JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 11 Майи 2022 10:09

Инсоншиноси фаҳмошно

Муаллиф:
Ба ифтихори 75 солгарди
 узви  вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Муҳаммадалӣ Музаффарӣ
 
  Мафҳум натиҷаи раванди фаҳм аст дар қисмате аз майна ва сатҳу хусусияту дарки он ба ташаккулу тамрини ин қисмат вобаста аст. Бино бар ин, тафаҳҳуму тадоруки маъонӣ корест басо мушкил, ки дар тавон ва қобилияти ҳар майна наменгунҷад. Афроди бани башар, бунёдан ва касбан, бо хасоиси мазкур аз ҳам тафовут доранд ва ғолибан сатҳ ва дараҷаи ташаккули зеҳнии онон дар бунёди оила, қавм, қабила, халқийяту миллат ва осори илмию амалии эшон зоҳир мегардад. Киҳо ва ба кадом дараҷа муваффақ шудаанд, ё дар аввали роҳу нимароҳу аксари роҳ мондаанд, таърихи навиштаву нонавиштаи инсоният бозгӯ мекунад. Нуктаи муҳим ва басо аҷиб он аст, ки гоҳу ногоҳ афроде аз иҷтимоъоти мазкур ба саҳнаи ҳаёт меоянду тамоми қавонини табииро рахна мекунанд. Харқи одот аз лозимаи ҷаҳиш дар рушду такомули муносиботи инсон бо худ ва атроф аст ва ба гуфтаи Хоҷа Ҳофиз:
                              Ҳар ки ин кор надонист дар инкор бимонд
  Бидуни шак ва хушбахтона ҷомиъаи тоҷик дар масири таърих нобиғаҳои зиёде ба арсаи ҳаёти кураи хокӣ овардааст, ки давраҳои муайян ҳатто ҳамтои якто аз дигар ақвому милал надоштанд ва шояд яке аз сабабҳои мавриди ҳучуми моддиву маънавӣ қарор гирифтани форсу тоҷик ҳамин бошад. Тоҷикро аз форс ҷудо карданд. Форсро бар асоси арзишҳои моддию маънавии маснуъ пораву нимпора сохтанд ва гӯё ҳуввийятҳои ҷудогонаро қоил гаштанд. Лекин афрод зуҳур мекунанд, агар чи на зиёданд ва саддҳои сохтаи ағёр мешикананд. Дар ҷомиъаи имрӯзаи тоҷик низ ин гуна афрод ҳастанд ва боз мегӯям, агар чи на зиёданд. Яке аз ин гуна ашхос файласуф, хирадгаро, мутафаккир ва инсоншиноси фаҳмошнои тоҷик Муҳаммадалии Музаффарӣ мебошанд. Бо маслиҳати Мавлоно:
                              Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон,
                              Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон.
  Муҳаммадалии Музаффарӣ шахсияти илмист, яъне дар ҷодаи илм мавқеи хосси худро дорад ва онро устувор медорад. Олими асил он аст, ки мавқеи илмии худро дорад, на он ки ба сурат унвонҳои илмиро аз худ мекунад. Боиси таассуф аст, ки олимони асили мо, ин шаборӯз, ночоранд номзадону докторонеро ба майдони илм биёранд, ки, аслан, ба ҳақиқати илм ҳеч робитае надоранд ба ҷуз касби маъош. Ва ин яке аз бузургтарин хатарҳост барои тирагии фардои миллати мо, дар ҳоле ки имрӯзамон равшан нест. Ба гуфтаи шоъири дардшиноси муъосир Бедод:
Аз он замон, ки оинагардони шаб шудед,
Оинаи дил аз дами даврон мукаддар аст.
Фардоятон чакидаи имрӯзи зиндагист,
Имрӯзатон талиъаи фардои маҳшар аст.
 
  Бовар кунед дар ҳаққи донишмандони асил ҷиноят аст, ки онҳоро дар шӯроҳои диссертатсионӣ ҷамъ оварда, дониставу дарк карда аз онҳо ризоийяти қабули нафари нохудогоҳи илмношинос ба арсаи таҳқиқоти илмӣ хоста шавад. Чунки ин ҷамоъаи бегона ба илм, фардо мансабдорон ва муайянкунандагони самти рушди илмии як миллати куҳан мегарданд, унвон ку доранд, эътироз ба ҷое намерасад. Аз бисёр олимони воқеии имрӯзаи тоҷик, ки унвони илмӣ надоранд, борҳо шунидаам, ки намехоҳанд дар радифи чунин афрод бошанд. Албатта муҳит ва низоми муайян яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани ин ҳолат аст, лекин ҷасорати илмӣ дар аксар бар ваҳми сунъӣ ғалаба карданро намехоҳад. Уммед ку бар ноумедӣ дар аксар, агарчи билқувва бошад на билфеъл, хоҳони дар нафсуламр ҷорӣ шудан дорад, чаро ба ҷараёни ҷаҳонии ин раванд намепайвандад. Намунаҳо кам нестанд ва аз истифодаи онҳо набояд шарм дошт. Ба доираҳои илмиву ахлоқии мутамаддини ҷаҳони имрӯза мебояд пайваст, чунки форсу тоҷик аз ҷумлаи онҳост, на аз ҷинси нобихрадону сустаносиру сифлатабъ.
                   
Рӯҳро суҳбати ноҷинс азобест алим
   Инсоншиносии устод Музаффарӣ дар пояи ҳамон доираи илмиву ахлоқии мутамаддини ҷаҳони имрӯз қарор дорад, лекин муаррифии эшон дар ин доираҳо тақрибан ба сифр баробар аст. Масалан, «Антропологияи ориёӣ» ба чанд забон тарҷума шудааст ва ё дар чанд симпозиюму конфронсҳои ҷаҳонӣ рӯнамоиро дидааст, чи расад ба дигар андешаҳои бунёдии устод, ки пайваста дар дохили ҷумҳурӣ садо медиҳанд. Касоне ки масъули таблиғи андешаи постмодерни олимони тоҷиканд, шояд масъулиятшинос нестанд ва ё намедонанд, ки барояшон хайр аст зудтар аз чунин масъулият канор бираванд, то мавриди сарзаниши ояндагон нагарданд ва аҷдоду авлоди хешро шармзадаи таҳқиқи таърихӣ насозанд. Шоистасолорӣ дар ҷомиъаи тоҷик ғариб аст.
   Устод Музаффарӣ кӯшиданд ва «Маркази антропологияи тоҷик»-ро асос гузоштанд. Таъсиси марказ таблиғ мехоҳад. Бояд дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шавад. Агар муносибат, табодули афкор, таҷрибаандузӣ бо дигар марказҳои илмии дохилу хориҷ набошад, самараи кор манфиъатбор нахоҳад шуд. Ба устод Музаффарӣ имконоти шоистаи моддӣ додан лозим, то маънавиёти худ ва шогирдонашонро дар нишастҳои илмии донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон, ба монанди Ҳарвард, Кембридҷ, Оксфорд, Стенфорд, Калифорния, Принстон, Мичиган, Бостон ва марказҳои илмии шинохтаи Шарқ пешниҳод кунанд ва воқеийяти ҳоли илму таълим бубинанду таҷрибаи нав ба Тоҷикистон биёранд. Аз дур дидану шунидану хондан мақсад ба даст намеояд, дар дохили муҳит сабзидан мебояд, то мутахассиси асил ба воя расад. Харҷ мебояд, то дахл ба даст ояд.
   Яке аз бартариҳои устод Муҳаммадалии Музаффарӣ нисбат ба дигар олимон дар он аст, ки бар низоми қабулшудаи мафҳумшиносӣ дар илм назари интиқодӣ доранд. Тақрибан дар ҳамаи суҳбатҳои худ атрофи нодуруст ё нотамом инъикос ёфтани ҳолату раванду натиҷаи амалиёти майна дар истилоҳот таъкид мекунанд. Хирад, илм, дониш, фаҳм, дарк, ақл, эҳсос, маъқул, маҳсус, мафҳум ва дигар истилоҳот мавзӯъи баҳси доимии устод аст. Шахсан ман дар байни олимони соҳаҳои гуногун дар Тоҷикистон ба мисли устод Музаффарӣ надидам, ки бо чунин дарки амиқ дар маънисозгории мафҳумоти илмӣ бо истилоҳоти қабулшуда андешаронӣ намуда бошад. Дар хориҷи кишвар ҳастанд мутафаккирони шинохта дар ин мавзӯъ, лекин ҷасорати илмӣ ва махзани истидлолии устод Музаффарӣ имкон медиҳад, ки бо онҳо низ ба баҳс пардозад ва аз мавқеи илмии хеш муҳофизат кунад.
  Устод Музаффарӣ ва амсоли ӯ неъмати бебаҳо ва ғанимати маънавии миллатанд. Аз ин неъмат ва ғанимат ба таври бояду шояд истифода бурдан лозим. На танҳо шогирдон, балки олимони бахшҳои фалсафа ва илм мебояд аз тарзи тафаккури устод Музаффарӣ баҳра гиранд. Дар ин миён, ба фикрам, аз ҳама хушбахттар завҷа ва фарзандону наберагони устоданд, зеро дар хидмати чунин ҳамсафари зиндагӣ, падари номвар ва бобои мушфиқу меҳрубон будан, бахту саъодати азалист, ки на ҳар касро муносиб донистаанд.
  Аз ҷониби худам ба устод Муҳаммадалии Музаффарӣ гуфтаниям, ки ифтихори нишастан дар дарсхонаи шумо ва манфаъат бурдан аз хулосаи афкори илмофари шуморо доштаму дорам. Дар баробари устодони бузургам, ки аз хурдӣ то имрӯз таълимам кардаанду тарбият, шуморо низ ба устодӣ пазируфтаам. 75-умин баҳори зиндагиятон муборак бод! Баракати ин умрро мо дар ҳар лаҳзаи зиндагиамон эҳсос мекунем. Ва охир сухан, шуморо бо байти аввалин устоди маънавиям Муҳаммадшариф Одиназода, ки бо тахаллуси «Сомиъӣ» менигоштанд, табрику таҳният гуфта, ба шумо саломатӣ, умри дарози бобаракат, фатҳи нави қуллаҳои эҷодӣ, осудадаврони пирӣ ва бахшишу осоиши ҷовидонагиро хоҳонам!
                   
Хуршедсифат басо ҷаҳонгир шавед,
Садсола шаведу баъд аз он пир шавед! 
                
Муборакшо Шамсов
номзади илмҳои фалсафа, мудири
Шуъбаи таърихи фалсафаи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
 
Хондан 961 маротиба