JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Якшанбе, 19 Январи 2020 08:33

Офтобе пушти абрҳо (Чанд сухане дар бораи шоири файласуф Мирзо Боқизода)

Муаллиф: Бекзода ДИДАВАР

Мирзо Боқизода

(1944–2019)

 Устод Мирзо Боқизода яке аз шоирон ва файласуфони соҳибистеъдоду маъруфи тоҷик ба ҳисоб мераванд. Устод Мирзо табъи баланди шоирӣ доштанд. Ҳангоми мутолиаи эҷодиёти устод муайян мешавад, ки ҷаҳонбинии устод бисёр васеъ аст. Устод дар бораи чандин масъалаҳои душвори фалсафӣ ва илмиву ахлоқӣ ибрози ақида намудаанд. Шояд масъалаҳои фалсафиро ҳар кас пурра фаҳмида наметавонад. Чунки барои фаҳми масъалаҳои фалсафӣ, ҷаҳонбинии фалсафӣ ва илмӣ доштан муҳим аст. Аммо устод Мирзо дорои ҳам ҷаҳонбинии фалсафӣ ва ҳам ҷаҳонбинии илмӣ буданд. Ӯ масъалаҳои мушкили фалсафаро аз диди худ баҳо додааст. Баҳо додан ва исботи масъалаҳои фалсафӣ заҳмати зиёдро талаб мекунад. Аммо Устод,  ки  худ заҳмати фикрӣ мекашанд ба ин масъалаҳои душвор шарҳҳои худро додаанд.

  Агар шоирони даврони гузашта аксарашон танҳо шоир бошанд, устод Мирзо шоири файласуф мебошад.Андешаи онҳо дар шеърашон баён шудааст. Вале Устод андешаҳои фалсафии худро  ҳам бо шеър  ва  ҳам  бо  наср  баён  мекунад. Хусусияти дигари фарқкунандаи Устод аз дигар донишмандон  ин аст, ки Мирзо Боқизода мисли Волтер-файласуфи фаронсавӣ,  дониши универсалӣ  ва  ҳаматарафа доштанд.  Дар бисёр масъалаҳои печида ва  мушкили  фалсафӣ ва илмӣ назари худро бо шеър ва ҳам ба наср баён доштааст. Устод осори муҳимтарини худро дар соли 2006 бо номи «Ҷовидоннома» рӯи чоп овард. Ин китоб аз номаш пайдост, ки ба масъалаҳои фалсафии абадият бахшида шудааст. Китоби  «Ҷовидоннома»-и  устод Мирзо мисли «Шоҳнома»-и  Фирдавсӣ  бисёр китоби арзишманд аст.  Ин  китоб арзиши фарҳанги миллии моро ифода менамояд. Баъди Рӯдакӣ,  Фирдавсӣ, Ҳофиз, Хайём ва дигарон боз фарзандони фарзонаи миллат номи миллати моро баланд мебардоранд. Ҷилди аввали  китоби «Ҷовидоннома»-и Устодро  соли  2006  нашриёти  «Деваштич»–и  шаҳри  Душанбе ба  нашр расонид, ки дорои  2088 саҳифа  мебошад.  Ҳамзамон  ҷилдҳои  дуюму сеюми  китоб ҳам ба чоп расиданд. Ҷилди чоруми он дар арафаи табъ аст. Китоби мазкур доир ба масоили асосии фалсафӣ баҳс мекунад. Масъалаҳои хирад, ақл, ахлоқ, зиндагӣ, ишқ, вуҷуд, нестӣ ва ғайра. Устод, пеш аз ҳама, дар мавриди нақши ақл дар зиндагии инсон, андешаи худро иброз мекунад. Ақл яке аз масъалаҳои муҳим дар фалсафаи муосир мебошад. Аз ҷумла, ҷараёне дар фалсафа бо номи ратсионализм вуҷуд дорад, ки маҳз ҳамин масъалаҳоро дар бар мегирад.  Аз ҳамин сабаб Устод овардааст:

Ақл чист? Ақл нурест дар сари инсон ва ӯро ҳамзамон ба сӯи рӯшанӣ барад.

Ақл чист? Ақл қудратест, ки кайҳони бадани инсонро ба ҷовидона тапидан ҳидоят кунад.

Ақл чист? Ақл чароғи раҳнамоест, ки инсон дар уқёнуси ҳастӣ шиновар асту аз раҳгум задан наҷот ёбад.

Ақл чист? Ақл фармонест (руль),  ки  киштии  кайҳонии танро дар баҳри ҳаёт то  обхости  наҷот  бехатар  барад.

Ақл чист? Ақл чизест, ки ҳама ташнаи ӯянд  ва инсон аз жарфои пардаҳо ва тӯрҳо ӯро бо сангинтарин заҳматҳо ва кӯшишҳо хоҳанд нигарист(Мирзо Боқизода. Ҷовидоннома. Душанбе 2006. С. 1032).

  Ҳангоме  ки  Устод мегӯяд: «Ақл нурест дар сари инсон ва ӯро ба сӯи рӯшанӣ мебарад», ин  маънои  онро  дорад,  ки   ақл осонкунандаи кори зиндагии инсоният аст. Ба   воситаи  ақл мо метавонем дунёро бишносем. Шинохт аз ақл сарчашма мегирад. Ақл ба мо роҳи дурусти кору зиндагиро меомузад. Инсони  боақл  ҳеҷ гоҳ роҳгум намешавад.  Ақл дар зиндагӣ мисли чароғ дар шаб аст. Натиҷаи ҳамаи  доноӣ  ва тавоноии  мо  инсонҳо ақл мебошад. Дигар масъалае, ки Устод доир ба он дар китобаш сухан меронад, ин масъалаи «Бонишонӣ» ва «Бенишонӣ» аст. Устод дар китобаш овардааст: «Бонишонӣ ба бенишонӣ омехта бошад» (С.391). Дар ин ҷо “Бонишонӣ” маънои вуҷуди инсонро мефаҳмонад. Вуҷуди инсонро дар олами воқеӣ ва реалӣ маънидод менамояд. Ва дар зери мафҳуми «Бенишонӣ» маънои нестӣ ва фаноро дар назар дорад. Устод мехоҳад бигӯяд, ки “бонишонӣ” танҳо  вуҷуд надорад. Яъне “бонишонӣ” бо “бенишонӣ” омехта аст. Агар “бонишонӣ” (ҳастӣ) вуҷуд дошта бошад, пас “бенишонӣ” (нестӣ) низ вуҷуд дорад. Чунки онҳо дар якҷоягӣ амал мекунанд. Боз Устод дар мавриди  ахлоқ ибрози ақида мекунад. Ӯ дар бораи хайр маъниеро мегӯяд.  Ба гуфтаи Устод «Хайр, чашмаи рӯшанист» (С.425). Ҳар кӣ  бо амалҳои нек зиндагиро пеш барад, зиндагиаш хуб мешавад. Яъне мо бояд хайрхоҳ бошем. Инсони хайрхоҳ касест,  ки дорои саодати зоҳирӣ ва ботинӣ бошад. Устод дар бораи хомӯшӣ ва  эҷодиёти инсон  низ сухан мегӯяд. Тибқи гуфтаи Устод, «Гоҳе ба даҳон муҳри хомуши зан ва мурғи хомӯшӣ андешаро раҳо деҳ» (С.428). Ин сухани Устод бо назокатҳои адабӣ навишта шудааст. Ҳангоме ки мегӯяд «мурғи хомӯши андешаро раҳо намо» маънои онро дорад, ки  инсон бояд эҷодкор шавад. Яъне мо бояд эҷодро шурӯъ кунем. Мо бояд дар пайи эҷоди  андешаҳои нав бошем. Мо бояд инсони созанда бошем. Новобаста аз андешаҳои эҷодкорӣ дар илм,  боз андешаи Устод доир ба мавқеъи инсон дар ҷаҳон вуҷуд дорад. Ӯ мегӯяд, ки инсон як ҷузъи кайҳон ба ҳисоб меравад. Инсон вобаста аз кайҳон мебошад. Яъне дар бадани инсон он элементҳое, ки дар ҷаҳони кулл вуҷуд доранд,  мавҷуд ҳастанд. Инсон вобаста аз ҷаҳон ва табиат мебошад. Устод гуфтааст: «Инсон як Ҷаҳони Сағир аст ва намунае комил аз Ҷаҳони Кабир ва миёни ин ду Ҷаҳон ташобеҳ ва вобастагӣ аст» (С.431). Дар ҷои дигар дар бораи  вуҷуди инсон ва камоли инсон сухан мегӯяд. Камол чизи алоҳида мебошад. Вуҷуд низ чизи алоҳида аст. Ҳар дуи ин мафҳумҳо мафҳумҳои фалсафӣ мебошанд. Барои маънии вуҷудро фаҳмидан, пеш аз ҳама,  файласуф бояд буд. Чунки назарияҳои асосие, ки мавҷудият ё вуҷуди инсонро мефаҳмонанд, маҳз  назарияҳои фалсафӣ ҳастанд. Барои танҳо мавҷудият ё масъалаи вуҷудро шарҳ додан, донишмандони зиёде ибрози ақида намудаанд.

  Устод Мирзо новобаста аз масоили фалсафӣ боз дар масъалаи миллат низ ибрози ақида намудааст. Устод мегӯяд,  ки миллат падидаи таърихии мушаххас аст. Ва наметавон бар-он ҷанбаи таҷридӣ (абстрактӣ) ва интизоӣ дод. Ҳамоно миллат падидаи ихтиёрӣ нест. Миллат дорои ҷавҳар ва ҳастии дарунӣ ва зотӣ аст. Ва аз дерин замонҳо дар  ҳавзаҳои  муайяни  ҷаҳон  шакл  гирифтааст. Ва  худро  барои  замони  ҳол  ва оянда  муҳайё  сохтааст.  Шуури  миллии воқеъӣ  он аст,  ки аз  жарфҳои  бунёди  миллати  хеш  огоҳ  бошад  ва  тамоми  оташаки  таваҷҷуҳи  вуҷуди  хешро  ба неруи ҳаётбахши  таърих ва табиати  маъруф,  аланга дардиҳад. Воқеан, ҳаёти  миллӣ бо  гузаштаи  ниёгон пайванди  мустақим  ва  ногусастанист дорад.  Он  қавме,  ки  ҳувияти  миллати  хешро  тарк  гӯяд  ва  ба  гунаи  миллатсозии дурӯғин  рӯйи  ниёз оварад,  саранҷом  дучори  фоҷиоти  сангину  даҳшатбор  хоҳад  шуд. Ва  ин  зумра  гумроҳон  роҳи  завол  хоҳанд паймуд ва  гумроҳон  хоҳанд шуд. 

  Ой мардум! Ҳувияти миллии худро боз ёбед, эътироз ба  суратсозии  миллӣ  кунед,  хатари  зиндон  ва  ӯрдугоҳҳои  кори  иҷбориро  ба дасти фаромӯшӣ  супоред,  шахсияти  хеш  ва ҳувияти  миллати  худро  чун  гавҳараки  чашм  дифоъ  созед,  то  намиранда  гардед (С.961).

 Масъалаи хайру шар

  Ихтилоф миёни зулмат  ва  нур, бадӣ  ва  некӣ, зулм  ва  адл  абадист  ва  ҳеҷ гоҳ  партави  размидан  миёни  онҳо  хомӯш нахоҳад  шуд.  Андешаи  баробарӣ  аз  рӯзгори  бостон  то  кунун  мондааст. Ин  ҷо Устод ба масъалаи хайру шар ишора мекунад. Хайру шар тибқи гуфтаи Ӯ, аз қадим то инҷониб вуҷуд дорад. Чаро ки дунё аз рӯи назарияи релятивизм ҳаракат мекунад. Назарияи релятивизм маънои нисбиятро дорад. Яъне ҳамаи ҳодисаҳои дунё нисбӣ мебошанд. Мисли зиндагии инсон. Инсон наметавонад 3000 сол зиндагӣ кунад. Чунки зиндагии ӯ маҳдуд аст. Қуввати ҷисмонӣ ва биологии ӯ ва организми ӯ танҳо чанд соли муайянро дар бар мегирад. Ё ин ки вуҷуд доштани бемориҳо сабаби дуру дароз зинда намондани инсон дар рӯи ҷаҳон мешаванд. Назарияи нисбият ё релятивизм ҳамин маъноро ифода мекунад, ки ҳодисаҳо ва падидаҳои зиндагии мо мутлақ нестанд, балки нисбӣ ва гузаранда мебошанд. Аз ҳамин сабаб, масъалаи некӣ ва бадӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва  рӯзмарраи  зиндагии мо мебошад. Дар ҷои дигар Устод қайд мекунанд, ки «Камол сифати вуҷуд аст» (С.431). Дар ин ҷо сайри тафаккур ба масъалаҳои печида ва асосии фалсафӣ меравад. Хусусан, ба масъалаи камоли  инсон дар ҷаҳон. Масъалаи камол дар фалсафа ва фарҳангу  илму таърих масъалаи бисёр муҳим ва печида аст. Яъне мо бояд решаҳои камолро  нишон диҳем.  Барои нишон додани решаи як масъала маҳорати илмӣ доштан лозим аст. Барои маҳорат, дониши комил доштан лозим меояд. Хусусан, ин масъалаи ҷиддист ва барои исботи масъалаи камол дар рушди шахсияти инсон, дигар илмҳо низ бетараф нестанд. Илми асосие, ки ба сохтор ва моделҳои инъикоскунандаи воқеъият дар зеҳни инсон сару кор дорад, ин илми равоншиносӣ мебошад. Аз назари илми равоншиносӣ “камол” дар шахсияти инсон нақши асосиро  бозӣ  мекунад. Рушду камол он вақте дуруст ҷои худро дар рӯҳи инсон ишғол мекунад, ки шахсияти инсон ташаккул ёбад. Яъне аз даврони кудакӣ бояд ба шахсияти инсон зарбаҳои шадиди рӯҳӣ зада нашавад. Чунки Зигмунд Фрейд-равоншиноси австриягӣ-асосгузори илми психоанализ гуфта буд, ки рушди шахсияти инсон аз даврони кӯдакии ӯ сарчашма мегирад. Боз дар инҷо масъалаи вуҷуд арзи ҳастӣ дорад. Масъалаи вуҷуд дар фалсафа масъалаи асосист. Чунки моҳияту субстансияи оламу инсонро инъикос мекунад. Дар ин ҷо Устод вақте “вуҷуд” мегӯяд, масъалаи экзистенсиализмро дар назар дорад. Экзистенсиализм яке аз равияҳои ҳозираи илми фалсафа мебошад. Намояндагони ин равия Мартин Ҳейдеггер (1889-1976), Ҷон Пол Сартр (1905-1980),  Албер Камю (1913-1960), Карл Ясперс (1883-1969) ва ғайра мебошанд. Андешаи Устод ба шакли хулоса гуфта шудааст. Аммо маънои том ва пурраи онро ифода мекунад. Яъне мехоҳад бигӯяд, ки сабаби  рушд ва инкишофи пурраи инсон сабабаш мавҷудияти ӯ дар ҷаҳони воқеӣ аст. Танҳо аз назари фалсафа ашёҳое, ки вуҷуди воқеӣ доранд, асил ҳастанд. Вуҷуд сарчашмаи камоли инсон аст. Ва камоли инсон дар вуҷуд ниҳон аст. Тибқи гуфтаи Устод, андешаи базабономада, тасвири андеша аст…Аз назари илми равоншиносӣ, байни андеша ва забон пайвастагӣ вуҷуд дорад. Ҳамин пайвастагӣ боис мешавад, ки мо метавонем, сухан бигӯем. Гуфтаи Устод, ки  Инсон бемори зистан аст, на бемори мурдан. Ин андеша воқеият дорад. Чунки дар таҳтушшуури ҳар як инсон андешаи зинда мондан вуҷуд дорад.  Зистан ба инсон як маъное дар зиндагиаш мебахшад. Инсон ҳис мекунад, ки ӯ вуҷуд дорад. Ҳастиро эҳсос мекунад. Мисле, ки файласуфи фаронсавӣ Рене Декарт гуфта буд: «Ман фикр мекунам, пас ман  вуҷуд дорам». Ҳангоми гуфтани сухан,  ман ҳастам, ин маънои вуҷуд доштани инсонро дар замон ва макон нишон медиҳад. Замону макон дар зиндагии инсон нақши муҳим мебозанд. Артур Шопенгауэр-файласуфи  олмонӣ  гуфта буд: «Ин ҷаҳон тасаввури ман аст». Дуруст аст, ки устод Мирзо Боқизода мегӯяд, инсон хостори зиндагист. Ҳангоме Шопенгауэр мегӯяд, «ин ҷаҳон тасаввури ман аст», мавҷудияти Шопенгауэрро дар ин ҷаҳон ифода мекунад. Аз ҳамин сабаб гуфтаҳои Устод гуфтаҳои фалсафӣ мебошанд. Яке аз масъалаҳое, ки Устод ба он диққат додааст, ин масъалаи ишқ аст. Доир ба ишқ достонҳои зиёд навишта шудаанд. Ҳар нависанда ин масъаларо аз диди худ баҳо ва шарҳ медиҳад, ҳарчанд ин масъали фалсафӣ  мебошад. Дар ин ҷода чунин достонҳое аз қабили «Ромео ва Ҷулета», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Фарҳод ва Ширин» ва ғайра навишта шудаанд. Ба ғайр аз ин боз масъалаи абадият дар эҷодиёти Мирзо Боқизода баррасӣ шудааст. Абадият, абадияти  инсон  дар  ин  ҷаҳон мебошад. Устод ҳаматарафа доир ба масъалаҳои муҳими фалсафӣ ибрози ақида намудааст. Устод дар ҷое мегӯяд, ки «Озодию  растагории  мо  иборат  аз  Ишқ  ва  абадият  аст» (С.366).  Ин чӣ маъно  дорад?  Яъне ба гуфтаи  устод  Мирзо,  ду қутбе вуҷуд дорад, ки тақдири инсонро иҳота  кардааст. Қутби  якум  “Ишқ ва қутби  дуюм Абадият”  мебошад.  Ишқ новобаста  аз  масъалаи  фалсафӣ  буданаш,  боз  масъалаи  трагедӣ  низ  мебошад. Аз ҳамин сабаб устод дар масъалаи ишқ ибрози ақида намуда, мегӯяд:

 Он кӣ ошиқ аст

Ва он кӣ ошиқ нест,

Ба ишқ рӯ оред

Ва ошиқ шавед пинҳон

Ва дар ишқ бимиред!

  Яъне, касе, ки ошиқ аст ва он  кӣ ошиқ нест. Ин суханони  Устод  ба  ҳама  дахл  доранд.  Мегӯяд, ки  ба  ишқ  рӯ  оред.  Ошиқ  шавед.  Ба ҳама  ишқро  пешниҳод  мекунад.  Ва  боз  мегӯяд,  ки  ошиқ  шавед  пинҳон.  Ва  дар  ишқ  бимиред.  Яъне  охир дар ишқ фидо  шавед. Ин  гуфтаи  Устод  доир  ба  масъалаи ишқ  фоҷиа,  трагедия ва   маргро  дар  бар  мегирад...  Устод  ишқеро  мегӯяд,  ки  дар  марҳилаи  ҷавонӣ  дар  инсон  ба  вуҷуд  меояд.  Ва  инсон  дар  марҳилаи  бисёр  ҳассос  қарор  дорад.  Ва ӯ  ошиқ  мешавад.  Ва  дар  роҳи  ишқ   ва  ошиқӣ  худро  фидо  мекунад.  Ё  фидоӣ  дар  роҳи  ишқ   мешавад (С.123).

Масъалаи  дуализм

Одам ду чиз аст:

Дарёи  нур  аст,

Дарёи  зулмот.

Чун  ду  дарё

Ба ҳам  омезад,

Нур  аз  зулмот  ҷудо  шавад,

То  сифоти  нур  падид  ояд.

Ҷаҳон  торик  аст,

Тани  одамӣ  ториктар  аз  он  аст,

Аммо  инсон

Гавҳари  нуронист:

Ин  гавҳари  ҷон  аст! (С.127).

 

Одам аз дидгоҳи  Устод  дорои  ду  қисм аст:

Якум, Инсон  дарёи  нур  мебошад.

Дуюм, Инсон  дарёи  зулмот  аст.

  Ин  гуфтаҳо  чӣ  маъно  доранд?  Инсон  дорои нур  ва ҳам дорои  сифатҳои  зулмонӣ мебошад.  Яъне, дар  инсон   эҳсоси  хашм  низ  вуҷуд  дорад. Яъне  рафторҳои бад.  Ин  рафторҳои  бад  дар  табиати  инсон  вуҷуд  доранд.  Рафторҳои  бад  табиӣ  мебошанд.  Мисли  сухани  бад.   Агар  ба  инсон  ноҳақ сухани  бад  гӯянд,  ба  таври  худкор  мағзи  сар  ба он таъсири  беруна  аксуламал  нишон  медиҳад.  Ин аз ҷумлаи   масъалаҳои  илмӣ ва равоншиносӣ  мебошад.  Агар  аз  назари  илми  фалсафа  нигоҳ  кунем, дар  инҷо  масъалаи  дуализмро  мушоҳида менамоем.

Дар  дигар  ҷо Устод  масъалаи  андуҳро  дар  зиндагӣ  хотирнишон  мекунад:

 

Ҳар  аввалеро  охир  аст.

Ва  ҳар  охиреро  аввал  аст,

Аммо  андӯҳ  басо  тӯлонист (С.125).

   Устод  мисли Фридрих  Нитше  андеша  дорад,  ки  зиндагӣ  ин  худ  трагедия ва  фоҷиа  аст. Ҳама  роҳи  зиндагии  инсонҳо ибтидо  дорад. Ва  ҳамон  роҳи  аввал  охир  низ  дорад.  Яъне,  як  чизи  сарбаста  мебошад.  Тибқи  назари  Устод, он  ҷое  ки  ҳастӣ  аст,  нестӣ  низ  вуҷуд  дорад. Ва  дар  он  ҷое,  ки  андуҳ  (ғам)  аст,  шодӣ  низ  арзи  ҳастӣ  мекунад.

 Гулчине аз андешаҳои фалсафӣ

Ту  ҷузвӣ,  сӯи  кулл  бо  худ  сафар  кун,

Зи  тангии  Ҷаҳон  аз  худ  гузар  кун.

Ҷаҳон  як  паҳнагоҳи  эътиборист,

Ки  аз  деву  дади  ботин  ҳазар  кун.

Ҷаҳон  боқист,  ҷуз  одам  шудан  нест,

Шудан  амр  аст,  ҷуз  худ  омадан  нест.

Ба  асли  хешу  бо  нури  худоӣ,

Фано  омад  ба  ҷуз  гӯру  кафан  нест.

                             ¯¯¯

Абад  дар  Чарҳи  Яздон  худ  ба  худ  буд,

Даруни  тирашабҳо  буду  нобуд.

Ки  таккон  аз  «нахустин»  ёфт  Кайҳон,

Баромад  аз  димори  нестӣ  дуд.

                             ¯¯¯

Аҳад  дар  зоти  худ  поянда  зоҳир,

Ки  аввал  ӯву  ҳам  дар  айн  охир.

Миёни  мову  ӯ  нури  равон  аст,

Дару  девори  тан  аз  рӯҳ  тоҳир.

 

                  Масъалаи  фано  ва  бақо

Ҳар  дами  рафтаи  мо  он  ба  куҷо  хоҳад  рафт?

Ҳар  нафас  сӯхта  бар  хоки  фано  хоҳад  рафт.

Чеҳрайи  олами  асрор  набитвонам  дид,

Ҳар  диле  дар  қафаси  боди  сабо  хоҳад  рафт.

Мӯйе  аз  рамзи  ҷаҳон  пай  набарад  илму  амал,

Чун  фано  рамзи  бақоест,  бақо  хоҳад  рафт

(с.100).

Нақши  инсон

Бархез,  ало  Инсон,  худ  гавҳари  волоӣ,

Дар  пастии  ин  Дунё,  худ  ахтари  болоӣ.

Асрори  азал  меҷӯ,  асрори  абад  меҷӯ!

Бо  худ  бинигар  боре,  хуршедиву  яктоӣ.

Сад  роҳи  малак  бар  шуд,  сад  роҳи  Фалак  дар  шуд,

Эй  Ақли  абад  бедор,  эй  рӯҳ  чӣ  фармоӣ (с.105).

 

Андарзҳои фалсафӣ

«Паси  ҳар  рӯз  марг  аст».

«Душмани  қотил  дар  вуҷуди  шумост,  ва  шумо  худ  душмани  худед».

«Инсони  огоҳро  се  чашма  аст:  парҳез,  саховат  ва  бениёзӣ».

«Асли  ҳақиқат  воҳид  аст».

«Ҳаракат  камоли  аввал  аст».

«Оғози  замонӣ,  замони  дигаре  дорад».

«Вақт  тез  аст,  ва  тезтар  аз  теғ  аст».

 «Нестӣ  фанои  сифат  аст ҳамоно  нестии  ҳавасҳо,  рангҳо,  худпарастиҳо,  олудагиҳо  ва  нестӣ  гарданзадани  ҳастист».

«Вуҷуд  дорои  ду  сурат  аст:  ҷавҳарият  ва  аразият».

«Инсон  Олами  Сағир  аст  ва  мураккаб  аст  аз  ду  олам:  олами  малак  ва  олами  малакут.  Олами  малак  сурат  аст,  ва  олами  малакут  маънӣ  аст».

 «Шикастанафс  бош,  шикастадил  мабош!».

«Зиндагӣ  як  донишгоҳи  сахтгирест  ва  ҳар  инсон  аз  ин  имтиҳон  бояд  гузарад,  хоҳ  нек  ва  хоҳ  бад».

«Ҳеҷ  чиз  барои  ҷӯяндаи  ҳақиқат  гиромитар  аз  худи  ҳақиқат  нест».

«Инсон  на  фаришта аст ва  на  ҳайвон».

«Оташи  ҳақиқатҷӯӣ  дар  инсон  аст,  ва  он  ҳаргиз  фурӯ  наменишинад».

«Инқилоби  фикрӣ,   камол  ва  қудрати  маънавии  инсон  ва  пирӯзӣ  бар  хештан  аст».

«Зербинои  Шарқ  ахлоқ  аст».

«Сухани  ҳақ  сутуншикан  аст».

  Устод  Мирзо  доир  ба  масъалаҳои  зиёди  фалсафӣ,  илмӣ,  ирфонӣ,  иҷтимоӣ,  фарҳангӣ  ва  ғайра  ибрози  ақида  намудаанд.  Ва  ҳар  шоир  ё  нависанда новобаста  аз  мавқеи  шоирӣ  ё  нависандагиаш  доир  ба  васфи  ватан  ҳатман  ишорае  мекунад.  Устод  Мирзо  низ  ҳамин  корро  дар  эҷодиёти  худ  бо  беҳтарин  сурат анҷом  додааст. 

  Устод  мегӯяд: «Худоё!  Моро  дар  ин  кураи  хок  баланд  кардӣ  ва  мо  аз  ин  гаҳвораи  тобути  Инсон  бар  афлок  сар  соидем  ва  донистем,  ки  ҳар  кафи  хоки  меросӣ  гармии  дилҳо  доштааст  ва  мо,  мирандагон,  ҳар  қитъаашро  Ватан  хондем.  Мо,  зодагони  хоку  афлок  бе  Ватан  нестем  ва  дар  Замин  ва  Осмон  парчами  илоҳиро  баланд  афроштаем,  то  Туро  ба  Ҷаҳон  эълом  намоем.

Мо  бузургии  Ватанро  аз  шири  пистони  модар  эҳсос  кардем  ва  бузургию  бузургвориро  дар  Адолат…» (С.305).

Масъалаи  миллат

  Устод  Мирзо  Боқизода  новобаста  аз масъалаҳои  дигар  ба  масъалаи  миллат  низ  диққат  додааст.  Аслан  миллат  як  масъалаи  асосӣ  дар  зиндагии  ҳар  қавм  мебошад.  Ҳар  қавме  шомил  ба  ягон  миллате  ҳаст.  Доштани  миллат  ва  ба  ягон  миллат  мутааллиқ  будан  ин  худ  ифтихори  ҳамон  қавм  аст.  Устод  низ доир  ба ин  масала андешаи  худро  иброз  кардааст. Аз ҷумла устод фармуданд:  

  Аз  куҳанзамон  то  ҳанӯз  ақвому  қабоили  олам  зери  парчами  пешвоёни  хеш  гирд  меоянд  ва  умри  хешро  сарфи  ваҳдати  миллат  мекунанд.

 Мақсуд  аз  миллат  гуфтан  чист: чун  ба  остонаи  вожаи  «Миллат»  жарфтар  андеша  мекунам  ва  эҳсос  менамоям,  ки  решаи  дарахти  Миллат  ба  аъмоқи  замон  пайваст  шудааст  ва  ин  дарахти  пуршоху  баргу  барро  Миллат  мегӯям.

 “Онон, ки  ҳувияти Миллатро  идрок  кардаанд,  нобудкунандагони  Миллат  нестанд ва  бутшиканонанд ва  аз  болои  дахмаҳои  асру  замонҳо  гом  бардоранд  худогоҳона  ва  тоҷи  ифтихори  миллатро  бар  сар  гузоранд  хирадмандона  ва  ғубори  хоки  Меҳанро  тӯтиё  кунанд.

  Дар  ҷое,  ки  Миллати  донову  тавоно  реша  задааст,  он  ҷо  адолати  воқеъии  инсонӣ  ва  таърихӣ  шукуфо  шуда,  дар  онҷо  ваҳдати  инсонҳо  доман  густурда; дар  онҷо  эҳтироми  асил  ва  имони  дурахшон  тобиш  карда ва  дар  он  ҷо  сухан  аз  ифтихори   гузашта  хоҳад  зад.  Ман  ин  аломатро  дӯст  дорам.

  Дар  ҷое,  ки  Миллати  созанда  ҳаст,  онҷо  дурӯғ  несту  кибр  нест;  он  ҷо  дарахти  илму  фарҳанг  садҳо  миллион  шукуфа  ба  сар  дорад.   

Ба  рӯи  Миллат  дарҳои  шодии  маҳз  боз  аст.  Ҳаққо,будан  дар  шарён  ва  тафаккури  наслҳо  ҷовидон  аст.    Ҳатто  амри  зистан  даъват  ба  зиндагию созандагист.  Миллати  созанда  аз  сахттарин  имтиҳонҳо парвое надорад.

Афроди  миллат  зоидмардон  нестанд  ва  ишон  ҳар  рӯз  чашм  ба  сарчашмаи  ҳаракату  Ҳаёт,  Офтоб  доранд  ва  тифлони  миллат  Офтобро  дӯст  доранд.  Миллате,  ки  чашму  дили  офтобӣ   дорад,  зери  ин  чархи  даввор,  сухан  аз  бақо  мегӯяд,  то  бефано  бошад.  Ва  ҳар  фарди  Миллат  ба  худ  мегӯяд: «Миллат  бефаност,  мо  низ  бефаноем».

Ҷаҳон  ба  Миллати  созанда  арҷ  диҳад ва  пайгири  он  бошад.  Зиҳӣ,  Миллат,  ки  ҳама  хубиҳои  Олам  дар  суннати  ту,  фарҳанги  туст.  Дар  дили  шумо, эй  ворисони  Миллат,  ифтихори  муқаддас  зинда  бод! 

Ман  он  ҷоеро  Миллат  мехонам,  ки  дар  он  ҷо  сухани  Ишқ,  Адолат  ва  Садоқат  баланд  мешавад.

Ман  он  ҷоеро  Миллат  мехонам,  ки  дар  рӯдбори  некӣ,  ҳама  ғусли  таъмид  мекунанд.

Ман  он  ҷоеро  Миллат  мехонам,  ки  дар  он  сухан  аз  ҳастиву  нестӣ  поянда  мешавад.

Ман  он  ҷоеро  Миллат  мехонам  ки  афрод  хешро  ҷузви  Ҷаҳон  мегуянд.

Ман  он  ҷоеро  Миллат  мехонам,  ки  дар  он  ҷо  панҷараҳои  ҷисмонию  маънавӣ  бузург  нест  ва  арвоҳи  бузург  дар  он  ҷо  бол  мезананд.  Зиндагӣ  барои  арвоҳи  озод  аст.  Дуруди  бепоён  ба  фахри  Миллат  бод” (С.1251-1252).

Масъалаи  марг  ва зиндагӣ

“Ҷаҳон  ҳама  ҷовидон  нест.  Аз  дасти  марг  ҳатто  Коинот  ларзон  аст  ва  аз  ваҳмаш  башар  ва  тамоми  ҳакимон,  орифон,  золимон,  қотилон,  хуношомони  рӯи  кураи хок дар  ларзаву  пушаймонӣ  Ҷаҳонро  тарк  гӯянд,  ҳарчанд  насли  одамӣ  аз  шохаи  дарахти  ҳаёт  сахт  дошта  бошад,  фарҷом  маргу  тирагист.  Возеҳ  ин  аст,  ки  хонаи  ин  дунё  доимӣ  нест  ва  он  чӣ  гирд  овардаӣ,  ба  дасти  бод  ва  дар  коми  наҳанги  нестӣ  ё  наҳанги  фано  фурӯ  равад.  Пас  тарсон  мабош,  ҷалоли  одамии  хешро  бифизо  ва  дар  ин  дори  фано  ганҷина  аз  накӯӣ  ба  дасти  ёдгор  гузор,  ҳарчанд  нек  ва  бад  фанопазир  бошад.  Замоне  фаро  мерасад, ки  нафас  аз  лаби  миранда  чун  бод  равад  ва  ҷисми  фаношуда  ба  хоки  падарон-водии  хомӯшон  як  гардад,  ҷуз  мушти  хок  аз  тани  миранда  чизе  нахоҳад  монд.  Пас  чун  ту  инсони  мирандаӣ,  азамати  инсонии  худро  шинос,  танҳо  худогоҳии  ҳақиқӣ  туро  аз  ваҳшати  марг  ва  шайтанати  Ҷаҳон  наҷот  хоҳад  дод.  Ашке,  ки  дар  кӯзаи  чашми  мирандагон  хушк  шуда,   гувоҳ  аз  сахтии  Замину  Осмон  ва  чашмаи  хушкидаи  ҳаёт  мебошад” (С.1976).     

Хулоса азамату бузургии Устод Мирзо Боқизода мисли китобаш “Ҷовидоннома” дар ёди шогирдону дӯстонаш ба таври ҳамеша боқӣ хоҳад монд.

Бекзода ДИДАВАР

равоншинос

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№1 (19), 2020

Хондан 1658 маротиба