JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 02 Июли 2020 04:14

Саҳми Нусратулло Махсум дар поягузории давлатдории миллии тоҷикон

Муаллиф: Абдулло ҒАФУРОВ

  Бо суқути давлати Сомониён халқи тоҷик дар зарфи ҳазор сол аз давлати миллии хеш маҳрум гашт ва дар ҳайати давлатҳои гуногуни аҷнабӣ умр ба сар мебурд. Танҳо дар ибтидои садаи XX бо шарофатиҲокимияти Шӯравӣ халқи мо имкон пайдо кард, ки давлати хешро созмон диҳад.Ҳарчанд, ки раванди бунёди ин давлат тӯлонӣ ва пур аз муборизаҳо буд, бо вуҷуди он, шароити фароҳамомадаи ибтидои асри XX имкон дод, ки мо имрӯз давлати соҳибистиқлоли хешро бо номи Тоҷикистон дошта бошем. Чунин  нигоштааст номзади илмҳои таърих Абдулло ҒАФУРОВ зимни як мақолае, ки бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум (1 июн) ба унвонии АМИТ «Ховар» ворид гардид. 

  Манзури ман он аст, ки пас аз пошхӯрии давлати абарқудрати Шӯравӣ танҳо ҳамон ҷумҳуриҳое истиклолият ба даст оварданд, ки мустақилона ба ҳайати ИҶШС шомил буданд. Воқеаҳое, ки дар тӯли асри XX дар ҳаёти сиёсии миллати тоҷик рух доданд, барҳақ инқилобӣ буданд ва халқи моро аз зулму асорат, ақибмондагии феодалӣ бароварда, ба олами тамаддун пайвастанд ва билохира Тоҷикистони соҳибистиқлол ва аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи башариро дар соли 1991 ба бор оварданд.

  Поягузории давлатдории миллии халқи тоҷик дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри сипаригашта сурат гирифт. Ин солҳо дар ҳақиқат солҳои тақдирсоз буданд. Аз рӯи хусусияташон воқеоти сиёсии ин давраро метавон ба се қисм ҷудо намуд: а) солҳои 1917-1924 – давраи пайдоиши заминаҳо барои таъсиси сохти нави давлатдории миллӣ; б) солҳои 1924-1929 – давраи ибтидои ташаккули давлатдорӣ ё худ мухторият; в) 1929-1936 – таъсиси ҷумҳурии мустақил дар ҳайати ИҶШС ва идомаи бунёди сохторҳои давлатӣ.

  Заминаҳои таъсиси давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон бо пайдо шудани аввалин органҳои идораи шӯравӣ – кумитаҳои инқилобӣ ба вучуд омада буданд. Ҳанӯз моҳҳои ноябр-декабри соли 1917 дар навоҳии шимоли Тоҷикистон аввалин кумитаҳои инқилобӣ ташкил гаштанд, ки барои таъсиси Шӯроҳо – органҳои демократии ҳокимияти шӯравӣ шароит фароҳам оварданд. Баъдтар чунин сохторҳо дар ҳудуди Помир ва Бухорои Шарқӣ низ таъсис ёфтанд, ки тавассути фаъолияти онҳо аҳолии маҳаллӣ бо тарзи нави идоракунии ҷомеа ошно гаштанд.

Дар давоми солҳои 1920-1924 дар ҳудуди имрӯзаи ҷумҳурӣ ғайр аз кумитаҳои инқилобӣ инчунин шӯроҳо (дар шимоли ҷумҳурӣ), Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ (дар Помир), Комиссияи фавқуллодаи диктатории ҶХШБ доир ба Бухорои Шарқӣ, намояндагони махсуси хукумати Бухоро дар Бухорои Шарқӣ, КИМ-и Бухорои Шарқӣ (дар ҷанубу маркази Тоҷикистон) ва амсоли инҳо органҳои маҳаллии идораи ҶМШС Туркистон ва ҶХШС Бухоро амал мекарданд.

Дар шаклҳои гуногун таъсис гаштани органҳои идора аз он шаҳодат медоданд, ки аз як тараф вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ муташанниҷ буд, аз тарафи дигар минтақа аз нигохи иҷтимоӣ-иктисодӣ ва фарҳангӣ низ дар як поя набуд.

Таъсиси органҳои зикршуда имкон доданд, ки намояндагони мардуми маҳаллӣ ба он фаро гирифта шуда, аз намудҳои нави идоракунии ҷомеа огоҳ гарданд.

Маҳз фаъолият дар ҳайати кумитаҳои инқилобӣ ба як қатор ҷавонони маҳаллӣ имкон дод, ки минбаъд то дараҷаи ходимони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ сабзида расанд. Аксарияти кадрҳои роҳбарикунандаи Тоҷикистони нимаи дуюми солҳои 20 ва солҳои 30 аз мактаби кумитаҳои инқилобӣ гузашта буданд. Аз ҷумла, дар солҳои гуногун Чинор Имомов раисии кумитаи инқилобии шаҳри Ӯротеппа, Шириншо Шотемур раисии кумитаи инқилобии Помири ғарбӣ, Абдуқодир Мухиддинов раисии кумитаи инқилобии Умумибухороиро ба ӯҳда доштанд. Нусратулло Махсум низ дар кумитаҳои инқилобии вилояти Ғарм фаъолият намуда, то дараҷаи раисии он расид ва баъдтар раисии комиссияи фавқулодаи диктаториро низ ба ӯҳда дошт.

Маҳз дар ҳамин солҳо сиёсатмадорони оянда малакаи кори идоракунии ҷомеаро азхуд мекунанд ва дар ҷараёни пурталотуми муборизаҳои сиёсӣ обутоб ёфта, барои амалӣ сохтани орзуи деринаи миллати хеш қаҳрамониҳо мекунанд.

Дар байни ин сиёсатмадорон Нусратулло Махсум ҷойи махсусро ишғол менамояд. Зеро ин фарзанди содиқи миллат дар зарфи ҳашт сол нахустдавлати Тоҷикистонро сарварӣ намуда дар бунёди сохтори сиёсии он саҳми бузург гузошт.

То сари қудрат омадан ба ӯ лозим омад, ки дар вазифаҳои гупогуни масъул таҷриба андӯзад ва баркамол гардад.

Фаъолияти сиёсии Н.Махсумро метавон ба се давра тақсим кард: а) давраи аввал, аз соли 1920 то соли 1924-ро фаро мегирад. Дар ин муддат Н.Махсум ба сафи ҳизби болшевикӣ шомил гашта, сараввал ҳамчун роҳбалади Артиши Сурх ва баъд дар вазифаҳои масъули раиси комиссияи озуқаи кумитаи инқилобии вилояти Ғарм, раиси кумитаи инқилобии вилояти Ғарм, раиси комиссиям фавкулодаи диктатории Бухорои Шарқӣ ва раиси кумитаи иҷроияи вилояти Бухорои Шаркӣ фаъолият намуда, моҳияти сохти навро ба хубӣ дарк мекунад ва ҳамчун сиёсатмадор ба воя мерасад; б) давраи дуюм солҳои 1924-1929-ро дар бар гирифта, дар ин муддат Н.Махсум ба ҳайси роҳбари ҷумхурии мухтор, бо вуҷуди муборизаи сахт бо ҳаракати мухолифин, тамоми донишу маҳорати худро ба ду самт – ба ҷумхурии мустақил табдил додани Тоҷикистон ва хотима бахшидан ба муборизаҳои яроқнок сафарбар менамояд; в) давраи сеюм солҳои 1929-1933 буда, дар ин муддат дар чумхурӣ асосҳои сохтори нави давлатдорӣ пурра бунёд карда мешаванд ва оммаи меҳнаткашон ба ҳаёти осоишта шурӯъ мекунанд.

Солҳои сарварии Нусратулло Махсум дар Тоҷикистон он қадар маъракаҳои бузурге гузаронида шуданд, ки садсолаҳо чунин корҳои бузургро халқи мо надида буд.

Таъсиси органҳои нави идора дар шакли Шӯроҳо ва кумиҷроияҳо, бозгардонидани фирориён ва ташвиқу таблиғи моҳияти Ҳокимияти Шӯравӣ, ҷалби занон ба корҳои идоракунии ҳокимият ва меҳнати чамъиятӣ, бунёди иқтисодиёт дар шакли нав, бунёди иншоотҳои обӣ, анҷом додани муқовимати мухолифин, бунёди роҳи оҳан ва шабакаи васеи роҳҳои автомобилгард, маҳви бесаводӣ ва созмон додани мактабҳову курсҳои гуногуни касбомӯзӣ, ривоҷи васеи пахтакорӣ ва ғайраҳо аз ҷумлаи ин маъракаҳои бузург буда, ҳамаи он таҳти роҳбарии Нусратулло Махсум амалӣ гаштанд.

Ба андешаи мо, муҳимтарини онҳо созмон додани органҳои маҳаллии ҳокимият ба шумор мерафт. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ба он диққати аввалиндараҷа медод.

Вале, иҷрои бомуваффақияти ин ниятҳо ба ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон дар танҳоӣ муяссар шуда наметавонист. Бинобар ин Н. Махсум аз минбари анҷумани III-юми Шӯроҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (моҳи маи соли 1925 дар ш. Москва) – дар хусуси аҳамияти Ҳокимияти Шӯравӣ барои халқи тоҷик сухан намуда, дар як вақт изҳор мекунад, ки «ба кишвари харобгаштаи мо ёрии ҷиддии халқҳои бародари ИҶШС барои барқарорсозии хоҷагиҳо, рушди маориф, тандурустӣ ва хусусан бунёди роҳи оҳан, ки ба пешравии иқтисодиёт такони бузург хоҳад дод, зарур аст».

Душвортарин солҳои фаъолияти роҳбарии Н. Махсум солҳои 1924-1926 – солҳои Раиси Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон буданаш буданд. Зеро ҳукумати навтаъсиси ҷумҳурӣ аз Тошканд ба пойтахте омад, ки барояш бинои лозимае ҳатто набуд. Бинобар ин ба ҳукумат лозим омад, ки корро аз одитарин чиз – пайдо кардани бинои корӣ оғоз кунад.

Ҷаласаи якуми раёсати Кумитаи инқилобӣ, ки 7 декабри соли 1924 баргузор гашта буд, масъалаи сохтори дастгоҳи идораи ҷумҳуриро баррасӣ намуда, комиссариатҳои халқии соҳавӣ ва муассисаҳои ҷумҳуриявиро таъсис дод, шумораи коргарони онҳо ва штати коргарони кумитаҳои инқилобии маҳалливу вилоятҳоро низ муайян намуд.

Муҳимтарин ислоҳот дар роҳи татбиқи поягузории давлатдории нави миллӣ, барҳам додани дастгоҳи кӯҳнаи маъмурӣ, оқсақол, мингбошӣ, амлокдор ва қозӣ буд, ки ҳанӯз дар қисмати Бухорои Шарқӣ пойдор буд. Бо ин мақсад Кумитаи инқилобии ҷумхурӣ 9 апрели соли 1925 вазифаҳои оқсақол ва мингбоширо барҳам дода, ба ҷои онҳо кумитаи инқилобии деҳагиро ҷорӣ мекунад. 21 майи ҳамон сол вазифаи амлокдор низ бекор карда шуда, функсияи вай ба Комиссариати Халқии молия ва сохторҳои маҳаллии он мегузарад.

Дар давоми фаъолияти Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон инчунин як қатор қонуну қарорҳо амсоли «Дар хусуси дар ҶМШС Тоҷикистон ҷорӣ намудани забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ҳамчун забонҳои давлатӣ ва истифодаи забони русӣ ҳамчун забони ёрирасон»(10 апрели с. 1925), «Дар бораи ҳуқуқҳои меҳнаткашон ва қонунияти инқилобӣ» (9 октябри с. 1925), «Дастури Шӯроҳои ҷамоатӣ (деҳавӣ)» (15 декабри 1925), «Дастури Комиссариати корҳои дохила» (14 августа 1926), «Дастури судҳо ва қозиҳо» (2 июни с. 1926) ва ғайраҳоро қабул ва ба амал ҷорӣ намуд, ки дар ҷалби ҳарчи бештари омма дар идоракунии давлат мусоидат намуданд.

Чашмрастарин иқдомҳои Ҳукумат дар ин давра расонидани ёрӣ ба хоҷагиҳои аз ҷанг зарардида, бозгашти фирориён ва сабук намудани андози кишоварзӣ буд.

Дар тӯли ду соли фаъолияти Кумитаи инқилобӣ дар соҳаи фарҳанг низ чорабиниҳои зиёд гузаронида шуданд. Н. Махсум роли бузурги фарҳангро дар сохтмони ҷомеаи нав қайд намуда, меафзояд, ки «торикӣ, чаҳолат ва ақибмондагии фарҳангии омма вазнинтарин меросе мебошанд, ки ба Тоҷикистони Шӯравӣ аз аморат боқӣ мондааст. Дар рӯзҳои оғози кори Кумитаи инқилобӣ мо ҳамагӣ 6 мактаб доштем. Солҳои 1925-26 мо аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ тайёр кардани омӯзгоронро ба роҳ мондем. Дар чор вилоят 29 мактаб ба кор оғоз намуданд… Тоҷикистон мактаби ҳизбии шӯравӣ, курсҳои байнимуассисавӣ, курсҳои педагогӣ ва мактаби мусиқии худро дорад».

Дар фарҷоми сарварии Нусратулло Махсум, ки ба соли хониши 1932/33 рост омада буд, дар Тоҷикистон аллакай 2171 мактаби ибтидоӣ, 2 мактаби миёна, 12 мактаби 7-сола, 2313 курсҳои маҳви бесаводии дорои 126801 хонанда мавҷуд буданд, ки аз инкишофи суръатноки ҳаёти фарҳангии он давра дарак медоданд.

Бо кӯшиши Кумитаҳои инқилобӣ солҳои 1925-1926 дар ҷумҳурӣ 11 касалхона, 14 нуқтаи тиббӣ, 11 амбулатория ва дар шаҳру навоҳии Душанбе, Ҳисору Ӯротеппа, Ғарму Ҷиликӯл дорухонаҳо ба кор шурӯъ намуданд.

Бо вуҷуди ин вазифаи асосии кумитаҳои инқилобӣ муҳайё сохтани шароит барои фаъолияти Шӯроҳо буд. Дар Тоҷикистон, ки мубориза бо қувваҳои зиддишӯравӣ давомнок буд, гузариш низ аз органҳои демократии ҳокимият нисбат ба дигар манотиқ дертар сурат гирифт. Аз ҳамин сабаб ҳам, аз соли 1924 то охири соли 1926 органи олии ҳокимият дар Тоҷикистои – Кумитаи инқилобӣ буда, вазифаи асосиаш дар каламрави чумҳурӣ иваз намудаин кумитаҳои инқилобии маҳаллӣ бо органҳои интихоботии ҳокимияти Шӯроҳо буд. Бо ин мақсад, Кумитаи инқилобӣ 1 октябри соли 1925 ба имзои Н. Махсум қарор мекунад, ки барои иваз кардани кумитаҳои инқилобии маҳаллӣ аз 5 октябр интихобот ба органҳои маҳаллӣ оғоз карда шавад ва барои интихоби Ҳукумати марказии ҷумхурӣ анҷумани якуми Шӯрои муассисон даъват карда шавад. Аз сабаби он, ки интихобот дар чумҳурӣ бори аввал мегузашт, 3 октябр ҳукумати инқилобӣ «Дастури муваққатии тартиби интихобот»-ро қабул мекунад, ки бояд барои мувофиқи қонун гузаронидани интихобот мусоидат мекард. Вале аз сабаби он, ки аҳолӣ бо чунин тарзи интихобот ошно набуд ва табақаҳои доро бо ҳар роҳ ба он халал мерасониданд, интихоботи тирамоҳи соли 1925 натиҷаҳои дилхоҳ надод. Аз ин сабаб бо қарори Кумитаи инқилобӣ интихобот ба органҳои маҳаллии Ҳокимият аз нав сурат гирифт ва дар тамоми ҷумҳурӣ ҳокимият аз Кумитаҳои инқилобӣ ба Шӯроҳо гузашт.

Ҳаёти сиёсӣ дар ни солҳо ниҳоят тезутунд ва дар шароити муқовимати сахти ҳарбӣ мегузашт. Мухолифини Ҳокимияти шӯравӣ бо ҳар роҳ ба маъракаҳои бунёдгузоронаи вай халал мерасониданд. Чуноне ки дар маърӯзаи хеш ба Анҷумани якуми Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум иброз медорад: «Асоситарин монеъа барои ҳалли вазифаҳои инқилобии ҳукумат босмачигарӣ мебошад. Ин босмачигарӣ пеш аз ҳама ҳаракати сиёсиест, шӯришест барои мубориза бо ҳокимияти шӯравӣ ва сарнагун намудани он, ки аз ҷониби амиру пайравони ӯ, табақаҳои болоии амалдорон, рӯҳониён ва бойҳо ташкил шуда, ба нигаҳдории тартиботи кӯҳна, ҳуқуқу имтиёзҳо ва моликияти ин ашхос равона шудааст… Босмачигарӣ ду намуд дорад, якум – кушод, яъне муборизаи яроқнок, дуюм – пинҳонӣ, яъне ҳамдастии гурӯҳҳои алоҳида ба гурӯҳи якум, ки аз амалдорони маҳаллӣ иборат аст. Маҳз намуди дуюми он нисбатан чиддӣ, хавфнок ва зараргор буда, босмачиён дар симои он дастгиру ёрирасони хешро мебинанд…» Баҳои Нусратулло Махсум ба мухолифини Ҳокимияти Шӯравӣ ифшогари фазои сиёсии он давра мебошад.

Тавре аз маърӯзаи ҳисоботии Раиси Кумитаи инқилобии Тоҷикистон Нусратулло Махсум ба анҷумани 1-уми Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон бармеояд, пас аз интихоботи моҳҳои август-октябри соли 1926 «дар натиҷаи амалӣ гаштани ин маъракаи муҳим мо имрӯз 253 дастгоҳи шӯравии ҷамоатӣ ва деҳавии дорои 1518 аъзо, 75 кумиҷроия дар кентҳо бо 675 аъзо, 10 кумиҷроияи туманӣ бо 285 аъзо, 6 кумиҷроияи вилоятӣ ва як кумиҷроияи вилояти мухтор бо 245 аъзо дорем. Умуман 354 дастгоҳи шӯравӣ марказҳои идоракунии шӯравӣ ба кор оғоз намуд, ки дар он 2723 шаҳрванд фаро гирифта шудаанд».

Барпо шудани ҳокимияти интихобӣ дар маҳалҳо маънои онро дошт, ки Кумитаи инқилобии ҷумҳурӣ функсияҳои хешро ба иҷро расонид. Аз ии хотир, анҷумани 1-уми Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон Кумитаҳои Инқилобиро барҳам дода, органи олии ҳокимиятро интихоб намуд ва Н. Махсумро раиси он пазируфт. Ба танзим даровардани дастгоҳи идора дар шакли шӯроҳо ва комиҷроияҳо, ба идоракунии давлат ҷалб намудани омма ва ёрии Марказу ҷумҳуриҳои бародар имкон доданд, ки дар зарфи се сол Тоҷикистон ба комёбиҳои баланд ноил гардад. Дар ин бора Н.Махсум дар маърӯзаи ифтитоҳиаш ҳангоми оғоз бахшидани анҷумани дуюми Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон (21 апрели соли 1929) ёдовар шуда, қайд мекунад, ки «дувуним сол пеш мо шабакаи обёрӣ надоштем, роҳ набуд, дар деҳот мактабҳо ва нуқтаҳои тиббӣ мавҷуд набуданд. Имрӯз мо дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ дастовардҳои хуб дорем. Пурқувват шудани дастгоҳи маҳаллии давлати шӯравӣ, баланд шудани эътибори мо таҳти роҳбарии ҳизб ва ширкати фаъолонаи батракҳо ва миёнаҳолон сурат гирифтанд. Он вазифаҳое, ки анҷумани якум пешбинӣ карда буд 100% иҷро шуданд». Дар ҳамин маърӯза Н. Махсум дар бораи вазифаҳои минбаъда сухан ронда, дар мадди аввал пурқувват кардани соҳаи кишоварзӣ, сохтмони роҳи оҳан ва автомобилиро мегузорад. Таҳлили ниҳоят мӯшикофона ва дурандешонаи роҳбари чумҳурӣ, ки аз маърӯзаи мазкур эҳсос мегардад, далели он аст, ки Н.Махсум проблемаҳои мавҷударо амиқ дарк мекард ва барои ҳалли онҳо пайваста ҷадал менамуд.

Дар ин давра самти асосии фаъолияти Н.Махсум ва ҳамсафони ӯ мубориза баҳри ба даст овардани мустақилияти ҷумҳурӣ буд. Ҳаминро зикр бояд кард, ки ба ҷумҳурии мустақили иттифоқӣ табдил ёфтани Тоҷикистон қадами бузурге буд, дар поягузории давлатдории миллии халқи тоҷик. Ба хотири муяссар шудани миллати тоҷик ба ин музаффарият Н. Махсум бо ҳайати онвақтаи ҳукумати ҷумхурӣ дар саросари кишвар ҷаласаву пленумҳои ноҳиявии кумиҷроияҳоро ба роҳ монданд, ки дар ин ҷамъомадҳо аҳолӣ талабот пешниҳод намуд, ки Тоҷикистон аз ҳайати Ӯзбекистон бароварда шавад ва ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ мустақилона ворид гардад. Дар баробари ирсоли мактубҳо ба органҳои марказӣ Н. Махсум ба воситаи матбуот низ баромад намуда, ин талаботи аҳолиро асоснок мекунад.

Дар таърихи давлатдории тоҷик 16 октябри соли 1929 рӯзи фаромӯшнопазир аст. Дар маърӯзаи раиси ҳукумати Тоҷикистон Н.Махсум «Роҷеъ ба масъалаи ба Ҷумҳурии Иттифоқӣ табдил додани ҶМШС Тоҷикистон ва ба ҳайати ИҶШС шомил шудани он» комёбиҳои ҷумҳурӣ дар ҷодаи сиёсат ва иқтисодиёт зикр гаштанд. Роҳбари ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки муваффақиятҳо дар натиҷаи торумори босмачигарӣ, сафарбар намудани ҳамаи захираҳои ҷумҳурӣ баҳри нҷрои нақшаҳо, фаъолиятнокии мардум ва ёрии ҷамоҳири иттифоқ даст дод. Бо вуҷуди ин, Н.Махсум таъкид намуд, ки ин ҳама дастовардҳо танҳо оғози дигаргунсозиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ буда, дар пеш вазифаҳои душвор истодаанд, ки ҳалли онҳо моро аз ақибмонии иқтисодиву фарҳангӣ аз дигар ҷамоҳири иттифоқ бояд раҳо созанд, мо бояд органҳои идораи давлатиро ташкил диҳем ва корҳои тарбиявӣ-сиёсиро вусъат бахшем. Ин проблемаҳо танҳо ҳамон вақт иҷро мешаванд, ки мо ҷумҳурии мустақили хешро дошта бошем. Ин иқтибосҳо нутқи сарвари онвақтаи ҷумхурӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ӯ дурбини инкишофи чумҳуриро равшан эҳсос мекард ва баҳри ободии Тоҷикистон ҷадал менамуд.

Дар нутқи хотимавиаш, ки пас аз интихоби ҳайати нави КИМ, ҳангоми анҷоми кори анҷуман иброз намуд, Н. Махсум бори дигар вазифаҳои минбаъдаро ёдрас намуда, қайд намуд, ки муҳимтарини онҳо ҷоннок кардани органҳои маҳаллии Шӯроҳо ва ба кори онҳо ҷалб намудани деҳқонон мебошад. Инчунин вай ба мустаҳкам намудани алоқаи органҳои маҳаллӣ бо органҳои марказӣ дахл намуда зарурати сохтмони роҳҳоро таъкид намуд.

Вазифаи муҳими дигар, ба андешаи Н. Махсум, иҷрои барномаи пахта буда, ба ҳамагон аҳамияти онро барои иктисодиёти ҷумхурӣ таъкид сохт.

Дар ҷумҳурӣ созмон ёфтани ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, комсомол ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ низ таҳти сарварии Нусратулло Махсум амалӣ гаштаанд.

Масъалаи нозук ва муҳим ҷалб намудани занон ба меҳнатн ҷамъиятӣ ва таҳсил буд. Дар солҳои сарвариаш Н. Махсум ба ин масъала аҳамияти махсус медод. Ӯ дар мақолаи хеш «Шӯроҳо ситоди озодибахши занон», ки моҳи марти соли 1930 дар рӯзномаи «Советский Таджикистан» дарҷ шуда буд, дар хусуси аҳамияти воқеоти сиёсии давр дар ҳаёти занон ибрози назар намуда, қайд мекунад, ки «мо шоҳиди болоравии фаъолнокии занон мебошем. Шумораи занҳо дар Шӯроҳо ва кумитаҳои иҷроияи ҷумхурӣ меафзояд; таваҷҷӯҳ ба дониш ва таҳсил даҳҳо ҳазор занонро ба муасисаҳои таълимӣ ҷалб месозад, онҳоро аз асорату ҷаҳолат берун меорад».

Дар ҳақиқат дар нимаи дуюми солҳои 20-ум ва ибтидои солҳои 30-ум дар ин ҷода комёбиҳои назаррас ба даст омада буданд.

Яке аз маъракаҳои муҳим дар роҳи ҷалби занон ба меҳнати ҷамъиятӣ маъракаи оммавӣ-сиёсӣ бо номӣ «Ҳуҷум» буд, ки амалисозии онро Н.Махсум шахсан зери назорат дошт. Ин чорабинӣ, дар ҳақиқат ҳуҷум бар зидди анъаноти фарсудаи феодалӣ ва динӣ буд. Дар натиҷаи таъсиро он «ҳазорон занони маҳаллӣ фаранҷиҳои хешро бадар намуда, ба сохтмони давлати нав хамроҳ шуданд. Миқдори занҳо дар ҳайати Шӯроҳои маҳаллӣ аз 8,9%-и соли 1927/28 то 14% дар солҳои 1928/29 мерасад ва то моҳи феврали соли и 1929 ба Шӯроҳои маҳаллии Тоҷикистон 1070 нафар зан ҷалб кард мешаванд, ки 20 нафари онҳо сарварии ин шӯроҳоро ба ӯҳда доштанд».

 

Абдулло ҒАФУРОВ,
номзади илмҳои таърих

Бознашр: https://khovar.tj/2020/07/sa-mi-nusratullo-mahsum-dar-poyaguzorii-davlatdorii-millii-to-ikon-bahshida-ba-zodr-zi-a-ramoni-to-ikiston/?fbclid=IwAR2yrtdq_eSI8U5KMVKhJgz9xGjnbRAX8xDLKgOzgjixW834KD7M8euhJU4 

Хондан 1081 маротиба