JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 18 Июли 2022 04:30

Зеҳнӣ ва шарҳи баъзе калимаҳои марбути либос

Муаллиф: Фирдавс МИРЗОЁРОВ

  Тӯрақул Зеҳнӣ яке аз муҳаққиқони нозукбаёну донандаи хуби забони тоҷикӣ мебошад, бо ки мақолаву китобҳояш дар таърихи забону адабиёти тоҷик ҷойгоҳи хоса дорад. То имрӯз ҷанбаҳои гуногуни асару мақолаҳои Зеҳнӣ баррасӣ шуда бошанд ҳам, арзиши илмаашон таҳқиқи мукаммалу арзишманд нашудааст.  Мақолаи мо ба шарҳи баъзе вожаҳои марбути либос дар яке аз китобҳои ин сухангустари зиндаёд бо номи «Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ» бахшида шудааст. Мо ба он сабаб аст ин мавзуъро интихоб намудем, ки Тӯрақул Зеҳнӣ ба дар шарҳи маъноиву мафҳумии вожаҳо усул ё принсипи хосаи худро доранд. Чунонки муҳаққиқон огоҳанд Тӯрақул Зеҳнӣ яке аз муаллифони луғати мондагори “Фарҳанги забони тоҷикӣ” мебошанд.

Ба навиштаи муҳаққиқ Парвин Олимова: “Зеҳнӣ то охири умр ба вожашиносӣ машғул буда, дар китоби охиринаш «Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ» низ масъалаи саромад ва таърихи калимаҳоро баррасӣ намудааст. Муаллиф баҳри таълифи он 10 соли умри худро сарф намуда буд ва ба синну соли пиронааш(92) нигоҳ накарда, онро мукарраран такмили таҳрир мекард. Вожаҳои тоҷикии классикӣ аз осори  классикон пайдо, маънӣ ва мавқеи истифодаи он дар забони адабӣ ва гуфтугӯӣ эзоҳ дода шудааст (3, 138).

Яке аз калимаҳои маъмулу машҳур дар соҳаи либосу либосворӣ “Абра” аст, ки он дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба маънои I ва II ба гунаи зерин шарҳ ёфтааст: “ Абра-рӯйи либос, тарафи берунии ҳар чизи дӯхташуда; муқобили астар

I.Оразашро ҷома пӯшидаст некӯиву фар.

Ҷомааш к-аш абра аз мушкасту з-оташ остар. Унсурӣ

Кунанд абар покизатар з-остар,

Ки он дар ҳиҷоб асту ин дар назар. Саъдӣ

 Абра II. а.1.ниг. абрат; 2. навъе аз хӯрок.

Абра кӣ ҷӯяд ба хароб андарун?

Ташна чӣ нӯшад, ба сароб андарун?  Хисрави Деҳлавӣ (5,29).

Тӯрақул Зеҳнӣ, ҳамчун донандаи асрори климаҳои забон вожаи мазкурро мукаммалтару возеҳ дар китоби мавриди назари мо, шарҳ додааст:

“Абра - рӯйи либос, тоқия, кӯрпа ва монанди инҳо, ки дӯхта шуда бошад, муқобили остар аст. Абра-астар аз ҷомаҳое иборат аст, ки пахта надорад. Дар адабиёти дарӣ собиқ дорад:

Оразашро ҷома пӯшидаст некӯиву фар.

Ҷомааш к-аш абра аз мушкасту з-оташ остар (Унсурӣ, Девон, саҳ. 87).

Дар мисоли зерин дар ибораи истиорӣ омадааст:

Дар он килла, ки бар карданд онро,

Шуд остар абраҳои осмонро (Дувалронӣ, саҳ.154).

Абра аз рӯйи таҳлили “Ғиёс-ул-луғот”: “дар асл абар будааст. Чунонки дар “Шоҳнома” дида мешавад, пешоягдҳои “бар”, “бо”, “бе”, ба шакли “абар, або,аби” низ меояду рӯй аз болои чизеро ифода мекунад.

Баъд дар охири “абар” “а”-и нисбат часпидааст ва бо касрати истеъмол абара шакли “абра”-ро гирифтааст.

Калимаи абра ва астар дар ҳайати ибора

Касеро абра кардан маҷозан бо муомила ва гапҳои сохтаи хушомаомезона касеро фиреб додан, ба тарафи  худ кашидан.

Абра-астари касеро чаппа-роста кардан, дар вақти ҷанҷол ба муқобили хасми худ ин ибора ба кор бурда мешавад: Ин қадар ғур-ғур накун, абра-астарата чаппароста мекунам, яъне фош мекунам гуфтан аст (2,38-39).

Як навъ либоси занонаи имрӯз маъмул миёни занони тоҷику ӯзбек “атлас” мебошад, ки дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ва “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” шарҳу тафсир шуда бошад ҳам, аммо тафсири Тӯрақул Зеҳнӣ ҷолиб мебошад: “Атлас- парчаи абрешими нафисе мебошад, ки бофти мураккабе буда, аз рӯйи сифати бофт, нусха ва гуландозиҳо хелҳои бисёре дорад, ки дар истилоҳи атласбофон абрбандӣ меноманд. нақшу нигори ин қумош хоси республикаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аст.

Атлас писанди ҳамаи халқҳои Шарқ ва Ғарб шудааст. Атлас дар адабиёти дарӣ бо чанд маънӣ собиқа дорад:

а) Атласи умумӣ

 Макун ранҷи беҳуда, хурсанд бош,

Қаноат кун, ар нест, атлас чу бурд ( Ҳофиз. саҳ.126)

б) Атласи муълам, нақшин, мухаттат (рах-рах)

З-инҳо, ки дорам ҷигари пухта ба зераш,

Рӯзе ба ҳазор атласи муълам нафурӯшам (Ҳоқонӣ, Ф. Ҷ.1.97)

в) Атласи зарбофт навъе аз атласи нафисе, ки ба рӯяш зардӯзӣ(зарбофт) шудааст, яъне тагсурхи аз рӯ зардузӣ шуда:

Атласи зарбофт ба девори санг,

Дода зи ёқут ба девор ранг

( Қирон-ус-саъдайн, дастнавис, саҳ.44).

г) Атласи хитоӣ мансуб ба Хитойро мефаҳмонад: “Хоҷа Мирако Шоҳӣ пӯстини Кеш, ки абраи он атласи Хитой буд ва маблағе як сад тангаи хонӣ инъом карданд”( Бадоеъ, Ҷ.1.саҳ.27).

ғ) Атласи румӣ аз рӯйи мазмун сархранг будааст.

д) Атласи гардун пардаи атлас, чархи атлас; атласи фалак: ибораҳи истиорӣ буда, киноя аз осмон мебошанд:

Бас ки Зироъ атласи гардун набашт,

Пардаи атлас ҳама паймуда гашт.

(Қирон, саҳ.100)

е) Атласи лоҷувард, атласи фирӯза, атласи сабз  ибораҳои истиорӣ буда, атласи якрангаи ғайримунаққаш, яъне осмониро ифода мекунад (ниг. фарҳанг. Ҷ.1.саҳ.97)

ё) Аз рӯйи нишондоди Муҳамммад Муин шореҳи “Бурҳони қотеъ” атлас аз юнонӣ ба арабӣ ва аз арабӣ ба форсӣ гузаштааст “Атлас (номи рабб-ун навъ ҳомили курраи замин, ҷомаи (матои) абрешимии дарздор. ...Китобе ки шомили нақшҳои ҷуғрофист( Ҷ. 1. саҳ. 143. Теҳрон,1330 ҳ.ш.)”(2,41-42).

Вожаи дигари ифодакунандаи  як унсури либос “зеҳ” аст, ки вожаи мустаъмал миёни форсизабонон мебошад. Тӯрақул Зеҳнӣ чун донандаи забони ноби форсии тоҷикӣ ин вожаро чунин тафсири маъноӣ кардааст: “Зиҳ(зеҳ)- ба тоҷикӣ шерозаи домани курта, ҷома ва лаби тоқия, поҷомаи занона, ки бараш тақрибан ду см, буда ду канори зеҳ дорои обаи якранг, ба рӯяш шаклҳои ҳандасӣ, моҳу ситора бо бахяҳои нозук таҷассум ёфтааст.

Ин шерозбандӣ пештар дар Бухоро ва ноҳияҳои тоҷикнишини дигар, ҳамчун Ӯротеппа аз рӯйи нақш ва дӯхт аз ҳам фарқ мекунанд.

Зиҳ дар забони дарӣ собиқа дорад. Манучеҳрӣ ҳилолро ба зиҳи абрешимини зардгун ташбеҳ кардааст, ки ба домони нилии осмон дӯхта бошанд:

“ Падид омад ҳилол аз ҷониби кӯҳ,

Ба сони заъфаронолуда миҳҷан.

Чунон чун ду сар аз ҳам боз карда,

Зи зарри мағрибӣ дастоваранҷан.

Ва ё пероҳани нилӣ ки дорад,

Зи шеъри зирди нима зиҳ ба доман.(Манучеҳрӣ, Девон, саҳ.64)

 Зеҳ ба ҷуз маънии шерозав ҷиҳак ба маъниҳои зерин низ меояд:

а) ба маънои таҳсин ва офарин:

... Сутун кард чапрову ҳам  кард рост,

Фиғон аз хуми чархи чочӣ бихост,

Қазо гуфт: гиру қадар гуфт: деҳ!

Фалак гуфт: аҳсан, малак гуфт: зеҳ! ( Аз достони Рустам ва Ашкбӯс)

б) ба маънои зеши камон меояд:

 Ба беша даромад ба кирдори шер,

Камонро ба зеҳ кард марди далер ( Шоҳнома, Ҷ. II. саҳ.68).

Ҳ. Раупов дар мақолаи “Мурработ дар забони тоҷикӣ” менависад: “Хоразмӣ калимаи зиҷ(тақвим)-ро муарраб аз ҳамин калимаи зеҳ( ба маънои вотир-зеҳи ресмони камон) ҳисоб кардааст(саҳ.209). Дар фарҳангҳо, инчунин дар рисолаи муарработи Рашидӣ, ки ин калимаро муарраб аз зиҷ қайд кардааст: ҷамъаш зиҷот:

Ҳама зичи фалак ҷадвал ба ҷадвал,

Ба устурлоби ҳикмат кардаам ҳал ( Низомӣ)

“Аз натиҷаи расид зиче мураттаб шудааст, ки онро зичи ҷадиди гурагонӣ гӯянд ( Равзат-ус-сафо); “Илми зиҷот ва тақовим” ( аз Восифӣ) (2,52-53).

Аз шарҳи Зеҳнӣ бармеояд, ки калимаи “зеҳ” дар забони дарӣ ҳам мустаъмал аст. Зикри ин нукта, ки “зиҳ” дар забони дарӣ собиқа дорад” дар фарҳангҳои тафсирии замони муосири тоҷикӣ қайд нашудаааст. Ин гувоҳи он мебошад, ки Тӯрақул Зеҳнӣ зимни тафсири вожаҳо ба гунаҳои забони форсӣ таваҷҷуҳ мекардааст.

Калимаи дигари марбут ба либос “камарбанд” мебошад. Зеҳнӣ калимаи мазкурро бо мавқеъҳои истеъмолиаш хеле возеҳ шарҳ кардааст: “Камар синоними “миён” буда, дар адабиёти классикӣ ҳарду баробар ба кор меравад. Камар ё камарбанд дар замони пеш дар Бухоро бештар миёни сипоҳиён ва ба дараҷаи дуюм дар Самарқанд, Тошканд ва шаҳрҳои дигари Осиёи Миёна бою бойбачаҳо ва писарони хатнасуршаванда тагбанд (камарбанд) мебастанд. Камарбандҳо бештар нуқракӯб, тиллоҳал, ислимикорӣ кардашуда буданд.

Дар ин мисол “камар” ба маънои камарбанд омадааст:

“Дувист( ҷувони) барно камари заррин барбаста ва шамшер ҳамоил карда ба хидмат омаданде” ( Наршахӣ, саҳ.10)

Вале дар ин мисол камар ба маънои миён омадаст.

Мисраи мо зулфиқоре дар камар дорад Рабеъ,

Баски дар нозукхаёлӣ шуд Алӣ устоди мо (Таз.Малеҳо, Рабеои Бадахшонӣ.саҳ. 105)

Камарбанд( исми мураккаб)

Камарбанди Рустам гирифту кашид,

Зи бас зӯр гуфтӣ замин бардарид ( Шоҳнома, ҷ. 1. саҳ.305)

 Камарбаста( сифати мураккаб)

а) ба коре тайёр буда:

Ҳамеша килки ту бошад аз он камарбаста,

Ки то нафоиси аҳли ҳунар кунад тақрир ( Камоли Исмоил. Баҳор, ҷ.2, саҳ.312);

б) ба маънии хидматгору навкар:

Чи бандам камар дар масофи касе,

Ки дорам камарбаста чун ӯ басе ( Низомӣ. Баҳор, ҷ. 2, саҳ. 312).

(2,55).

Калимаи дигаре, ки алоқаманд ба либос мебошад, “кулӯта” аст. Ин вожа дар “Фарҳанги забони тоҷик” ва “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” ба назар нарасид. Тӯрақул Зеҳнӣ бошад, ки калимаро шарҳу тафсири маъноиву истеъмолӣ, бо истинод ва шавоҳиди шеърӣ кардааст: “Кулӯта як навъ тоқияи гесупӯши кампирҳо, ки ба сари худ мепӯшанд. Кулӯта каме фурӯрафта, паси сар думи дарози ғилофшакл дошта ду милла (гесу)-и худро аз он мегузаронанд. Пиразанони тоҷику ӯзбек, бисёртар кампирони қазоқу қирғиз кулӯта истеъмол мекунанд. Кулоҳи миллии мардони арабро ҳам кулӯта меноманд. Дар адабиёти дарӣ вомехӯрад:

Сӯфӣ шудию суфӣ сияҳ шуд либоси нав,

Чун сӯфиён кулӯта бар сар- бар ақиқранг( Сӯзанӣ, саҳ.98).

Дар луғати Айнӣ телпаки гӯшакдор (қулочин) кулӯта номида шудааст.

Маълум мешавад, ки дар замони пеш дарвешону сӯфиён низ кулӯта мепӯшидаанд. дар забони гуфтугӯӣ одами бо риши гирд ва калтаро кулӯтариш мегӯянд. Вале кулӯтаи арабон дигар хел аст” (2,61-62).

Калимаи маълуму серистеъмол дар соҳаи либосу либоспӯшӣ миёни мардону занон “курта” мебошад, ки дар забони тоҷикӣ аз умқи таърих дар истеъмол аст. Тӯрақул Зеҳнӣ ин вожаҳоро дар китоби “Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ” ончунон фаҳмо шарҳ додаанд, ки гумон мекунед, Зеҳнӣ муҳаққиқи таърихи  либос будааст:

“Курта тоҷикон умуман куртаро ба ҷойи пероҳан истеъмол мекунанду дар айни ҳол дар забони дарӣ низ собиқа дорад:

Ҳамон домани курта бидрид чок,

Бад-он хастагиҳол барбаст пок (Фирдавсӣ, Лаҳҷа, саҳ.427).

Дар баъзе осори дарӣ курта бо ҳарфи “қ” қайд ёфтааст:

Ба ҳавз-андар шуда обаш чу курта(и) дилбаро пурчин,

Ба дашт-андар шуда теғаш чу зулфи дилбарон печон

(д. масъуди Саъди Салмон, саҳ.442)

Дар “Қирон-ус-саъдайн”-и Хусрави Деҳлавӣ низ курта бо ҳарфи “к” низ қайд ёфтааст; мумкин аст қурта муарраби курта бошад:

 Атласи рангин, ки чу хун омада,

Оташе аз дуд бурун омада,

Курта шуда бар тан чун сими ноб,

Ғарқаи хун гашта аз ӯ офтоб ( Қирон, саҳ.33)(2.62).

Вожаи дигари дар аксари ҳолат ҷуфтистеъмол бо калимаи “абра”,”остар”(астар) аст, ки дар гуфтори рӯзмарраи мардум  корбасти фаровон дорад. Ин аст, ки Зеҳнӣ ин вожаро ҳам дар китобашон ба гунаи зерин тафсири маъноӣ кардаанд: “Остар муқобили абра, ки қисми рӯйи ҷома, кӯрпа, кӯрпача ва ғайра аст. Дар талаффузи халқ бисёртар ба шакли “астар” талаффуз меёбад. Агар дар байни ҷома, кӯрпа пахта монда набошанд, абрастар мегӯянд” (2,69).

Вожаи ифодагари ҷузъи либос “тирез” ном дорад, ки дар гуфтори мардуми водии Зарафшон ба гунаи “териз” мустаъмал мебошад. Гунаи китобии ин калимаро Зеҳнии вожашинос чунин шарҳ кардаанд: “Тирез барои озодона пӯшида шудани курта, яктаҳ ва ҷома аз ду бар-аз тарафи домани росту чап ва айни матоъ порчаи сегӯшаи дарозрӯя илова мекунанд. Тирез монанди нифа дар забони дарӣ собиқа дорад:

Манам имрӯз баста дар сумче,

Чашм бардӯхта чу мори гурез,

Ҳаст пироҳанею шалворе,

Нест бар ҳар ду нифаву тирез! ( Масъуди Саъди Салмон, саҳ.604)

Дар рубоиҳои халқӣ тирезу остин якҷоя истеъмол мешавад:

Ҷомалача, тирезу остинат ман,

Сад ёра гирӣ, ёри нахустинат ман.

Сад ёра гирӣ, ба қаҳру истезаи ман,

Ҳаргиз нарасӣ ба умри якрӯзаи ман (Фолклор)

Дар урфият дар ҳаққи одами фириғмасъалаи дилвасеъ ибораи зерин гуфта мешавад: “Тирезаш ҳафттахта, яъне парвое надорад, балоя(ро) об барад поёна(ро) сел... Ниг. Нифа!

Ё ки мегӯянд: “Ба зар кас тахсту тирезаша нафаҳмида бовар кардан нагир!”(2,80).

Як унсури сарулибоси мардонаи мардуми Осиёи Миёна “фаш” ном дорад. Тафсири дақиқу саҳеҳи онро Зеҳнӣ чунин овардаанд:

Фаш а) дар забони гуфтугӯӣ ба маънои нӯги саллаи баста, фӯта ва сачоқ, ки аксар шилшиладор аст, меояд, ин калима дар адабиёти асри XVII истеъмол ёфтааст:

Гарчи кутоҳ бувад андешаи зоҳид, аммо,

Дар дарозӣ фаши ӯву думи рӯбоҳ якест (Т. Малеҳо, Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ).

С. Айнӣ низ ин калимаро дар “Ёддоштҳо”, қисми 4, истеъмол кардааст: “Ба сараш як саллаи кабуди чорхонаи ремонии дастӣ бофташудапо печонида, фашашро думи мушӣ, яъне кутоҳ гузошта буд”.

б) Дар мисоли зерин суффикси монандии фаш, ки шакли дигари он ваш мебошад, зикр ёфтааст:

Нишаст аз бари бораи дасткаш,

Биёмад бари шоҳи хуршедфаш.

Гоҳе калимаи фашро бо калимаи фач, ки ба маънои бемаза меояд, бо ҳам меомезанд”(2,84).

Як навъ либоси болопӯш, ки онро ҳам мардон ва ҳам занон ба бар мекунад “ҷома” аст. Тӯрақул Зеҳнӣ ин навъи либосро бо навъҳояш дар китоби “Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ”, муфассал тафсир кардаанд, ки  имрӯз низ мувофиқ ба маънои истеъмолиаш мебошад: “Ҷома синоними чапон буда, дар шароити тоҷикон ҷомаи рӯйпӯшӣ ба ҷойи палто итсеъмол мешавад.Вале ҷома хелҳо дорад: ҷомаи пахтадори лагандагӣ, ҷомаи тобистонӣ, ки танҳо аз абраву остар иборат аст. Агар фақат аз абра иборат бошад яктагаш меноманд. Ҷомаи рӯй, ҷоами таг ва ғайра... Ҷома ба асоси ҷинси қумош( мол) зеҳу фаровезу абра ва остар ба навъҳо ҷудо мешавад. Дар Бухорои амирӣ навъҳои ҷома чунин будааст:

а) ҷомаи алочаи ресмонии нимшоҳии рах-рах;

б) ҷомаи алочаи нимшоҳӣ, ки бараш тақрибан се сантиметри он абрешим ва шаш сантиметраш ресмон аст;

в) ҷомаи адраси безеҳ, ки пудаш абрешим ва тораш ресмон ва каме кудунгкардаи оҳардор ва нақшин аст;

г) ҷомаи адраси зеҳдору фаровездор, ки ба рӯйи фаровез зеҳ дорад, пуд абрешиму тор ресмонӣ аст;

ғ) ҷомаи шоҳӣ, ки тору пуд абрешиму калонгул аст;

д) ҷомаи ҳисорӣ, ки тору пуд абрешиму остар шоҳӣ аст;

е) ҷомаи алочаинимшоҳии таҳпушӣ ва алочаи кашмирӣ, ки ҷомаи рӯпӯшӣ аст;

ё) қоқмаҷома. Қумоши ин навъ ҷома аз пашми шутур буда, туркманон мебоффтанд ва хеле нозук ва нафис аст;

ж) қоқмаи рӯпушӣ  ва алочаи қаршигӣ, ки ҷомаи тагпӯшӣ аст;

з) ҷомаи банорас, ки остарсафед буда, аз парчаи нафиси тибитӣ дӯхта шуда, рӯяш сафед ва рах-рахи сафеди каме тиратар, зеҳу фаровез дорад. Банорас дар Бухоро махсуси табақаи рӯҳониён буд;

и) ҷомаи лашкарӣ, ки ба ҳар кас аз рӯи дараҷа ва мансабаш дода мешуд;

к) ҷомаи зарбофт, ки ба унвони хилъат ба қозӣ ё қушбегӣ бахшиш меёфт. Ҷома дар адабиёти дарӣ маънои васеъ дорад:

а) ба маънои хилъат, либоси рӯй-чапон меояд: “Чун бомдод шуд, Амир Исмоил асиронро бихонд, ҳар мардеро як ҷомаи карбос дод.

б) ҷома ба маънои болопӯши шабона- кӯрпа истеъмол мешавад...

в) ба маънои палос ва ҷиҳози хона меояд...

г) ба маънои қумошу матоъ, порча низ меояд.

ғ) ба маънои либоси умумӣ;

д) ҷома ба маънои поҷома-шалвор.

Дар идомаи тафсисри маъъноӣ ва мафҳумии ин вожа Зеҳнӣ ибора ва калимаҳои мураккаб оид ба ҷомаро меорад, ки ҷолиби диққат мебошад:

Ҷомаи хун пӯшидан киноя аз кушта шудан;

Ба гап ҷома пӯшондан ниҳоятдараҷа бануқ эътибор додан, Боғҷома чодари тутафшонӣ, кӯрпабандӣ ва ғайра;

Бозори ҷома растаи ҷомафурӯшӣ; Ҷомадӯз он ки ҷомадӯзӣ мекунад; Ҷомашӯй, либосшӯй, ба форсӣ рахтшӯй; Ҷомафаранҷӣ одами сатанги хушсарулибос;

Ҷомагӣ маош (моҳиёна), ки аз тарафи ҳукумат ба сарбозон ва нӯкарон дода мешуд;

Ҷомахоб- кӯрпаи болопӯшӣ. Дар адабиёти дарӣ собиқа дорад: “Ва ҳарчи Хоҷа Абӯалӣ мегуфт, мешунидаз шарм  сар ба ҷомахоб кашид”(2,98).

Як ҷузъи либоспӯшии мардуми тоҷик ба сар мондани “тоқӣ” мебошад, ки нишонгари расму русуми миллии тоҷикон низ мебошад. Зеҳнӣ чун донандаи расму русум ва урфу одатҳои мардумӣ лар китоби “Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ” ин калимаро чунин шарҳи маъноиву мафҳумӣ додаанд: “Тоқӣ а)( тоқия) дар Фарғона, Ленинобод, “туппӣ”, дар Бухоро “каллапӯш”, дар Самарқанд қалпоқ ва дар Тоҷикистони ҷанубӣ “тоқӣ”ва дар айни ҳол дар адабиёти дарӣ “тоқия” ва ё ”тоқӣ” маъруф аст;

б) Тоқияи барра тоқияест, ки аз пӯсти барра дуруст карда мешавад” (2,107-108).

Калимаи дигари марбут ба пӯшидани либос, ки дар асари мавриди баррасии мо ба назар расид “пичабанд” мебошад. Вожашиносу луғатдони тоҷик Тӯрақуд Зеҳнӣ ин калимаро дар китоби худ чунин шарҳи мафҳумӣ кардаанд: “Пичабанд дар “Луғати фурс”  чунин эзоҳ меёбад:” усобае бошад, ки занон дар пешонӣ банданд” (саҳ.100)

Дар ҷануб пича мӯйи зиёдатии чакка мебошад, ки гоҳе онро бофта мемонанд. дар Самарқанд он буча ва усобаро пешонабандак меноманд (2,120).

Як атрибут ё унсури дигари хоси либоспӯшии мардуми Осиёи Миёна  ҳам занон ва ҳам мардон “рӯймол”мебошад. Зеҳнӣ, ки посдори оину фарҳангии мардум буданд, дар китоби “Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ” ин ҷузъи фарҳанги либоспӯширо ба гунаи зерин шарҳ кардаанд:

“Рӯмол навъҳо ва ҳар хел ном дорад: қарс, локӣ, локии шоҳӣ, ресмонӣ, рӯмоли шоҳӣ, фаранг, шол ва ғайра. Агар ҷавонон банданд, миёнбанд, якабанд ё чорсӯ мегӯянд. Агар кисагӣ бошад, рӯмолча рӯпокчаномида мешавад. Дар талаффузи халқӣ рӯмол-нӯмол гуфта мешавад (2,121).

Таҳқиқи шарҳу тафсири баъзе калимаҳои марбути либос дар  китоби “Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ”-и Тӯрақул Зеҳнӣ нишон дод, ки Зеҳнӣ дар китоби мазкур калима ва ибораҳои қадима ва имрӯз мустаъмали тоҷикиро аз сарчашмаҳои муҳимтарин ҷамъоварӣ намудааст, ки метавонад ҳамчун заминаи қавӣ дар тадвини луғати решашиносии забони тоҷикӣ, фарҳанги либос ва дигар навъи фарҳангҳо истифода шавад.

Тибқи пажӯҳиши П. Олимова (3,139) дар китоби мазкури Зеҳнӣ зиёда аз 800 калима ва ибораҳо ҷамъоварӣ шудаанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки китоби“Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ” номи асливу воқеияш “Луғати Зеҳнӣ” аст, зеро ин китоб дар пайравӣ ба суннати фарҳангнигории пешини форсии тоҷикӣ, таълиф шудааст. 

 

Фирдавс МИРЗОЁРОВ

дотсенти кафедраи забони адабии муосири

тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

 

Адабиёт

1.Аъзамов С. Ҷустуҷӯҳои филологии Тӯрақул Зеҳнӣ ( нимаи дувуми солҳои 20-уми садаи бист//Номаи донишгоҳ№3 (60)2019.саҳ.77-83.

2.Зеҳнӣ Т.Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ.-Душанбе, “Дониш”, 1987,-236 с.

3.Олимова П. Саҳми Тӯрақул Зеҳнӣ дар рушди илму адаб ва фарҳанги тоҷик. –Душанбе: Ирфон, 2018.-228 с.

4.Ф. Зеҳнӣ, П. Олимова. Зеҳнӣ дар дилу дидаи дӯстон.- Душанбе: Ирфон,2007.-216 с.

5. Фарҳанги забони тоҷикӣ. /Мураттибон Капранов В.А., Рауфов Ҳ., Зеҳнӣ Т. ва дигарон. – Иборат аз 2 ҷилд.– М.: Советская энциклопедия, 1969.– Ҷ.I. – 951с;

6. Фарҳанги забони тоҷикӣ. /Мураттибон Капранов В.А., Рауфов Ҳ., Зеҳнӣ Т. ва дигарон. – Иборат аз 2 ҷилд.– М.: Советская энциклопедия, 1969.– Ҷ. II.– 948с.

Хондан 1079 маротиба