JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Якшанбе, 29 Майи 2022 04:57

Инсоншиносӣ – манзалати ҳирфавию иҷтимоӣ

Муаллиф:

(паёми шодбошии маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати 75-солагии зодрӯзи файласуфи инсоншинос, устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ)

   Басо рамзист, ки зодрӯзи чандин бузургони илму адаби муосири миллӣ ба моҳи май рост омадааст ва дар қатори устодони шаҳири шеъру адабиёти тоҷик Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ доктори имлҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Музаффарӣ ҳам дар ҳамин моҳи май (дақиқтараш, 29 май) зодрӯз доранд ва ба синни камолот – 75-солагӣ мерасанд. Ба ин манзур, маймоҳ дар гоҳшуморӣ ва тақвимбандии адабию илмии мо ҷойгоҳ ва мақоми вежа касб кардааст.   

   Доктори имлҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Музаффарӣ парвардаи мактаби фалсафию илмии Русия ва Тоҷикистон буда, дар бузургтарин марказҳои илмии ҷаҳонӣ – Русияву ИМА такмили донишу таҷриба кардааст. Ҳосили маърифат, таҷриба, мушоҳида ва андӯхтаҳои фалсафию инсоншиносии устод дар маҷмӯа ва рисолаҳои алоҳидаи илмию ихтисосӣ нашр гардидаанд. Нашру пахши дониши илмию фалсафӣ ва таблиғу ташвиқи густардаи ҷаҳонбинии фалсафиро устод Музаффарӣ вазифа ва рисолати асосии олиму муҳаққиқи фалсафа медонад ва дар ин росто аз тамоми имконот истифода мебарад. Ин аст, ки устод Музаффарӣ солҳои тӯлонӣ аз тариқи суханрониҳои пайвастаи телерадиоӣ ва интишори матолиби илмию оммавӣ донишу биниши илмиро тарғиб мекунад ва дар таҳкиму тақвият ёфтани раванди озодандешӣ ва ҳувиятсозии миллӣ саҳми муносиб мегузорад. Муҳимтар аз ҳама, устод Музаффарӣ аз зумраи файласуфони озодаест, ки новобаста аз тааллуқоти иҷтимоию сиёсӣ ва мансабию миллӣ ҳамеша омодаи хидмат ба муҳассилину донишҷӯён ва умуман, мардум мебошад. Ба сухани дигар, устод Музаффарӣ ҳар нафарро, қатъи назар аз сатҳи донишу биниш эҳтиром мекунад ва шароиту имкони баҳсу мунозараро фароҳам меоварад. Устод, воқеан, шахсияти матраҳи фалсафӣ ва илмӣ бо хоксорию тавозӯи мунҳасир ба фард аст.

   Воқеан, устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ ба унвони чеҳраи матраҳ ва шинохтаи фалсафаи миллӣ миёни доираҳои илмӣ ва академии ватанию минтақавӣ соҳибэҳтиром аст. Солҳо боз ӯро минҳайси инсоншинос (антрополог) ва файласуфи миллӣ дар сатҳи минтақа ва берун аз он мешиносанд, эҳтиром мекунанд, меписанданд, нигоштаҳояшро муруру мутолеа мекунанд, диду назароташро баррасӣ менамоянд, дар доираҳои илмию фаннӣ бо матолиби илмӣ-ихтисосии устод бархӯрди илмӣ сурат мегирад, атрофи мӯшикофиҳои устод дар заминаи фалсафаи назарӣ ва амалӣ баҳсҳо ороста мешаванд. Аҳли таҳқиқ ва зиёиёни ватанӣ назарияпардозиҳои Музаффариро дар робита бо масъалаҳои мубрами фалсафӣ ва инсоншиносӣ дар маҳфилу нишастҳои тахассусӣ ва конфронсу ҳамоишҳои илмии ҷумҳуриявию байналмилалӣ зиёд шунидаанд. Устод дар шарҳу тафсири масоили марбут ба таърихи фалсафа, онтологияву гносеология, фалсафаи иҷтимоӣ, антропология, фарҳангшиносӣ, ҷомеашиносӣ, диншиносӣ, равоншиносӣ маҳорати фавқулода дорад. Инчунин, аз тариқи матбуоти даврӣ ва барномаҳои махсуси телерадиоӣ пайваста пахшу нашр гардидани гузоришу суҳбатҳои ҷолибу муассири илмӣ-фалсафии устод Музаффарӣ гувоҳи чеҳраи шинохта ва файласуфи матраҳи миллӣ будани ӯст.

  Мусаллам аст, ки устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ илми атропология (инсоншиносӣ)-ро ба унвони илми мустақил ба ҳавза ва муҳитҳои академӣ ва донишгоҳии миллӣ ворид кардааст. Ба ин маънӣ, устодро, бемуҳобо, метавон асосгузори илми антропология ва ягона мутахассиси ҳирфаӣ дар ҷумҳурӣ номид. Устод аз ҷумлаи файласуфони ҳирфаиест, ки омӯзиши антропологияро муштарак бо илмҳои фалсафӣ, тиббӣ ва табиӣ-риёзӣ талқин карда, ҷойгоҳи илми мазкурро дар таснифот-классификатсияи илмҳо мушаххас кардааст (ба таври мушаххас ин масъала дар монографияи ахирӣ равшан инъикос ёфтааст, таваҷҷуҳ шавад: Музаффари М. Системная антропология.  Книга в  трех частях. Часть 1. -Душанбе, “Дониш”, 2021. -218 с.). 

  Аз фурсат истифода бурда, 75-умин солгарди зодрӯзи устод Музаффариро шодбош гуфта, барояш тандурустӣ, болидахотирӣ, хуштабъӣ, муваффақияту комёбии эҷодӣ, тақвияти фикрӣ ва кулли хубиҳои рӯзгорро таманно мекунем. Умед дорем, ки устод солҳои тӯлонӣ дар майдони илму фалсафаи миллӣ ҷавлон намуда, бо пажӯҳишҳои нави илмӣ ва назарияпардозиҳои ҷадиди фалсафӣ уфуқҳои тозаеро дар илми академии ватанӣ мекушоянд.

  Зодрӯз фархунда ва хуҷаста бод, устоди гиромӣ!

 

                                                     Маҳфили “Ҷаҳони андеша”

                                                     29 майи соли 2022

  

 Марди ҳикматофарин!

(манзумаи кӯтоҳ ба муносибати 75-солагии устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ)

Хоку обу боду гулбоғу чаман,

Рӯду кӯҳу чашмаву дашту даман,

Ин замини бостониву куҳан,

Модари ин миллати шеъру сухан

Зода фарзанди барӯманди Ватан.

То ба ҳар як анҷуман

Гӯяд ӯ аз мову ман.

 

Бегумон, аз баҳри такмили савод

Аз Душанбе сӯйи Маскав по ниҳод,

Бо камоли хоҳишу майлу мурод,

Бо талошу заҳмату ҷаҳду ҷиҳод,

Карда бар меъёри мантиқ эътимод,

Рози ҳикматро кушод,

Марди доно зинда бод!

 

Бо хирад, бо фаҳму идроки яқин,

Бо дили пуршӯру табъи оташин,

Карда аз бар ҳикмати Юнонзамин,

Ҳикмати Ирону Мисру Ҳинду Чин,

Ҷисми ӯ бо руҳи ҳикмат ҳамнишин,

Ҳамсиришту ҳамқарин,

Марди ҳикматофарин!

 

 

Дар навиштори ҳакими ҳамдиёр,

Чеҳраи Ошову* Шанкар** ошкор,

Нича***, Ҳегел, Канти олмонитабор,

Файласуфони шаҳиру номдор,

Ҷумлаи андешаманди бешумор,

Пора-пора аз шарор,

Карда бар фикраш нисор.

 

Ай хушо, як умр ин марди накӯ,

Доимо дар кандукову ҷустуҷӯ,

Гӯяд андар ҳар нишасту гуфтугӯ:

“Бе хирад дунёи мо бе рангу бӯ”.

Кам касеро дидаам дар рӯ ба рӯ,

Мисли ӯ дар хулқу хӯ,

Ҳамчу ӯ бообрӯ.

 

Он чи ҳаст аз ҷирму аҷсому ҳавос,

Он чи меғунҷад дар ойини қиёс,

Фалсафа бо тиб додастӣ тамос,

Илми антрупулуҷиро**** беҳарос,

Дар Ватан бигзоштӣ, оре, асос,

Мекунем арзи сипос,

Бар ту, ай инсоншинос!

 

Гарчи умре дар набарду корзор,

Гарчи чун симоб бесабру қарор,

Сол аз ҳафтод боло дар шумор,

Гарчи пирӣ аз гузашти рӯзгор,

Лек медорӣ ҷавонӣ пойдор,

Ай ҳузурат марди кор,

Мебарад аз дил ғубор.

 

*Бҳагван Шри Раҷниш Ошо (1931-1990) -- ориф, мутафаккир ва файласуфи муосири ҳиндӣ

**Ади Шанкара-Шанкарачаря (788-820) -- мутафаккир, реформатор-ислоҳотгари динӣ, ориф ва шоири маъруфи ҳиндӣ

***Фридрих Вилгелм Нитше (1844-1900) -- файласуфи олмонӣ

**** антропология -- илми инсоншиносӣ

Бо камоли эҳтирому самимият,

Нозим Нурзода

12 майи соли 2022

 

 

Хондан 994 маротиба