JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 08 Июни 2022 08:37

Асирӣ – намояндаи насли маорифпарвар

Муаллиф: Беҳрӯзи Забеҳулло

 Тошхоҷаи Асирӣ (1864 - 1915) дар маҳаллаи Сангбӯррони шаҳри Хуҷанд дар оилаи косиб ба дунё омад. Ӯ яке аз шоирону мутафаккирони барҷастаи замони хеш буд. Асирӣ аз хурдсолӣ ба шеъру шоирӣ майл дошт ва фаъолияти шоирии худро хеле зуд оғоз кардааст. Асирӣ пас аз касби маълумотӣ ибтидоӣ дар мадрасаи “Шоҳӣ”-и шаҳри Хуҷанд, бо мақсади такмили дониш ба шаҳри Хуқанд, ки аз марказҳои сиёсиву илмии водии Фарғона дар нимаи дуюми асри Х1Х ба ҳисоб мерафт, сафар кард. Дар ин шаҳр вориди мадрасаи “Хоним” шуд, аммо тарзи таълими мадрасаҳои Хуқандро написандид ва таҳсили мадрасаро тарк кард. Шоир ба таври мустақил таърихи адабиёти тоҷику форс, илмҳои табиию риёзиро хеле хуб меомӯзад. Вай дар муддати ҳашт соли иқоматаш дар Хуқанд забони русиро ҳам мустақилона омӯхта, дар мавриди тарзи навиштор ва гуфтори ин забон дониши мукаммале ба даст меорад. Зиндагӣ ва таҳсили мустақилона дар Хуқанд ҷаҳонбинии ӯро дигаргун мекунад. Асирӣ дар маркази Фарғона бо намояндагони пешқадами илму адаби ӯзбек, ба мисли Муҳаммадаминхоҷаи Муқимӣ (1850 - 1903), Зокирҷони Фурқат (1858 - 1909), Убайдуллои Завқӣ (1853 - 1921) ва дигарон ошно шуда, робитаи дӯстӣ барқарор мекунад. Дар ҳамин айём шоир бо коргарону зиёиёни рус, ки дар Хуқанд кору фаъолият мекарданд, риштаи дӯстӣ барқарор намуда, бо таъриху тамаддуни ин кишвар ошно мешавад.

  Асирӣ дар ибтидои шоирияш пайрави шоирони классик буда, тибқи риволи маъмул ашъори суннатӣ месуруд, аммо баъди ошноӣ бо зиёиёни рус, омӯхтани забони русӣ ва мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун ба як шоири мунавварфикр табдил ёфт. Огоҳии шоир бо таъриху тамаддуни рус, усули нави мактабу маориф, театру роҳи оҳан, саноат ва технологияи муосир дар ҷаҳонбинии ӯ таҳаввули тоза эҷод кард. Ӯ бо мушоҳидаву муқоисаи низоми нисбатан пешрафтаи Русияи подшоҳӣ бо Аморати Бухоро ба хулосаҳои ҷолибе мерасад. Асирӣ маҳз дар замони таҳсилу иқоматаш дар Хуқанд ва омӯхтани забони русӣ, мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳои русӣ бо навигариҳову дигаргуниҳое, ки дар ҷаҳон мегузашт, огоҳӣ пайдо намуд. Ин навигариҳо дар афкори ӯ таъсири мусбату созанда гузошт ва шоирро дар сафи маорифпарварони замони хеш қарор дод.

 Асирӣ ба мисли дигар маорифпарварони тоҷик нисбат ба тартиботи асримиёнагии ҳоким дар Бухоро, зулми амиру амалдорон ва арбобони риёкори динӣ нафрат пайдо кард. Вазъияти пасти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишатии мардуми мазлуми Бухоро дили шоири нозукандешро ба дард меовард. Ӯ дар эътироз ба ин тарзи ҳукуматдорӣ хитоб ба амири Бухоро навишт:

 

Ман амиратро ба як мирӣ намегирам, бирав!

Илтифоти ӯ надорад қимати як дона ҷав.

Гарчи номи ман Асирӣ, хуш асираш нестам,

Варна медод ӯ азоби беҳисобам нав ба нав.

 

Асирӣ шоири шуҷоъ ва ҷасуре буд. Ӯ ба таври ошкор бар зидди рӯҳониёни мутаассибу риёкор, ки бо ҳокимони золим якҷо шуда, халқи бечораро бо фиребу найранг ғорат мекарданд, мубориза бурдааст. Шоир, ки худ таҳсилкардаи мадраса дар шаҳрҳои Хуҷанду Хуқанд буд, тинати тоифаи рӯҳониро медонист ва бо макру ҳияли онҳо хуб ошно буд. Аз ин рӯ, ҳаракатҳои зиддихалқӣ ва найрангҳои онҳоро дар миёни мардум бепарда фош менамуд. Асирӣ муллоҳои камдонише, ки либосҳои фохир пӯшида, дар сар саллаи калон гузошта, дар миёни мардум худнамоӣ мекарданд, мавриди танқиду мазаммат қарор додааст:

 

Бад-ӯ гуфтам: ту гар аллома бошӣ,

Чаро дар банди ин аммома бошӣ?!

Агар алломаӣ, аммомаат чист?!

В-агар аммомаӣ, алломаат кист?!

 

Шоир дар шеъри мазкур, ки “Саллаи панҷ карат бузург” ном дорад, зоҳирпарастони тиҳимағзро тамасхур карда, таъкид мекунад, ки нишонаи бузургии инсон хирад аст, на саллаи калон!

 

Бад-ӯ гуфтам: “Ба сар ин борат аз чист?

На салла, қуллае, ин корат аз чист?”

Ҷавобам дод: “К-ин даъби киром аст,

Шиори суннати хайр-ул-аном аст!

 

Сипас, шоир дар идома ин мавзуъро матраҳ мекунад, ки агар саллаи калон аломати доноӣ ва суннати пайғамбар бошад, куҷост ҳамон ақлу дониш ва чаро ба суннати пайғамбар амал намекунед? Пайғамбар фармуда, ки “илмро агар дар Чин бошад, биёмӯзед”, аммо рӯҳониёни мутаассиб на танҳо худ ба ин гуфтаи пайғамбар амал намекунанд, балки дар роҳи таҳсили илм ба дигарон низ монеа эҷод мекунанд. Пайғамбар фармуда, ки бо халқи худо бо адолат рафтор намоед, аммо ҳокимони фосиду рӯҳониёи маккори Бухоро ба халқи бечора ситам раво медоранд. Асирӣ Бухороро ба “бидъатобод” ташбеҳ мекунад, ки дар он ҷо на суннати пайғамбар иҷро мешавад ва на арбобони дин аз рӯзи қиёмат ҳаросе бар дил доранд:

 

Бад-ӯ гуфтам, ки: “Дар ин бидъатобод,

Кадомин суннату ку хавфи меъод?.

 

Шоири равшанзамирро на танҳо авзои Бухоро, балки шароити асафбори тамоми кишварҳои ақибмондаи мусулмонӣ ба изтиробу ташвиш оварда буд. Асирӣ равнақи тақаддусмаобӣ, найрангу риё, ҷаҳолату худнамоии арбобони динро сабаби ақибмондагии кишварҳои исломӣ, монанди Туркия, Эрон, Афғонистон, Филипин ва мамолики арабӣ медонист.

 

Накард дафъи сувайдои ҷаҳл аз офоқ,

Чароғи дониши ифранҷ, илми ингилис.

Яке ба дидаи ибрат нигар сӯйи Эрон,

Кадом савлату ку гирудору кист раис?

 

 Дар охирҳои асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ, замони зиндагии шоир, ба сабаби фақру ақибмондагӣ, кишварҳои мусулмонӣ аз Африқо гирифта то нимҷазираи араб дар зери мустамликаи кишварҳои қудратманди Аврупоӣ қарор доштанд. Бори сангини зулми ҳокимони маҳаллӣ ва рӯҳониёни муросокор ба иловаи фишори мустамликадорони хориҷӣ бар дӯши халқи мазлуми мусулмон афтода буд. Ҳар дасти зӯре аз хони пурнеъмати халқи мусулмон ба тариқи хеш баҳра мебурд ва раҳме ба ҳоли мардум намекарданд. Асирӣ, ки бо мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳои хориҷӣ аз вазъияти ҷаҳон огоҳӣ пайдо карда буд, алайҳи ҳукуматдорони маҳаллӣ, созишкории арбобони дин бо мустамликадорони хориҷӣ эътироз намуда, онҳоро сабабгори ақибмондагии халқҳои Осиё медонист. Ӯ мушкилоти халқҳои Осиёро бархоста аз ҷабру зулми ҳокимони худӣ медонист. Ба гуфтаи шоир вақте ҳокимони маҳаллӣ ба мардуми хеш ҷабру зулмро раво мебинанд, чӣ интизоре аз мустамликадорони фаронсавию инглис бояд дошта бошем? Шоир бо алфозу ибораҳои тунд онҳоро мазаммат мекард:

 

Тӯӣ, ки нақди муродат ба ҷайби худ бошад,

Чарост арзи татаббуъ ба миллати Порис.

Аз ин худозадагон роҳи дин чӣ меҷӯйӣ,

Тамом бандаи нафсанду уммати иблис...

Фиреби ҷомасафедони рӯзгор махӯр,

Ки ин махавманишонанд дар қиёфаи пес!

 

Дар қасидаи мазкур шоир пас аз маҳкум кардани зулми ҳокимони худӣ ва истибдоди хориҷӣ, роҳи наҷоти мардумро дар бедорию огоҳии онҳо медонад. Асирӣ мардумро ҳушдор медиҳад, ки то замоне, ки худ барои раҳоӣ аз ин вазъияти таассуфбор кӯшиш накунанд, касе аз ғайб ба имдоди онҳо намерасад. Асирӣ арбобони дин ва рӯҳониёни тамаъкорро низ дар ҳамдастӣ бо золимони дохилию хориҷӣ ҳамдаст медонад:

 

Нуҳуфтаанд сувайдои куфр дар имон,

Ба хонақоҳ, вале ҷумла авлиёи канис.

Зи динфурӯшии ин муқбилони калаъном,

Мароғагоҳи харон гашта ҷодаи тадрис.

Зи зарби тешаи бедоду бели истибдод,

Кушудаем ба дил кӯчаи киноси Сувис.

 

Асирӣ бо тамоми ҳастӣ маорифро тарғиб мекард. Ӯ муътақид буд, ки танҳо ба воситаи равнақи илму дониш метавон мардумро аз зулму асорат ва торикию ҷаҳолат наҷот дод. Шоир дар адабиёти тоҷик намояндаи гурӯҳи пешқадами зиёиёни маҳаллӣ буд. Ӯ барои беҳбуди зиндагии деҳқонон иншооти каналҳоро орзу мекард, ғояи ба илмҳои дунявӣ, ба маорифи замонавӣ наздик шудани халқро тарғиб намуда, пешниҳод мекард, ки халқи тоҷик илмҳои замонавиро аз русҳову аврупоиҳо биёмӯзад. Табиист, ки пешниҳодоти пешқадамонаи шоир, ки ба нафъи умуми халқ буд, ба мазоқи муллоҳои мутаассибу риёкор хуш намеомад. Бинобар ин, онҳо шоирро ба худашон бегона ва кофир меномиданд, дар ҳоле, ки ҳамин рӯҳониён барои дар ғафлату нодонӣ нигоҳ доштани оммаи мардум аз мустамликадорони бегона силаву туҳфаҳои фаровоне дарёфт мекарданд ва аз имтиёзоте, ки русҳову фаронсавиҳо ва ё инглисиҳо ба онҳо медоданд, истифода мекарданд. Аммо Асирӣ, бидуни тарсу ҳарос мардумро ба омӯзиши илмҳои дунявӣ тарғиб мекард:

 

Чу омад асри нав, кӯшиш намоед,

Мутобиқ бар ҳамин ҳиммат физоед.

Кушода чашми худ бар илми дунё,

Бинокории нав созед эҳё.

Наояд ҳеч хайре аз ҷаҳолат,

Чунон, к-аз танпарастию батолат!

 

Барои аз худ кардани илмҳои дунявӣ бояд усули нави таълим дар мактабҳои Бухоро ҷорӣ ва роҳ барои омӯзиши илмҳои дақиқ ҳамвор мегардид. Аммо ҳокимони Бухоро зери таъсири рӯҳониёни мутаассиб монеи ворид кардани тағйирот дар системаи маориф шуда, омӯзиши илмҳои дақиқ ё ҷорӣ намудани усули нави таълимро куфру бидъат мепиндоштанд. Шоири мубориз дар муқобили фишори ҳокимон хомӯш намеистод ва бар зарурати ифтитоҳи мактабҳои нав ва омӯзиши фанҳои дақиқ таъкид мекард:

 

Макотибҳои нав бунёд созед,

Раҳи дарси наве иршод созед.

Ду чашм аз хоби ғафлат боз доред,

Ба заръи дунявӣ киште бикоред.

Ба авлоди азиз фан ёд додан,

Бувад таҷдиди истеъдод додан.

Агар Чин аст ё Маскав, ба ҳар ҳол,

Сазад рафтан паи таҳсили икмол.

 

Мавзуи дигаре, ки барои омӯхтани фанҳои дақиқа бисёр муҳим ба шумор меравад, омӯзиши забонҳои хориҷӣ аст. Асирӣ, ки бо саъю талоши худ дар Хуқанд забони русиро хуб омӯхта буд, акнун барои расидан ба пешрафту тараққиёт мардумро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташвиқ мекард. Ба назари шоири озодандеш бидуни омӯзиши забон касби улуми дақиқ ва аз худ кардани технологияи нав ғайриимкон аст. Бинобар ин, Асирӣ таъкид мекард, ки ҷавонони тоҷик бояд забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, чинӣ ва ғ.-ро биёмӯзанд, то аз ин тариқ битавонанд бо технология нав кор кунанд. Шоир андешаҳои худро дар ин замина чунин матраҳ кардааст:

 

Ба ҳар як лафз дар фанни фалоҳат,

Китобат кун зи таснифи саноат.

Чи аз мошинаю фабрикаи рус,

Чи меъморӣ зи Мисру равзаи Тус.

Чи аз Олмон, чи аз Ифранҷу русӣ,

Чи аз юнонӣ ё худ инглисӣ.

Ба лафзи миллӣ ё динӣ дароранд,

Ба нақлу тарҷума ҳиммат гуморанд.

 

 Асирӣ фоида ва манфиатҳое, ки аз усули нави мактабу маориф ба мардум мерасид, ба хубӣ фаҳмида буд. Вай худ шоҳид будааст, ки мактабҳои усули куҳна барои босавод шудани бачаҳо муносиб нестанд, дар натиҷа толибилмон аз мактаби куҳна танҳо дуову оятҳои қуръониро кӯр-кӯрона азёд карда, аммо хатти муқаррариро навишта, китобҳои маълумро хонда наметавонистанд. Аз ин рӯ, Асирӣ алайҳи арбобони дин ва муллоҳои куҳнапараст баромада, нотарсона мадрасаро сахт танқид карда буд:

 

Махон ту мактаби деринаро мумидди камол,

Ҳазор мартаба з-ин раҳ фаротар асту баъид.

Куҳанбалои сияҳхолу маҳбаси атфол,

Ҷаҳаннами аламу дӯзахи азоби шадид.

Махаббату мутааффин, фазо-ш чун зиндон,

Ҳавои ӯ мутамозиҷ ба офат асту палид....

Ба ҷуз шаллоқу адабчӯбу силлии устод,

Аз ин ҷафокада дигар чӣ ҳосил аст падид.

Ҳазор сол бад-ин наҳҷ агар ҳиҷо хонӣ,

Ба ғайри ҳаҷв аз он ҷо махоҳ гуфтушунид...

Ки ин ҷунункада ҷои шарорат асту фасод,

На маъмани адабу не мақоми хулқи ҳамид...

 

Асирӣ дар муқобили афкори ақибмондаи уламои расмии мутаассиб, ки мухолифи ҳар гуна навигарӣ ва пешрафтҳои илмию техникӣ мебаромаданд, ба ташвиқу тарғиби ихтирооти нав дар миёни мардум мепардозад. Вай дар ашъораш манфиати фарогири техника дар зиндагии рӯзмарра ва нақши он дар беҳбуди вазъи иқтисодию маишатии мардумро тараннум мекард:

 

Ба гӯшам мерасад сози фусунсози граммофун,

Диҳад бар пайкарам ҷон сози овози граммофун.

Аҷаб аъҷубаи навихтирое, тозаиншое,

Кунад анҷом хатми нағма оғози граммофун.

 

 Асирӣ, ки дар Хуҷанд касби бобоӣ, яъне санги осиётароширо идома медод, аз аҳволи деҳқонон ва мушкилоти онҳо дар соҳаи кишоварзӣ бохабар буд. Шароити вазнини деҳқонон, фақру тангдастӣ ва заминҳои беоби бекорхобида, ӯро орому осуда намегузошт. Ӯ ки за тариқи мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо аз ихтирои техникаҳои нав дар соҳаи кишоварзӣ бохабар шуда буд, орзу мекард, ки дастовардҳои илми навин дар диёри ӯ низ мавриди истифода қарор бигирад:

 

Арозӣ қобили заръ асту беоб,

Аҳолӣ ҷоҳилу дар бистари хоб.

Зи Ҷайҳун гар ду-се ҷӯ ҳафр оранд,

Бухору Хеваро фирдавс созанд...

 

Дар шароите, ки олимону арбобони дину давлат, махсусан уламои расмӣ кашфи асрори табиатро як сирри илоҳӣ ва ногушуданӣ медонистанд, Асирӣ бо иншои ашъори тоза мардумро аз ғафлатзадагӣ ва фиребу найранги онҳо огоҳ мекард. Ӯ муътақид буд, ки инсон як махлуқи оҷизу нотавон нест, балки бояд бо тадқиқу таҳқиқ асрори табиатро ошкор намояд ва аз неъматҳое, ки барои ӯ офарида шудаанд, истифода кунад. Дар соли 1913 бо кумаки мутахассисону муҳандисони рус барои обёрии заминҳои бекорхобида канали нав ҳафр мешавад. Дар ҳафри канали Бекобод аз техникаи нав истифода шуда, дар як муддати кӯтоҳ оби ҳаётбахш ба заминҳои сӯхта мерасад. Ҳодисаи мазкур шоири равшанфикрро ба ваҷд меоварад ва дар ситоиши техника ва аҳаммияти фанҳои дақиқ барои равнақи кишоварзӣ шеъри тоза меофарад:

 

Ба ҳукми бонуфузи давлати рус,

Ба саъйю техникаи миллати рус.

Ҳазору нуҳсаду ду, соли милод,

Ба ҳафри ҷадвале шуд нақша иршод.

Мусулмонон лаби ҳайрат газиданд,

Ба савти “Урра”! русон ҳам суруданд.

 

Асирӣ барои бедор кардани афкори мардум дар ашъори худ аз гузаштагони онҳо мисол мезад. Шоир мефармояд, ки гузаштагони халқи тоҷик, монанди Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Хайём ва диг. дар омӯзиши илмҳои дақиқа пешгом буданд:

 

Бародарҳо, чу бар сар ҳуш доред,

Ба таърихи ниёгон баргуморед.

Ниёгони шумо машҳур буданд,

Ба касби ҳар ҳунар мақдур буданд.

Ба кори дунявӣ чолок буданд,

Ба роҳи азми худ бебок буданд!

 

Шоири озода роҳи наҷоти халқи мазлуми Осиёи Миёнаро аз зулми ҳокимони дохилӣ ва истибдоди хориҷӣ танҳо дар касби илму дониш ва кашфи ихтирооти нав медонист. Ӯ ин орзуи худро дар шеъри “Ба тараққиёт руҷӯъ кунед” ба тафсил шарҳ додааст. Асирӣ бо қатъият мефармояд, ки роҳи раҳоӣ рӯ овардани оммаи мардум барои аз худ кардани илму фан аст:

 

Руҷӯе бар тараққиёт бояд,

Ки дониш боби худ бар мо кушояд!

Асирӣ, нафъи фан тамҳид кардам,

Ба фан оред рӯ, таъкид кардам!

 

Асирӣ бар хилофи тангназарони мутаассиб дунёро сарои ҷаҳду кӯшиш ва кору пайкори созандагӣ медонад. Шоир муътақид буд, ки инсон бо касби илму дониш бар табиат ва қонунҳои ӯ мусаллат хоҳад шуд. Ӯ дар хобаш рӯҳи ниёгонро мебинад, ки шоирро ба сабаби ғафлату нодонӣ сарзаниш намуда, ба кору кӯшиш ва саъйю талош дар дунё ҳидоят менамоянд:

 

Махусб андар фароши даҳр бекор,

Кунун бархезу коре кун дар ин дор.

Мусулмонӣ фароғӣ, танбалӣ нест,

Мусулмоне, ки танбал шуд, валӣ нест...

Чу хулд обод созад боғи динро,

Кунад рашки ҷинон рӯйи заминро...

 

Ба ҳамин тартиб, Асирӣ як деҳқони сангиосиётарош бо афкори пешқадами хеш дар бедории мардум ва ташвиқи онҳо барои омӯзиши илму фан ва обод сохтани дунёи хеш дар ибтидои асри ХХ нақши барҷастае гузоштааст. Ӯ дар давраи тираву тори феодалӣ рисолати шоирии худро дар назди халқ ба хубӣ анҷом дода, ҳаргиз тобеи афкори пӯсидаи арбобони зӯру зар қарор нагирифта, ҳамеша аз манфиати мардуми бечора ҳимоят кардааст.

 

Беҳрӯзи Забеҳулло,

номзади илмҳои филологӣ

Хондан 1169 маротиба