JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 20 Майи 2022 08:19

Манзумаи “Китобҳои шаҳид” - мондагортарин шоҳкории Устод Лоиқ

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

   Устод Лоиқ яке аз ситорагони тобноки адабу фарҳанги садаи бистуми тоҷик маҳсуб аст, ки дар осори ҷовидонаи хеш ҷанбаҳои гуногуни фарҳангӣ, таърихӣ ва арзишиву миллии мардуми моро инъикос намудааст. Устод Лоиқ, воқеан, парвардаи мактаби бузурги худшиносӣ ва миллатсозии устод Айнӣ аст, ки ин масирро баъдан аллома Бобоҷон Ғафуров, устод Турсунзода, устод Қаноат ва дигарон идомат бахшидаанд. Осори устод Лоиқ, дар баробари ин ки мавзуоти зиёди ишқию лирикӣ ва эпикию ғиноиро фаро мегирад, масъалаи худшиносии миллӣ ва мавзуоти таърихию мушкилоти иҷтимоиро низ ифода мекунад. Ҳар кадоме аз ин мавзуот метавонанд мавриди пажуҳиши алоҳида қарор бигиранд. Ё иддае аз онҳо кайҳо мавриди пажуҳишу баррасӣ қарор гирифтаанд. Мо дар ин навишта мехоҳем мавзуоти таърихиро дар осори устод Лоиқ баррасӣ намоем.

  Пажуҳиши осори устод Лоиқ нишон медиҳад, ки номбурда дар баррасӣ ва шинохти мавзуоти таърихӣ забардаст буда, таърихро хеле хуб фаро гирифта будааст. Чунин ба назар мерасад, ки тамоми ҳаводиси зина ба зина дучори шикаст шудан ва зери бори бегонагон рафтани мардуми моро устод Лоиқ хуб дарёфта будааст. Ҳамин аст, ки устод Лоиқ вазъу воқеъиёти таърихиро дар шеърҳои “Панҷаҳои Борбад”, “Китобҳои Шаҳид”, силсиланавиштаҳои “Илҳом аз Фирдавсӣ” ва амсоли инҳо бисёр муассир, кўтоҳ, муҷаз ва нишонрас баён намудааст. Баррасии ҳар кадоме аз ин мавзуот метавонад як пажуҳиши алоҳида бошад. Мо дар ин матлаби мухтасар мехоҳем атрофи шеъри “Китобҳои шаҳид” изҳори назар кунем. Устод Лоиқ дар он фоҷеаи миллии мардумони моро дар тӯли таърих, ки сабаби асосии канда шудан аз решаҳои таърихӣ, аз байн рафтани иртиботи байни наслҳо, нодонӣ, ҷаҳолат, таассуб ва ғолиб омадани рўҳи фарҳанги муҳоҷиму бегона гардидааст, бисёр дарднок ва муассир ифода кардааст. Мазмуни ин шеър нишон медиҳад, ки воқеъан, устод Лоиқ тамоми мушкилоти умдаи мардумони моро дар нобудии фарҳангӣ, китобсӯзиҳои пай дар пайи аҷнабиёне чун Искандар, Аъроб турку муғул ва ҳамчунин бархурдҳои ҳоқимон ва шоҳзодагони бумӣ медонад, ки ҳар боре ба хотири расидан ба қудрати сиёсӣ ва ишғоли ин ё он минтақа аз аввалин корҳои фоҷиаангезе, ки анҷом додаанд, ин нобудии манбаи асосии дониш китоб будааст. Яъне чунин ба назар мерасад, ки ҳамаи ғосибоне, ки ба сарзаминҳои мо ҳамлавар гардидаанд, як мақсади ниҳоӣ доштанд. Онҳо ҳамеша кўшидаанд, то мардуми моро аз василаи асосии дониш гирифтан -- китоб маҳрум созанд. Ин ҷо шояд аслан ду омил ба ин сабаб гардида бошад. Аввалан, онҳо хуб дарк намуда буданд, ки мардуми Эронвиҷ аз лиҳози дониш ва шинохту маърифати ҷаҳон дар зинаи болотар қарор доранд ва рушду нумуи соҳоти гуногуни ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ маҳз ба ҳамин хислати ҷустуҷўгарию донишандӯзии онҳо марбут аст. Аз ин рў. шояд ин вазъ як навъ рашки онҳоро ба миён оварда сабаби китобсўзӣ ва нобудии ҷавҳари фарҳангии ин миллат гардидааст. Аз тарафи дигар, онҳо мутмаъин будаанд, ки агарчи аз лиҳози хунрезӣ ҷанг ва қудрати сиёсӣ ба ин мардум ғолиб омадаанд, аммо ҷиҳати ин ки пурра қавмҳои ин сарзаминро дар зери султаи худ нигоҳ доранд, бояд китобҳо ва осори хаттии ин мардумро нобуд месохтанд. Зеро агар осори хаттиии онҳо нобуд нашавад, онҳо ба гузаштаи худ як иртиботи маънавӣ барқарор мекунанд ва дар кутоҳмуддат дубора ба самти рушд тамоюл хоҳанд кард ва аз зери султаи ин ғосибон озод хоҳанд шуд.

  Устод Лоиқ дар ин шоҳкор тавонистааст, тамоми умр фоҷеаи таърихие, ки борҳо ба дасти ғосибони ин сарзамин такрор гардидааст, нишон диҳад. Воқеан, ҳунари баланди шоирӣ ва дарки таърихии баланд сабаб гардидааст, ки шоҳкори устод Лоиқ на танҳо дарди ин замон, балки ангеза ва решаҳои имрўзии нодонӣ, хурофазадагӣ, парешонӣ, нашнохтани воқеъияти таърихӣ ва дар гирдори фарҳанги бегона буданро то ҳанўз иддае аз афроди миллати мо то ҳанўз нашнохтаанд ва дарк накардаанд. Мутаассифона, ҳамин аст, ки ғосибони хешро, ки боиси шикасти фарҳангӣ, нобудии осори таърихию маънавӣ гардидаанд, ҳамчун фотеҳу ғолиб ва гоҳо нафарони ситоишшуда қабул мекунанд ва ин ҳолат аз бехабарии бадтарин фоҷеаҳои таърихие, ки ба дасти ғосибон дар ин сарзамин оварда шудаанд, ба амал меояд. Аз ҷумла, Искандари Мақдуниро, ки яке аз хиёнатварзони фарҳанги ориёӣ буд, ситоиш мекунанд ва ҳатто номгузории фарзандону пайвандони хешро бо номи он марбут месозанд. Ҳамин тавр, аъробро, ки  бузургтарин хиёнатро дар баробари фарҳанги эронӣ анҷом дода бунёди асосии фарҳангӣ, забонӣ ва тамоми осори 8 - ҳазорсолаи моро нобуд сохтаанд, мутаассифона, чун қаҳрамон, диновар ҳисобида, фарзанду пайвандони хешро номҳои ғосибони арабро мегузоранд. Ба ин тартиб, бехабарию надонистани таърих боиси он гардидааст, ки турку муғул ва дигар қавмҳои муҳоҷирро, ки пайвандҳои моро шикастаанд ва мардуму миллати моро ба ҳошия рондаанд,  сабаби асосии аз ҳампошидагии ин мардум, дастнигарӣ, нодонӣ, таассубзадагӣ, хурофапешагӣ ва нобудии миллати мо гардидаанд, мавриди ситоишу қаҳрамонӣ қарор додаанд, ки воқеан, устод Лоиқ дар як гўише ин маъниро бо чунин байти зебое ҷамъбаст менамояд:

Мо кай ба Каъбаи дили худ саҷда кардаем,

   Ғарқоби хун ба душмани худ саҷда кардаем.

  Барои далел шеъри “Китобҳои шаҳид” (1974)-ро ба таври комил мисол меоварем, то ин ки худи хонанда дар мушкилоту муъзалоти фикрӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, равонӣ, ҳувиятӣ ва фарҳангии мо қазоват кунад, воқеиёти имрӯзи миллатро шиносад ва дар баробари он дуруст тасмимгирӣ намояд.

 

КИТОБҲОИ ШАҲИД

Шуморо ҳам чу осӣ зинда гӯронданд,

Шуморо чун Бруно зинда сӯзонданд.

Шуморо ҳам хафа карданд, афшурданд, озурданд,

Шуморо ҳам ба зери дорҳо бурданд.

Шуморо ҳам чу як қонуншикан куштанд.

Шуморо ҳам чу балвогар, чу яғмогар,

Чу исёнгар, чу вайронгар

Басо бераҳм парронданд.

Шумо дар чоҳҳо,

Дар ғорҳо,

Дар гӯрҳои куҳна мадфунед.

Шумо ҳам ғарқи дарёҳо,

Шумо ҳам ғарқаи хунед.

Шумо дар хоку хун ғалтон,

Шуморо сӯхт Искандар,

Қутайба кард хокистар,

Шуморо кушт Чингизхон.

Шуморо котибон, то дасташон аз ғул раҳо бошад,

Ба дасти хештан куштанд.

Шуморо соҳибон, то зиндагишон бебало бошад,

Ба дасти хештан куштанд.

Шуморо ҳамчу хиште

Аз тани девори қасру маъбади фарҳанг

Зи тоқи ошёни илму дониш ҷоҳилон канданд.

Ба дунёи фаромӯшӣ шуморо дур афканданд.

Валекин модари он шоирони ғайбдон зиндаст,

Валекин модари он бихрадони ҷовидон зиндаст.

Ки то дунё бувад, обастани имрӯзу ояндаст.

Валекин чашмаҳои фикрату фитрат

Зи пистони сафеди модари тоҷик нахушкидаст.

Валекин халқ бо афкори нуронӣ

Ба зери осмон

Бо гардиши чархи замон зиндаст.

Кунун донишписандоне чу гумҷӯён

Шуморо аз ҳама кунҷу канори даҳр меҷӯянд.

Кунун саррофҳо – гавҳаршиносони сухан ҳар дам

Шуморо аз хазону аз баҳори даҳр меҷӯянд.

Дареғо!

Шумо чун соҳибони хеш

Ҳама будед яктое...

Ҳама будед танҳое...

Шумо ҳам аскаре будед, бас размоварӣ кардед.

Шумо ҳам сафдаре будед, алҳақ сафдарӣ кардед.

Шумо бо ақлҳои тира ҷангидед,

Шумо бо мағзҳои хира ҷангидед

Шумо бо зуъми кӯрони замони хеш,

Шумо бо буғзу ноинсофии хонандагони хеш

Чи ҷанги беамон кардед,

К-охир қаҳрамон мурдед.

Кунун ман аз замону

Аз ҳақиқат як талаб дорам,

Ки аз баҳри шумо ҳам ҳайкале созанд

Ба сони ҳайкале бар ёдгори аскари гумном,

Ва тарҳи ӯ чунин бошад:

Китоби даргирифта дар сари дасте,

Зи ҳар сафҳа шароре барҷаҳад ҷовид

Шароре барҷаҳад то хонаи хуршед...

Шумо ҳам баски машъал будаед андар замони хеш,

Ки бо нури шумо меҷуст инсоне ҷаҳони хеш...

    Бузургии устод Лоиқ дар он аст, ки китобсӯзии худиву бегонаро дар таърихи миллӣ ба унвони мушкили ҷиддии ақибмондагию вопасгаройӣ мисол зада, ҳамзамонону ояндагонро ҳушдор додааст, ки роҳи шинохти арзишҳои миллӣ, ки якеаш китобу дафтардорист, гомҳои устувор бардоранд ва нагузоранд, ки аз фоҷеаи китобсӯзӣ бори дигар такрор ёбад. Зимнан, аз фурсати мусоид истифода намуда, аз масъулини ниҳодҳои мафкуравӣ ва фарҳангӣ хоҳиш мешавад, ки ҷиҳати зинда кардани рўҳияи китобхонию китобомўзӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, ҳамчунин зинда кардани рўҳияи таърихии миллӣ дар баробари ҳаводиси гузашта дар маркази пойтахти кишвар, дар яке аз хиёбонҳо ё боғҳои фарҳангӣ Муҷассаммаи китобҳои сўхтаро гузоранд ва дар он  манзумаи “Китобҳои шаҳид”-и устод Лоиқро сабт намуда, ҳар сол дар арафаи Рўзи баналмилалиии китоб ҷамъбасти озмунҳои “Фурўғи субҳи доноӣ” ва “Илм фурўғи маърифат”-ро баргузор намуда, зери ин муҷассама гулгузорӣ ва ёдоварӣ аз фарҳанги хирадманиш ва хирадпарвари миллати мо намоянд. Мутмаинам, ки чунин амал боиси боз ҳам тақвият ёфтани ҳувияти миллӣ ва огоҳии насли ҷавони миллат гардида, фавҷ-фавҷ аз ҷавонону афроди миллат дубора рў ба самти китобхониву донишварӣ меоваранд ва аз тарафи дигар, Муҷассамаи китобҳои шаҳид ба ҳайси нимоди миллии донишомўзӣ, китобхонӣ, соҳибфарҳангӣ ва хирадандешии миллати мо мегардид. 

 Исомиддин Шарифзода

Хондан 821 маротиба