Таълимоти ахлоқии Суқрот дар инкишофи фалсафаи ҷаҳонӣ накши бузург гузоштааст. Ӯ ақидахои фалсафӣ ва ахлоқиашро дар шакли мубоҳисаи шифоҳӣ инкишоф додааст. Падари Суқрот ҳайкалтарош ва модараш доя буд. Суқрот вазифаашро дар он медид, ки бояд дар атрофи фалсафаи ахлоқ пайваста баҳсу мунозира ва муҳокимаронӣ намояд.
Суханрониҳои танқидии ӯ нисбати давлатдории Афина аз ҳисоби ашрофиён ва дарбориён душманони зиёд пайдо намуд.
Суқротро ба риоя накардани қонун ва эътироф накардани Худоҳое, ки мардуми шаҳри Афина онҳоро эътироф мекарданд, бо баҳонаи офаридани Худоҳои гуногун ва аз роҳ баровардани ҷавонон туҳмат намуданд. Ба ҳамин хотир Суқротро ба маҳкама кашида, ахиран ба қатл расонидаанд. Суқрот имкон дошт, ки барои зинда мондан аз ақидаҳои фалсафӣ ва ахлоқии худ даст кашад, вале ӯ аз ҳақиқат даст накашида, бо дасти худаш заҳр хӯрда мемирад.
Суқрот дар шакли хаттӣ ягон меросе ба ёдгор нагузоштааст, вале фикру ақидаҳои ӯро шогирдонаш Афлотун ва Ксенофон дар асарҳои гуногун ҷамъоварӣ намудаанд. Моҳияти таълимоти ахлоқии Суқрот аз он иборат аст, ки неъмат лаззат бурдан ва ғам азоб кашидан аст. Қобилияти зиндагии инсон, ба андешаи ӯ, аз он вобаста аст, ки инсон аз миёни лаззат ва азоб кадомеро интихоб мекунад. Ба ақидаи ӯ, ҷаҳони лаззатҳои инсон ва азобҳояш бисёр мураккаб аст ва ҳангоми саъю талошҳо барои ба даст овардани лаззатҳои гуногун, инсон бо азобҳои ниҳоят сангин рӯ ба рӯ мешавад.
Ба ақидаи Суқрот, донишу накӯкорӣ бо ҳамдигар айният дошта, вазифаи асосиро дар он медид, ки инсон дар асоси аз худ кардани донишҳо зиндагиашро чӣ гуна ба роҳ монад. Манбаи дониш, ба ақидаи ӯ, фаъолияти рӯҳии инсон мебошад. Аз ин ҷо, файласуф ба хулоса мерасад, ки ҳар инсон бояд рӯҳи худро шинохта бошад. Ҳамчунон ки ишора шуд, Суқрот пайрави консепсияи хирадгароӣ (ақлгароӣ) буд. Бо ҳамин хотир, рафторҳои ахлоқии мусбии инсонро бо дониш айният дода, амалҳои ғайриахлоқиро бошад, ӯ иштибоҳи маҳз медонист. Сабаби беахлоқии инсонро Суқрот дар надонистан ва норавшан будани истилоҳоти ахлоқӣ медид. Аз фармудаи Суқрот: «Худро бишнос!» чунин бармеояд, ки ӯ ғояҳои ахлоқии худро бевосита ба шахсияти инсонӣ равона кардааст. Зарурияти худшиносӣ ва худтарбиякунии шахсият дар таълимоти ахлоқии ӯ дар заминаи чунин тасаввуроте бунёд ёфтааст, ки тибқи он, ҳеҷ кас бо хоҳиш ва иродаи худ наметавонад ба бадӣ даст расонад. Аз ин ҷо, файласуф ба хулоса расидааст, ки рафторҳои ғайриахлоқӣ маҳз аз иштибоҳҳои худи инсон бармеоянд.
Дар таърихи афкори фалсафӣ Суқрот аз маорифпарварони аввалине эътироф шудааст, ки масъалаи инсонро мавзӯи тадқиқоти худ қарор додааст. Ӯ низоми накӯкориҳои инсонро аз қабили мардонагӣ, ҳикмат, нотарсӣ ва адолатро ба таври махсус зикр кардааст. Категорияи ахлоқии эътидол ва дигар самтҳои таълимоти Афлотун минбаъд ҳаматарафа инкишоф ёфтаанд. Ба ақидаи ӯ, накӯкориҳои инсон бевосита ба дониши инсон ва соҳибмаърифатии ӯ алоқаманданд. Накӯкориҳо аз зумраи сифатҳои ахлоқи мусбии инсонанд, ки бо донишҳои ӯ алоқаманд буда, якҷоя низоми донишҳои инсонро ташкил медиҳанд.
Ба ақидаи Суқрот, фаъолияти маънавӣ бояд барои рушду инкишоф додани дониши инсон мусоидат намояд. Суқрот ҳамчун файласуфи ахлоқгаро кӯшиш менамуд, ки фаъолияти одамонро бо рафторҳои ахлоқиашон алоқаманд гардонида, аз ин роҳ дар зиндагии онхо тағйироту дигаргуниҳо ворид намояд. Суқрот аввалин шуда кӯшиши мавриди тадқиқ қарор додани идеалиётро ба миён гузошта, ҳастии идеалиро воқеияти ҳақиқӣ шуморидааст. Ӯ камолотро пеш аз ҳама дар камолоти ахлоқии инсон медид.
Ба ақидаи Суқрот, тамоми рафторҳои ахлоқии инсон дорои табиати нисбӣ мебошанд, аз ин рӯ, ӯ кӯшиш мекард, ки дар ин нисбиятҳо ягон рафтори ахлоқи мутлақи инсониро пайдо намояд. Суқрот аввалин шуда дар таърихи афкори фалсафӣ кӯшиш намудааст, ки накӯкориҳои ахлоқии инсонро мавриди омӯзиш қарор дода, онҳоро ба низоми истилоҳот ҷудо намояд.
Таълимот ва образи Суқрот дар инкишофи ҷаҳонбинии шогирдон ва пайравонаш таъсири бузург расонидааст. Тарзи зиндагӣ, сифатҳои ахлоқӣ ва инчунин шиорҳои ахлоқии ӯ мавриди таваҷҷуҳи бисёр файласуфон ва нависандагон қарор дошта, ба намояндагони алоҳидаи фарҳанги ҷаҳонӣ низ таъсири бузург расонидаанд.
Таълимоти ахлоқии Афлотун. Афлотун (427-347 то м.) – шогирди Суқрот буд. Мувофиқи ақидаи ӯ, мабдаи асосӣ ва ҳақиқии ахлоқро на ҷисму нафс, балки мусул (идея), ки пеш аз ҳама гуна накӯию зебоӣ қарор дорад, ташкил медиҳад. Хушбахт шахси шарафманд аст. Шарафмандиро, инсон тавассути маърифату муҳаббат ба даст меоварад. Ба ақидаи ӯ, се зинаи муҳаббат вуҷуд дорад: муҳаббат ба ҷисм, нафс ва накӯӣ. Моҳияти маърифат, ба хотири нафс расонидани он чизест, ки ӯ дар олами мусул замоне онҳоро ҳис карда буд. Инсон – мавҷуди дорои қобилияти дарки накӯӣ буда, донишмандӣ, мардонагӣ, оқилӣ, парҳезкорӣ ва адолатхоҳӣ сифатҳои асоситарини ӯ мебошанд, ки дар фаъолияти худ амалӣ мегардонад. Зеро адолат - ин ягонагии се накӯӣ - ҳамчун қисмати мувофиқ бо нафс амаликунанда, ҳамчун пайвасткунандаи ахлоқ ва сиёсат баромад мекунад (таълимот дар бораи давлат).
Барои муваффақшавии пурра ин се накӯӣ, бояд се табақаи мардумон дар давлат фаъолият намоянд: ҳокимон (сифати накӯи онҳо - донишмандӣ), ҳарбиён (сифати накӯи онҳо - мардонагӣ) ва косибон (сифати накӯи онҳо - парҳезкорӣ).
Қонуни асосии фаъолияти бомувафаққияти давлат, пеша кардани ғояи адолатпарварӣ мебошад.
Ҳамчунон ки ишора шуд, Афлотун аз файласуфони бузурги Юнони Қадим аст, ки ба идеализми объективӣ асос гузоштааст. Афлотун дар яке аз минтақаҳои зебои Афина бо номи Академия мактаберо ифтитоҳ намуд, ки кариб 900 сол арзи вуҷуд дошта, танҳо бо фармони император Юстиниян баста шудааст. Ба ақидаи Афлотун, идеяи олӣ - идеяи неъмат мебошад, ки тамоми одамон кӯшиши ба даст овардани онро доранд. Ба ақидаи вай, ҳастии идеяҳо, ҳастии аслӣ буда, сабаби пайдоиши тамоми ашёҳо мебошад, зеро ашёҳои олами атроф тағйирёбанда ва гузаранда буда, олами идеяҳо бошад, азалӣ ва абадӣ мебошад.
Афлотун се ҳолати рӯҳи инсонро ҷудо менамояд:
- Ақлонӣ (интеллектуалӣ).
- Қавииродагӣ.
- Пуризтиробӣ (аффективӣ).
Дар байни ин ҳолатҳои номбаршуда ҳолати ақлониро якумин ҳисобида, дар такя бо ин се ҳолати накӯкориҳои инсонро ҷудо менамояд:
- Ҳикмат, ҳамчун натиҷаи накӯкории ақл.
- Мардонагӣ, ҳамчун натиҷаи накӯкории ирода.
- Эътидол ё муътадилии лаззатҳо, ҳамчун натиҷаи ҳолати пуризтироби рӯҳ.
Омехта кардани (синтез) ин накӯкориҳо, ба ақидаи Афлотун, бо зоҳиршавии категорияи адолат анҷом меёбад. Асоси ахлоқро Афлотун дар идеяи неъмат мебинад, ки он берун аз вуҷуди шахсии инсон қарор дорад. Вазифаи инсон, ба андешаи ӯ, иборат аз саъю талош барои ба даст овардани ин неъмат мебошад, то ки аз ин роҳ олами атрофро шинохта, ҳадафҳои худашро амалӣ намояд. Ба ақидаи ӯ, моҳияти инсонро ахлоқ ва рӯҳи инсон ташкил медиҳад. Чунки рӯҳ ҷузъ ё пораи рӯҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Ба ақидаи Афлотун, донишу накукорӣ баробармаъно мебошанд. Инсон, ба андешаи ӯ, маҷмӯи рӯҳ ва ҷисм буда, рӯҳ азалӣ ва ҷисм фонӣ (фаношаванда) аст. Вазифаи аввалиндараҷаи ахлоқ аз инкишоф додан ва ба камолот расонидани рӯҳи худ иборат аст, чунки қисмати оқилона ва хирадмандонаи рӯҳ ба инсон имкон медиҳад, ки ӯ оламро дониста гирад. Ба ақидаи ӯ, рӯҳи инсон интиқолдиҳандаи идеяҳои неъмат, адолат ва зебоӣ мебошад. Моҳияти ахлоқи Афлотунро камолоти ахлоқии инсон ташкил медиҳад.
Афлотун дар асараш «Давлат» идеяҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқиро ҷиҳати бунёд кардани давлати идеалӣ ва ҷомеаи идеалӣ инкишоф додааст. Шакли давлатдории аристократӣ, ба ақидаи ӯ, шакли идоракунии саҳеҳ ва дурусти ҷомеа мебошад.
Инсони идеалӣ, ба ақидаи Афлотун, пеш аз ҳама манфиати давлатро ҳимоя менамояд. Афлотун қариб 30 асар навиштааст, ки онҳо дар шакли диалог (муколама) фароҳам омада, то замони мо расидаанд.
Таълимоти ахлоқии Арасту. Арасту (384 – 322 то м.) шогирди Афлотун буд, аммо аз таълимоти ӯ оид ба мусул даст кашида, ба ҷои он таълимоти худро оид ба шаклҳо ва моҳияти ашё пешниҳод намуд. Моҳияти ашё, мувофиқи таълимоти ӯ, дар худи онҳо ҷой дорад, моҳияти инсон на дар мусул (ба мисли таълимоти Афлотун), балки дар нафси ӯ зоҳир мешавад. Вазифаи ахлоқии инсон дар афкор (донишмандӣ, муҳокимаронӣ), рафтор (мардонагӣ, ростқавлӣ ва шафқатмандӣ) ва накӯкории ӯ зоҳир мегардад.
Ҳар як накӯкории ахлоқӣ, дар маркази ду сифати ахлоқӣ қарор дорад, ки рафторро назорат менамояд (масалан, саховатмандӣ, ки аз як тараф, бахилӣ ва хасисӣ ва аз тарафи дигар, дороӣ ва сарватмандиро назорат мекунад). Ҳама гуна навъи накӯкорӣ, ки аз ҳолати рӯҳӣ, маънавиёт, одатҳои инсон иборат аст, дар ҳаёти амалӣ дар асоси таҷрибаи ҳаётии ҳар як инсон ба вуҷуд меояд.
Фаъолияти нафс, агар бо мақсади накӯкорӣ анҷом дода шавад, боиси хушбахтии инсон мегардад. Арасту аввалин шуда ахлоқ (этика)-ро ба сифати илми махсус чудо намудааст. Ҳамон тавр ки дар боло зикр шуд, Арасту се асари ахлоқие бо номи «Этикаи Никомах», «Этикаи бузург» ва «Этикаи Эвдемон»-ро таълиф намудааст, ки боиси барқарор шудани илми этика гардид. Ба ақидаи муҳаққиқон, «Этикаи Никомах» аслан асари Арасту буда, ба ӯ мансуб будани ду асари дигараш зери шубҳа гузошта шудаанд. Ба ақидаи Арасту, вазифаи ахлоқ тарбияи инсон буда, бояд чунин сифатҳои ахлоқиеро ба ӯ биомӯзонад, ки барои зиндагиаш зарур ва лозиманд. Ахлоқи Арасту аз дар инсон тарбият додани рафторҳои воқеӣ ва амалии ахлоқ ва омода намудани ӯ барои зиндагии воқеӣ иборат аст. Ба ақидаи Арасту, инсон шаҳрванд буда, ҳамчун мавҷуди иҷтимоӣ ва сиёсӣ шинохта мешавад. Таълимоти ахлоқии Арасту бо таълимоташ дар бораи давлат алоқаманд аст. Арасту таълимоти одиро ба монанди устодаш, на дар лаззатҳои ҳиссӣ, балки дар хирадмандӣ, дар хиради баланду олӣ медид.
Арасту накӯкориҳои инсонро ба низом дароварда, онҳоро ба чанд навъ таксим менамояд:
- Накӯкориҳои ахлоқӣ, ки хусусиятҳои ахлоқии инсонро меомӯзад.
- Дианоэтикӣ, ки хосиятҳои ахлоқи табиати инсонро меомӯзад.
Арасту чунин мешуморид, ки накӯкориҳои ахлоқӣ ирсӣ набуда, танҳо ба василаи тарбия аз худ карда мешаванд. Ӯ чунин мешуморид, ки накӯкории аз ҳама асосӣ роҳ надодан ба камбудӣ ва зиёдаравист. Инсон бояд ҳамеша дар асоси қоидаи миёнаи тиллоӣ амал намояд. Ба ақидаи Арасту, аз ҳама хосиятҳои неки инсон дар он зоҳир мешавад, ки инсон бояд ҳамеша барои донистани ҳақиқат кӯшиш намояд. Мақсади инсонро Арасту дар он медид, ки инсон хушбахт бошад. Арасту навиштааст, ки одамон дар интихоби неку бад озоданд. Идеяи софи неъматро ӯ бораи инсон дастнорас ҳисобида, таълим медод, ки инсон бояд барои ба даст овардани неъмати воқеӣ талош намояд. Неъмати воқеиро танҳо ба воситаи хираду ирода аз худ намудан лозим аст. Арасту менависад, ки инсон барои накӯаҳволии худ ва тақдири худ, бояд масъулиятро эҳсос намуда, кӯшиш намояд, ки хушбахт бошад. Арасту ғояи тақдири қаблан муқарраргардидаи инсонро комилан инкор менамуд.
Дар «Этикаи Никомах» Арасту масъалаҳои хушбахтӣ ва ба камолоти ахлоқӣ расидани одамонро таҳқиқ намуда, чунин мешуморид, ки инсон ҳамеша мақсади нек дошта, ҷавҳару асоси ӯро хушбахтӣ ташкил медиҳад. Арасту ба монанди Афлотуну Суқрот донишу накӯкориро айниятдор медонист. Ба ақидаи Арасту, ахлоқ ба сиёсат, алоқамандии ногусастанӣ дорад. Ба ақидаи ӯ, инсони озод бояд ҳамеша ба давлат хизмат намуда, онро аз душманон ҳимоя намояд.
Таълимоти ахлоқии Эпикур. Эпикур яке аз маъруфтарин ҳакимони Юнони Бостон буда, дар соли 341-270 қабл аз мелод дар Самос ба дунё омадааст.
Дар овони ҷавонӣ ба омӯхтани илмҳои замонаш машғул шуда, таҳсилро дар мактаби Аристип, ки шогирди мустақими Суқрот буд, ба поён расонид. Дар солҳои 326 ба Афина рафта, дар он ҷо боғеро харидорӣ намуда, мактаби худро таъсис дод.
Эпикур бо танқиди назарияи мусули Афлотун баромад намуда таъкид кардааст, ки мақсади ниҳоии ҳаёти инсонӣ, лаззатгароӣ, яъне набудани машаққат (ранҷу азоб), худро дур гирифтан аз ранҷу азоб мебошад. Ҳаёти ахлоқии инсонро на маишат, балки ақл (хирад, оқилӣ) идора менамояд. Ақл дорои қобилияти интихоб кардани амалҳое мебошад, ки инсонро воқеан ба хушбахтӣ расонида, ба рӯҳи ӯ оромӣ ва осудагӣ мебахшад.
Аз ин рӯ, Эпикур тафовути миёни лаззатҳои тану нафсро ба миён гузошт, ки инсон бояд на ба лаҳзаҳои даргузар, балки ба ҳолатҳое афзалият медод, ки ба нафс бештар оромӣ ва таскин бахшида, ҳолати устувору пойдори хушбахтиро ба вуҷуд оварда метавонанд. Хушбахтиро, ӯ дар мавриди ранҷу машаққат қарор надодани тан ва нафс, вуҷуд надоштани тарсу ҳарос аз сарнавишту марг медид. Фалсафа инсонро қабл аз ҳама аз бими тарси тақдиру марг, ки аз дағалию нодонӣ сар мезанад, раҳо менамояд. Ба даст овардани ҳолати таскину оромии нафс чизи муҳим аст, зеро дар ин ҳолат инсон аз хоҳишу орзуҳои ҳарисонаю шаҳватона комилан озод мешавад. Эпикур, ба эҳсоси дӯстӣ ва ҳаловатҳои рӯҳӣ баҳои баланд додааст, аз ин рӯ, ӯро аксаран намояндаи машҳури гедонизм (юнонӣ. hedone – лаззату ҳаловат) мешуморанд.
Аз Эпикур якчанд осоре боқӣ мондааст, ки муҳимтарини онҳо «Ҳикмат» ва «Навиштаҷоти фалсафӣ» мебошанд. Осори Эпикур 3 мавзӯи асосиро дар бар гирифтаанд: мантиқ, коинот ва ахлоқ (мувофиқи баъзе андешаҳо, ӯ зиёда аз 300 рисола эҷод намудааст).
Эпикур пайрави фалсафаи материалистӣ буда, материя (моддиёт)-ро ибтидои коинот медонист. Ӯ пайрави Демокрит буд, яъне кулли мавҷудотро иборат аз атом ва заррачаҳои хурди мутаҳаррики табиӣ (биззот) медонист. Ба андешаи Эпикур, мавҷудоте, ки мо онҳоро арвоҳу худоён меномем, ба монанди дигар ҷисмҳо аз зарраҳои атомӣ таркиб ёфта, зарраҳои таркиби онҳо аз зарраҳои таркибии соири ҷисмҳо шаффофтар ва латифтаранд. Азбаски пайдоиши ҷисмҳо натиҷаи интиқоли зарраҳо ва тасодуму иттисоли онҳо ба якдигар аст, пас худоёнро на дар офариниши коинот ва на дар идораи ҳодисаҳои олам таъсире нест. Онҳо ҳеҷ гуна таъсир дар неку бадии олам надоранд. Аз ин рӯ, набояд ба хайри онҳо умед баст ва на аз шарри онҳо ба ҳарос омад ва ё ин ки аз тарси азоб ва ё ба умеди савоб онҳоро ибодат кард. Гуноҳу савоби ухравӣ аз ин маншаъ мегирад, яъне накӯкор аз аъмоли некаш хушҳол ва гунаҳкор аз ёдоварии гуноҳҳояш ғамгин мешавад. Рӯҳи инсон бошад, пас аз марги инсон бо ӯ мемирад ва монанди худи ҷисм ба заррачаҳои хурд мубаддал шуда, зарраҳояш дар таркиби ҷисмҳои дигар маҳлул мегарданд.
Ба андешаи Эпикур, маърифат ба 3 тарз ҳосил мешавад: эҳсос, истинбот ва ба тариқи асар.
1) инсон ҳодисаҳои ҷузъиро ба воситаи мушоҳида ва эҳсос дарк менамояд;
2) мафҳумҳои куллиро ба воситаи таҷриба ва такрори мушоҳида (тасаввур) ва ба хотир овардани чанд идроки мушобеҳ (монанд) истинбот мекунад ва лаззату дардро аз осоре, ки дар нафс зоҳир мешавад, дармеёбад.
Эпикур андеша дошт, ки беҳтарини машғулиятҳо ҳикмат аст, вале ҳикмат бинафси (худ ба худ) ҳеҷ арзиш надорад, магар ки он воситаи таълим додани хушбахтӣ бошад. Хушбахтӣ низ ғайр аз дарки лаззату ҳаловат чизи дигаре нест ва он ҳам дар сояи оромии хотир ва осоиштагии қавм ҳосил мешавад.
Лаззат аз ду қисм иборат аст:
1) лаззати зудгузару олӣ. Ба монанди нафс, лаззати шаҳвонӣ (ки баъдан инсонро ранҷуру нотавон мекунад).
2) лаззати боқӣ (пойдор) ва устувор. Ба монанди лаззати рӯҳонӣ, ки доимӣ ва ҳам ба осонӣ ба даст меояд. Вазифаи ҳикмат бошад, дарки лаззати рӯҳонӣ аст. Он чизе, ки оромии хотир, яъне лаззатро аз байн мебарад, боварӣ ба мавҷудияти худоҳо ва арвоҳҳои бад аст. Пас, агар фалсафа инсонҳоро мутмаин созад, ки ба ғайр аз олами ҷисмонӣ олами дигаре нест ва дар он дунё тақдире вуҷуд надорад, ки инсонҳоро маҳкум ба бадбахтӣ кунад ва инсон пас аз марг барои аъмоли худ ҳисобот намедиҳад ва азобу уқубате ӯро дар пеш интизор нест, пас хотирҳо оромиш ёфта, ба дарки лаззати рӯҳонӣ, ки дорои охирати саодатманд аст, ноил мегардад.
Фалсафа баёнгари ахлоқӣ ҳамида аст ва бояд муқаддимаи дарёфти лаззати воқеӣ бошад. Агар фалсафа дорои чунин хусусият набошад, монанди тиббест, ки аз беҳдошти саломатӣ ҷудо аст.
Ба ақидаи Эпикур, шуҷоат аз он хотир хуб аст, ки ба мо қудрати таҳаммули ранҷ ва бархурдорӣ медиҳад. Тақво аз он ҷиҳат нек аст, ки моро аз иртиқоб ба айшу ишрат (маноҳӣ) ва лаззати олӣ, ки дар охир дорои ранҷу азоб аст, боз медорад. Адолат низ аз он ҷиҳат нек аст, ки моро водор месозад, ки ба лаззати дигарон монеъ ва дигарон низ лаззати моро халалдор насозанд.
Хуллас, чун ҳақиқати пояи зиндагӣ ва некии олӣ лаззату ҳаловат аст, пас бояд лаззат меъёру мизони неку бад бошад. Яъне ҳар амале, ки моро ба сӯи лаззат роҳнамоӣ мекунад, фазилат аст ва баръакси он разилат ба ҳисоб меравад.
Ҳамин гуна, ки фалсафаи Эпикур лаззатро меъёру мизони неку бадӣ ахлоқи одамӣ қарор дода буд ва мардуми ом гумон мекарданд, ки муроди Эпикур аз лаззат - лаззати шаҳвонӣ аст ва ногузир фисқу фасодро дар миёни онҳо ҷорӣ месозад. Аммо шогирдони ӯ медонистанд, ки мақсади Эпикур аз лаззат - лаззати рӯҳониву маънавӣ буда, назария ва андешаҳои ӯро дар шакли умумӣ хулоса карда даст ба даст гардонида, онҳоро ҷиддан анҷом медоданд.
Шогирдонаш ба ифтихори ӯ ҳар моҳ ҷашн ороста, ҳар сол маҷлиси бузурге ба хотири ӯ барпо намуда, рафта-рафта ӯро ба дараҷаи худоӣ бардоштанд. Эпикур ба дӯстиву муҳаббати инсонҳо диққати ҷиддӣ медод. Аз хотири он, ки дӯстӣ сабаби муҳаббати байни одамон гардида, онҳоро барои ҳар чӣ бештар аз лаззат баҳраманд гардидан, равона месохт.
Эпикур пеш аз марг васият намуд, ки новобаста аз он сатҳи ахлоқи пасте, ки дар табақаи ғуломон дида мешавад, бояд нисбат ба онҳо меҳру муҳаббат зоҳир намуда, онҳоро гиромӣ доранд. Худи ӯ низ то охири умр бо ғуломон ҳамеша хушмуомила буд. Эпикур дар соли 270 то мелод дар синни 71 солагӣ аз бемории санги масона аз олам чашм пӯшид. Дар инҷо барои тақвияти гуфтаҳои боло чанде аз суханони ӯро меорем:
1) Худро бишносед ва дар зиндагии рӯҳии худ дар бораи лаззат биандешед ва аз дарду ғам дурӣ ҷӯед.
2) Чунон зиндагӣ кунед, ки аз тарс фориғ бошед.
3) Хирадманд касест, ки бикӯшад барои пайдо накардани душманони гумном зиндагӣ кунад.
4) Лаззате, ки дар бахшидан аст, дар ситондани он вуҷуд надорад.
5) Пас аз марги дӯстон онҳоро набояд фаромӯш кард.
6) Аз сиёсат, ишқ ва ҳар гуна фаъолияти шадид бипарҳезед.
Зиёева ЗЕБО
ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ