JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 24 Майи 2022 04:43

Саҳми Бозори Тилавзод дар ҷамъоварӣ ва пажӯҳиши ниёиш, қасам ва лақабҳои мардумӣ

Муаллиф: Фаридун ИСМОИЛОВ

   Бозори Тилавзод аз зумраи муҳаққиқони бисёрфан ва донишманди нотакрори соҳаи фолклоршиносии тоҷик ба ҳисоб меравад. Истеъдоди беҳамтои навиштан ё  нигоришро ба вай Яздони пок сазовор донистааст. Ба навиштани хотирот, ёдномаҳо ва махсусан осори гаронбаҳои шифоҳии халқи тоҷик бо завқу ҳавас ва бо ҳавсалаи том камари ҳиммат бастааст. Ба гуфтаи яке аз таборони шодравон «ӯ (яъне, Бозори Тилавзод, Ф.И) ба мисли устод Айнӣ ба навиштан шавқи зиёд дошт ва он кас дар ҳар маҳфилу суҳбатҳо аз ҷайби худ хомаву дафтар бароварда, маълумоти муҳимро барои худ сабт мекард». Яъне, барои навиштани маводи фолклорӣ ба қавли равоншод, фолклоршинос Салоҳиддин Фатҳуллоев ӯ «девкор» буд. Ҳеч гоҳ хастагиро эҳсос намекард. Баръакс, ҳар вақте ки як маълумоти нодирро аз забони гӯяндагон мешунид, ба дафтари ёддошти хеш менавишт ва пас аз он хушнуд мегардид. Далели ин гуфтаҳо, маводи зиёди гирдовардаи устод Бозори Тилавзод дар ҳаҷми зиёда аз сад дафтари дастнавис мебошад, ки ҳоло дар бойгонии Фонди фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ маҳфузанд. Дар ин дафтарҳо жанрҳои гуногуни осори шифоҳии тоҷик, луғатномаҳо, беҳтарин байтҳо ва хотироту ёддошти муаллиф нигошта шудаанд, ки барои хонандагон ва махсусан донишпажӯҳони осори мардумӣ муҳим ҳастанд.

  Доктор Бозори Тилавзод дар баробари ҷамъоварии маводи фаровони мухталифи шифоҳӣ ба жанрҳои паремиологии фолклори тоҷик диққати ҷиддӣ медиҳад. Китобҳои «Поэтикаи зарбулмасал ва мақолҳои халқии тоҷикӣ» (1967), «Репертуари имрӯзаи зарбулмасалҳои халқи тоҷик» (1974), «Таҷрибаи таҳлили миқдории фолклори тоҷик»  («Опыт количественного анализа таджикского фольклора», 1989)  аз муҳимтарин таълифоти муҳаққиқ дар бахши паремиологияи тоҷик ба шумор мераванд. Ӯ ҳамчунин мураттиби маҷмӯаҳои «Суханҳои дилафрӯз» (1973) ва «Зарбулмасалҳои машҳур» (1983), «Библиографияи Раҷаб Амонов» (1983, 1994), «Баёзи фолклори тоҷик» (ҷ. 2, 1990) «Зарбулмасалу мақолаҳои тоҷикӣ» (1989),  «Чароғи дониш» (луғати мухтасари синонимҳо, 2006), «Ҳикмати машриқ» (2006), «Суханҳои рӯҳафзо» (2006) ва ғайра мебошад.

  Лозим ба ёдоварист, ки дар дастхатҳои устод Бозори Тилавзод ғайр аз он ки миқдори ниҳоят зиёди зарбулмасалу мақол, чистону шугунҳо гирдоварӣ шудаанд, боз намунаҳои зиёди ниёишҳои кутоҳи мардумӣ, махсусан, дуову қасамҳои мардуми Панҷакент ва лақабу лақабгузории ин мардум дарҷ гардидаанд. Ҳангоми мутолиаи дафтарҳои дастнависи пурганҷи эшон диққати моро ҳамин гуна жанрҳои хурди шифоҳӣ ҷалб кард. Ҳунару истеъдоди фардӣ ва дониши фасеҳи ин пажӯҳишгари моҳир аз ҳар нигошта ва ҷузъиёти зарурии илми фолклоршиносии тоҷик ҳувайдост. Навиштаҳояш саршор аз таҷрибаи рӯзгор ва ифодакунандаи умеду ормони халқ ва тараннумкунандаи рӯзгори воқеии мардум мебошанд. Устод Бозори Тилавзод намунаи ниёишҳои кутоҳи мардумиро соли 1994 дар мақолае бо унвони  «Дуо ва қасамҳои мардуми Панҷакант» дар маҷаллаи «Мардумгиёҳ» (гоҳномаи илмӣ ва оммавии фарҳанги мардум, шумораи №1-2, нашр намуд, ки ин пажӯҳиши муҳаққиқ дар шинохти жанрҳои дуо ва қасамҳои сокинони Панҷакенти бостонӣ аҳаммияти муҳимми илмиву назарӣ дорад. Ҷойи зикр аст, ки дар хусуси жанри дуо муҳаққиқони дигар ба мисли Р.Амонов, Р.Раҳмонӣ, О.Муродӣ, Р.Аҳмадов, Р.Раҷабӣ, Д.Раҳимӣ ва дигарон низ дар асарҳои худ ибрози андеша намудаанд [3, 40-88]. Аммо Бозори Тилавзод ба ниёишҳои минтақаи болооби Зарафшон ва махсусан сокинони шаҳру деҳоти атрофи Панҷакент аҳаммият дода, намунаи зиёди онҳоро аз гӯяндагони бомаҳорат навишта гирифтааст. Тавре ки муҳаққиқ дар бораи ҷамъоварӣ ва таҳлилу таҳқиқи намунаҳои осори шифоҳии мардуми Панҷакент менависад: «Таассуф, ки луғату дуову қасам ва дашному сурудҳои Панҷакант ҳанӯз ба таври бояду шояд гирдоварӣ нашудааст» [1, 62]. Дар мақолаи мазкур Бозори Тилавзод дуоҳоро ба ду гурӯҳ тақсим карда, аз рӯйи мавзуву муҳтаво ва мавриди истифодаи онҳо бархе аз он матнҳоро шарҳу тафсир намудааст.

  Ба гурӯҳи аввал ниёишҳои нек, ки ифодакунандаи таманниёт, орзуву омоли нек, тавфиқу хайрхоҳӣ аст, матнҳои  «Ба некиҳо бинем!», «Аз фарзандакот бинӣ!», «Ба дӯст зору ба душман хор накунад!», «Балота гирам!», «Ба калонкардагет ҳазор раҳмат!», « Бар падарат ҳазор раҳмат!», «Бахту тахт тияд!», «Ба ҳазор дароӣ! Ҳазорсола шавед!», «Иқболи баланду рисқи фарох тияд!», «Камию костия набинӣ!», «Кушоиши кор!», «Роҳи сафед!», «Бахти сафед тияд!», «Пирон мададгорат бошанд!», «Тани сиҳат, хотири ҷамъ, дили беғам, ҳамин дамакоя парешон накунад, омин, Аллоҳу акбар!», «Тӯю тамошо бинед, ба муроду мақсад расонад!», «Саракат дарда набинад!», «Умри об тияд!», «Худо фарзанда тияд, қобил бошад!», «Ҷошон ҷаннат шавад! Худо раҳмату мағфират кунад!» [1, 63-64] ва ғайраро мувофиқ медонад. Ин ҳама ниёишҳои мардумиро муҳаққиқ аз одамони солхӯрдаву умрдида дар суҳбату машваратҳо навишта гирифтааст.

  Бахши дуюми ниёишҳоро пажӯҳишгар бо унвони «Дуоҳои бад ё худ нафрин» номгузорӣ намудааст. Ин қабил ниёишҳо ҷанбаи нафратӣ дошта, бадбинӣ ва ба гумони бад нигаристани одамон равона шудаанд. Дуоҳои «Авлодат қир шавад!», «Арвоҳ занад! Арвоҳи пиру пешвоҳо занад туя!», «Ба нохуни фарзанд зор шавӣ!», «Бар калонкардагет ҳазор лаънат!», «Бар паддарат ҳазор лаънат!», «Да болои сарат мурғи сиё пар-пар кунад! (Сухани яҳудиҳо). Мурию сияҳбахт бошӣ!)», «Да даҳанат хок!», «Заҳри заққум шавад! (Хӯроки хӯрдагиат заҳр шавад!)», «Кирмони лаҳад хӯранд туя!», «Нон гуфта, замина газӣ!», «Нон кӯр кунад туя!», «Норбончета рост кунам! (Илоҳо, ҷавонмарг шавӣ!)», «Рӯзи нека набинӣ!», «Рӯят сиёҳ шарманда! Мур!», «Тухмат сӯзад!», «Ғӯрамарг шавӣ!», «Қирон биёд! (Илоҳо, ҳамаатон бимиред!) Ӯлат[1] биёд, барад!», «Қолаби рӯт вайрон шавад! (Ба бемории даҳшатнок гирифтор шавӣ!) [1, 65-67] ба гурӯҳи ниёишҳои бад шомил медонад, ки мақбул аст. Зеро мазмуну муҳтавои ин бахш оҳанги манфӣ ва нафратро ифода мекунанд. «Ҷавонмарг шавӣ ё худ ғӯррамарг шавӣ» хеле дуои ҷонкоҳ ва сахт аст, ки барои ҷавонон гуфта мешавад. Аксари ниёишҳое, ки устод Бозори Тилавзод сабт намудааст, имрӯз низ дар ҷомеаи мо роиҷ мебошанд.

  Қасам ё худ савганд низ аз жанрҳои хурди осори шифоҳӣ мебошад, ки истифодаи онро дар байни мардум мушоҳида мекунем. Густариши ин навъи адабӣ низ таърихи тӯлонӣ дошта, дар ҳар давру замон аз як давра ба давраи дигар ва аз як насл ба насли дигар интиқол меёбад. Мусаллам аст, ки ин навъи осори шифоҳӣ дар фолклори тоҷик ба таври бояду шояд ҷамъоварӣ ва таҳлилу таҳқиқ нашудааст. Устод Бозори Тилавзод дар солҳои охири умри хеш намунаҳои савгандҳоро гирдоварӣ ва нашр намудааст. Ин тадқиқи устод Бозори Тилавзод барои илми фолклоршиносии тоҷик як кори хайр ва мондагор мебошад, ки барои муҳаққиқони пасин дастури муҳим аст. Ба гурӯҳи қасамҳои мардумӣ матнҳои «Ба Худо, ки…!», «Биллои азим!», «Китоб занад, ки…!», «Қуръон занад!», «Кӯр шавам!», «Мусулмон набошам!», «Нон занад!», «Нон кӯр кунад!», «Худо болои сар!», «Худо занад» [1, 67-68] ва ғайраро шомил намудааст.  

  Дигар навъи осори мардумӣ, ки дар байни манотиқи гуногуни кишвар ҳамеша фаъол аст, лақаб ва лақабгузорӣ мебошад, ки онро дар адабиёти хаттӣ «тахаллус» меноманд. Дар байни шоирони адабиёти оламшумуламон тахаллус гузоштан ба номи зодгоҳ ё маҳалли зода шудану истиқомати онҳо расм шуда буд. Ба мисли Камоли Хуҷандӣ, Саъдии Шерозӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва ғайра. Ин навъи адабиро дар байни мардум «лақаб» ё «клечка» ном мебаранд. Пажӯҳишгари нуктасанҷ Бозори Тилавзод роҷеъ ба ин жанри фолклорӣ низ ҳамчун мутахассис назари жарф намуда, дар дафтарҳои дастнависи худ намунаи зиёди онро дарҷ кардааст. Чунончи, Исмат Ланҷӣ – марди сусткору камҳаракат, Гадо Хунук – одами гапаш нофорам, гапхунук, дили одамоя меранҷондагӣ, Эшони Зард – марди мӯю ришаш сурх, ҷасур, чолок, шиновари бузург. Аз набераҳои машҳури Халифа Ҳасани тоҷик, ки дар асри 20 мезисту байни мардум эътибори бузург дошт. Кӯри Ориф – касе, ки чашмонаш хира гашта, маҷбуран айнак монда мегашт. Раиси номдор, марди накӯхислат, меҳрубон, ҳалиму хоксор буд. Ин лақаб оҳанги дӯстонаи ҳазломез дорад. Кали Ҳамро – одамо бо нафрат лақабаша ба забон меоварданд. Мирзои Кала – марди беозори меҳнатӣ, каллакалон. Лангида-лангида роҳ мерафт, ҷуфт мекард. Набӣ Лола – марди кулчарӯйи зебосурати гунаҳош сурхи серхун. Шароф Тулум – сокини гузари Вашанӣ, марди тануманд. Нори Чақ-чақ – ҳар гуна қандфет тайёр карда мефурӯхт. Ҳамчун марди чақчақийи хушсуҳбат байни мардум азизу муҳтарам буд. Яҳё Получ – марди эрка, давлатманд. Пойи луч гаштана нағз медидаст. Лақаби ҳазломез. Бозори Ҳафмаҳа – марде нек, пеш аз вақт таваллуд шудагӣ. Бозори Чоргӯша – дар паси ду гӯшаш ду лунда гӯшти зиёд дошт. Марди иззатманд, усто, падари Бозоров Исрофили ходими «Хорпуштак». Усто Сангини Ошпаз – ошпази дараҷаи аввал да тӯю маъракаҳо. Тӯхта Пучуқ – артист, биниш монанди муғулҳо фурӯ рафтагӣ, марди шӯх [2, 42-48].

  Лақаб муаррифгари хосият ва одату рафтори одамон аст. Дар байни мардум ба инсонҳо аз рӯйи ҳунар, кору пайкор, рафтору кирдор, хислату одат, шаклу сифат ва дигар хусусиятҳо лақаб мегузоранд. Лақабҳои вобаста ба паҳлавонӣ ва бузургҷуссагии одамон, монанди Азими Гов – паҳлавони машҳур, ниҳоят пурзӯр, сокини гузари Кӯктоши поёни шаҳри Панҷакент. Яздон Палвон – бузкаши беҳамто, марди таҳамтан, ронанда [2, 49-50], ва амсоли инҳо.

  Мавриди зикр аст, ки тадқиқот ва ковишу нашри эҷодиёти шифоҳӣ аз тарафи Бозори Тилавзод бо ин чанд намуна иктифо намеёбад. Ӯ дар ҳар дастхат ва нусхаҳои нодири бойгонии хеш анвоъи зиёду мухталифи шифоҳиро бо шарҳу тафсир, маълумотномаи гӯяндаҳо, санаи навишта гирифтани онҳо қайд менамояд. Агар дар маҷмӯъ ҳамаи он осори дастнависи аз байни мардум гирдовардаи устодро дар шакли китоб мураттаб намоем, зиёда аз панҷоҳ ҷилдро ташкил медиҳад, ки ин кори басо заҳматталаб мебошад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки аз бойгонии эшон намунаҳои нодири эҷодиёти мардумиро ҷудо намуда, ба шакли китоб мураттаб созем, кори басо муҳим ва хайр хоҳад шуд. Хидмати ӯ дар ин самт нотакрор аст ва чунин фаъолият барои илми фолклоршиносии тоҷик боиси арҷгузорӣ ва пайравӣ мебошад. Месазад, ки фолклоршиносони ҷавон аз пажӯҳиш ва ҳунару фаъолияти илмии устод Бозори Тилавзод ибрат гирифта, барои корҳои илмии худ аз мақолаву асарҳояш истифода баранд. Номи нек ва хотироти фаромӯшнашавандаи Бозори Тилавзод ҳамеша дар байни ҳамкорон, дӯстон ва муҳаққиқон гиромиву ҷовидон боқӣ мемонад. Шайх Саъдӣ ба ин маънӣ хеле бамаврид фармудааст:

Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,

Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд [4, 44].

Фаридун ИСМОИЛОВ

ходими илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти

 ба номи Рӯдакии АМИТ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№1 (28), 2022 

 

Адабиёт

  1. Бозори Тилавзод. Дуо ва қасамҳои мардуми Панҷакант. Мардумгиёҳ, гоҳномаи илмӣ ва оммавии фарҳанги мардум. Соли дувум. Шумораи №1-2. 1994 (1373 ҳиҷрии шамсӣ). Сардабир: Равшани Раҳмонӣ. Душанбе: «Пайванд» 1994, С.63-64.
  2. Доктор Бозори Тилавзод. Фонди фолклор. Ҷилди 123, дафтари 1. – Душанбе, 02.07.2008.
  3. Р.Раҳмонӣ. Қиссаҳо, ривоятҳо ва дуоҳои Бухоро дар сабти Раҳмонӣ. – Душанбе: Ройзании фарҳангии ҶИЭ, 1998. – 186 с. Раҷабӣ Раҳмон. Намунае чанд аз фолклори тоҷикони Шаҳрисабзу Китоб. Душанбе: «Пажӯҳишкадаи мардумшиносӣ», 2001. 132 с.
  1. Саъдии Шерозӣ. Гулистон. Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2008, 232 саҳ.

 

[1] Ўлат-марг, аҷал.

Хондан 742 маротиба