JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 02 Июли 2020 06:26

Пири муҳаққиқони ойини ҷавонмардӣ (паёми шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи Устоди гиромӣ Қурбон Восеъ)

Муаллиф:

  Салом, устоди арҷманд Қурбон Восеъ!

  Ҳар сол бо баҳонаи зодрӯзи Шумо дар матбуот ё  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ бо иштироки аҳли адаб ва илм баргузор мешуд ва дар ин нишастҳо истилоҳи “ҷавонмардӣ” ҳамчун ҷараёни иҷтимоии халқи тоҷик мавриди баррасӣ ва гоҳо баҳсу мунозира қарор дода мешуд. Ёдам меояд, ки собиқ муовини Сарвазири кишвар шодравон Зокир Вазиров дар ҷашни  60-солагии Шумо бо гузориши хуби илмӣ суханронӣ намуда, ҷавонмардиро ҷавҳари асосии ахлоқи тоҷикон номид ва аҳли толор аз чунин баҳои воқеан, баланд аз ҷой баланд  шуда, муддати зиёде  кафкӯбӣ намуданд. Суоле ба миён меояд, ки чаро ин сухан мавриди истиқболи аҳли нишасти онрӯза қарор гирифт ва ба кадом сабаб ин равияи воқеан, пешқадами иҷтимоиро  аҳли зиё  хуш пазироӣ  намуданд. Ин суолест, ки ҳар яки моро ба андеша мекашад ва барои шарҳу эзоҳи он чароҳои зиёде пеш меояд, ки посух гуфтани онҳо кори якрӯза ё дурӯза шуда наметавонад.

  Шумо баҳри  ба мардум расонидани  ойини ҷавонмардӣ ва меъёрҳои он хизмати босазое карда, дари ин ганҷинаи бебаҳоро ба рӯи мардум боз кардед. Ин ҷараён ифодагари фарҳанги мардумии тоҷикон буда, тӯли ҳазорсолаҳо тоҷикон ин ойинро дар гуфтору рафтор, дар зиндагии ҳаррӯза ва мактабу маориф, дар омӯзишу парвариши фарзанд ва ғайра нигоҳ дошта, аз насл ба насл гузарониданд, то ки ин ойин бо сатҳу дараҷаи муҳимияташ аз хотираи мардум зудуда нагардад. Фарҳанги ашрофӣ бошад, бо ҳар роҳу васила меъёрҳои ахлоқии худро муҳим дониста, тарафдорон ва мубаллиғони ин ойинро кофир ё шиъа ё суннӣ гуфта, гунаҳгор эълон мекарданд. Ба ёд оред, “Шоҳнома” –и Фирдавсиро, ки   аз ҷониби Султон Маҳмуд бо чӣ гуна таҳқир рӯ ба рӯ шуда буд. Ин нишони роҳ наёфтани фарҳанги мардуми бумии ин сарзамин аз ҷониби намоянда ва мубаллиғи фарҳанги ашрофӣ мебошад. Барои Султон Маҳмуд дин ин як василаи ҳимояи худ ва дарбориёнаш буд, вагарна  дар  ягон ҳолат ё умури давлатдориаш  аз дин ва таълимоти дини  мубини  ислом  ёд  намекард. Вақте ки Чингизхон ҳам ба сарзамини мо ҳуҷум намуд, дини исломро як василаи пардапӯшона    татбиқ намудани  фарҳанги биёбонии худ истифода намуд. Вагарна хунрезиҳи ӯ ба кадом меъёри динию ахлоқии мусулмонӣ мутобиқ мебошад. Яъне  фарҳанги ашрофӣ  ё  истилогарона, ки ҳазор сол дар сари мардуми мо бор шуда буд, намегузошт, ки ягон меъёри ахлоқии мардуми бумии ин сарзамин ба дарбор роҳ ёбад. Бинобар ин ойини ҷавонмардӣ на дар адабиёт ва на дар фарҳанги расмӣ ҷойгоҳи муносиби худро пайдо накард.  Тамоми расму одоти ойини ҷавонмардӣ ба тарзи ноаён ва ё пинҳонӣ дар байни мардум  нигоҳ дошта мешуд. Ба ёд оред,  олуфтаҳои Бухороро, ки бо рафтору кирдори ҷавонмардонаашон дар ҷомеа инсофу адолатро нигоҳ медоштанд, то ки арзишҳои ахлоқии гузаштагонашон аз байн наравад.

         Муҳтарам Қурбон Восиевич,

  Шумо аз ҳамаи ин масъалаҳо хеле хуб огоҳед ва барои ба мардум шинос намудани ин мактаби фикрию адабӣ ва иҷтимоию маданӣ (ойини ҷавонмардӣ дар назар аст)  хизматҳои  босазое  кардаед.  Аз ҷумла,  чаҳор китоби ойини ҷавонмардиро чоп намудед, асарҳои Ҳусайн Воизи Кошифиро, ки ба ахлоқи  ҷавонмардӣ ихтисос дода шудааст, дастраси мардум намудед, аз девону куллиёти шоирон ҳар байте ё ғазале, ки ба ойини ҷавонмардӣ иртибот дошт, дастраси  аҳли  мутолиа  намудед. Ҳатто номгӯи рафтор ва хислатҳое, ки ба ин ойин мутобиқ аст, тартиб дода, ба хонандагони худ аз аҳамияти онҳо сухан намудед.  Ҳатто боэҳтиёт ва хеле ноаён оид ба бегонашавии баъзе аз ин меъёрҳо дар замони муосир ишораҳо намудед, ки қобили дастгирист. Имрӯз, бо дарназардошти шароити миллатсозӣ ва давлатдории миллӣ зарурате пеш омадааст, ки ойини ҷавонмардӣ – ин мактаби фикрию адабӣ ва иҷтимоию мадании тоҷикӣ ба таври ҷиддӣ мавриди пажӯҳиши илмию ихтисосӣ қарор бигирад  ва  махсусиёту мушаххасоти  он  бозбинӣ шаванд. Албатта, на ҳамаи мушаххасоти ойини ҷавонмардӣ ба вазъу шароити муосири миллӣ ҷавобгӯянд. Ин аст, ки омӯзиш, бозбинӣ, ташхис ва таҳқиқи минбаъдаи махсусиёти  ин ойини куҳани аҷдодӣ роҳро барои шинохти  мушкилоти зеҳнӣ ва уқдаҳои фикрии мардуми мо, ки дар шаклгирии ҳувияти миллӣ корсоз будаанд, ҳамвор  хоҳад  кард.  Аз тарафи дигар, таҷдиди назар ба арзишҳои  миллию  мардумӣ ва муҳимтар аз ин, бозбинии мероси ахлоқию мадании гузашта на танҳо тақозои самти илму таҳқиқ, балки муқтазиёти замону макон аст. Аз ин ҷост, ки баъзе аз меъёрҳои ахлоқии ойини ҷавонмардӣ  ба ҷараёни миллатсозии мо садама эҷод мекунанд.  Дар ин замина, агар ба баъзе  арзишҳои ахлоқӣ, ки дар ҳикмату мақолҳои халқӣ таҷассум ёфтаанд,  ҷиддитар зеҳн монем, ба хубӣ дармеёбем, ки онҳо дар инсон сатҳи эҳсоси  худкамбинию  худшиканӣ  ва  беҷасоратию бардатабиатиро боло мебаранд ва ба замон ва шароити имрӯзӣ тамоман ҷавобгӯ  нестанд.  Масалан, “сари хамро  табар намебурад”, “даҳони баста ҳазор тилло”, “ростиро завол нест” ва амсоли инҳо. Устод Лоиқ баъзе  ин  ҳикмату мақолҳои  мардумиро  мадди назар қарор дода, зарурати риояи онҳоро зери суол мегузорад:

Бар ростравон низ хатар меояд,

 Бар нафърасон низ зарар меояд.

 Гаҳ-гоҳ ба некӣ носипос аст ҳаёт,

 Бар гардани хам низ табар меояд.

 

 Ва ё ба ифтихори бамавриду бемавриди мо шоири дурандеш ва нуктадон чунин баҳо медиҳад:

 

Рафтем чу кӯр аз қафои бадавӣ,

Маҷзуби шуури норасои бадавӣ.

 Таърихи ҳазорсолаи худкуширо

Мо зистаем дар ҳавои бадавӣ.  

 

  Устоди азиз, Шумо ҷавонмардии аз ниёгон меросмондаро оҳанги худшиносӣ додаед ва онро аз арзишҳои муҳимтарини фарҳанги ниёгон донистаед  ва  ҳатто омӯзишу тадриси фалсафаи ҷавонмардиро  дар макотиби мутавассита ва олӣ  амри зарурӣ талаққӣ  менамоед. Воқеан, Шумо зарурати тадрису таълими ойини ҷавонмардиро дар муассисоти таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ хуб эҳсос кардаед ва дар ин замина имкони васеи таҳияи  дастуру васоити таълимӣ ва тавсияҳои илмию методиро доред.  Чун   мо дар масири  Истиқлолияти  давлатӣ  ва ҷодаи давлатсозии миллӣ қарор дорем, фурсати муносиб даррасидааст, ки  мушаххасоти ба талаботи замон ҷавобгӯйи ойини ҷавонмардӣ -- ин  рукни фарҳанги  миллию  мардумиро  дар шакли маводи таълимию методӣ ва илмию таҳқиқӣ ба  насли наврасу ҷавони миллат манзур намоем ва умри ин мактаби  собиқадори  миллиро дароз кунем. Дар татбиқи ин пружаи  илмию фарҳангӣ саҳми Шумо, устоди арҷманд хеле бузург хоҳад  буд.

          Ба Шумо умри дароз ва хотири ҷамъро таманно дорем.

         Бо камоли эҳтиром ва ихлоси бепоён,

         шогирдони Шумо

 

Хондан 1063 маротиба