ин бора чунин мегӯяд: «Аҳмад Зоҳир аз ман хоҳиш кард, ки ҳамроҳи ӯву дӯсташ Довуд ба Пағмон барои истироҳат биравем. Ба ӯ гуфтам, ки ман ба хонаи як дӯстам ба меҳмонӣ даъват шудам. Агар хоҳиш дошта бошад, бо ҳамроҳии ман ба хонаи он дӯстам ба меҳмонӣ биравем. Аҳмад Зоҳир розӣ шуд. Якҷо рафтем ба хонаи дӯстони бисёр наздикам Шаҳбоз Кабиров ва хонуми гиромиямон Меҳринисо ба мавзеи Ҷангалак, ки дар наздикии Кобул мавқеъ дорад… Вақте ки онҳо бо ҳамроҳии ман Аҳмад Зоҳирро диданд, хеле зиёд хурсанд шуданд. Барои онҳо омадани Аҳмад Зоҳир як тӯҳфаи хеле гаронбаҳо буд… Хулоса, чун шуниданд, ки Аҳмад Зоҳир меҳмони хонадони Шаҳбоз ва Меҳринисо шудааст, тамоми ҳамсояҳои Шаҳбоз, ки асосан намояндагони халқиятҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ, яъне озарбойҷониҳову армиянҳо, қазоқҳову узбекҳо, русҳо буданд, ба хонаи Шаҳбозу Меҳринисо омаданд, то ки Аҳмад Зоҳирро аз наздик бубинанд. Дар як дам хонаи Шаҳбоз пури одам шуд. Аҳмад Зоҳир аз ман пурсид, ки оё дӯсти ман ягон маъракаи муҳим дорад, ки хонааш ин қадар серодам шуд. Гуфтам, ки не, ин одамҳо танҳо ба хотири дидани туву шунидани сурудҳои ту ба ин ҷо омадаанд. Баъди ин суханҳо Аҳмад Зоҳир бо ҳамроҳии Шаҳбоз дар ҷустуҷӯи асбоби мусиқӣ ба шаҳр рафтанд… Аҳмад Зоҳир ва Шаҳбоз баъди каме таваққуф ионика ё худ синтезатторро гирифта ба хона баргаштанд… Баъди овардани асбоби мусиқӣ базми мо то соати яки шаб давом кард. Дар муҳити мо, яъне Тоҷикистони шӯравӣ, овозхон маъмулан сурудро оромона, бо як тамкин мехонд, вале Аҳмад Зоҳир вақте ба сурудхонӣ шурӯъ кард, гардан мезад, ҳар гуна ҳаракат мекард… Чун садояш баланд шуд, гумон кардам, ки муъҷиза кард. Ҳама масту мабҳути садои форами ӯ шудем. Дигар суҳбати мо дер давом кард… Ёдам ҳаст, як суруди машҳури «Чашми сиёҳ дорӣ, қурбонат шавам ман»-ро якҷо хондем. Сипас гузаштем ба хондани суруди машҳури даврони Шӯравӣ «Я встретил девушку» ё худ «Дидам ҷамоле»... [5]

       Албатта, хотираҳои устод Ҷурабек Назрӣ дар бораи Аҳмад Зоҳир хеле зиёданд, аммо маҷоли сухан танг. Як хотироти ҷолиби дигари ӯ ба оҳанг бастану овозхонии як шеъри устод Мирзо Турсунзода аз ҷониби Аҳмад Зоҳир иртибот мегирад, ки мо ҳоло порае аз онро нақл менамоем:  «Як чизи дигар ба ёдам омад, ки бародарам Шаҳбоз ва хоҳари азизам Меҳринисо дар як суҳбатамон ба Аҳмад Зоҳир китоби «Мушоират»-ро, ки солҳои шастум дар Иттиҳоди Шуравӣ ба нашр расида буду дар он намунаи осори шоирони форсзабони Эрону Афғонистон, Покистону Тоҷикистон чоп шуда буданд, ба ӯ туҳфа доданд. Аз ӯ хоҳиш карда шуд, ки чӣ тавре ки фолномаро мекушоянд, китобро кушояд ва ҳар шеъре, ки баромад, онро Аҳмад Зоҳир ба оҳанг дароварда мехонад. Аҳмад Зоҳир вақте китобро кушод, шеъри устод Мирзо Турсунзода «Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман ҳамин кофист» баромад. Мо ҳама хурсанд гардидем, ки билохира Аҳмад Зоҳир як шеъри шоири мумтози мо Мирзо Тусунзодаро низ бо оҳанг мехонад. Дар ҳақиқат, даъфаи дигар дар хонаи Шаҳбоз ҳамин шеъри устод Мирзо Турсунзодаро бо як оҳанги хеле ҷолиб суруд»:[6]

Туро сад бор гуфтам,

                                ки ғуломат ман,

                                                      Ҳамин кофист,

Фидои як каломат, як саломат ман,

                                                     Ҳамин кофист,

Навиштам, пахш кардам мӯҳр,

                                                  мондам даст бе гуфтор

Ҳаётамро,

                мамотамро ба номат ман,

                                                       Ҳамин кофист…

Агарчи ибтидои ошиқон дар ишқ

                                                           ҳар ранг аст,

Вале бо номи ту ман ибтидо кардам

                                                           Ҳамин кофист. [7]

 

          Устод Ҷурабек Назрӣ, зимни нақли хотираҳои худ дар бораи Аҳмад Зоҳир, роҷеъ ба ҳунару овозхонии ӯ низ суханони пурарзиш мегӯяд. Воқеан, ӯ ба маҳорати овозхонии ӯ баҳои баланд медиҳад. Ба қавли ӯ, «садои Аҳмад Зоҳир ба мисли чашмаи оби зулолест, ки дар гармои тобистон ҳар қадар онро менӯшӣ, ҳамон қадар боз ташнатар хоҳӣ шуд. Аҳмад Зоҳир аз ҷумлаи овозхонҳое ҳаст, ки ҳар чӣ қадар гӯш кунӣ, хаста намешавӣ. Ӯ ҳасби ҳоли ҳар касро гуфтааст. Бо ҳунари волояш таблиғгари забони тоҷикии мост. Бешак, дар таблиғи забони тоҷикӣ-дарӣ-форсӣ таблиғи барҷаста кардааст. Имрӯз дар тамоми ҳудуди Осиёи Марказӣ, дар Русия миллатҳои ғайри тоҷик-форс сурудаҳои Аҳмад Зоҳирро ба забони модарии мо мехонанд. Дар Тоҷикистони мо намояндагони чанд насли овозхонҳо аз пушти Аҳмад Зоҳир рафтаанд. Ҳарчанд ба мақоми ӯ касе то ба ҳанӯз нарасидааст».[8] Ба эътиқоди яке аз мухлисони ӯ:

Ромишгаре, ки ҷон диҳад бар набзи хомӯшам,

Пурормон Аҳмади Зоҳири хушнавост.

Бархе зи ҳофизон агар тақлиди ӯ кунанд,

Аз ин миён садои ӯ бар ҷони ман давост. [9]

 

       Бояд гуфт, ки устод Ҷурабек Назриев яке аз шахсиятҳои хушбахт ва ягона ҳунармандест, ки файзи суҳбату ҳамкориву ҳамхониву ҳамсадоӣ бо Аҳмад Зоҳирро, ки падидаи камназири олами овозхонӣ дар забон ва фарҳангу тамаддуни мост, дарёфтааст, аммо шигифт ин аст, ки ӯ ҳароина истиқлоли ҳунарӣ ва овозхонии худро риоя кардааст, тағйир надодааст, балки бо ҳамин сабку сиёқи худ идома додаву мактаби ҳунариву овозхонии худро побарҷо нигоҳ доштааст. Шогирдоне маъруфу пуровоза тарбия кардаву тақдими ҷомеа кардааст, мисли Қурбоналӣ Раҳмон, Ҷамшед Исмоил, Дона Баҳром, Гадоалӣ Салимов ва ғайра. Агарчи ӯ яке аз мубаллиғони суруду ҳунари овозхонии Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон буда, бархе аз сохтаҳои ӯро хондааст, аммо эҷодкоронаву муҳаққиқона, бо зарбу лаҳну садои хоси худ, ки барои як ҳунарманди асил ва соҳибмактаб ҷоиз ва шоиста аст, яъне бо гулуи худ хондааст. Аз ин рӯ, дар байни мухлисон маҳбубияти хос пайдо кардааст. Ба ҳарфи дигар ӯ аз Аҳмад Зоҳир омӯхтааст, бо ӯ ҳамкорӣ кардааст, маслиҳат гирифтааст, аз таҷриба, дониши мусиқӣ ва санъати овозхониаш файзҳо бардоштааст, аммо таҳтушшуои ӯ қарор нагирифтааст. Ҳамин гуна муносибати оқилонаву одилонаи устод Ҷурабек Назриро дар тарғиби сурудаҳои Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон Султон Ҳамад чунин ба қалам додааст: «Олим ва овозхони боистеъдоди тоҷик Ҷурабек Назрӣ дар тарғибу таблиғи Аҳмад Зоҳир ва таронаҳои ӯ хизмати бузурге кардааст. Ӯ нахустин ва ягона овозхони тоҷик буд, ки Аҳмад Зоҳирро аз наздик мешинохт ва бо мактаби эҷодии ӯ робита дошт. Зеро дар даҳҳо консертҳои расмӣ ва маҳфилии ӯ на танҳо ҳамчун мухлиси овозаш, балки чун хонанда ё сароянда ширкат варзидааст. Бо ӯ якҷоя суруд хондааст. Ҷурабек Назрӣ тамрину репетитсияҳои Аҳмад Зоҳирро аз наздик борҳо мушоҳида кардааст. Ӯ ҳатто имрӯз бо ифтихор метавонад бигӯяд, ки дар интихоби матни баъзе аз таронаҳои Аҳмад Зоҳир бо ӯ ҳамкорӣ кардааст ва ҳатто дар таҳияи баъзе сурудаҳои ӯ кумаки худро дареғ надоштааст. Чунончи, суруди русии «Я встерил девушку»-ро Аҳмад Зоҳир бо кӯмаки Ҷурабек Назрӣ таҳия кардааст. Аҳмад Зоҳир ба воситаи Ҷурабек Назрӣ бо таронаҳои устодон Акашариф Ҷураев, Абдулло Назрӣ, Иброҳими Кобулӣ, Боймуҳаммад Ниёз, Зафар Нозим, Ҷурабек Мурод, Дона Баҳром ва ғайра аз тариқи касетаҳои онҳо ошноӣ пайдо кард. Завқу рағбати ӯ ба сурудаҳои тоҷикӣ боло гирифт. Бисёр вақт барномаҳои консертии радиои Тоҷикистонро гӯш мекард ва аз Ҷурабек Назрӣ баъзе чизҳои нафаҳмидаашро мепурсид… Баъзе бар онанд, ки сабаби асосии маҳбубият касб кардани Ҷӯрабек Назрӣ ҳамчун овозхон сурудҳое буданд, ки Ҷӯрабек Назрӣ  онҳоро аз репертуари Аҳмад Зоҳир гирифтааст. Ба фикри банда, ин гуна натиҷагирӣ чандон дуруст нест. Ҷӯрабек Назрӣ аз осори Аҳмад Зоҳир чандон сурудҳои зиёдеро ба репертуари худ ворид накардааст. Адади ин сурудҳо аз 10-15 зиёд нест. Ин асосан сурудҳое ҳастанд, ки онҳоро Аҳмад Зоҳир умдатан дар ҳавои асбобҳои мусиқии миллӣ, аз қабили рубобу ситор, таблаку най ва армония гуфтааст. Ҷӯрабек Назрӣ аз Аҳмад Зоҳир дигар чизи муҳимтарро гирифтааст. Тарзу услуби сарояндагӣ, роҳи дар миёни мардум маҳбубият пайдо карданро аз ӯ ёд гирифтааст. Чизи муҳими дигар ин буд, ки маслиҳати ӯро гирифтааст. Аҳмад Зоҳир ба овозхонҳое, ки ба ӯ пайравӣ мекарданд, борҳо муроҷиат карда гуфтааст, ки ҳар кадом бояд бо ҳанҷараи худ суруд бихонад, то маҳбуби дилҳо шавад. Ва Ҷӯрабек Назрӣ чунин ҳам кард. Таронаҳои Аҳмад Зоҳир «Ханда ба лабҳои туро», «Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ», «Ай подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ», «Шаб чу дар бастаму маст аз маи нобаш кардам», «Дилакам, ай дилакам, ай дилакам», «Аз ғамат, ай нозанин, азми сафар мекунам», «Чашми сиёҳ дорӣ, қурбонат шавам ман»-ро дар иҷрои Ҷӯрабек Назрӣ ҳаводорони санъати овозхонӣ бо шавқу шӯри хосае пазируфтанд. Ӯ дар Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ шуҳрати баланд касб кард. Баъди устодон Акашариф Ҷӯраев, Зафар Нозимов, Ҷӯрабек Муродов Ҷӯрабек Назрӣ овозхоне шуд, ки соҳиби мактаби эҷодӣ гардид. Ба он маънӣ, ки гурӯҳи калони ҷавонони боистеъдод, аз қабили Қурбоналӣ Раҳмонов, Дона Баҳромов, Ҷамшед Исмоилов ва ғайра бар сабку услуби наве, ки бо зуҳури Ҷӯрабек Назрӣ ба ҳунари овозхонӣ ворид шуд, ба қуллаҳои баланди эҷодӣ расиданд. Кор то ба ҷое расидааст, ки имрӯз дар Афғонистон баъзе овозхонҳои шинохтаи афғонӣ ба репертуари худ таронаҳои эҷодкардаи шогирдони Ҷӯрабек Назриро ворид мекунанд. Масалан, моҳи маи соли 2005 дар Кобул «Шӯхак» ном албоми овозхони шинохтаи афғон Сиддиқи Шабоб серфурӯштарин албом ба ҳисоб мерафт. Дар ҳамин албом Сиддиқи Шабоб ду суруди овозхони маъруф Ҷамшед Исмоилов «Шаб, ки хондам номаҳоят» ва «Ай ҳамватанон»-ро ворид кардааст, Таронаи «Шаб, ки хондам номаҳоят» дар иҷрои Сиддиқи Шабоб чанд маротиба ҳамон шабу рӯзҳо беҳтарин таронаи ҳафта дар Афғонистон аз сӯи як радиои хусусӣ эълон шуд».[10]

       Албатта, хотираҳои ҷолиби Ҷурабек Назриро дар бораи Аҳмад Зоҳир на танҳо аз забони худи ӯ, балки онҳое, ки дар ҳамин айём дар Афғонистон кор мекардаанд, низ шунидан гуворост. Яке аз эшон Зафари Мирзоён аст, ки дар навиштаи хеш дар суги устод Ҷурабек Назрӣ ба номи «Равони дурахшони Ҷӯрабек Назрӣ- донишманд ва нағмасарои беҳамто, шод бод!» чунин гуфта: «Дар оғози солҳои ҳафтодуми садсолаи гузашта сарояндаи навҷӯву хушсадо Аҳмад Зоҳир дар миёни ҳунардӯстони форсизабон ҳангома барпо карда буд ва шумори шефтагони сароиши ӯ рӯз аз рӯз афзуда мешуд. Дар ҳамон солҳо Ҷӯрабек аз тарафи Муассисаи ҳамкориҳои иқтисодии Иттиҳоди Шӯравӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ (Внешэкономсвязи) ҳамчун тарҷумон ба кишвари Афғонистон сафарбар шуда буд. Дар он солҳо нигорандаи ин сатрҳо низ дар вилояти Қундузи Афғонистон кор мекард. Рӯзе барои анҷоми корҳои идорӣ ба Кобул рафтам ва дар он ҷо бо Ҷӯрабек ва дӯстамон Шаҳбоз Кабиров (забоншиноси шинохта) вохӯрдам, ки гуфтанд: «Афсӯс, дирӯз наомадӣ, ки якҷоя бо Аҳмад Зоҳир суҳбат медоштем». Нишасти онҳо дар хонаи Шаҳбоз сурат гирифтааст ва бо лутфи кадбонуи Шаҳбоз, шоири чирасухан Меҳринисо сабти овозии он суҳбат ва таронасароиҳоро аз магнитофон гӯш кардам. Аз он гуфтумонҳо равшан буд, ки Аҳмад Зоҳирро овозхонии Ҷӯрабек Назрӣ хеле хуш омадааст. Ва, хушбахтона, ҳамсуҳбатони сарояндаи овозаманди кишвари шоирону нуктасанҷони шеъру таронаи форсӣ-тоҷикӣ Хуросони бостон, се шахсияти донишманду суханшиноси Тоҷикистон будаанд, ки он вохӯрӣ барояш мондагор буд. Чуноне баъдҳо он нишастро ёдовар шуд, ӯ таронаи зеринро бар ғазали Ҳофиз, ки ба тозагӣ рӯяш кор мекард, замзама карда «офарин»-ҳои Аҳмад Зоҳирро шунавидааст:

Сина моломоли дард аст, эй дареғо марҳаме,

Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, Худоро ҳамдаме.

Чашми осоиш кӣ дорад аз сипеҳри тезрав,

Соқиё, ҷомеа ба ман деҳ, то биёсоям даме.

Зиракеро гуфтам ин аҳвол бин, хандиду гуфт,

Саъб рӯзе, булъаҷаб коре, парешон оламе.

Сӯхтам дар чоҳи сабр аз баҳри он шамъи чигил,

Шоҳи туркон фориғ аст аз ҳоли мо, ку Рустаме?!».[11]

 

Мусаллам аст, ки сабки овозхонии устод Ҷурабек Назрӣ, ки аз сурудаҳову хондаҳои мардумӣ ва устодоне чун Абдулло Назрӣ, Иброҳими Кобулӣ, Одина Ҳошим, Зафар Нозим ва дигарон сарчашма мегирад, ба касе монанд нест, балки хоси худи ӯст. Ба ҳарфи дигар, агарчи ӯ аз мактаби ин устодон баҳра ҷустааст, аммо сабку овозхониаш ба ҳеҷ кадоми онҳо шабеҳ нест. Воқеан, аносири бегона дар барномаи ҳунарии Ҷӯрабек Назрӣ ҳузур надорад, ҳама ошнову худианд. Ӯ бо овози худаш, сабки худаш, зарбу лаҳни хоси хеш овозхонӣ менамояд. Ҳатто дар оҳангҳое ки аз Аҳмад Зоҳир хондааст, ҳеҷ гоҳ саъй накардааст, ки мисли ӯ хонад, балки мисли худ хондааст, онҳоро тобеи садои худ, лаҳни худ, зарби худ кардааст. Ин муҳимтарин вижагӣ ва шахсияти ҳунарии ӯст, ки ӯро аз дигарон тафовут мебахшад, шохис менамояд. Дигар, зарбу лаҳну тарзи иҷрои ӯ, ки ҳиндуаврупоист, камтар ба аносири бегона омехта аст, балки тамоман поку мубарро мебошад. Мо дар оҳангҳои мардумӣ, классикӣ, умуман, дар барномаи ҳунарии ӯ ҳузури камтарин аносири ғайриҳиндуурупоӣ, яъне тоҷикӣ- форсиро боздид наменамоем. Аз ин лиҳоз, ӯ бештар ба устод Одина Ҳошим шабеҳ аст, яъне як овозхони сирф миллист. Зиёда аз ин, таъсири зарбу оҳангу лаҳни ҳамсоягон, ки аз дер боз ба зиндагии мо, аз ҷумла мусиқию овозхониамон, соя андохтааст, хушбахтона, дар сурудаҳои ӯ мушоҳида намешаванд. Ҳол он ки мо таъсири аносири мусиқию овозхонии ҳамсоягон, яъне зарбу лаҳну тарзи овозхонии онҳоро ҳатто дар сабки бархе аз сурудаҳои Зафар Нозим, Дӯстмуроди Алӣ, Тоҷиддин Муҳиддин, Саидқул Билол ва ғайра боздид мекунем, аммо дар сабки овозхонии Ҷурабек Назрӣ мушоҳида наменамоем. Ба ҳарфи дигар, устод Ҷурабек Назриро оҳангу лаҳну зарбу тарзи овозхониаш на ба овозхонони ҳамсояҳоямон, балки ба ҳамнажодону ҳамзабононамон, аз ҷумла ба Муҳаммадрафеъ, Мукеш, Сароҳанг, Найнавоз, Сорбон, Аҳмад Зоҳир ва дигарон, шабеҳ аст. Аз ин лиҳоз, таассури ӯ аз оҳангҳои ҳиндӣ, зарбу хониши онҳо, ки бисёр латиф, ширин, нарму мулоим аст, дар тамоми сурудаҳояш ҳувайдост. Ба сифати мисол ғазали зерини Шоҳинро мегирем, ки онро устод Ҷурабек Назрӣ дар асоси як оҳанги ҳиндӣ овозхонӣ кардааст. Азбаски зарбу лаҳну тарзи овозхонии мову ҳиндуҳо як аст, мо заррае бегонагиро дар иҷрои ин оҳанг эҳсос наменамоем:

Имшаб чӣ шаб аст, ин ки дар оғӯши ман астӣ,

Дар сина чу дил, балки чу ҷон дар бадан астӣ.

Шабнамсифат аз рӯи ту фирдавс ниҳон аст,

Эй тозагул, охир, зи кадомин чаман астӣ?..

Ту шамъиву парвонасифат гирди ту гардам,

Чандон, ки ба ҷону дили ман шӯълазан астӣ...

Беҳуда қадам вомагузор аз дили Шоҳин,

Азми сафарат чист, ки хуш дар ватан астӣ![12]

 

        Ҳамин гуна суханро дар мавриди Аҳмад Зоҳир, ки на танҳо мусиқии ҳиндиро ба мусиқии тоҷикӣ ошно кард, балки урупоиро ҳам ба он оштӣ дод, низ метавон гуфт. Мо садҳо сурудаҳои ӯро медонем, ки тарҳашон  ҳиндӣ ё урупоианд, аммо урупоиву ҳиндӣ будани онҳо эҳсос намешаванд, зеро, тавре ки гуфтем, мусиқӣ, зарб, лаҳн ва тарзи сароиши мову онҳо як аст. Масалан, сурудаҳои зерин, ки дар оҳангҳои урупоӣ ва ҳиндӣ рехта шудаанд: «Танҳо шудам, танҳо шудам», «Зебонигорам, ба ман нигоҳ кун», “Дилбаро, гар ту ёри ман бошӣ”, “Ёди рӯзгори ширин”, “Дур аз ту ҳар шаб то саҳар”, “Гар зулфи парешонат” ва ғайра. Ба андешаи муаллифи китоби “Саргузашти мусиқии муосири Афғонистон” Абдулваҳҳоб Мададӣ, “дар бахши мусиқии омотур аз бадви марҳала то замони ҳозир ҳунарманде, ки беш аз ҳар овозхони дигаре дар байни мардуми мо шуҳрат ва маҳбубият ёфт, Аҳмад Зоҳир аст... Аммо дар мавриди ҳунари ӯ бояд бигӯям, ки ӯ на танҳо соҳиби завқ ва истеъдоди олии ҳунарӣ буд, балки аз пуштикор ва талоши аҷибе дар ҷиҳати боло бурдани сатҳи ҳунариаш бархурдор буд. Ӯ ҳунарманде буд навовар, мубтакиру пуркор ва нахустин касе буд, ки дар иҷрои оҳангҳояш аз олоти мусиқии барқии урупоӣ истифода кард”.[13]

       Хулоса, Ҷурабек Назрӣ, овозхони маъруфи кишварамон, яке аз онҳоест, ки бо Аҳмад Зоҳир, овозхони маҳбуби Афғонистон дӯстию ҳамнишинию ҳамкорӣ дошта, дар тарғибу ташвиқи сурудаҳои ӯ дар Тоҷикистон саҳми муҳим гузоштааст. Бинобар ин, ҳамвора дар мусоҳибаву гуфторҳояш ба ҳунари ӯ баҳои баланд ва воқеӣ дода, ифтихор аз он доштааст, ки бо ин ҳунарманди нотакрор аз наздик ошно шуда, аз ӯ дарси маҳорат, шуҳрат, баҳрабардорӣ омухта, бархе аз таронаҳояшро бо сабку завқу салиқаи хеш созгор ёфтаву мутаранним шудааст. Ӯ бад-ин тартиб дар роҳи шиносондан ва муаррифӣ кардани ҳунари Аҳмад Зоҳир хидмати шоиста карда, дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва маданӣ дар байни ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон нақши бориз бозидааст. Дигар, ӯ на танҳо ҳунару шахсияти фавқулодаи Аҳмад Зоҳирро дар Тоҷикистон тарғиб намуда, балки  дар бораи вазъи мусиқию ҳунар дар Тоҷикистон, аз ҷумла овозхонони маъруфи он, ба Аҳмад Зоҳир қисса карда, то ҷое, ки имкон дошт, онҳоро ба ӯ муаррифӣ намудааст. Дар ин бора худи ӯ чунин мегӯяд: «Дар бораи овозхонҳои зиёд барояш қисса карда будам. Дар бораи устодон Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назриев, Одина Ҳошим, Зафар Нозим барояш қиссаҳо гуфта будам. Ҳатто сабтҳояшонро ба Аҳмад Зоҳир пешниҳод карда будам. Ёдам меояд, ки як субҳ хеле хушҳолона ба ман гуфт, ки «имшаб аз радиои Тоҷикистон дар иҷрои Мағфират Қулқу лова сурудеро шунидам, ки бисёр хуб буд». Гуфтам Мағфират Қулқулова не, балки Ҳамроқулова. Сарояндаи хуб аст. Аҳмад Зоҳир орзу дошт, ки ба Тоҷикистон биёяд. Тоҷикистонро бисёр дӯст медошт. Ба Иттиҳоди Шӯравӣ як навъ ҳусни таваҷҷуҳ дошт. Ёд мекард, ки чӣ тавр аз Аврупо боре тавассути Маскав ба Афғонистон омадааст. Чанд лаҳза дар фурӯдгоҳи Шереметево буданашро бо хушҳолӣ ёд мекард»…[14]

Аммо сад дареғ, ки Ҷӯрабек Назрӣ дигар дар байни мо нест, ки барои мо хотирот нақл кунад… Соли дувум аст, ки мо бидуни ӯ зодрӯзи Аҳмад Зоҳирро таҷлил менамоем. Вай наметавонад, ки дигар бароямон зинда қисссагӯӣ намояд, аммо хотироташ, нақлҳояш, ки сабту забт шудааст, наворҳояш, суҳбатҳояш, ки дар радиову телевизон дар бораи Аҳмад Зоҳир ва ҳунари ӯ кардааст, имрӯз низ бо мо мебошанд, мо онҳоро ба такрор мехонем, тамошо мекунем, аз ҳамкории ин овозхонон бохабар мешавем, ба эшон аҳсант мегӯем, дуруд мефиристем, ки дар набуди худ низ бо мо мебошанд. Онҳо бо сурудаҳои нотакрори худ дили моро, маҳфили моро гарм месозанд, яъне зиндаву ҷовиданд. Ба қавли шоир:

Ба гӯшам омад аз хоки мазоре,

Ки дар зери замин ҳам метавон зист.

Нафас дорад, валекин ҷон надорад,

Касе, к-ӯ бар муроди дигарон зист.[15]

 

 ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА

 

 

[1] Султон Њамад. Ањмад Зоњир садои ишќ асту дилтангї. –  Душанбе: Эр-граф. – С. 331.

[2] Муњаммад Иќбол. Пайѓоми Шарќ. – Душанбе: Адиб, 1987. – С. 76.

[3] Мирзо Асадулло Ѓолиб. Мунтахаби осори форсї. – Душанбе: Ирфон, 1967. – С. 107.

[4] Султон Њамад. Ањмад Зоњир садои ишќ асту дилтангї. –С. 213-215.

[5] Њамон љо. – С. 215-216

[6] Њамон љо. – С. 220.

[7] Мирзо Турсунзода. Осори мунтахаб. – Љ. 1. – Душанбе: Ирфон, 1981. – С. 261-262.

[8] Султон Њамад. Садои ишќ асту дилтангї.  – С. 221.

[9] Султон Њамад. Ањмад Зоњир- султони ќалбњо. – Душанбе, 2005. – С. 160.

[10] Султони Њамад. Ањмад Зоњир-султони ќалбњо. – С. 111-114.

[11] Менигарему  меравем. Ёдномаи устод Љўрабек Назрї. –Душанбе:Мастер Принт, 2021. –С.37.

[12] Шамсиддин Шоњин. Куллиёт. –Душанбе:Адиб, 2006. –С. 196.

[13] Абдулвањњоб Мададї. Саргузашти мусиќии муосири Афѓонистон. – Тењрон, 1390 . – С. 214-216.

[14] Султон Њамад. Ањмад Зоњир садои ишќ асту дилтангї. – С.219.

[15] Муњаммад Иќбол. Пайѓоми Шарќ. – С.89.

Хондан 1344 маротиба