JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 18 Июни 2020 05:09

Академик Бобо Сангинов – олими варзида ва мурабии илми селексияи тоҷик

Муаллиф: Қурбоналӣ ПАРТОЕВ

 Бахшида ба 85 солагии зодрӯзи академик Бобо Сангинов

 Банда бо олими шинохтаи тоҷик Бобо Сангинов ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта шиносоӣ доштам. Дастовардҳои илмии он кас дар ташаккулёбии илми селексия ва тухмипарварии зироати пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ҳамчун ситорае дар осмони илми тоҷик доимо дурахшон хоҳанд монд.

 Агар ба корнамоиҳо ва дастовардҳои ин олими шинохтаи илми селексияи тоҷик назар афканем, чунин дарстовардҳои илмиеро, ки он кас  дар натиҷаи меҳнату машақати вазнине, ки дар давоми умри бобаракати хеш ба даст овардааст пайдо менамоем: аввалин селексионери тоҷик, олим, номзади илми кишоварзӣ (1968); академики  АИ ҶШС Тоҷикистон (1987), узви вобаста (1976), доктор ва академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (1991), узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Россия (1991), арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1973), агрономи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1964), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1972), барандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон (1970), Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология (2004),  муаллифи бештар аз 20 навъу намунаҳои пахтаҳои маҳиннах ва миёнанахи тоҷик, инчунин муаллифи чандин навъҳои ватании ҷавдор, ҷав, юнучқа, шабдар ва ғайраҳо.  Шояд боз чандин дастовардҳои илмию амалии ин абармарди илми кишоварзии тоҷик  дар ин ҷо номбар нашуда бошанд?  Шояд. Бале, академик Бобо Сангинов дар кору фаъолияташон ниҳоят олими ҷиддӣ, серкор ва сермаҳсул буданд.

  Гумон менамоям, ки ҳамаи ин дастовардҳои илмию амалии академик Бобо Сангинов пеш аз ҳама ба чунин хислату фазилатҳои наҷиби вай, яъне  меҳнадӯстӣ, хоксорӣ, инсондӯстӣ, поквиҷдонӣ, ростқавлӣ ва қадршиносии он кас нисбат ба ватану давлату миллати тоҷик зич алоқаманд мебошанд. Дар ёдам ҳаст, ки ҳанӯз дар солҳои 80-90–уми асри гузашта мо олимони ҷавонро доимо он кас ба назди хеш мепазируфтанд ва чунин насиҳатҳои падаронаро  менамуданд, ки Шумо ояндаи илми тоҷикро бояд пеш баред, Шумо бояд парчамбардори илми ватанӣ бошед ва дар ин ҷодда ба Шумо фақат меҳнатдӯстӣ, ҳарҷӣ чуқуртар ва ҳаматрафа омӯхтани усулу роҳҳои илми имрӯзаи  муосирро аз худ намудан ва билохира аз мушкилиҳои ҳаёт  наҳаросидан метавонад кӯмак намояд.

  Ӯ гарчанде худ дар бахши илми селексияи ватании пахта устоди ҳамагон буданд, вале барои пурзӯр гаштани бахшҳои селексияи тамоми зироатҳои кишоварзӣ доимо кӯшиш ба харҷ медоданд. Махсусан, дар бораи минбаъд ҳам тезонидани корҳои селексионӣ дар бахши картошкапарварӣ, алахусус дар ҷоннок намудани корҳои илмӣ дар ба даст овардани навъҳои ватании картошка фикру андешаҳои худро ба мо доим баён менамуданд. Махсусан, мехоҳам як лаҳзаеро дар ин ҷо қайд намоям, ки дар соли 2013 вақте, ки китоби банда – «Селексия ва тухмиправарии картошка дар Тоҷикистон» («Селексия и семеноводство картофеля в Таджикистане») чоп гашт, Устод маро ба наздашон чеғ заданду, гуфтанд, ки … «кори заруриро Шумо ба ҷо овардед, дар ин китобатон барои наслҳои оянда хело натиҷаҳои илмии ҷолиби диққат ва заруриро, ки дар муддати беш аз 30 сол ба даст овардед, ҷамъбаст намудед, ки минбаъд баҳри ба даст овардани навъҳои ватании картошка хело кӯмак хоҳад расонид». Ва боз таъқид намуданд, ки акнун шогирдону олимони ҷавонро бояд кӯмак намоед, ки ин корҳоро давом диҳанд, чунки картошка ин «нони дуюм» барои кишварамон дониста мешавад ва тавассути ба даст овардани навъҳои ба иқлиму табиати кӯҳистони Тоҷикистон, ки барои парвариши картошкаи тухмӣ хело мувофиқ мебошанд, метавон дар ҳалли бехатарии озӯқавории мамлакатамон мусоидат намуд. Ва дар ин раванд мехоҳам, ки саҳми арзандаи академик Бобо Сангиновро махсус қайд намоям, ки дар соли 2007 махсусан бо тавсия ва роҳнамоии бевоситаи он кас дар Тоҷикистон аввалин навъи ватании картошка Заррина ба даст оварда шуд ва дар он солҳо ва то кунун ин навъи картошка аз тарафи картошкапарвариони водии Рашт ва дигар ноҳияҳои кӯҳистон парвариш карда мешавад.

  Инчунин мехоҳам дар ин ҷо як хислати хело наҷиби академик Бобо Сангиновро низ ёдовар шавам, ки он кас доимо талош меварзиданд, ки олимони институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (собиқ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар якҷоягӣ корҳои илмиро иҷро намоянд ва пеш баранд. Махсусан, вақте ки он кас Президенти Академияи илмиҳои кишоварзии Тоҷикистон буданд ба ин ҳамкориҳои олимони тоҷик бештар ва ҳаматрафа диққати махсус медоданд. Аз ин ҷост, ки дар натиҷаи чунин ҳамкориҳои якҷояи олимони тоҷик муяссар гардид, ки дар муддати даҳ соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз даҳ навъҳои нави ватании картошка, аз қабили Тоҷикистон, Рашт, Ғончӣ, Шкурона, Файзобод, Академияи илмҳо-1, Сурхоб,  Нуриниссо, Дӯстӣ, Овчӣ ба даст оварда шаванд, ки имрӯзҳо онҳо дар майдони бештар аз 10 ҳазор гектар кишт мегарданд ва аз онҳо ҳосили 350- 450 с/га ба даст оварда мешавад. Ба чунин дастовардҳои калони илмӣ ноил гаштани селексионерони тоҷик дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бахши картошкапарварии кишварамон пеш аз ҳама аз дастгириву ғамхориҳои ҳаматрафаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобатсагии калон доранд, ки дар амалия ҷорӣ гаштани чунин дастовардҳои илмӣ дар бахши кишоварзии кишварамон  саҳми олимони тоҷик, ба монанди шодравон академик Бобо Сангинов назаррас мебошад.

 Дастоварду натиҷаҳо ва хазинаи илмии академик Бобо Сангинов дар рушду нумӯи илми селексия ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзии мамлакатамон хело арзишноканд ва онҳо чун мояи гаронбаҳои илми тоҷик солҳои сол барои дастрасӣ баҳри амнияти озӯқавории кишвари азизамон мусоидат хоҳанд намуд. Мо шогирдони устод дар арафаи мавлуди 85 - солагиашон гуфтанӣ ҳастем, ки рӯҳашон шоду ором бошанд, ки корҳои илмии оғознамудаи ӯ аз тарафи шогирдону рафиқону ҳамкоронаш имрӯзҳо пеш бурда мешаванд, ки баҳри тақвиятёбии иқтисодиёти кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ –

мудири озмоишгоҳи селексия ва генетикаи растании

Институти ботаника, физиология ва генетикаи

растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор.

Хондан 1713 маротиба