JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 10 Январи 2020 11:38

Файласуфи миллӣ дар қаламрави фалсафаи озодандешӣ

Муаллиф:

Файласуфи миллӣ дар қаламрави фалсафаи озодандешӣ

(Номаи шодбошӣ)

Устод Нуриддин Шаҳобиддин,

          Шумо ба унвони шахсияти матраҳи ҳаракати равшанфикрии миллӣ дар марҳилаи навини таърихӣ солҳост, ки дар ҷодаи мушкилписанди ҳувиятсозии миллӣ ва ташаккули биниши фалсафӣ дар сатҳи иҷтимоӣ гомҳои устувор бармедоред. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолаеи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии ғарбӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони донишгоҳӣ минҳайси як шахсияти матраҳи фалсафӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.

       Афзун бар ин, Шумо аз ҷумлаи аввалин шахсиятҳои миллие маҳсуб меёбед, ки дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи Грайсфалди Олмон таҳсил намуда, рисолаи доктор(Phd)-ро дар мавзӯи “Зардушти таърихӣ ва Зартушти Ничше” ба забони олмонӣ сарбаландона дифоъ намуда, дараҷаи илмии дуктури фалсафаро дарёфт кардед. Баъдан, бо тавзеҳу иловаҳо рисолаи мазкурро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва интишор додед (ниг.: Шаҳобиддинов Н. Нитше ва Зардушти таърихӣ (Тарҳрезии бунёдҳои фарҳанги навин). -Душанбе: Дониш, 2015). Таҳқиқоти илмие, ки Шумо дар Олмон дар робита бо шахсияти паёмбари миллӣ Зардушт ва таъсири андешаю афкори ӯ ба симоҳои дараҷаи аввали фалсафаи урупоӣ, минҷумла Нитше анҷом додед, кори илмии аллома Иқболи Лоҳурӣ (манзур рисолаи илмии “Сайри фалсафа дар Эрон” аст)-ро, ки ибтидои садаи бист анҷом дода буд, ба хотир меоварад. Гузашта аз ин, назарот ва матолиби ҷиддии фалсафии Шумо ахиран дар монографияи муфассали илмӣ таҳти унвони “Дар  сапедадами  озодандешӣ” (таваҷҷуҳ шавад ба китоби: Шањобуддинов  Нуриддин.  Дар  сапедадами  озодандешӣ. Душанбе, 2018) ба табъ расид, ки аз густурдагии андеша, фарохии дид ва мавқеъгириҳои вежаи миллӣ ва фалсафии Шумо дар қиболи мушкилоти фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ, эҷодӣ, маданӣ ва иҷтимоӣ дарак медиҳад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҷомеаи тоҷикӣ аз вуҷуд ва ҳузури фаъоли Шумо дар ҳавзаҳои илмӣ, фалсафӣ ва маданӣ ифтихор мекунад.

       Воқеан, Шумо ифтихори мо ёру дӯстон ва ифтихори миллату ватан ҳастед. Бо истифода аз фурсати мусоид зодрӯзатонро самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодиатон комёбиҳо таманно мекунем. Ба қавли шоир:

Хештанро во намудан зиндагист,

Зарби худро озмудан зиндагист!

   Бигзор, ин байт ҳамеша шиори фаъолиятҳои илмӣ ва фалсафии Шумо бошад.

 

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 10. 01. 2020

 

Хондан 1304 маротиба