JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 20 Майи 2022 04:42

Озодагӣ ва сарнавишти фалсафӣ

Муаллиф:

  (Паёми табрикотии маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи файласуфи муосири миллӣ Ёрмуҳаммад Ниёзӣ)

Бо меҳри Аҳуройи куҳан меойӣ,

Бар рағми ситези Аҳриман меойӣ.

Бо ҳикмати озодагӣ Ёрии азиз

Аз баҳри наҷоти ин Ватан меойӣ.

     Мусаллам аст, ки 20 май ду адиб ва шоири саршиноси миллӣ устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ зодрӯз доранд ва маҳз дар ҳамин рӯз дӯсти донишманди мо Ёрмуҳаммад Ниёзӣ ҳам, ки пайрави кору пайкори бузургони илму адаби миллист, зода шудаанд. Аз ин ҷост, ки тавъамии зодрӯзи дӯсти мо бо рӯзи мавлуди бузургоне чун Муъмин ва Лоиқ сарнавишти минбаъдаи Ёрмуҳаммадро рақам задааст. Албатта, дар тағйири сарнавишти шахсӣ, қабл аз ҳама, ҷаҳду талошҳои фаровони эҷодӣ, ибтикороти фардӣ ва худсозиҳои шахсии Ёрмуҳаммад кумак карда, ӯро дар сафи муҳаққиқону файласуфони саршиноси миллӣ қарор додаанд.

   Ёрмуҳаммад Ниёзӣ аз ҷумлаи муҳаққиқони варзидаи миллӣ дар фазои Истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад, ки таҳсилоти бунёдии худро дар риштаи филологияи араб гирифта, ба илми фалсафа гироиш пайдо намуд ва  то имрӯз дар ин самти муҳимми илми ватанӣ заҳмат кашида, умрро сарфи хидмат ба фалсафаи миллӣ мекунад. Азбаски дар замони донишҷӯйӣ ба масоили ҷиддии фалсафӣ тавассути маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша”-и устод Комил Бекзода ошно гардида буд,  дар заминаи худсозӣ сарнавишти минбаъдааш ба фалсафа гиреҳ мехӯрад ва таҳқиқро дар самти омӯзиши фалсафаи бузургтарин файласуфи миллӣ Ибни Сино идома мебахшад.

   Ёрмуҳаммад Ниёзӣ бар асоси маъхаз, сарчашма, манобеи таърихию адабӣ ва адабиёти навтарини илмӣ-таҳқиқӣ рисолаи арзишманде таҳти унвони “Назари муҳаққиқони муосири араб ба фалсафаи Ибни Сино” (-Душанбе, 2008) ба чоп расонида, соли 2010 дарҷаи илмии номзади илми фалсафаро дарёфт менамояд. Мавсуф солҳои зиёд дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба сифати омӯзгори фанни фалсафа фаъолият намуда, дар давоми солҳои 2008-2014 вазифаи мудирии кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи мазкурро бар уҳда дошт. Дар ин марҳила Ёрмуҳаммад ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани омӯзиши фанҳои фалсафӣ ва ҷамъиятӣ иқдомоти ҷиддиеро рӯйи даст гирифта, вобаста ба муҳтавои омӯзишу тадрис кафедраи нав бо номи “кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди шахсият” таъсис дод. Ниёзӣ дар заминаи омӯзиши дастовардҳои навтарини илмӣ-методӣ ва такя ба методу усулҳои ҷадиди педагогӣ  дастури илмӣ-методие таҳти унвони “Моделҳои рушди шахсият” (-Душанбе, 2010) таълиф намуд, ки то имрӯз дар доираҳои донишҷӯйӣ минҳайси адабиёти зарурӣ мавриди истифода қарор мегирад.

  Дар баробари таълиму тадрис, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ омӯзиш ва таҳқиқро дар самти синошиносӣ ва фалсафаи миллӣ пайгирона идома дода, мақолоту гузоришоти зиёди илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврии ватанӣ ба табъ расондааст. Ёрмуҳаммад аз охири солҳои навадуми асри бист шуруъ карда, мутолеоти худро дар заминаи мавзуоти озодандешӣ, худсозӣ ва ҳувияти миллӣ тавсеа бахшида, китобу рисолаҳои ҷолиби фалсафиро мурур мутолеа карда, ҳосили бардоштҳои фикриашро дар матолиби илмӣ-оммавӣ мунташир намудааст. Агар ба матбуоти даврии мустақили солҳои дуҳазорум таваҷҷуҳ кунем, ба хубӣ дармеёбем, ки Ниёзӣ дар тарғиби ҷаҳонбинии фалсафӣ ва ҳувияти миллӣ аз тариқи нашру пахши матолиби ҷолиби илмӣ-оммавӣ саҳм гирифтааст. Махсусан, дар имтидоди солҳои 2013-2022 мақолоти зиёди Ёрмуҳаммад дар матбуоти даврии ватанӣ чоп мешаванд, ки ба масоили рӯз – шаклгирии тафаккури илмӣ-фалсафӣ, бознигарии арзишӣ, сабабу иллатҳои инҳирофоти ақидатӣ, ифротгаройии динӣ-мазҳабӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, роҳҳои бурунрафт аз буҳрони фикрӣ ва амсоли инҳо ихтисос ёфтаанд.

  Ниёзӣ аз соли 2012 ба ин сӯ сари мавзӯи таснифи илмҳо дар фалсафаи машшоӣ таваҷҷуҳ намуда, ҳосили ҷустуҷӯ ва пажӯҳишҳояшро дар қолаби монографияи илмӣ зери унвони “Таснифи улум аз назари машшоиёни Шарқӣ ва таъсири он ба илми муосир” соли 2022 ба нашр расонидааст. Ба монографияи илмии Ёрмуҳаммад Ниёзӣ муҳаққиқони муосири тоҷик ва донишмандони ҳавзаҳои илмии берунӣ баҳои сазовор доданд. Ин аст, ки Ёрмуҳаммад Ниёзӣ дар доира ва ҳавзаҳои илмию ихтисосии ватанӣ ба унвони “таснифгари илм” шинохта мешавад ва ин самти муҳимми таърихи фалсафаро мушикофона дунбол мекунад.

   Ёрмуҳаммад Ниёзӣ дар ростои мудирияти раванди ташкилӣ, эҷодӣ ва илмӣ-пажӯҳишӣ собиқаю таҷрибаи зарурӣ касб намуда, ҷиҳати дар сатҳи ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илму эҷоди ватанӣ саъю талош меварзад.  Мавсуф аз соли 2017 ба ин тараф дар симати директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад ва аз тариқи ташаббусоту ибтикороти шахсӣ дар таҳкими раванди пажӯҳишӣ ва рушди илми ватанӣ саҳми муносиб мегузорад. 

  Ёрмуҳаммад Ниёзӣ аз соли 1996 инҷониб узви фаъоли маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” буда, солҳо мудирияти маҳфилро бар уҳда дошт. Ба ин маъно, Ниёзӣ, қабл аз ҳама, парварда ва кадри маҳфили “Ҷаҳони андеша” аст ва дар ташаккул ва рушди шахсияти илмию эҷодии ӯ муассиси маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” файласуфи матраҳи миллӣ устод Комил Бекзода нақши калидӣ дорад. Мо, аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” аз ҳар муваффақияту комёбии илмию эҷодии Ёрмуҳаммад Ниёзӣ меболему ифтихор мекунем ва аз фурсат истифода бурда, зодрӯзи эшонро шодбош гуфта, барояш беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно мекунем.

  Воқеан, илми фалсафаи муосири миллӣ ва ҷомеаи мадании тоҷик аз Ёрмуҳаммад Ниёзӣ интизориҳои зиёде дорад ва дар роҳи дар амал татбиқ намудани барномаҳои минбаъдаи илмию эҷодӣ ва фарҳангӣ ба дӯсти донишмандамон муваффақияту комёбиҳо хоҳонем.

           Зодрӯз фархунда ва хуҷаста бод, дӯсти донишманд Ёрмуҳаммад Ниёзӣ!

 

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

 

Хондан 903 маротиба