JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 01 Июли 2022 05:40

Пажуҳишгари ойини ҷавонмардӣ (номаи шодбошӣ ба муносибати 80-солагии профессор Қурбон Восеъ)

Муаллиф:

  Устоди гиромӣ Қурбон Восеъ,

Шумо солҳост ҳамчун муҳаққиқ, донишманд, адабиётшинос, арбоби сиёсию давлатӣ, зиёӣ ва фарҳангии саршиноси ҷумҳурӣ миёни аҳли илму маърифат ва сиёсату маданияти тоҷик соҳибэҳтиром гардидаед. Сабаби эҳтирому самимияте, ки ҷомеаи илмию мадании тоҷик ба Шумо дорад, албатта, ба сахткӯшӣ, масъулиятшиносӣ, талошварзӣ  ва тавонмандии илмию эҷодиатон бастагӣ дорад. Шумо аз ҷумлаи нахустин муҳаққиқоне ҳастед, ки дар заминаи адабиёти ҷавонмардӣ ва таъсири он ба фарҳанги миллӣ таҳқиқоти муфассал намуда, то имрӯз дар масири муаррифии  шоистаю боистаи ҷараёни иҷтимоию ахлоқӣ ва мадании футувват, ки ҳамон ойини ҷавонмардист,  устуворона  гом бармедоред. Таълифоти Шумо доир ба ойини ҷавонмардӣ ва мушаххасоти мактаби футуввати асримиёнагии форсии тоҷикӣ бо шумули «Номаи ҷавонмардӣ» (1985), «Ойини риндӣ ё Маслаки Ҳофиз» (1991), «Литература джавонмарди» (1995), «Чаҳор китоби насри ҷавонмардӣ» (2000), «Ҳашт манзар» (2002), «Таджикская рыцарская литература» (2004), «Адабиёти ҷавонмардии форсу тоҷик» (2007), «Сарчашмаҳои адабиёти ҷавонмардӣ» (2008), «Рисолаҳои ҷавонмардӣ» (2010) ва амсоли инҳо солҳо боз барои доираи васеи муҳақаққиқону хонандагони ватанӣ ҳамчун осори вежаи таҳқиқӣ ва илмӣ-методӣ маълуманд. Аз ин гузашта, Шумо сарчашмаву манобеи адабию бадеии  «Достони Амир Арслон» (1989), «Футувватномаи султонӣ», «Ахлоқи Муҳсинӣ», “Рисолаи «Ҳотамия”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ” (1991), «Абумуслимнома» (1994), «Доробнома» (2002), «Девони Насимӣ» (2005), «Тазкираи шуарои муосири Ҳирот» (2005)-ро, ки бевосита ба ойини ҷавонмардӣ ва маслаки футуввати асримиёнагӣ иртибот доранд, интишор дода, аз тариқи ибтикороти илмӣ аҳли таҳқиқ ва ҳаводорони адабиёти классикии форсии тоҷикиро аз чашмаи сероби фарҳанги аҷдодӣ шодоб намудаед.

 Устод Қурбон Восеъ,

Шумо солҳо ба сифати мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1991–92), мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2000 – 2007) ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (2002-2014) фаъолияти карда, дар таҳкиму тақвият ёфтани раванди сиёсати давлатию мафкуравии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сулҳу суботи миллӣ саҳми муносиб гузоштаед. Бад-ин минвол, Шумо дар самти таҳқиқи сиёсати давлатӣ ва ваҳдати миллӣ низ муваффақ шуда, китобҳое аз қабили «Сиёсатмадори таърихнигор» (дар ҳошияи зиндагиномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон),  «Сиёсати давлатӣ ва ваҳдати миллӣ», «Ваҳдат ва истиқлол», «Ваҳдат -- зевари давлати миллӣ» (дар се ҷилд) ба нашр расонидаед. Ҳамчунин, дар таҳқиқу тадвин ва нашру пахши таҳқиқоти муфассали дастҷамъонаи «Методология ва назарияи Ваҳдати миллӣ» ва асари 20-ҷилдии «Ваҳдат, Давлат, Президент» саҳми бевосита доред.    Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамоти  Шуморо  бо  мукофотҳои давлатии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996), Медали 10-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003), Медали 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021) ва сипосномаю ифтихорномаҳо қадр кардааст.

Маҳфили “Ҷаҳони андеша” Шуморо ҳамчун фарзанди содиқу сарсупурдаи миллат ва давлати миллӣ мешиносад ва эҳтиром мекунад. Аз фурсати муносиб истифода намуда, 80-умин солгарди умри бобаракатонро шодбош гуфта, бароятон сиҳатию саломатӣ, табъи хушу болида, неруву тавони илмию эҷодӣ ва беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно менамояд.

80-солагӣ фархунда ва хуҷаста бод, пири муҳаққиқони ойини ҷавонмардӣ, устод Қурбон Восеъ!

 Бо эҳтиром,

Маҳфили “Ҷаҳони андеша” 

 

 

Қонуни ҷавонмардӣ

(порашеъре дар ҳошияи 80-солагии пири ададбиёти ҷавонмардӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ устод Қурбон Восеъ)

 

Бӯйе зи сафар дорад  паймони раҳовардӣ,

Хоҳишу муроди дил гармист, на бал сардӣ,

Сурхист нишоти рӯ, ғам омили рӯзардӣ,

Ҷамъӣ шавад ар ҳатмӣ олуфтагии фардӣ,

Шояд ки шифо бахшад моро зи куҳандардӣ

Қонуни ҷавонмардӣ!

 

Аз қуллаи кӯҳи нур, аз ҷойгаҳи Ховар,

Аз хуни Сиёвушу Деваштичи кундовар,

Аз тухми далерону мардони хирадбовар,

Аз Вешабу Сангистон, аз Похуту аз Дардар,

Оварда паёми меҳр аз Дарғ – дили Фалғар

Ин марди адабпарвар!

 

Аз хоки замини мо садбаргу суман рӯяд,

Ин миллати озода гулҳои чаман бӯяд,

Бо навназарӣ, оре, шаҳроҳи куҳан пӯяд,

Чун Рахши Таҳамтан дар ҳар дашту даман мӯяд,

Аз умқи китоби дил асрори сухан ҷӯяд,

То рози Ватан гӯяд!

 

 

Хонад, ки ба бедорӣ оҳанги шабонгоҳӣ,

Моро бирасонад то хилваткадаи Моҳӣ,

Ҳар кас ба хирад ёбад худ мартабаи шоҳӣ,

Пажмурда шавад  ҳар гул  аз офати худхоҳӣ,

То ин ки раҳӣ умре аз даҳшати гумроҳӣ,

Бигзин раҳи огоҳӣ!

 

То умр бувад бидҳӣ анҷом рисолатро,

Аз даст набидҳӣ сар домони асолатро,

Хоҳӣ, ки сарафканда бинӣ ту ҷаҳолатро,

Бар садр, ки биншонӣ мардони фазолатро,

Ҳаргиз написандидӣ  ноаҳли разолатро,

Мункири адолатро!

 

Маънии ҳаёти ту меъёри ухуват аст,

Пас, асли ҷаҳони мо фарҳанги мурувват аст,

Ойини футувват аст!

Бо эҳтиром,

Нозим Нурзода

15 июни соли 2022, чаҳоршанбе, соати 17:00

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Хондан 973 маротиба