JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 28 Июли 2020 06:48

Алберт Леонидович Хромов- муҳаққиқи беназири забони яғнобӣ

Муаллиф: Самадов Рамазонӣ

  Бахшида ба 90 солагии профессор А.Л.Хромов

 Соли 1970  муҳаққиқ А.С Кун ҳангоми сафараш дар дараи Яғноб мушоҳида намуд, ки мардуми ин мавзеъ бо забоне такаллум мекунанд, ки аз забонҳои дигари эронӣ тафовути зиёд дорад. Маҳз ҳамин муҳаққиқ ба аҳли илм забони яғнобиро муаррифӣ намуда, таваҷҷуҳи чанде аз онҳоро ба ин ҷо ҷалб намуд. Ба ин тартиб забони яғнобӣ минбаъд таваҷҷуҳи дигар шарқшиносонро ба худ ҷалб намуд ва боис бар он шуд, ки онҳо низ ба ин сарзамин ташриф оранд. Яке аз чунин муҳаққиқони варзида Алберт Леонидович Хромов мебошад. Ӯ 28-уми августи соли 1930  дар шаҳри Новгороди Русия  ба дунё омадааст. Хатмкардаи шуъбаи шарқшиносии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Масква ба номи М.В. Ломоносов мебошад.  Соли 1954 ба Тоҷикистон меояд ва  дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.   Фаъолияти илмии А.Л.Хромов гуногунҷабҳа буда, дар самтҳои гуногуни забоншиносӣ, мардумшиносӣ, адабиётшиносӣ таҳқиқотҳои арзишманде анҷом додааст.

  Ӯ нахуст ба омӯзиши лаҳҷаҳои Мастчоҳ пардохта дар мавзӯи “Лаҳҷаҳои тоҷикони ноҳияи Мастчоҳ” (1962) таҳти роҳбарии профессор В.С. Растаргуева рисолаи номзадӣ ҳимоя менамояд. Пас аз дифои рисолаи номзадӣ тасмим гирифт, ки ба дараи Яғноб рафта, забони муоширати мардумро омӯзад. Ин бори аввал соли 1963 ба ӯ мушарраф гардид ва солҳои зиёд ба омӯзиши бахшҳои гуногуни забони яғнобӣ, аз қабили топонимика, лексикология, морфология, лаҳҷашиносӣ пардохта, ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. А.Л. Хромов соли 1970 рисолаи докториашро дар мавзӯи “Таҳқиқи таърихӣ-лингвистии Яғноб ва болооби Зарафшон” дифоъ карда, дар ин замина асаре бо номи “Забони яғнобӣ” (ба забони русӣ) соли 1972 чоп намуд, ки асари номбурда ҳамчун нахустграмматикаи забони яғнобӣ эътироф шудааст.

 Саҳми профессор А.Л.Хромов дар омӯзиши микротопонимҳои дараи Яғноб бориз аст. Ӯ ба бештари  мавзеъҳо сафар намуда, ба мавқеи ҷуғрофии онҳо таваҷҷуҳ намудааст. Асари “Очерки по топонимии и микротопонимии Таджикистана” (соли 1975) натиҷаи ҳамаи заҳматҳои олими забардаст мебошад.

  Соли 1976 таҳти унвони “Калимаҳои куҳани яғнобӣ дар номҳои ҷуғрофӣ” мақолаеро ба чоп расонид, ки дар он сухан аз калимаҳои куҳани яғнобӣ дар номҳои ҷуғрофӣ меравад. Худи муаллиф мақсади таҳқиқи ин мавзӯъро чунин шарҳ медиҳад: “Пажӯҳиши тополексемаҳо, яъне, чунин таквожаҳое, ки феълан дар гуфтори яғнобӣ корбурд надоранд ва танҳо дар номҳои ҷуғрофӣ дида мешавад, имкон медиҳад, то чанде аз луғати архаистии яғнобиро, аз қабили исму сифатҳо пайдо кунем”. Баъди баёни ин андеша чанде аз калимаҳоро овардааст.

  Хулоса, А.Л.Хромов тавонист аз худ осори зиёдеро боқӣ гузошта, бахусус, дар таҳқиқи масоили мухталифи забони яғнобӣ ковишҳои назаррасро ба анҷом расонад. Асару мақолаҳои ӯ барои ҳар як нафаре, ки  ин ё он самти забони яғнобиро таҳқиқ менамояд, ба сифати роҳнамо хидмат мекунанд.

Самадов Рамазонӣ

Омӯзгори МТМУ№5 н. Зафаробод

 

Хондан 1132 маротиба